Аркони ҳаҷ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Рукнҳои ҳаҷ)
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёр барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Аркони ҳаҷ (арабӣ: أركان الحج) маносик ё воҷиботи аслии ҳаҷ аст, ки қасдан тарк кардани онҳо мӯҷиби ботил шудани ҳаҷ мешавад. Аз назари фақиҳони шиа эҳром, тавоф, вуқуф дар Арафот, вуқуф дар Машъарулҳаром ва саъйи Сафоу Марва аз аркони ҳаҷ ҳастанд. Бархе аз фуқаҳои имомия ният, талбия ва тартибро низ аз аркони ҳаҷ шимурдаанд.

Гуфта шудаи тарки воҷиботи рукнӣ ба сурати амдӣ ё ба далели ҷаҳл ба ҳукм, боиси ботил шудан ҳаҷ мешавад; вале тарки воҷиботи ғайрирукнии ҳаҷ ҳарчанд ба сурати амдӣ, ҳаҷро ботил намекунад ва ме тавон барои ҷуброни онҳо нооб гирифт.

Таъриф ва теъдоди аркони ҳаҷ

Аркони ҳаҷ ба воҷибот ё маносики аслии ҳаҷ гуфта мешавад, ки қасдан анҷом надодани онҳо боиси ботил шудан ҳаҷ мегардад.[1] Рукн дар истилоҳи фиқҳӣ коре аст ки тарки қасдан ё саҳвани он боиси ботил шудани ибодоте аз ҷумла намоз мешавад.[2]

Аз назари фақиҳони шиа эҳром, тавоф, вуқуф дар Арафот, вуқуф дар Машъарулҳаром ва саъйи Сафоу Марва ҷузви аркони ҳаҷ ба шумор меоянд.[3] Дар бораи рукн будани ният, талбия ва тартиб ихтилоф назар аст. Шаҳиди Аввал,[4] Саймарӣ,[5] Кошифулғито[6] ва Муҳаққиқи Каракӣ[7] аз фақиҳони шиа муътақид ба рукн будан онҳо низ ҳастанд.

Фуқаҳои мазоҳиби аҳли суннат дар бора теъдоди аркони ҳаҷ ихтилофи назар доранд; тибқи назари фуқаҳои шофеӣ, ҳаҷ шаш рукн,[8] ва тибқи назари моликиҳо ва бисёре аз ҳанбалиҳо чаҳор рукн[9] ва ба ақидаи машҳури ҳанафиҳо ду рукн[10] дорад. Шофеиҳо илова бар дигар аркон, ҳалқу тақсирро низ рукн донистаанд.[11] Фуқаҳоии моликӣ рукн будани вуқуф ба машъарро напазируфта[12] ва фуқаҳоии ҳанбалӣ дар бораи рукн будани саъйи Сафоу Марва мураддаданд.[13] Фуқаҳои ҳанафӣ низ рукн будани эҳром, вуқуф дар Машъар ва саъйи Сафоу Марваро қабул надоранд.[14]

Аҳком

  • Тафовути аркони ҳаҷ бо воҷиботи ғайрирукнии ҳаҷ дар ботил шудани ҳаҷ бо тарки амдии аркон аст. Дар сурате ки яке аз аркони ҳаҷ қасдан, на саҳван, тарк шавад, ҳаҷ ботил мешавад;[15] вале агар воҷиботи ғайрирукнии ҳаҷро (монанди ҳалқу тақсир, рамйи ҷамарот ва қурбонӣ) қасдан ҳам тарк кунад ҳаҷ ботил намешавад.[16] Тарки рукн ба хотири надонистани ҳукми шаръии он низ ба назари бархе аз фуқаҳо монанди тарки қасдани рукн мӯҷиби ботил шудан ҳаҷ мешавад.[17]
  • Тарки вуқуфайн (вуқуф дар Арафот ва Машъар) чи қасдан ва чи аз рӯи саҳв боиси ботил шудани ҳаҷ мешавад.[18]
  • Ба фатвои фақиҳони шиа дар сурати фаромӯшии ҳар як аз аркони ҳаҷ, танҳо дар сурати мумкин набудан ё душвории бозгашт ба Макка имкони гирифтани ноиб вуҷуд дорад; вале дар сурати фаромӯшии воҷиботи ғайрирукнӣ дар ҳар сурат метавонад барои ҷуброни он ноиб бигирад.[19]
  • Ба фатвои машҳури фақиҳони имомӣ, мустабсир (мусулмоне ки ба мазҳаби шиа гиравидааст) лозим нест ҳаҷро ки бар пояи мазҳаби худ саҳиҳ анҷом дода, иода кунад, машрут бар он ки рукнро саҳиҳ ба ҷо оварда бошад;[20] албата дар ин ки оё меъёр, рукн дар мазҳаби пешӣ аст ё рукн дар мазҳаби ташайюъ, ихтилофи дидгоҳ вуҷуд дорад.[21]

Эзоҳ

  1. Шаҳиди Аввал, ад-Дурус-уш-шаръийя, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.328; Саймарӣ, Ғоят-ул-маром, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.456; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.136; Гулпойгонӣ, Китоб-ул-ҳаҷҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.17
  2. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1428ҳ.қ., саҳ.274 - 275
  3. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.136
  4. Шаҳиди Аввал, ад-Дурус-уш-шаръийя, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.328 - 329
  5. Саймарӣ, Ғоят-ул-маром, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.456
  6. Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.470 - 471
  7. Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.110
  8. Ашшарбинӣ, Муғни-юл-муҳтоҷ, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.745 - 746
  9. Алкарамӣ, Далел-ут-толиб, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.107 - 108
  10. Самарқандӣ, Тӯҳфат-ул-фуқаҳо, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.381
  11. Ашшарбинӣ, Муғни-юл-муҳтоҷ, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.745 - 746
  12. Ибни Қудома, ал-Муғнӣ, 1388ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.376
  13. Ибни Қудома, ал-Муғнӣ, 1388ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.351 - 352
  14. Самарқандӣ, Тӯҳфат-ул-фуқаҳо, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.381
  15. Шаҳиди Аввал, ад-Дурус-уш-шаръийя, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.328
  16. Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, ал-Муҳаззаб-ул-бореъ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.206; Саймарӣ, Ғоят-ул-маром, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.456; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.136; Гулпойгонӣ, Китоб-ул-ҳаҷҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.17
  17. Муҳаққиқи Қаракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.201; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.275; Мусавии Омилӣ, Мадорик-ул-аҳком, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.174
  18. Шаҳиди Аввал, ад-Дурус-уш-шаръийя, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.328; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.275; Ҳиллӣ, ал-Ҷомеъу ли-ш-шароеъ, 1405ҳ.қ., саҳ.180 - 181
  19. Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, ал-Муҳаззаб-ул-бореъ, 1407, ҷ.2, саҳ.206; Саймарӣ, Ғоят-ул-маром, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.456
  20. Ибни Ҳамза, ал-Васила, 1408ҳ.қ., саҳ.157; Ибни Идрис, ас-Сароир, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.518 - 519
  21. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.304

Сарчашма

  • Алкарамӣ, Маръӣ ибни Юсуф, Далел-ут-толиби ли найл-ил-матолиби, Риёз, дору тайибатин ли-н-нашри ва-т-тавзиъ, 1425ҳ.қ.
  • Ашшарбинӣ, Муҳамад ибни Хатиб, Муғни-юл-муҳтоҷ, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1418ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, ба кӯшиши Алии Охундӣ, Қум, нашри Исломӣ, 1363ҳ.ш.
  • Гулпойгонӣ, Муҳаммадризо, Китоб-ул-ҳаҷҷ, Қум, Дор-ул-Қуръон-ил-карим, 1403ҳ.қ.
  • Ибни Идрис, Муҳамад ибни Аҳмад, ас-Сароир-ул-ҳовӣ ли таҳрир-ил-фатовӣ, Қум, интишороти Исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Қудома, Абдуллоҳ ибни Аҳмад, ал-Муғнӣ, Қоҳира, Мактабат-ул-Қоҳира, 1388ҳ.қ.
  • Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, Аҳмади ибни Муҳамад, ал-Муҳаззаб-ул-бореъ, Қум, интишороти Исломӣ, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Ҳамзаи Тӯсӣ, Муҳамад ибни Алӣ, ал-Василату ило найл-ил-фазилат, Қум, интишороти Китобхонаи Маръашии Наҷафӣ, 1408ҳ.қ.
  • Мишкинӣ, Мирзоалӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, ал-Ҳодӣ, 1428ҳ.қ.
  • Мусавии Омилӣ, Муҳамад ибни Алӣ, Мадорик-ул-аҳком, Қум, муассисаи Олулбайт, 1410ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Қаракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосиди фи шарҳ-ил-қавоид, Қум, Олулбайт, 1414ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-каломи фи шарҳи Шароиеъ-ул-Ислом, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Саймарӣ, Муфлиҳ ибни Ҳасан, Ғоят-ул-мароми фи шарҳи Шароеъ-ил-Ислом, Бейрут, Дор-ул-ҳодӣ, 1420ҳ.қ.
  • Самарқандӣ, Алоуддин Муҳаммад, Тӯҳфат-ул-фуқаҳо, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1405ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Яҳёи ибни Саид, ал-Ҷомеъу ли-ш-шароеъ, бе ҷо, муассисаи Сайидушшуҳадо (а) ал-илмийя, 1405ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳамад ибни Маккӣ, ад-Дурус-уш-шаръийя фи фиқҳ-ил-имомийя, Қум, интишороти Исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом, Қум, Муассисат-ул-маориф-ил-исломийя, 1413ҳ.қ.