Усули мазҳаби шиа

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Усули мазҳаб)

Ин навиштор дар бораи усули мазҳаби шиа аст. Барои усули дини Ислом, усули динро бубинед.

Усули мазҳаби шиа (форсӣ: اصول مذهب شيعه) боварҳои бунёдини мазҳаби ташайюъ шомили тавҳид, набувват, маъод, адл ва имомат аст.

Ба ақидаи шиаён, инкори ҳар кадом аз се асли нахуст (тавҳид, набувват ва маъод) ки усули дин ҳастанд, мӯҷиби куфр мешавад, аммо бовар надоштан ба ҳар кадом аз ду асли адлу имомат, мӯҷиби хуруҷ аз мазҳаби ташайюъ мегардад, на дини Ислом.

Қарор гирифтани имомат зери усули дин боиси тамоюзи шиа аз соири фирқаҳои исломӣ шуда ва ононро ба ҳамин далел имомия мехонанд. Ҳамчунин эътиқод ба асли адолат, муътазиларо низ аз ашоира ҷудо кардааст ва боиси номгузории шиаву муътазила ба адлия шудааст.

Ҷойгоҳ

Усули мазҳаби шиа, ба аслҳои панҷгонае (тавҳид, набувват, маъод, имомат ва адл) гуфта мешавад,[1] ки поя ва асоси мазҳаби шиаро ташкил медиҳанд.[2] Эътиқод доштан ба ҳамаи ин усул, боис мешавад шахс шиа маҳсуб шавад ва эътиқод надоштан ба ҳар кадом аз онҳо, ӯро аз мазҳаби ташайюъ хориҷ мекунад. Албатта се асли тавҳид, набувват ва маъод аз усули дин ҳастанд, ки бовар надоштан ба ҳар кадом аз онҳо мӯҷиби куфр ва хуруҷ аз дини Ислом низ мегардад.[3]

Усули хос

Имомат[4] ва адл[5] ду асли хосси мазҳаби ташайюъ ҳастанд:

Имомат

Навиштори аслӣ: Имомат

Бовар ба инки имомат (раҳбарии ҷомеъаи исломӣ ва ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад (с)) мансабе аст, илоҳӣ[6] ва аз сӯи Худо, дувоздаҳ тан аз фарзандони Пайғамбар (с) ба ин мақом мансуб шудаанд.[7] Асомии имомон ба тартиби имомат чунин аст: Имом Алӣ (а), Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а), Имом Саҷҷод (а), Имом Боқир (а), Имом Содиқ (а), Имом Козим (а), Имом Ризо (а), Имом Ҷавод (а), Имом Ҳодӣ (а), Имом Аскарӣ (а), Имом Маҳдӣ (аҷ).[8]

Чароии қарор гирифтани имомат ҷузви усули мазҳаб

Ба гуфтаи Муҳаммадҳусайни Кошиф-ул-ғито дар китоби Асл-уш-шиъа ва усулҳо, имомат асле аст, ки шиаро аз дигар фирқаҳои исломӣ ҷудо мекунад.[9] Ба хотири ҳамин қоилон ба имомати имомони дувоздаҳгона ба имомйя машҳуранд[10] ва имомат ҷузви усули мазҳаби шиа қарор гирифтааст[11] ва касе ки онро қабул надошта бошад, аз доираи ташайюъ хориҷ мегардад.[12]

Адл

Навиштори аслӣ: Адли Илоҳӣ

Бовар ба инки Худованд чӣ дар низоми таквин ва чӣ дар низоми ташреъ ба ҳақ рафтор мекунад ва зулм намекунад.[13] Адлия (шиа ва муътазила), ҳусн ва қубҳи ашёъро ақлӣ медонанд ва муътақиданд ин ки Худованд одил аст ба ин маъно аст, ки Ӯ бар асоси хуб будани ашёъ амал мекунад ва зулмро ба хотири қабеҳ будани он анҷом намедиҳад.[14] Дар муқобил, ашоира муътақиданд милоки одилона будани як рафтор, амали Худованд аст ва ҳар чӣ Худо анҷом диҳад некӯ ва адл аст, ҳатто агар бо нигоҳи инсонҳо зулм бошад.[15]

Чароии қарор гирифтани адл ҷузви усули мазҳаб

Ба гуфтаи Мисбоҳи Яздӣ, файласуфи шиа (1313 -1399ҳ.ш.), адл ба хотири аҳамияте, ки дар илми калом дорад аз усули мазҳаби шиа ва муътазила маҳсуб шуда аст.[16] Ҳамчунин Муртазо Мутаҳҳарӣ, мутафаккири шиа (1298 – 1358ҳ.ш.) иллати инки адл ҷузви усули мазҳаби шиа қарор гирифта аст, пайдоиши ақоиде ҳамчун инкори озодӣ ва ихтиёри инсон байни мусулмонон медонист, ки бар асоси онҳо кайфар додани инсони маҷбур бо адолати Худо созгор набуд.[17] Шиа ва муътазила, маҷбур будани инсонро мунофии адли илоҳӣ медонистанд ва ба ҳамин хотир ба адлия машҳур шуданд.[18]

Усули муштарак

Навиштори аслӣ: Усули дин

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Нигоҳ кунед ба: Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи ақоиди исломӣ, 1385ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.99.
  2. Нигоҳ кунед ба Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи ақоиди исломӣ, 1385ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.97.
  3. Кошиф-ул-ғито, Асл-уш-шиъа ва усулуҳо, Муассисат-ул-Имом Алӣ (а), саҳ.210/ нигоҳ кунед ба имом Хумайнӣ, Китоб-ут-таҳорат, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.437 - 438.
  4. Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.467/ нигоҳ кунед ба Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.10.
  5. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.161.
  6. Кошиф-ул-ғито, Асл-уш-шиъа ва усулуҳо, Муассисат-ул-Имом Алӣ (а), саҳ.211.
  7. Нигоҳ кунед ба Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.585.
  8. Хазози Розӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.53 – 55/ Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.254 - 253.
  9. Кошиф-ул-ғито, Асл-уш-шиъа ва усулуҳо, Муассисат-ул-Имом Алӣ (а), саҳ.221.
  10. Кошиф-ул-ғито, Асл-уш-шиъа ва усулуҳо, Муассисат-ул-Имом Алӣ (а), саҳ.212.
  11. ««عدل» و «امامت» از اصول مذهب شیعه و چرایی آن؟», Оини раҳмат.
  12. Кошиф-ул-ғито, Асл-уш-шиъа ва усулуҳо, Муассисат-ул-Имом Алӣ (а), саҳ.212.
  13. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуъаи осор, Садро, ҷ.2, саҳ.149.
  14. Субҳонӣ, Расоил ва мақолот, 1425ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.32.
  15. Субҳонӣ, Расоил ва мақолот, 1425ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.127.
  16. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.161.
  17. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуъаи осор, Садро, ҷ.2, саҳ.149.
  18. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуъаи осор, Садро, ҷ.2, саҳ.149.
  19. Кошиф-ул-ғито, Асл-уш-шиъа ва усулуҳо, Муассисат-ул-Имом Алӣ (а), саҳ.219.
  20. Кошиф-ул-ғито, Асл-уш-шиъа ва усулуҳо, Муассисат-ул-Имом Алӣ (а), саҳ.220.
  21. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.32.
  22. Сураи Аҳзоб, ояти 40.
  23. Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.595/ Кошиф-ул-ғито, Асл-уш-шиъа ва усулуҳо, Муассисат-ул-Имом Алӣ (а), саҳ.222.

Сарчашма

  • ««عدل» و «امامت» از اصول مذهب شیعه و چرایی آن؟», Оини раҳмат, мушоҳида 9 хурдоди 1401ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Китоб-ут-таҳорат, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ (а), 1427ҳ.қ./1358ҳ.ш.
  • Кошиф-ул-ғито, Муҳаммадҳусайн, Асл-уш-шиъа ва усулуҳо, таҳқиқи Алоъ Олиҷаъфар, Муассисат-ул-Имом Алӣ (а), бе то.
  • Лоҳиҷӣ, Абдурразоқ, Гавҳари мурод, Муқаддимаи Зайнулъобидин Қурбонӣ, Теҳрон, нашри соя, чопи аввал, 1383ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Омӯзиши ақоид, Теҳрон, нашри созмони таблиғоти исломӣ, чопи ҳафдаҳум, 1384ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуъаи осор, Теҳрон, нашри Садро.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи ақоиди исломӣ, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1385ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Расоил ва мақолот, Қум, Муассисат-ул-Имом-ис-Содиқ (а), 1425ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Илоҳиёт ала ҳудо-ил-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл, ба қалами шайх Ҳасани Омилӣ, Қум: Муассисат-ул-Имом-ис-Содиқ, чопи чаҳорум, 1417ҳ.қ.
  • Хазози Розӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Кифоят-ул-асар фи-н-насси ала-л-аиммат-ил-исноъашар, тасҳеҳ: Абдуллатиф Ҳусайнии Куҳкамарӣ, Қум, Бедор, 1401ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Исломийя, 1395ҳ.қ.