Тӯли умри Имом Маҳдӣ (аҷ)

Аз wikishia

Тӯли умри Имом Маҳдӣ (аҷ) (форсӣ: طول عمر امام مهدی(عج)) ба маънои зинда будани Имом Маҳдӣ (аҷ) аз 255ҳ.қ. то зуҳӯр, аз боварҳои имомия аст. Тӯли умри эшон то 1446ҳ.қ. ба беш аз 1190 сол расидааст. Мухолифони имомия аз ҷумла Ибни Таймия ва Носир ал-Қифорӣ чунин умреро баъид шумурда ва онро далеле барои инкори таваллуди Имом Маҳдӣ (аҷ) қарор додаанд.

Уламои имомияи имкони тӯли умри ғайриодиро аз назари ақлӣ мумкин медонанд ва барои исботи ин масаъла, ба умри тӯлонии Нӯҳ, Хизр ва Исо истинод мекунанд. Ҳамчунин барои исботи умри тӯлонии Имом Маҳдӣ ба намунаҳои таърихии шахсони тӯлониумр, ривоёти далолаткунанда бар умри тӯлонии Имом Маҳдӣ ва имкони тӯлонӣ шудани умр ба лиҳози таҷрибӣ истинод шудааст.

Китобҳои мустақиле дар бораи мавзуи умри тӯлонии Имом Маҳдӣ (аҷ) таълиф шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо ал-Бурҳону ала сиҳҳати тули умр-ил-имоми соҳиб-из-замон, асари Абулфатҳи Кароҷакӣ навишташуда дар сол 427ҳ.қ. аст. Ҳамчунин дар бархе аз китобҳои ривоии таълифшуда пас аз соли 370ҳ.қ. бахше ба ин масаъла бахшида шудааст.

Аҳамият ва пешина

Тӯли умри Имом Маҳдӣ (а) ба маънои идомадор будани ҳаёти вай пас аз таваллуд (255ҳ.қ.) то зуҳӯр, яке аз боварҳои имомия[1] ва бархе уламои аҳли суннат[2] аст. Бар ин асос умри Имом Маҳдӣ (аҷ), аз соли 255ҳ.қ. то соли 1446ҳ.қ. беш аз 1190 сол хоҳад буд.

Аз нигоҳи имомия, тӯли умри хориҷ аз урф, мумкин буда ва намунаҳое аз он вуҷуд дорад.[3] Бо ин ҳол мухолифони имомия чунин умри тӯлониеро баъиду ғайримумкин дониста ва ҳатто онро далеле барои инкори таваллуди Имом Маҳдӣ (аҷ) шумурдаанд.[4] Аз ҷумлаи онҳо Ибни Таймия Ҳарронӣ (ваф.728ҳ.қ.)[5] ва Носири ал-Қифорӣ, нависандаи ваҳобии аҳли Арабистон аст.[6]

Бар асоси пажӯҳишҳои суратгирифта, масаълаи тӯли умри Имом Маҳдӣ (аҷ) дар осори марбут ба маҳдавият дар имомия баъд аз соли 370ҳ.қ. мавриди таваҷҷуҳ воқеъ шудааст. Дар осори пеш аз ин сол, ҳамчун Басоир-уд-дараҷот, ал-Кофӣ ва ал-Ғайбаи Нӯъмонӣ ба далели урфӣ будани умри Имом Маҳдӣ (аҷ) то он замон чунин масаълае тарҳ нашудааст.[7] Нахустин китоберо, ки фасле ба ин масаъла бахшида Камол-уд-дини ва тамом-ун-неъма асари Шайх Садуқ (ваф.381ҳ.қ.) медонанд.[8]

Исботи имкони тӯли умри ғайриодӣ

Катибае ба хатти сулс бо унвони «Муҳаммад ал-Маҳдӣ» дар Масҷидуннабӣ. Ин катиба ба сурате навишта шуда буд, ки бо таркиби ду калимаи Муҳаммад ва ал-Маҳдӣ калимаи «حی = ҳай» ба маънии зинда эҷод мешуд. (тасвири самти рост) дар тағйире, ки дар ин катиба сурат гирифт, дигар калима «ҳай» дида намешавад. (тасвири самти чап)[9]

Имкони ақлӣ

Бар асоси ин далел, тӯли умри хориқулода маҳол нест ва аз он ҷо ки Худованди олам ва қодир аст, агар бихоҳад метавонад умри тӯлонӣ ато кунад.[10] Муҳаммадбоқири Садр (ваф.1400ҳ.қ.) бар ин бовар аст, ки ғайриодӣ будани масаълае аз боби эъҷоз ё ғайри он, мӯҷиб намешавад, то мумкин набошад.[11] Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ (тав.1312ҳ.ш.) файласуфи шиа, бар ин бовар аст, ки агар нафаси инсон рушд кунад, камолоте меёбад, ки метавонад дар олами модда ва аз ҷумла бадани худ тасарруф кунад ва шароити ҳаёти моддиро дар он барқарор нигаҳ дорад.[12]

Истинод ба шахсони дарозумр дар Қуръон ва Таврот

Ишора ба набуввати 950-солаи ҳазрати Нӯҳ (а) дар ояти 14 сураи Анкабут, аз мустанадоти қуръонии уламои имомия барои имкони умри тӯлонӣ аст.[13] Ҳамчунин ҳазрати Хизр (а) ки тибқи баёни Қуръон дар замони ҳазрати Мӯсо (а) зинда буда,[14] ба нақли Шайхи Муфид (ваф.413қ) ва иҷмоъи сиранависон ҳаёташ идома дорад.[15] Ирбилӣ (ваф.692қ) ҳам бо истинод ба ояти 159 сураи Нисо, ҳазрати Исо (а)-ро то замони худ зинда муаррифӣ мекунад.[16]

Ба гуфтаи Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ (ваф.1400ҳ.ш.) аз мароҷеъи тақлид ва аз маҳдавиятпажӯҳони шиа, дар ҳамаи адёни Илоҳӣ, бовар ба вуҷуди афроди дорои умри бисёр тӯлонӣ вуҷуд дорад. Барои намуна, дар сифри Таквини Таврот, асҳоҳи 5, оёти 5, 8, 11, 14, 17, 20, 27, 31 ва мавориди дигар, афроде аз анбиё ва ғайри онон ном бурда шуда, ки дорои умрҳои бисёр тӯлонӣ будаанд.[17]

Ривоёте ки бар умри тӯлонии Имом Маҳдӣ далолат мекунанд

Шайхи Тӯсӣ (ваф.460ҳ.қ.) дар китоби ал-Ғайба ривоётеро зикр мекунад, ки ишора ба тӯли умри хориқулода Имом Маҳдӣ (аҷ) дорад.[18] Ирбилӣ дигар муҳаддиси шиа, ҳам дар Кашф-ул-ғумма ривоётии мабнӣ бар умри тӯлонии бархе анбиё ҳамчун Илёс (а), Исо (а) ва Хизр (а)-ро далел бар имкони умри тӯлонӣ зикр карда ва сипас ривоётии мабнӣ бар ҳаёти Имом Маҳдӣ (аҷ) то замони зуҳӯр гузориш мекунад.[19] Ибни Майсами Баҳронӣ (ваф.679 ё 699ҳ.қ.) низ ба иттифоқи назари миёни шиа ва суннӣ дар зинда будани Илёс (а) ва Хизр (а) аз анбиё ва Сомирӣ ва Даҷҷол аз ашқиё ишора карда ва баён медорад агар ин афрод метавонанд зинда бошанд, валийи Худо низ метавонад умри тӯлонӣ дошта бошад.[20] Файзи Кошонӣ (ваф.1091ҳ.қ.) ривоёти воридшуда аз Пайғамбар (с) ва аъимма (а) дар робита бо тӯли умри Имом Маҳдӣ (аҷ)-ро дар ҳадди тавотур медонад.[21]

Имом Саҷҷод (а)

Суннатҳое аз пайғамбарон дар қоими мо вуҷуд дорад... Суннате ки аз Одам (а) ва Нӯҳ (а) дар ӯст, тӯли умр аст.


Имкони умри тӯлонӣ ба лиҳози илми таҷрибӣ

Ин далелро ин гуна тавзеҳ додаанд, ки илм барои марг иллат мехоҳад, на барои идомаи ҳаёт. Марг набуди шароити ҳаёт аст. Инсон ба далели ҷаҳл ва иттилоъи нокофӣ аз омилҳои беморӣ ва пирӣ, тавонои лозим барои кантроли онҳо надорад ва дучори марг мешавад. Агар касе илму абзори лозим барои кантроли ин омилҳо ҳамчун тағзия, муҳит ва женетикро дошта бошад, аз назар илмӣ метавонад умри бисёр тӯлонӣ ва ҳатто ҷовидон дошта бошад.[23]

Таъйидоти таърихӣ бар умри тӯлонии Имом Маҳдӣ

Шайхи Садуқ дар китоби Камол-уд-дини ва тамом-ун-неъма фаслеро ба зикри муаммарин (афроде бо умри тӯлонӣ) бахшидааст. Вай дар ин фасл даҳҳо нафарро ном бурдааст. Миёни ин афрод сининӣ аз 120 то 3000 сол вуҷуд дорад. Шайхи Садуқ гузориши ин афродро махсуси шиа надониста ва бар ин бовар аст, ки дар кутуби аҳли суннат низ вуҷуди чунин афроде таъйид шудааст.[24] Ӯ бо зикри ин намунаҳо ва бо истинод ба ривояте аз Пайғамбар (с), ки дар он ба таҳаққуқи воқеаҳои умматҳои пешин дар уммати Ислом ишора мекунад, таҳаққуқи чунин умреро дар хусуси Имом Маҳдӣ (аҷ) мумкин медонад.[25]

Шайхи Муфид,[26] Кароҷакӣ[27] (ваф.449ҳ.қ.), Шайх Тӯсӣ,[28] Аминулислом Табарсӣ[29] (ваф.548ҳ.қ.), Хоҷа Насири Тӯсӣ[30] (ваф.672қ), Ибни Майсами Баҳронӣ,[31] Аллома Ҳиллӣ (ваф.726қ),[32] Алломаи Маҷлисӣ[33] (ваф.1110ҳ.қ.), Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ[34] ва Иброҳими Аминӣ[35] (ваф.1399ҳ.ш.) аз дигар уламои шиа ҳастанд, ки ба далоили таърихӣ бар исботи имкони тӯли умри ғайриодӣ истинод кардаанд.

Такнигорӣ

Бахши оғозини китоби ал-Бурҳону ала сиҳҳати тули умр-ил-имоми соҳиб-из-замон, навиштаи Абулфатҳи Кароҷакӣ, чопи сангӣ, дар соли 1322ҳ.қ.дар Табрез, зимни китоби Канз-ул-фавоид, сабтшуда дар китобхонаи Остони қудси разавӣ, ба шумораи 8728.

Масаълаи тӯли умри Имом Маҳдӣ (а) мавзуи мустақили бархе китобҳо будааст; аз ҷумла:

  • ал-Бурҳону ала сиҳҳати тули умр-ил-имоми соҳиб-из-замон, асари Абулфатҳи Кароҷакӣ аз шогирдони Шайхи Муфид ва мутакаллимони имомия: дар ин асар, далоили ақлӣ ва нақулии рози тӯли умр ва саргузашти гурӯҳе аз муъаммарин зикр шудааст. Нахустин чопи ин асар ба унвони бахше аз китоби Канз-ул-фавоид, дар соли 1332ҳ.қ. дар Табрез ба сурат сангӣ буда ва бо унвони ганҷинаи маорифи шиаи имомия, тавассути Муҳаммадбоқири Камараӣ тарҷума шудааст.[36] Ба гуфтаи муаллиф дар оғози ин китоб, соли нигориши он 427ҳ.қ. будааст.[37]
  • Дафъу шубҳати тӯли умр-ил-Ҳуҷҷа (аҷ), нигориши Маҳмуд ибни Муҳаммадҳасани Шариатмадор.[38]
  • Тӯли умри ҳазрати Валийи аср (аҷ), асари Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ.[39]
  • Мунтазари ҷаҳон ва рози тӯли умр, навиштаи Сайид Аҳмади Аламалҳудо.[40]
  • Шигифтӣ дар чист?, асари Муҳаммад Солеҳии Озарӣ.[41]
  • Исботи тӯли умри Имоми Замон (а), навиштаи Сайид Муртазо Мирсаиди Қозӣ.[42]
  • Баҳсе перомуни тӯли умри имоми ғоиб, чопшуда дар Қум.[43]
  • Тӯли умри Имоми Замон аз дидгоҳи улум ва адён, нигориши Алиакбари Маҳдипур.[44]
  • Имом Маҳдӣ (аҷ); тӯли умр, асари Ҳодии Ҳусайнӣ.[45]

Эзоҳ

  1. Ризвонӣ, Таваллуди ҳазрати Маҳдӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.60 - 61; Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.514; Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.339; Шайх Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1425ҳ.қ., саҳ.419; Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1390ҳ.қ., саҳ.418; Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.437; Алломаи Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.51, саҳ.2
  2. ал-Амидӣ, ал-Маҳдий-юл-мунтазари фи-л-фикр-ил-исломӣ, 1425ҳ.қ., саҳ.136 - 141; Маҳмуд, Вилодат-ул-имом ал-Маҳдийи фи кутуб-ил-фариқайн, 1390ҳ.ш., саҳ.357 - 402; Барои намуна ниг.: Насибии Шофеӣ, Матолиб-ус-суул, 1419ҳ.қ., саҳ.311 - 319; Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.506 - 507; Ганҷии Шофеӣ, ал-Баён, 1404ҳ.қ., саҳ.521; Ҳамавии Ҷувайнӣ, Фароид-ус-симтайн, 1400ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.134
  3. Зайналӣ, «Имом Маҳдӣ (а) ва тӯли умр (пешина ва далоил)», саҳ.222 - 223
  4. Зайналӣ, «Имом Маҳдӣ (а) ва тӯли умр (пешина ва далоил)», саҳ.223
  5. Ибни Таймия Ҳарронӣ, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия, 1406ҳ.қ., саҳ.91 - 94
  6. Қифорӣ, Усулу мазҳаб-иш-шиа, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.866
  7. Зайналӣ, «Имом Маҳдӣ (а) ва тӯли умр (пешина ва далоил)», саҳ.223
  8. Зайналӣ, «Имом Маҳдӣ (а) ва тӯли умр (пешина ва далоил)», саҳ.224
  9. «درخشش نام اهل بیت بر دیوار مسجدالنبی محمد المهدی(عج) زنده است», Сайти ҳавзаи намояндагии валии фақиҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрат
  10. Хоҷа Насируддини Тӯсӣ, Талхис-ул-муҳассал, 1405ҳ.қ., саҳ.433; Аллома Ҳиллӣ, Маноҳиҷ-ул-яқин, 1415ҳ.қ., саҳ.482
  11. Садр, Баҳсун ҳавл-ал-Маҳдӣ (аҷ), 1417ҳ.қ., саҳ.53 - 56
  12. Ҷаводии Омулӣ, Усораи хилқат, 1390ҳ.ш., саҳ.24
  13. Барои намуна ниг.: Шайхи Муфид, ал-Масоил-ул-ашр, 1426ҳ.қ., саҳ.93; Табарсӣ, Эълом-ул-варо, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, саҳ.472; Ибни Майсами Баҳронӣ, Қавоид-ул-маром, 1406ҳ.қ., саҳ.191; Файзи Кошонӣ, Илм-ул-яқин, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.966
  14. сураи Каҳф, оёти 65 - 82
  15. Шайхи Муфид, ал-Масоил-ул-ашр, 1426ҳ.қ., саҳ.83
  16. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.489
  17. Софии Гулпойгонӣ, Силсилаи мабоҳиси имомат ва маҳдавият, 1391ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.166 - 167
  18. Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1425ҳ.қ., саҳ.419 - 422
  19. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.489 - 519
  20. Ибни Майсами Баҳронӣ, Қавоид-ул-маром, 1406ҳ.қ., саҳ.192
  21. Файзи Кошонӣ, Илм-ул-яқин, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.965
  22. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дини ва тамом-ун-неъма, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.322
  23. Софии Гулпойгонӣ, Мунтахаб-ул-асар, 1380ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.276 - 282; Софии Гулпойгонӣ, Силсила мабоҳиси имомат ва маҳдавият, 1391ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.161 - 217; Аминӣ, Додгустари ҷаҳон, 1380ҳ.ш., саҳ.175 - 201
  24. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.552 - 576
  25. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.576
  26. Шайхи Муфид, ал-Масоил-ул-ашр, 1426ҳ.қ., саҳ.94 - 103
  27. Кароҷакӣ, Канз-ул-фавоид, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.114
  28. Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1425ҳ.қ., саҳ.113 - 126
  29. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, саҳ.473 - 476
  30. Хоҷа Насируддини Тӯсӣ, Талхис-ул-муҳассал, 1405ҳ.қ., саҳ.433
  31. Ибни Майсами Баҳронӣ, Қавоид-ул-маром, 1406ҳ.қ., саҳ.191
  32. Аллома Ҳиллӣ, Маноҳиҷ-ул-яқин, 1415ҳ.қ., саҳ.482
  33. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.51, саҳ.225 - 293
  34. Софии Гулпойгонӣ, Мунтахаб-ул-асар, 1380ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.275 - 276
  35. Аминӣ, Додгустари ҷаҳон, 1380ҳ.ш., саҳ.201 - 202
  36. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.92; Рифоъӣ, Муъҷаму мо кутиба ан-ир-Расули ва Аҳл-ил-Байт (а), 1371ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.115; Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1393ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.248
  37. Кароҷакӣ, Канз-ул-фавоид, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.114
  38. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.230; Рифоъӣ, Муъҷаму мо кутиба ан-ир-Расули ва Аҳл-ил-Байт (а), 1371ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.160
  39. Софии Гулпойгонӣ, Тӯли умри ҳазрати Валиаср (аҷ), 1386ҳ.ш., шиносномаи китоб
  40. Рифоъӣ, Муъҷаму мо кутиба ан-ир-Расули ва Аҳл-ил-Байт (а), 1371ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.268
  41. Рифоъӣ, Муъҷаму мо кутиба ан-ир-Расули ва Аҳл-ил-Байт (а), 1371ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.194
  42. Рифоъӣ, Муъҷаму мо кутиба ан-ир-Расули ва Аҳл-ил-Байт (а), 1371ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.85
  43. Рифоъӣ, Муъҷаму мо кутиба ан-ир-Расули ва Аҳл-ил-Байт (а), 1371ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.114
  44. Маҳдипур, Рози тӯли умри Имоми Замон (аҷ) аз дидгоҳи илм ва адён, 1378ҳ.ш., шиносномаи китоб
  45. Ҳусайнӣ, Имом Маҳдӣ (аҷ) - тӯли умр, 1381ҳ.ш., шиносномаи китоб

Сарчашма

  • «درخشش نام اهل بیت بر دیوار مسجدالنبی محمد المهدی(عج) زنده است», Вебгоҳи ҳавзаи намояндагии валии фақиҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрат, санаи дарҷи матлаб: 25 мурдоди 1396ҳ.ш., санаи боздиди 9 Урдибиҳишти 1403ҳ.ш.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, 1403ҳ.қ.
  • Алломаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Маноҳиҷ-ул-яқини фи усул-ид-дин, Теҳрон, 1415ҳ.қ.
  • Аминӣ, Иброҳим, Додгустари ҷаҳон, Қум, шафақ, 1380ҳ.ш.
  • Ганҷии Шофеӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, ал-Баёни фи ахбори соҳиб-из-замон, Теҳрон, 1404ҳ.қ.
  • Зайналӣ, Ғуломҳусайн, «امام‌ مهدی(ع) و طول عمر (پیشینه و دلا‌ئل)», дар маҷаллаи Интизори мавъуд, №6, паёпаи 6, дайи 1381ҳ.ш.
  • Ибни Майсами Баҳронӣ, Майсам ибни Алӣ, Қавоид-ул-мароми фи илми алклом, Қум, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Таймия Ҳарронӣ, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавияти фи нақзи калом-иш-шиъати ва-л-қадария, Риёз, Ҷомеъату ал-Имом Муҳаммад ибни Сауд ал-исломия, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Юсуф, Тазкират-ул-хавос, Қум, 1426ҳ.қ.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғуммати фи маърифа-ил-аимма, Табрез, Банӣ Ҳошимӣ, 1381ҳ.қ.
  • Кароҷакӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Канз-ул-фавоид, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, 1405ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Маҳдипур, Алиакбар, Рози тӯли умри Имоми Замон (аҷ) аз дидгоҳи илм ва адён, Теҳрон, Товуси биҳишт, 1378ҳ.ш.
  • Маҳмуд, Ирфон, Вилодат-ул-имом ал-Маҳдийи фи кутуб-ил-фариқайн, Қум, 1390ҳ.ш.
  • Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Имом Маҳдӣ аҷҷалаллоҳу фараҷаҳ бар пояи Қуръон, ҳадису таърих, Қум, Муассисаи илмии фарҳангии Дор-ул-ҳадис. Созмони чопу нашр, 1393ҳ.ш.
  • Насибии Шофеӣ, Муҳаммад ибни Талҳа, Матолиб-ус-суули фи маноқиби ол-ир-расул, Бейрут, 1419ҳ.қ.
  • Оятӣ, Нусратуллоҳ, Далели равшан (посух ба шубаҳоти Қифорӣ дар бораи андешаи маҳдавият), Қум, Ояндаи равшан, 1393ҳ.ш.
  • Оқобзрги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариату ила тасониф-иш-шиа, Қум, Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Ризвонӣ, Алиасғар, Таваллуди ҳазрати Маҳдӣ, Қум, нашри Масҷиди Ҷамкарон, 1386ҳ.ш.
  • Рифоъӣ, Абдулҷаббор, Муъҷаму мо кутиба ан-ир-Расули ва Аҳл-ил-Байт (а), Теҳрон, Вазорати фарҳангу иршоди исломӣ, Созмони чопу интишорот, 1371ҳ.ш.
  • Садр, Муҳаммадбоқир, Баҳсун ҳавл-ал-Маҳдӣ (алайҳи ассалом), Бейрут, 1417ҳ.қ.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Мунтахаб-ул-асари фи-л-имом-ис-сони ашар (а), Қум, Дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ, 1380ҳ.ш.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Силсила мабоҳиси имомат ва маҳдавият, Қум, Дафтари танзиму нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ, 1391ҳ.ш.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Тӯли умри ҳазрати Валиаср (аҷ), Қум, Дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ, 1386ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Элом-ул-варои биаълом-ил-ҳудо, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1390ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни шоҳи Муртазо, Илм-ул-яқин, Қум, Бедор, 1377ҳ.ш.
  • Хоҷа Насируддини Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Талхис-ул-муҳассал, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, 1405ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршоди фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ибод, Қум, 1372ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Масоил-ул-ашри фи ал-Ғайба, Қум, Далели мо, 1426ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дини ва тамом-ун-неъма, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1395ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайба, Қум, 1425ҳ.қ.
  • ал-Амидӣ, Сайид сомри Ҳошим, ал-Маҳдий-юл-мунтазари фи-л-фикр-ил-исломӣ, Қум, 1425ҳ.қ.
  • Қифорӣ, Носир, Усулу мазҳаб-иш-шиати ал-имомият-ил-исна ашария, беҷо, бено, 1414ҳ.қ.
  • Ҳамавии Ҷувайнӣ, Иброҳим ибни Муҳаммад, Фароид-ус-симтайн, Бейрут, 1400ҳ.қ.
  • Ҳусайнӣ, Ҳодӣ, Имом Маҳдӣ (аҷ) - тӯли умр, Машҳад, Интишороти Остони қудси разавӣ, 1381ҳ.ш.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Усораи хилқат: дар бораи Имоми Замон (аҷ), Қум, Исро, 1390ҳ.ш.