Саҳв-ун-набӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Саҳвун-набӣ)

Саҳв-ун-набӣ (арабӣ: سَهْوُ النَّبی) ба маънои имкони хато ва фаромӯшии Пайғамбар (с) дар корҳои рӯзгори зиндагиаш аст.

Бештари олимони шиа “саҳв-ун-набӣ”-ро мумкин намедонанд, аммо баъзеашон, монанди Шайх Садуқ ва устодаш Ибни Валид ба “саҳв-ун-набӣ” муътақид ҳастанд; яъне ҳарчанд онҳо эътироф мекунанд, ки Пайғамбар (с) дар хусуси гуноҳ ва вазифаҳои пайғамбарӣ маъсуму бегуноҳ аст, аммо бар ин боваранд, ки мумкин аст Пайғамбар (с) дар дигар корҳои рӯзгори зиндагии худ ба хато ё фаромӯшӣ роҳ дода бошад.

Ҷонибдорони “саҳв-ун-набӣ” барои исботи ақидаи худ ривоятҳоеро овардаанд, ки Пайғамбар (с) дар як намозе хато кардаанд, аммо мухолифон хато кардан ё фаромуш кардани Пайғамбар (с)-ро бо нубувват созгор намедонанд ва мегӯянд, ки ин ривоятҳо саҳеҳу муътабар нестанд.

Мафҳумшиносӣ

Саҳв-ун-набӣ иштибоҳ ва хатои Пайғамбар (с) дар амал ба аҳкоми динӣ ва корҳои оддии рӯзгор аст.[1] Дар масъалаи саҳв-ун-набӣ, пурсиш ин аст, ки оё мумкин аст пайғамбарон дар амал ба аҳкоми шаръӣ ё анҷоми корҳои оддии рӯзгори зиндагӣ ба хато ё фаромӯшӣ роҳ дода шаванд. Барои мисол дар намоз чизеро фаромӯш кунанд ё аз рӯи хато ба касе ки аз ӯ ҳазор динор қарз гирифтаанд, сад динор пас диҳанд.[2]

Саҳв-ун-набӣ як мавзуи каломӣ аст[3] ва дар бораи он гуфтугӯҳои муфассале байни мутакаллимон шакл гирифтааст.[4] Аз саҳв-ун-набӣ дар китобҳои каломӣ[5] дар мабоҳиси марбут ба исмати пайғамбарон ва дар китобҳои фиқҳӣ[6] дар баҳси саҳв дар намоз сухан меравад.

Дидгоҳҳои гуногун

Ду дидгоҳ дар бораи имкони саҳв-ун-набӣ байни уламои шиаи имомия вуҷуд дорад. Бештари онон, саҳв-ун-набиро ғайримумкин медонанд,[7] аммо бархе ҳам муътақиданд, мумкин аст Пайғамбар дар амал ба аҳкоми шаръӣ дучори хато ё фаромӯшӣ шавад.[8]

Мувофиқон

Ибни Валиди Қумӣ, Шайх Садуқ, Сайиди Муртазо,[9] Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ, нависандаи Маҷмаъ-ул-баён[10] ва Муҳаммадтақии Шуштарӣ,[11] аз тарафдорони назарияи саҳв-ун-набӣ ҳастанд.[12] Шайх Садуқ дар китоби Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, аз дидгоҳи саҳв-ун-набӣ дифоъ карда ва мухолифони онро ғуллот ва аҳли тафвиз донистааст. Ба бовари вай, Пайғамбар дар амри таблиғи дин маъсум аст, аммо дар дигар умур; монанди намоз хондан, монанди мардуми оддӣ аст ва мумкин аст дучори хато шавад;[13] албатта Садуқ саҳви пайғамбарро монанди саҳви дигар инсонҳо намедонад, балки эҷоди саҳв барои паёмбарро аз сӯи Худо медонад (исҳо) то инки мақоми пайғамбар бо мақоми рубубият иштибоҳ нашавад.[14]

Садуқ дар ҳамин китоб ваъдаи нигориши китоберо медиҳад, ки дар он саҳв-ун-набиро исбот ва дидгоҳи мункирони онро рад кунад.[15] Ӯ аз устодаш Ибни Валид нақл мекунад, ки нахустин мартабаи ғулув инкори саҳв-ун-набӣ аст.[16]

Далелҳои мувофиқон

Қоилон ба имкони саҳв-ун-набӣ (с), ба Қуръону ривоёт истинод кардаанд. Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ дар тафсири ояти 68 сураи Анъом гуфтааст: ба ақидаи шиаён, Пайғамбар ва имом дар ончӣ аз тарафи Худо баён мекунанд, дучори фаромӯшию хато намешаванд, аммо имкон дорад дар дигар корҳо дучори фаромӯшию хато шаванд. Албатта ин масъала то ҷое аст, ки ба ихтилоли ақли онон мунҷар нашавад.[17]

Ӯ мегӯяд: ҳамонтавр, ки мо қабул мекунем, ки Пайғамбар ва имом дучори хоб ё беҳӯшӣ шаванд, бояд хатову фаромӯширо ҳам барои онҳо мумкин бидонем; чароки хобу беҳӯшӣ монанди саҳв ҳастанд.[18]

Шайх Садуқ ҳам ба ривоёте истинод кардааст, ки дар онҳо аз хатои Пайғамбар дар намоз сухан омадааст.[19] Ин ривоёт, дар манобеи ривоии аҳли суннат ва шиа зикр шудааст.[20] Ҷаъфари Субҳонӣ адади ин ривоёт дар китобҳои ҳадисии шиаро ҳаддиаксар дувоздаҳ ривоят медонад.[21] Аз ҷумлаи онҳо ҳадисе аст, ки Кулайнӣ дар Кофӣ аз Имом Содиқ (а) нақл кардааст. Тибқи ин ҳадис, Пайғамбар (с) дар ракъати дувуми намози пешин аз рӯи хато саломи намозро хонду баъд, ки мусулмонон ба ӯ ёдоварӣ карданд, намозашро комил карду ду саҷдаи саҳв ба ҷо овард.[22]

Мухолифони саҳв-ун-набӣ

Китоби Рисолатун фи адами саҳв-ин-набӣ навиштаи Шайх Муфид

Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, бештари уламои шиа, саҳв-ун-набиро қабул надоранд.[23] Ӯ ҷумалоте аз уламои мутақаддими шиа, монанди Шайх Муфид, Аллома Ҳиллӣ, Муҳаққиқи Ҳиллӣ ва Шаҳиди Аввал дар радди саҳв-ун-набӣ нақл мекунад[24] ва мегӯяд назарияи саҳв-ун-набӣ дар мазҳаби шиа дидгоҳи пазируфташудае нест.[25] Аллома Таботабоӣ, муфассири бузурги шиъӣ низ саҳви Пайғамбар (с)-ро бо исмати ӯ носозгор медонад.[26] Вай исматро аз ҷинси дигари улум ва идрокоте, ки хато дар онҳо роҳ дорад намедонад.[27] [Ёддошт 1]

Мухолифони саҳв-ун-набӣ дар мабоҳиси мухталифе аз ҷумла дар фиқҳ зайли мабҳаси саҳв дар намоз ва дар калом дар мабоҳиси марбут ба исмати пайғамбарон ба дидгоҳи мувофиқони саҳв-ун-набӣ ишкол кардаанд ва навиштаҳои мустақиле ҳам дар ин замина нигоштаанд. Аз ҷумлаи онҳо китобе аст, бо номи «Рисолатун фи адами саҳв-ин-набӣ(с)» ки ҳам ба Шайх Муфид нисбат дода шудааст ва ҳам ба Сайиди Муртазо, аммо Аллома Маҷлисӣ дар Биҳор-ул-анвор интисоби он ба Шайхи Муфидро муносибтар шуморидааст.[28] Ҳамчунин китобе ба номи «ат-Танбиҳи би-л-маълум мин-ал-бурҳон ан танзиҳ-ил-маъсум мин-ас-саҳви ва-н-нисён» ки дар он Ҳурри Омилӣ ба тафсил аз ин масъала сухан гуфтааст.[29]

Далелҳои мухолифон

Ба бовари Шайх Муфид, ривоёти мавриди истинод дар саҳв-ун-набӣ, хабари воҳид ва бинобарин гумоновар аст, дар натиҷа эътибори шаръӣ надорад.[30] Ӯ ҳамчунин бо ин далел, ки матни ин ривоёт бо якдигар бисёр ихтилоф дорад, дар эътибори онҳо ишкол кардааст.[31]

Аллома Ҳиллӣ дар Кашф-ул-мурод навиштааст: агар саҳв-ун-набӣ мумкин бошад, эҳтимол дорад ин хато ба набуввати ӯ сироят кунад.[32] Ӯ дар китоби фиқҳиаш, Мунтаҳа-л-матлаб фи таҳқиқ-ил-мазҳаб, ки ба сурати фиқҳи истидлолӣ ва фиқҳи муқоран навиштааст, бо ин далел ки саҳв-ун-набӣ ба лиҳози ақлӣ маҳол аст, ривоёти саҳв-ун-набиро ботил донистааст.[33] Шаҳиди Аввал низ дар китоби Зикро бо ҳамин истидлол ба ривоёти саҳв-ун-набӣ ишкол кардааст.[34]

Таботабоӣ дар ал-Мизон ҳақиқати исмат дар пайғамбаронро навъе илму шуъур медонад, ки барои инсонҳои оддӣ қобили идроку фаҳм нест ва бо дигар улум фарқ дорад ва ҳамин боиси масунияти мутлақ дар пайғамбарон аз ҳаргуна гумроҳӣ ва хато мешавад.[35] [Ёддошт 2]

Китобшиносӣ

Бархе аз китобҳо дар бораи саҳв-ун-набӣ иборат аст аз:

  • Рисолатун фи адами саҳв-ин-набӣ (с), мансуб ба Шайх Муфид
  • Нафй-ус-саҳв-ин-набӣ (с), аз Мирзоҷаводи Табрезӣ
  • Рисолатун фи саҳв-ин-набӣ. Таълифи Муҳаммадтақии Шуштарӣ. Ин китоб дар поёни ҷилди ёздаҳуми китоби Қомус-ур-риҷол чоп шудааст.[36]
  • Рисолаи саҳв-ун-набӣ, навиштаи Муҳаммадисмоил Хоҷуӣ.

Муҳаммадбоқири Маҷлисӣ ҳам дар Биҳор-ул-анвор, бахши шонздаҳуми таърихи Пайғамбари Исломро ба саҳв-ун-набӣ ихтисос додааст.[37]

Ҷусторҳои вобаста

Исмат

Ғулув

Тарки авло

Эзоҳ

  1. Субҳонӣ, Исмат-ул-анбиё, 1420ҳ.қ., саҳ.291 ва 292.
  2. Субҳонӣ, Исмат-ул-анбиё, 1420ҳ.қ., саҳ.292.
  3. Субҳонӣ, Исмат-ул-анбиё, 1420ҳ.қ., саҳ.292.
  4. Субҳонӣ, Исмат-ул-анбиё, 1420ҳ.қ., саҳ.292.
  5. Барои намуна нигоҳ кунед ба Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., саҳ.191; Сайиди Муртазо, Танзиҳ-ул-анбиё, 1380ҳ.ш., саҳ.34 - 41; Субҳонӣ, Исмат-ул-анбиё, 1420ҳ.қ., саҳ.291.
  6. Барои намуна нигоҳ кунед ба Аллома Ҳиллӣ, Мунтаҳа-л-матлаб, 1412ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.78; Шаҳиди Аввал, Зикро, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.10.
  7. Субҳонӣ, Исмат-ул-анбиё, 1420ҳ.қ., саҳ.302.
  8. Субҳонӣ, Исмат-ул-анбиё, 1420ҳ.қ., саҳ.302.
  9. Субҳонӣ, Исмат-ул-анбиё, 1420ҳ.қ., саҳ.305.
  10. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.490.
  11. Субҳонӣ, Исмат-ул-анбиё, 1420ҳ.қ., саҳ.306.
  12. Субҳонӣ, Исмат-ул-анбиё, 1420ҳ.қ., саҳ.302.
  13. Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413, ҷ.‏1, саҳ.359.
  14. Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413, ҷ.‏1, саҳ.360.
  15. Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413, ҷ.‏1, саҳ.360.
  16. Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413, ҷ.‏1, саҳ.360.
  17. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.490.
  18. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.490.
  19. Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413, ҷ.‏1, саҳ.360.
  20. Субҳонӣ, Исмат-ул-анбиё, 1420ҳ.қ., саҳ.304 ва 305.
  21. Субҳонӣ, Исмат-ул-анбиё, 1420ҳ.қ., саҳ.305.
  22. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.355.
  23. Субҳонӣ, Исмат-ул-анбиё, 1420ҳ.қ., саҳ.302.
  24. Субҳонӣ, Исмат-ул-анбиё, 1420ҳ.қ., саҳ.304.
  25. Субҳонӣ, Исмат-ул-анбиё, 1420ҳ.қ., саҳ.303.
  26. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.14, саҳ.297.
  27. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.5, саҳ.79.
  28. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.122.
  29. Иброҳимии Род, «Таҳлил ва баррасии ривоёти саҳв-ун-набӣ (с)», саҳ.57.
  30. Шайх Муфид, Адаму саҳв-ин-набӣ, саҳ.21.
  31. Шайх Муфид, Адаму саҳв-ин-набӣ, саҳ.22.
  32. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1417ҳ.қ., саҳ.472.
  33. Аллома Ҳиллӣ, Мунтаҳа-л-матлаб, 1412ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.78.
  34. Шаҳиди Аввал, Зикро, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.10.
  35. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.5, саҳ.80.
  36. Субҳонӣ, Исмат-ул-анбиё, 1420ҳ.қ., саҳ.306.
  37. Нигоҳ кунед ба Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.97 - 129.

Ёддошт

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ул-эътиқод, Қум, муассисаи интишороти Исломӣ, чопи ҳафтум, 1417ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мунтаҳа-л-матлаб фи таҳқиқ-ил-мазҳаб, Машҳад, Маҷмаъул-буҳусил-исломийя, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Иброҳимии Род, Муҳаммад, «Таҳлил ва баррасии ривоёти саҳв-ун-набӣ (с)», Улуми ҳадис, № 52, 1388ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Сайиди Муртазо, Танзиҳ-ул-анбиёи ва-л-аимма, таҳқиқи Форис Ҳассун Карим, Қум, Бустони китоб, 1422ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Илоҳиёт, ала ҳудо-л-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл, тадвини Ҳасан Муҳаммадии Маккӣ Омилӣ, Қум, ал-Марказул-оламийя лил-диросотил-исломийя, чопи чаҳорум, 1413ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Исмат-ул-анбиёи фи-л-Қуръон-ил-Карим, Қум, муассисаи Имом Содиқ, чопи дувум, 1420ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Шайх Муфид, Муҳаммад, Адаму саҳв-ин-набӣ, Қум, ноширул-муътамарул-оламӣ лил-Шайхил-Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибн Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Омилии Маккӣ, Зикро-ш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, Қум, муассисаи Олулбайт, чопи аввал, 1419ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found