Сураи Масад
Наср Сураи Масад Ихлос | |
Рақами сура | 111 |
---|---|
Ҷузъ | 30 |
Нузул | |
Тартиби нузул | 6 |
Маккӣ/Маданӣ | маккӣ |
Иттилооти оморӣ | |
Теъдоди оятҳо | 5 |
Теъдоди калимаҳо | 22 |
Теъдоди ҳарфҳо | 81 |
Сураи Масад (سوره مَسَد) ё Таббат (تَبَّت) яксаду ёздаҳумин сура ва аз сураҳои маккии Қуръон аст, ки дар ҷузъи сиюм ҷой дорад.
Масад (ресмоне ки аз барги хурмо сохта шудааст) аз калимаи охири сура ва таббат аз ояти аввали ин сура гирифта шудааст.
Сураи Масад дар бораи Абулаҳаб ва ҳамсараш, душманони сарсахти Пайғамбар (с) нозил шуд ва он дуро гирифтори оташи ҷаҳаннам мехонад. Худованд дар ин сура ҳамсари Абулаҳабро «ҳаммолатал-ҳатаб/حمالة الحطب: ҳамлкунанда ҳезум» мехонад; чароки ӯ барои озор додани Пайғамбар, пеши пои Пайғамбар хор мерехт.
Дар ривоёт омадааст, Пайғамбар (с) дуо кард, ҳар касе ки ин сураро мехонад, Худованд ӯ ва Абулаҳабро дар як хона ҷой надиҳад.
Муаррифӣ
Номгузорӣ
Ин сураро ба хотири охирин калимаи он, масад (ресмони бофташуда аз пусти хурмо[1]) номидаанд; ҳамчунин ба он таббат мегӯянд, ки аввалин калимаи ин сура аст ва аз онҷо ки сура дар бораи Абулаҳаб сухан мегӯяд, ба он, сураи Абулаҳаб низ гуфта мешавад.[2]
Макон ва тартиби нузул
Сураи Масад дар аввалҳои даъвати ошкори Пайғамбар (с) нозил шудааст; бинобар ин ҷузви сураҳои маккӣ аст.[3] Ин сура дар тартиби нузул, шашумин ва дар чиниши кунунии Мусҳаф, яксаду ёздаҳумин сура аст ва дар ҷузъи сиюми Қуръон ҷой дорад.[4]
Теъдоди оёту калимот
Сураи Масад, 5 оят, 22 калима ва 81 ҳарф дорад ва аз назари ҳаҷм, ҷузви сураҳои муфассалот (дорои оёти кӯтоҳ) ва қисори (кӯтоҳ) Қуръон аст.[5]
Мазмун
Тамоми сураи Масад дар бораи Абулаҳаб ва ҳамсараш аст. Дар ин сура аз нобудии Абулаҳабу аъмолаш сухан ба миён омадааст ва ӯ бо ҳамсараш ба гирифторӣ дар азоби ҷаҳаннам таҳдид шудаанд.[6]
Тафсири Намуна ин сураро танҳо сурае донистааст, ки дар он аз яке аз душманони Ислом бо зикри ном, ёд шуда ва навиштааст: мазмуни сура нишон медиҳад, ки Абулаҳаб ва ҳамсараш душмании зиёде бо Пайғамбар (с) доштаанд.[7]
Инзори Пайғамбар ва дашноми Абулаҳаб ба ӯ
Дар бораи шаъни нузули сураи Масад, ривоёти фаровоне нақл кардаанд, ки ҳамагӣ мазмунии наздик ба якдигар доранд. Аз Ибни Аббос нақл шудааст, ки Пайғамбар (с) рӯзе болои теппаи Сафо рафту Қурайшро фаро хонда, онҳоро аз азоби сахт бим дод. Абулаҳаб, ки дар миёни ҷамъ буд, бо забони дашном бо Пайғамбар сухан гуфта эътироз кард, ки «барои ин моро ҷамъ кардӣ?» ва бо ҷумлаи «таббан лак/ تبّا لک» (зиён бибинӣ), ба Пайғамбар дашном дод. Оёти сураи Масад дар посух ба ин дашном нозил шуд ва худи Абулаҳабро зиёнзадаю ҳалокшуда муаррифӣ кард.[9]
Ҳаммолат-ал-ҳатаб
Мақолаи аслӣ: Ҳаммолат-ал-ҳатаб
Сураи Масад Уммуҷамил ҳамсари Абулаҳабро бо иборати «ҳаммолат-ал-ҳатаб» (ҳамлкунанда ҳезум) тавсиф кардааст. Муфассирон дар бораи ин ки чаро Қуръон ин иборатро дар бораи ӯ ба кор бурдааст, тафсирҳои мухталифе ироа додаанд; аз ҷумла:
- Уммуҷамил хорҳои биёбонро ба дӯш мекашид ва замоне, ки Пайғамбар барои иқомаи намоз берун меомад, онҳоро пеши пои ӯ мерехт то азият шавад.[10]
- Ӯ бо корҳое ки анҷом медод, оташи ҷаҳаннамро барои худаш меафрухт;[11]
- Ин иборат, киноя аз суханчинии ӯст.[12] [Ёддошт 1] Дар ин замина ин байти шеър аз Саъдӣ машҳур аст
Миёни ду тан ҷанг чун оташ аст,
Суханчин бадбахти ҳезумкаш аст.
Фазилат ва хавос
Мақолаи аслӣ: Фазоили сураҳо
Аз Пайғамбар (с) нақл шудааст: касе ки сураи Масадро мехонад, умедворам, ки Худованд ӯ ва Абулаҳабро дар як хона ҷой надиҳад.[13] Ин сухан киноя аз он аст, ки ӯ аҳли биҳишт бошад.[14]
Матн ва тарҷума
Матн
بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ تَبَّتْ يَدَا أَبِي لَهَبٍ وَتَبَّ «۱» مَا أَغْنَىٰ عَنْهُ مَالُهُ وَمَا كَسَبَ «۲» سَيَصْلَىٰ نَارًا ذَاتَ لَهَبٍ «۳» وَامْرَأَتُهُ حَمَّالَةَ الْحَطَبِ «۴» فِي جِيدِهَا حَبْلٌ مِنْ مَسَدٍ «۵»
Тарҷума:
Ба номи Худованди раҳматгари меҳрубон, бурида бод ду дасти Абулаҳаб ва марг бар ӯ бод «1» дороии ӯ ва ончи андухт судаш накард «2» ба зудӣ дар оташе пурзабона дарояд «3» ва занаш он ҳемакаш [оташ фурӯз] «4» бар гарданаш танобе аз лифи хурмост «5»
Эзоҳ
- ↑ Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадот, зайли вожаи масад.
- ↑ Донишномаи Қуръон ва қуръонпажуҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1270.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.411 ва 412.
- ↑ Донишномаи Қуръон ва қуръонпажуҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1270.
- ↑ Донишномаи Қуръон ва қуръонпажуҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1270.
- ↑ Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1974м., ҷ.20, саҳ.384.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.412.
- ↑ Хомагар, Муҳаммад, Сохтори сураҳои Қуръони карим, таҳияи Муассисаи фарҳангӣ-қуръонии Нур-ус-сақалайн, Қум, 1392ҳ.ш.
- ↑ Воҳидии Нишобурӣ, Асбоб-ун-нузул, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.248.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.852.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.28, саҳ.825.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, ҷ.10, саҳ.428.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.850.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.27, 412.
Ёддошт
- ↑ Дар зарбулмасали араб суханчинӣ ба унвони оташгира ва ҳезуми шуълавар сохтани оташи адовату душманӣ дониста шудааст. Мазмуни як зарбулмасали арабӣ ин аст, ки «النميمة وقُودُ نارِ العداوة». Майдонӣ, Маҷмаъ-ул-амсол, ҷ.27, саҳ.345.
Сарчашма
- Воҳидии Нишобурӣ, Асбоб-ун-нузул, тарҷумаи Алиризо Заковатии Қарогизлӯ, Теҳрон, нашри най, 1383ҳ.ш.
- Донишномаи Қуръон ва қуръонпажуҳӣ, ба кӯшиши Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Теҳрон, Дӯстон - ноҳид, 1377ҳ.ш.
- Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд, Теҳрон, Дорул-Қуръонил-карим, 1418ҳ.қ./1376ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
- Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Омӯзиши улуми қуръонӣ, тарҷумаи Абумуҳаммад Вакилӣ, маркази чоп ва нашри созмони таблиғоти исломӣ, 1371ҳ.ш.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, Қум, интишороти Садро, чопи аввал, 1389ҳ.ш.
- Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-қалам, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, чопи дувум, 1974м.
- Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Аҳмад Қусайр Омилӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
- Фахриддини Розӣ, Абуабдулло Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.