Ҳадди тараххус

Аз wikishia
Насби таблуи ҳадди тараххуси Қум дар озодроҳи Теҳрон - Қум

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Ҳадди тараххус (форсӣ: حَدِّ تَرَخُّص) масофате аст, ки мусофир бояд аз онҷо ба баъд намозашро шикаста (намозҳои чаҳор ракъатиро ду ракъатӣ) бихонад ва метавонад рӯзаи худро ифтор кунад.

Бар асоси аҳодис ин нуқта ҷое аст, ки азони шаҳр шунида нашавад, ё деворҳои он дида нашавад.

Фарқи масофат ва ҳадди тараххус

Яке аз шароити шикаста шудани намоз дар сафар он аст, ки мусофир қасд дошта бошад аз ҷои истиқомати худ хориҷ шуда рафту баргашташ дасти кам ҳашт фарсахи шаръӣ (байни 40 то 45 километр) бошад. Ба ҳашт фарсах, масофати шаръӣ гуфта мешавад.[1]

Мусофир, вақте бояд намозашро шикаста бихонад, ё метавонад рӯзаашро ифтор кунад, ки миқдори муайяне аз масирро тай карда бошад. Ин миқдори муайян, ҳадди тараххус номида шудааст. Ҳамин меъёр ҳангоми расидан ба ватан ё расидан ба ҷое ки иқомат дар он беш аз даҳ рӯз бошад низ ҷорӣ аст.[2]

Миқдори ҳадди тараххус

Бар асоси аҳодиси имомони шиа, ҳадди тараххус ҷое аст, ки азони шаҳр ё деҳа шунида нашавад ва деворҳои он дида нашавад.[3] Фақеҳони шиа дар бораи инки ҳарду шарт бояд якҷоя иҷро шаванд, ё яке аз онҳо иҷро шавад басанда аст, ихтилоф доранд.[4] Дар баъзе роҳҳо дар Эрон аломатҳо гузошта шудаанд, ки ҳадди тараххуси шаҳрро нишон медиҳанд.[5]

Милоки фақеҳон дар дида шудан ё нашудани деворҳо, биноҳои оддӣ дар замини ҳамвор аст. Аз вақте, ки шаҳрҳои калон эҷод шудаанд ва низ азон аз расонаҳо пахш мешавад, таъйини ҳадди тараххус мушкил шудааст. Бархе фақеҳон муътақид шудаанд, ки дар шаҳрҳои калон, меъёри ҳадди тараххус, охирин деворҳои маҳалла аст, на деворҳои шаҳр.[6]

Аҳком

  • Ба фатвои бисёре аз фақеҳони шиа, агар рӯзадор дар оғози сафар пеш аз расидан ба ҳадди тараххус рӯзаи худро бихӯрад, бояд илова бар қазои рӯзаи он рӯз, каффора низ бидиҳад.[7]
  • Ба фатвои бархе мароҷеъи тақлид, рафтани мусофир аз маконе, ки дар он қасди иқомати даҳ рӯза карда бошад, сабаби шикаста шудани намоз мешавад. Албатта, бархе аз онҳо барои як ё ду соат дар як рӯз ё чанд соат дар даҳ рӯз тарки ин маҳдудиятро иҷозат медиҳанд ва баъзеи дигар, ташхиси миқдори онро ба гардани урфу одат гузоштаанд.[8]

Эзоҳ

  1. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.414.
  2. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1390ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.245.
  3. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1416ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.470.
  4. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1390ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.245.
  5. Ниг.: «таблуи ҳадди тараххус дар 5 меҳвари Қум насб нашудааст», хабаргузории Меҳр.
  6. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.463.
  7. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.624.
  8. Баниҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоили мароҷеъ, бе то, ҷ.1, саҳ.719.

Сарчашма

  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Муҳаммадҳасан, Рисолаи тавзеҳулмасоили мароҷеъ, Қум, Дафтари интишороти исломии ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, бе то.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт алайҳимус-салом, таҳти ишрофи Сайидмаҳмуд Ҳошимии Шоҳрудӣ, Қум, 1390ҳ.ш.
  • “Таблуии ҳадди тараххус дар 5 меҳвари Қум насб нашуда аст”, хабаргузории Меҳр, дарҷи матлаб: 3 озари 1397ҳ.ш., мушоҳида: 1 исфанди 1401ҳ.ш.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо маъа таълиқот иддатун мин-ал-фуқаҳо-ил-изом, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1420ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайти ли эҳёил-турос, 1416ҳ.қ.