Сария

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Сароё)
Расми Фотеҳи Хайбар, асари Ҳасан Рӯҳуламин, 2018, 280*180 см.

Ин мақола дар бораи ҷангҳои Пайғамбар аст, ки худ дар онҳо ҳузур надоштааст. Барои ошноӣ бо ҳамаи ҷангҳои Пайғамбар, мадхали Ҷангҳои Пайғамбар (с)-ро бубинед.

Сария (арабӣ: السرية) ҷангҳои мусулмонон дар даврони зиндагии Пайғамбари Акрам (с) ки бидуни ҳузури худи он ҳазрат ва ба фармондеҳии яке аз саҳоба анҷом шудааст. Ҳадафи аслӣ аз сарияҳо эъломи омодагӣ ва қудрати мусулмонон буд ва бо аҳдофи ҷанбии дигаре чун таблиғ, дифоъ, таҳоҷум ва ҷамъоварӣ иттилоот аз душман анҷом мешуд.

Дар ривояте аз Имом Ҳодӣ (а) теъдоди сарияҳои Пайғамбар (с) 55-то дониста шудааст. Бо ин ҳол, дар китобҳои таърихӣ, теъдодҳои 35, 48 ва 66 сария низ нақл шудааст. Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, бархе сарияҳо ба сабаби камии афрод, ба шумор наёмадаанд ва ба ҳамин далел дар шумориши онҳо ихтилоф пеш омадааст.

Сарияи Ҳамза ибни Абдулмутталиб ба соҳили дарёи сурх дар ноҳияи Айс, сарияи Убайда ибни Ҳорис ба саҳрои Робиғ ва сарияи Саъд ибни Абиваққос ба Харрор, ба унвони аввалин сарияҳо гузориш шудаанд. Шумори нерӯҳои Ислом дар сарияҳо, мутаносиб бо қудрат ва шумори нерӯҳои душман ва низ бо тавваҷуҳ ба навъи маъмурият гуногун буд ва гоҳе барои бархе сарияҳо чанд нафар ва барои баъзе дигар, беш аз ҳазор нерӯ фиристода мешуд.

Таъриф ва далели номгузорӣ

Дар китобҳои таърихи Ислом, ҷангҳои Пайғамбар (с) ба ду дастаи ғазва ва сария тақсим мешавад.[1] Ба ҷангҳое ки Пайғамбар (с) дар он ширкат мекард ва фармондеҳии онҳоро бевосита бар ӯҳда дошт, «ғазва» ва ба ҷангҳое ки Пайғамбар (с) дар онҳо ширкат надошт, балки дастаеро бо таъйини фармондеҳ ба минтақае мефиристод, «сария» ё «баъс» мегӯянд.[2] Бо ин ҳол, бархе муҳаққиқон бар ин боваранд, ки таърифи зикршуда барои ғазва ва сария дақиқ нест; балки ғазва ба ҷангҳои Пайғамбар гуфта мешавад ки ба сурати ошкор, бо ҷангҷуёни зиёд ва бо созмондеҳӣ анҷом шудааст; вале ба ҷангҳои Пайғамбар ки ба сурати махфиёна, бо ҷангҷӯёни кам ва бидуни созмондеҳӣ анҷом шуда бошад, сария мегӯянд.[3] Ин ду таъриф, дар мисдоқи ғазваҳо ва сарияҳо ихтилоф надоранд; зеро тибқи таърифи ахир, Пайғамбар дар амалиётҳое ки бо теъдоди нафароти андак анҷом мешуду ҳадаф аз онҳо, изоӣ ё шиносоӣ буд, ширкат намекард.[4] Ба гуфтаи Ибни Асир, муаллифи китоби ан-Ниҳояту фи ғариб-ил-ҳадиси ва-л-асар, бо тавваҷуҳ ба ин ки танҳо афроди баргузида ба ин ҷангҳо мерафтанд, ба ин ҷангҳо сария гуфта шудааст; чароки калимаи «сарий» ба маънои нафис аст.[5]

Ҳадаф аз сарияҳо

Мегӯянд ҳадафи аслии Пайғамбар дар сарияҳо нишон додани омодагӣ ва қудрати мусулмонон буд.[6] Ба гуфтаи Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ муаллифи китоби ас-Саҳиҳу мин сират-ин-набий-ил-аъзам, сарияҳои Пайғамбар танҳо ба ду иллат анҷом мегирифт: 1. Таблиғи дини Ислом; 2. Бар ҳам задани таҷаммуъи фитнаангезоне ки дар садади ҳамла ба мусулмонҳо буданд.[7] Бо ин ҳол, бархе муҳаққиқон, сарияҳои Пайғамбарро ба чор даста тақсим кардаанд:[8]

  • Сарияҳои таблиғӣ, монанди сарияи Раҷиъ[9] ки бо тавваҷуҳ ба шароит ва муҳит ба сурати махфиёна ё ошкор сурат мегирифт;[10]
  • Сарияҳои тадофуъӣ ки барои дифоъ аз манофеи мусулмонҳо ё барои муқобила бо бархе ҳамалоти душман анҷом мешуд;[11]
  • Сарияҳои таҳоҷумӣ, монанди сарияи Ҳамза ибни Абдулмутталиб[12] ки ба сурати пешдастона, қабл аз иқдоми душман ва маъмулан дар сарзаминҳои дурдаст сурат мепазируфт;[13]
  • Сарияҳои иттилоотӣ, монанди сарияи Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш[14] ки ба сурати махфиёна ва бо ҳадафи ҷамъоварии иттилоот аз ашхос ё мавқеияти душман анҷом мегирифт.[15]

Пайғамбар (с) дастур дода буд ки дар ҳамаи сарияҳо, дар сурате ки мусулмонҳо пирӯз шуданд, ҳеҷ гоҳ душманро таъқиб накунанд.[16] Фароянди тасмимгирӣ ва чигунагии анҷоми сарияҳо зери назари Пайғамбар ва ёрони наздики ӯ анҷом мешуд.[17] Пайғамбар дар интихоби фармондеҳи сарияҳо, ба вижагиҳое монанди шуҷоат ва ошноӣ ба фунуни низомӣ аҳамият медод.[18]

Омор

Мақолаи аслӣ: Феҳристи ҷангҳои Пайғамбар (с)

Бар асоси ривояте ки дар китоби Тазкират-ул-хавос аз Имом Ҳодӣ (а) нақл шуда, маҷмуи сарияҳои Пайғамбар (с) 55-то будааст.[19] Таърихнигорон теъдоди сарияҳоро мухталиф нақл кардаанд: Муҳаммадиброҳими Оятӣ дар китоби Таърихи Пайғамбари Ислом, 82 сарияро шумориш кардааст.[20] Масъудӣ дар китоби Муруҷ-уз-заҳаб аз бархе муаррихон 35 сария, аз Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ 48 ва аз бархе дигари 66 сария нақл кардааст.[21] Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ дар китоби Эълом-ул-варо 36 сария менависад.[22] Ба бовари Ҷаъфари Субҳонӣ муаллифи китоби Фурӯғи абадият бархе сарияҳо ба сабаби камии ашхос ба шумориш наёмадааст ва ба ҳамин далел, дар шумори сарияҳо ихтилоф пеш омадааст.[23] Ба гузориши Муҳаммад ибни Умари Воқидӣ, таърихнигор қарни дувум, сарияҳои Ҳамза ибни Абдулмутталиб, Убайда ибни Ҳорис ва Саъд ибни Абиваққос нахустин сарияҳое аст ки дар соли аввали ҳиҷрат ба вуқуъ пайвастааст.[24]

Шумори нерӯҳои Ислом дар сарияҳо, мутаносиб бо қудрат ва шумори нерӯҳои душман ва низ бо тавваҷуҳ ба навъи маъмурият мутафовит буд ва гоҳе барои бархе сарияҳо чанд нафар ва барои баъзе дигар, се ҳазор нерӯ (масалан дар сарияи Усома ибни Зайд) фиристода мешуданд.[25] Ба гуфтаи нависандаи китоби Фанн-ул-ҳарб-ил-исломи фи аҳд-ир-Расул (с), хисоратҳои воридшуда ба сипоҳи Ислом, дар сарияҳои ҷангии Пайғамбар, нисбат ба дигари ҷангҳо бештар будааст.[26] Иллати ин амр дар беэҳтиётии бархе фармондеҳон, бартарии қудрати душман ва муҳаққақ нашудани асли ғофилгирӣ дониста шудааст.[27] Ҳамчунин дар бархе сарияҳо ки бо ҳадафи даъвати исломӣ сурат мепазируфт, ба далел беэҳтиётӣ, хисоратҳо бисёр бештар буд; ба гунае ки дар баъзе аз онҳо ҳамаи сипоҳиёни Ислом кушта шуданд.[28] Бештари сарияҳои солҳои нахусти ҳиҷрӣ дар наздикии Мадина анҷом шуд.[29] Бархе аз сарияҳо ба шарҳи зайл аст:

Номи сария Нерӯҳои Ислом Ҳадаф Нерӯҳои душман Маҳалли вуқуъ Замони вуқуъ Натиҷа
1 Сарияи Ҳамза 30 нафар аз муҳоҷирин бо фармондеҳии Ҳамза ибни Абдулмутталиб Зарбаи иқтисодӣ ба душман 300 нафар бо фармондеҳии Абуҷаҳл Айс (соҳили дарёи Сурх) Рамазони соли 1 ҳиҷрӣ Поёни ҷанг бидуни даргирӣ[30]
2 Сарияи Убайда ибни Ҳорис 60 нафар аз муҳоҷирин бо фармондеҳии Убайда ибни Ҳорис Гаштзанӣ ва дафъи хатарҳои эҳтимолӣ 200 нафар бо фармондеҳии Абусуфён Саҳрои Робиғ Шавволи соли 1 ҳиҷрӣ Гурехтани душман[31]
3 Сарияи Саъд ибни Абиваққос 8 ё 20 нафар аз муҳоҷирин бо фармондеҳии Саъд ибни Абиваққос Зарбаи иқтисодӣ ба душман Карвони тиҷории Қурайш Харрор Зилқаъдаи соли 1 ҳиҷрӣ Нарасидани мусалмонон ба корвони тиҷорӣ[32]
4 Сарияи Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш 8 ё 12 нафар аз муҳоҷирин бо фармондеҳии Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш Шиносоӣ ва ҷамъоварии иттилоот 4 (ё 39) нафар бо фармондеҳии Амр ибни Ҳазрамӣ Наҳла - байни Макка ва Тоиф Раҷаби соли 2 ҳиҷрӣ Ғанимат бурдани мусалмонон барои нахустин бор[33]
5 Сарияи Зайд ибни Ҳориса (Сарияи Қарада) 100 нафар бо фармондеҳии Зайд ибни Ҳориса Зарбаи иқтисодӣ ба мушрикон ва ноамн кардани роҳи тиҷории Қурайш аз роҳи Ироқ ба Шом Қофилаи тиҷории Қурайш бо фармондеҳии Сафвон ибни Умайя Қарада (150-киллометрии Мадина) Ҷамодиюссонии соли 3 ҳиҷрӣ
Ба ғанимат бурдани 100 ҳазор дирҳам[34]
6 Сарияи Абисалама 150 нафар пиёда ва савора бо фармондеҳии Абусалама Дафъи фитнаи душман пеш аз вуқуъ Банӣ Асад ба фармондеҳии Тулайҳа Қатан (230-киллометрии Мадина) Муҳаррами соли 4 ҳиҷрӣ Гурехтани Банӣ Асад ва бозгашти мусалмонон ба Мадина бо ғанимати бисёр[35]
7 Сарияи Биъри Мауна 40 муаллими Қуръон Таблиғи Ислом дар Наҷд Аҳли Наҷд бо фармондеҳии Омир ибни Туфайл Биъри Мауна Сафари соли 4 ҳиҷрӣ Ба шаҳодат расидани ҳамаи муаллимон ба ҷуз як нафар[36]
8 Сарияи Раҷиъ Шаш нафар муаллими Қуръон бо фармондеҳии Марсад ибни Абимарсади Ғанавӣ Таблиғи Ислом дар қабилаи Азл ва Қора Гурӯҳе аз қабилаи Азл ва Қора Рвҷиъ (280-киллометрии Мадина) Сафари соли 4 ҳиҷрӣ Шаҳид шудани 4 нафар ва асир шудани 2 нафар[37]
9 Сарияи Абуубайдаи Ҷарроҳ 40 нафар бо фармондеҳии Ибни Убайда Танбиҳи қабилаҳои Банӣ Саълаба, Банӣ Муҳориб ва Банӣ Анмор ки қасди ҳамла ба Мадина доштанд Қабилаҳои Банӣ Саълаба, Банӣ Муҳориб ва Банӣ Анмор Зулқисса Рабиуссонии соли 6 ҳиҷрӣ Гурехтани душман ва ба ғанимат бурдани теъдоде гусфанд[38]
10 Сарияи Абдурраҳмон ибни Авф 700 нафар бо фармондеҳии Абдурраҳмон ибни Авф Даъвати Банӣ Калб ба Ислом Банӣ Калб Думатулҷандал Шаъбони соли 6 ҳиҷрӣ Ислом овардани Банӣ Калб бидуни хунрезӣ[39]
11 Сарияи Абдуллоҳ ибни Равоҳа 30 нафар ба фармондеҳии Абдуллоҳ ибни Равоҳа Ҷамъоварии иттилоот аз душман 30 нафар аз қабилаи Ғатфон бо фармондеҳии Асир ибни Зорим Водиюлқуро Шавволи соли 6 ҳиҷрӣ Гузориш додан ба Пайғамбар (с)[40]
12 Ҷанги Мута Се ҳазор нафар бо фармондеҳии Ҷаъфар ибни Абитолиб ва сипас Зайд ибни Ҳориса ва баъд Абдуллоҳ ибни Равоҳа Танбиҳи ҳокими Мута Беш аз сад ҳазор нафар сипоҳиёни Рум Мута Ҷамодиюлаввали соли 8 ҳиҷрӣ Ақибнишинии мусалмонон ба Мадина[41]
13 Сарияи Алӣ ибни Абитолиб 150 нафар ба фармондеҳии Алӣ ибни Абитолиб Аз байн бурдани бутхонаи мушрикон Қаблиаи Тайиъ Минтақаи хонадони Ҳотами Той Рабиуссонии соли 9 ҳиҷрӣ Нобудии бути Фулс ва ба даст овардани ғанимати бисёр[42]
14 Сарияи Имом Алӣ дар Яман 300 нафар ба фармондеҳии Алӣ (а) Густариши Ислом дар Яман Мардуми Яман Яман Рамазони соли 10 ҳиҷрӣ Ислом овардани қабилаҳои Ҳамдон ва Мазҳиҷ.[43]

Эзоҳ

  1. Субҳонӣ, Фарозҳое аз таърихи Пайғамбари Ислом, 1386ҳ.ш., саҳ.216
  2. Субҳонӣ, Фарозҳое аз таърихи Пайғамбари Ислом, 1386ҳ.ш., саҳ.216
  3. Қоидон, «Созмондеҳии ҷангӣ дар ғазавоти асри Пайғамбар», саҳ.79 - 80
  4. Қоидон, «Созмондеҳии ҷангӣ дар ғазавоти асри Пайғамбар», саҳ.80
  5. Ибни Асир, ан-Ниҳоя, 1399ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.363
  6. Ватр, Фанн-ул-ҳарб-ил-исломи фи аҳд-ир-Расул (с), Дор-ул-фикр, саҳ.187
  7. Омилӣ, ас-Саҳиҳу мин сират-ин-набий-ил-аъзам (с) 1426ҳ.қ.,, ҷ.26, саҳ.192
  8. Ризоӣ ва дигарон, «Гунашиносии сарияҳои давраи Пайғамбар (с) то соли панҷуми ҳиҷрӣ», саҳ.24
  9. Ризоӣ ва дигарон, «Гунашиносии сарияҳои давраи Пайғамбар (с) то соли панҷуми ҳиҷрӣ», саҳ.34
  10. Ризоӣ ва дигарон, «Гунашиносии сарияҳои давраи Пайғамбар (с) то соли панҷуми ҳиҷрӣ», саҳ.24
  11. Ризоӣ ва дигарон, «Гунашиносии сарияҳои давраи Пайғамбар (с) то соли панҷуми ҳиҷрӣ», саҳ.24
  12. Ризоӣ ва дигарон, «Гунашиносии сарияҳои давраи Пайғамбар (с) то соли панҷуми ҳиҷрӣ», саҳ.29
  13. Ризоӣ ва дигарон, «Гунашиносии сарияҳои давраи Пайғамбар (с) то соли панҷуми ҳиҷрӣ», саҳ.24
  14. Ризоӣ ва дигарон, «Гунашиносии сарияҳои давраи Пайғамбар (с) то соли панҷуми ҳиҷрӣ», саҳ.25
  15. Ризоӣ ва дигарон, «Гунашиносии сарияҳои давраи Пайғамбар (с) то соли панҷуми ҳиҷрӣ», саҳ.24
  16. Ватр, Фанн-ул-ҳарб-ил-исломи фи аҳд-ир-Расул (с), Дор-ул-фикр, саҳ.80
  17. Ризоӣ ва дигарон, «Табйин ва таҳлили рӯйкарди Пайғамбар (с) дар интихоби фармондеҳони сарияҳои асри набавӣ», саҳ.60
  18. Ризоӣ ва дигарон, «Табйин ва таҳлили рӯйкарди Пайғамбар (с) дар интихоби фармондеҳони сарияҳои асри набавӣ», саҳ.61
  19. Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.322
  20. Оятӣ, Таърихи Пайғамбари Ислом, 1369ҳ.ш., саҳ.240 - 247
  21. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.282
  22. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1399ҳ.қ., саҳ.69 - 70
  23. Субҳонӣ, Фурӯғи абадият, 1385ҳ.ш., саҳ.460
  24. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.2
  25. Ватр, Фанн-ул-ҳарб-ил-исломи фи аҳд-ир-Расул (с), Дор-ул-фикр, саҳ.237
  26. Ватр, Фанн-ул-ҳарб-ил-исломи фи аҳд-ир-Расул (с), Дор-ул-фикр, саҳ.296
  27. Ватр, Фанн-ул-ҳарб-ил-исломи фи аҳд-ир-Расул (с), Дор-ул-фикр, саҳ.296
  28. Ватр, Фанн-ул-ҳарб-ил-исломи фи аҳд-ир-Расул (с), Дор-ул-фикр, саҳ.296
  29. Ризоӣ ва дигарон, «Гунашиносии сарияҳои давраи Пайғамбар (с) то соли панҷуми ҳиҷрӣ», саҳ.23
  30. Ниг.: Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.9; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.3 - 4
  31. Ниг.: Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.10 - 11; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.4
  32. Ниг.: Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.10 - 11; Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.591 - 592
  33. Ниг.: Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.7; Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.601 - 604
  34. Ниг.: Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.197 - 198; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.27
  35. Ниг.: Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.340 - 343; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.38 - 39
  36. Ниг.: Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.346 - 349; Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.183 - 185
  37. Ниг.: Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.42 - 43; Табарӣ, таърихи алтбрӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.538
  38. نگاه کنید به: واقدی، المغازی، ۱۴۰۹ق، ج۲، ص۵۵۲؛ ابن‌سعد، الطبقات الکبری، ۱۴۱۰ق، ج۲، ص۶۶.
  39. Ниг.: Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.552; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.66
  40. واقدی، المغازی، ۱۴۰۹ق، ج۲، ص۵۶۶-۵۶۸.
  41. ابن‌سعد، الطبقات الکبری، ۱۴۱۰ق، ج۲، ص۹۷-۹۹.
  42. نگاه کنید به: واقدی، المغازی، ۱۴۰۹ق، ج۳، ص۹۸۴؛ ابن‌سعد، الطبقات الکبری، ۱۴۱۰ق، ج۲، ص۱۲۴.
  43. نگاه کنید به: ابن‌سعد، الطبقات الکبری، ۱۴۱۰ق، ج۲، ص۱۲۸-۱۲۹؛ طبری، تاریخ الطبری، ۱۳۸۷ق، ج۳، ص۱۳۱-۱۳۲.

Сарчашма

  • Ватр, Муҳаммади зоҳр, Фанн-ул-ҳарб-ил-исломи фи аҳд-ир-Расул (с), Димишқ, Дор-ул-фикр, бе то.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Муборак ибни Муҳаммад, ан-Ниҳояи фи ғариб-ил-ҳадиси ва-л-асар, Бейрут, ал-Мактабат-уалълмия, 1399ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Тоиф, Мактабат-ус-сиддиқ, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бе то.
  • Ибни Ҷавзӣ, Юсуф ибни Қазовуғлӣ, Тазкират-ул-хавосси мин-ал-уммати фи зикри хасоис-ил-аимма, Қум, маншуроти аш-Шариф-ур-Разӣ, 1418ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаби ва маодин-ул-ҷавҳар, Қум, Дор-ул-ҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
  • Омилӣ, Сайид Ҷаъфари Муртазо, ас-Саҳиҳу мин сират-ин-набий-ил-аъзам, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1426ҳ.қ.
  • Оятӣ, Муҳаммадиброҳим, Таърихи Пайғамбари Ислом, Теҳрон, донишгоҳи Теҳрон, 1369ҳ.ш.
  • Ризоӣ, Мино ва дигарон, «Гунашиносии сарияҳои давраи Пайғамбар (с) то соли панҷуми ҳиҷрӣ», дар маҷаллаи Таърихи Эрони исломӣ, №6, баҳору тобистони 1398ҳ.ш.
  • Ризоӣ, Мино ва дигарон, «Табйин ва таҳлили рӯйкарди Пайғамбар (с) дар интихоби фармондеҳони сарияҳои асри набавӣ», дар маҷаллаи Мутолиъоти таърихии ҷанг, №12, тобистони 1399ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фарозҳое аз таърихи Пайғамбари Ислом, Теҳрон, машъар, 1386ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фурӯғи абадият, Қум, Бӯстони китоб, 1385ҳ.ш.,
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо биаълом-ил-ҳудо, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1399 қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, Дор-ут-турос, 1387ҳ.қ.
  • Қоидон, Асғар, «Созмондеҳии ҷангӣ дар ғазавоти асри Пайғамбар», дар маҷаллаи Мутолиъоти таърихии ҷанг, №3, баҳори 1397ҳ.ш.