Қироати Ҳафс аз Осим

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ривояти Ҳафс аз Осим)

Қироати Ҳафс аз Осим (форсӣ: قَرائت حَفصْ از عاصِمْ) як ривояти машҳур аз қироати Осим ибни Абинаҷҷуди Куфӣ, яке аз ҳафт қории маъруф аст, ки шогирди ӯ Ҳафс ибни Сулаймони Асадӣ ривоят кардааст.

Қориёне монанди Абубакр ибни Айёш низ қироати Осимро ривоят кардаанд, аммо ривояти Ҳафс машҳуртар аст. Ривояти Ҳафсро ба хотири итқон ва фасоҳаташ ва аз он ҷиҳат ки камтарин ихтилофро бо қироати Осим дорад, бештар пазируфтаанд ва имрӯз байни тақрибан 95 дарсади кишварҳои исломӣ қироати роиҷ ба шумор меравад.

Қироатшиносон ривояти Ҳафс аз Осим ва иттисоли санади он ба Пайғамбар (с)-ро саҳаҳе медонанду мегӯянд, Осим қироати худро бо як восита; яъне аз тариқи Абуабдурраҳмони Сулламӣ аз Имом Алӣ (а) гирифтааст.

Осимро сиққа ва шахси муъмину парҳезгор ва қироати ӯро фасеҳтарин қироат медонанд. Ҳамчунин Ҳафс аз донишмандтарин шогирдони Осим дар қироати ӯ маҳсуб шуда, қироаташро бовариноку дуруст эътироф кардаанд. Абуабдурахмон Сулламиро низ хамчун шахси боваринок ва «азимушшаън» муаррифӣ кардаанд.

Дар ин ки кироати Осим ба ривояти Ҳафс дар кишварҳои исломӣ кай шуҳрат пайдо кардааст, ихтилоф вуҷуд дорад: Муҳаммадҳодии Маърифат ин қироатро аз аввал қироати роиҷ ва мақбули ҳама медониста аст. Бархе низ бар ин назаранд, ки ривоҷ ва ҳамапазирии қироати Осим ба ривояти Ҳафс, дар садаи 10 ва бо талошҳои ҳукумати усмонӣ оғоз шудааст.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Қироати Ҳафс аз Осим, ривояти Ҳафс ибни Сулаймони Асадӣ аз қироати устодаш Осим ибни Абиннуҷуди Кӯфӣ, аз қироатҳои ҳафтгонаи маъруфи Қуръон аст.[1] Гуфта мешавад, ин қироат аз қироатҳои мутавотир ва пазируфтаи ҳамаи мусулмонон аст.[2] Ба гуфтаи Муҳаммад Исмоил Муҳаммад ал-Машҳадонӣ, пажӯҳишгар ва мударриси наҳв ва қироатҳои қуръонӣ дар донишгоҳи Мавсил, имрӯза ба таври тақрибӣ дар 95 фоизи кишварҳои исломӣ, қироати Осим ба ривояти Ҳафс ривоҷ дорад ва дар 5 фоизи дигар кишварҳо, соири қироатҳои ҳафтгона роиҷ аст.[3]

Албатта гурӯҳи зиёде бо восита ё бевосита, қироати Осимро ривоят кардаанд,[4] аммо ривояти Ҳафс ва низ ривояти Абубакр ибни Айёш аз шуҳрати бештаре бархӯрдоранд.[5]

Эътибори қироати Ҳафс аз Осим

Қироатшиносон ривояти Ҳафс аз қироати Осим ва пайванди санади он ба Пайғамбар (с)-ро саҳеҳ медонанд;[6] зеро Осим онро аз Абуабдурраҳмони Сулламӣ ва ӯ айнан аз Имом Алӣ (а) гирифта ва Имом Алӣ аз Пайғамбар (с) дарёфт кардааст. Ҳамчунин Осим ин ривоятро аз Зар ибни Ҳабяш фарогирифта, ки ӯ аз Абдуллоҳ ибни Масъуд омӯхта ва Абдуллоҳ ибни Масъуд ҳам аз Пайғамбар (с) дарёфт кардааст.[7] Аз ҷиҳати дигар ин қироатро Ҳафс нақл кардааст, ки аз дақиқтарин ровиёни Осим ва донотарини шогирдонаш аст.[8]

Муҳаммадҳодии Маърифат - қуръонпажӯҳ ва фақеҳи шиа (ваф. 1385ҳ.ш.), бар ин бовар аст, ки қироати Ҳафс аз Осим, танҳо қироате аст, ки санади саҳеҳ дошта ва аз ҳамон ибтидо, ба пуштивонаи оммаи мусулмонон истеҳком ёфта ва дар тайи қарнҳо, насл ба насл ривоҷ ёфта ва то имрӯз низ байни мусулмонон ривоҷ дорад.[9]

Ба гуфтаи Ибни Надим, Осим қироати худро аз Абуабдурраҳмони Сулламӣ ва Зар ибни Ҳабяш фаро гирифтааст,[10] аммо Абубакр ибни Айёш, ровии дигари қироати Осим мегӯяд: «Осим ба ман гуфт, ҳеҷ касе ғайр аз Абӯабдурраҳмони Сулламӣ Қуръонро ба ман наёмухт ва ман вақте аз назди ӯ бармегаштам, онро бар Зар ибни Ҳабяш арза мекардам».[11]

Дар ин ки худи Сулламӣ Қуръонро аз кадом як аз саҳоба гирифтааст, ихтилофи назар аст:[12] бархе гуфтаанд, ки вай Қуръонро аз Имом Алӣ (а), Усмон ва Абдуллоҳ ибни Масъуд ёд гирифт ва бар онон арза намуд.[13] Аз бархеи дигар нақл шудааст, ки ӯ Қуръонро аз Имом Алӣ омӯхт ва бар Усмон арза намуд.[14]

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки Қуръонро аз Усмон гирифтааст ва бар Имом Алӣ арза кард.[15] Муҳаммадҳодии Маърифат ба нақл аз Заҳабӣ гуфтааст, ки Сулламӣ Қуръонро аз Абдуллоҳ ибни Масъуд гирифт ва бар Имом Алӣ арза кард.[16] Бархе низ бар ин назаранд, ки ӯ Қуръонро аз Имом Алӣ гирифт ва ҳамаи онро бар вай арза намуд.[17]

Ривоҷи қироати Ҳафс аз Осим

Мегӯянд, интихоби қироати Ҳафс аз Осим аз сӯи давлати усмонӣ ва чопу интишори Мусҳаф бар асоси он дар ҳудуди қарни даҳуми қамарӣ, сабаби ривоҷи ин қироат ва тасбити он дар байни ҷомеаҳои исломӣ шуд.[18] Алӣ Муҳаммад аз-Забоъ, қироатшиноси аҳли Миср (ваф. 1380ҳ.қ) навиштааст оғози ривоҷ ва ҳамапазирии қироати Осим ба ривояти Ҳафс дар кишварҳои исломӣ аз миёнаҳои қарни дувоздаҳуми қамарӣ будааст.[19]

Муаррифии ровиён

Саҳифаи аввали тавзеҳоти Қуръони чопи Арабистони Саъудӣ дар соли 1441 ҳиҷрии қамарӣ, ки баён мекунад аз қироати Ҳафс аз Осим гирифта шудааст.
Мақолаҳои аслӣ: Ҳафс ибни Сулаймони Асадӣ, Осим ибни Абуннуҷуди Кӯфӣ ва Абуабдурраҳмони Сулламӣ

Абуабдурраҳмони Сулламӣ: аз тобеъини Кӯфа ва қориёне буд, ки қироати Қуръонро аз бархе саҳобаи Пайғамбар фаро гирифта буд.[20] Риҷолшиносон Абуабдурраҳмони Сулламиро сиқа ва «азимушшаън» донистаанд.[21]

Зар ибни Ҳабяш: касе аст, ки ба гуфтаи Ибни Надим, Осим қироаташро бар вай арза мекардааст.[22] Ӯ аз тобеъини Кӯфа ва аз қориёни табақаи сеюм буд.[23] Ӯ қироатро аз Абдуллоҳ ибни Масъуд[24] ва бино ба нақле аз Имом Алӣ (а) ва Абдуллоҳ ибни Масъуд фаро гирифта буд.[25]

Осим ибни Баҳдала Абиннуҷуд: маъруф ба Осим ва аз қориёни ҳафтгона ва аҳли Кӯфа буд.[26] Бисёре аз риҷолшиносон Осимро сиқа ва шахси ботақво[27] ва қироати ӯро фасеҳтарин қироатҳо[28] донистаанд. Аз бархе нақл шудааст, ки ӯ дар ҳифз ва забти қироат, дақиқу муҳтот буд.[29]

Ҳафс ибни Сулаймон: аҳли Кӯфа ва фарзанди ҳамсари Осим буд. Ӯ қироати Қуръонро аз вай фаро гирифт, борҳо бар ӯ арза намуд ва онро дар билоди исломӣ, аз ҷумла Бағдод ва Макка нашр дод.[30] Бархе қироатшиносон бар ин назаранд, ки Ҳафс байни шогирдон ва ровиёни Осим, ба қироат аз ҳама донотар ба қироати ӯ будааст.[31] Бино ба гузориши бисёре аз риҷолшиносон, Ҳафс дар қироат, сиқа ва дар ҳифз ва забти қироати Осим, дақиқу мутқан буд.[32]

Ихтилофи қироати Ҳафс бо қироати Осим

Гуфта мешавад, қироати Ҳафс танҳо дар як маврид бо қироати Осим ихтилоф дорад ва он, қироати калимаи «заъф» дар ояти 54 сураи Рум аст, ки Осим ба фатҳи «з» хонда ва Ҳафс бо замма.[33] Ин дар ҳоле аст, ки байни қироати Ҳафс ва қироати Абубакр ибни Айёш, ки ӯ низ қироати худро аз Осим фаро гирифта ва бар ӯ арза карда буд, беш аз панҷсад ихтилоф дар ҳаракоти ҳарфҳо гузориш шудааст.[34] Дар бораи иллати ихтилофи қироати Ҳафс бо Абубакри ибн Айёш гуфтаанд, Осим қироатеро, ки аз Зар ибни Ҳабяш омӯхта ва ӯ аз Абдуллоҳ ибни Масъуд фаро гирифта буд, ба Ибни Айёш омӯхтааст.[35]

Вижагиҳо

Бархе аз вижагиҳоу усули қироати Осим ба ривояти Ҳафс, ба баёни зер аст:

  • Осим «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим»-ро байни ду сура, яъне поёни ҳар сура ва оғози сураи баъд тиловат мекард; ғайр аз ҳади фосили байни сураи Анфол ва сураи Тавба.[36] Қироати ӯ дар ин гуна маворид, ба се сурати вақф, васл ва сакт (макси кӯтоҳе байни калимот), нақл шудааст.[37]
  • Дар саросари Қуръон, мутобиқи ривояти Ҳафс аз қироати Осим, фақат дар чаҳор ҷой, сакт ривоят шудааст, ки иборатанд аз: байни охирин калима аз ояти аввали сураи Каҳф (иваҷа) бо аввалин калима аз ояти дувуми ҳамин сура (қаййима), байни калимаи «марқадино» ва калимаи «ҳозо» дар ояти 52 сураи Ёсин, байни калимаи «мин» ва калимаи «роқ» дар ояти 27 сураи Қиёмат ва байни калимаи «бал» ва калимаи «рона» аз ояти 14 сураи Мутаффифин.[38] [Ёддошт 1]
  • Дар қироати Осим, танҳо як мавриди имола (майл додани фатҳа ба касра ва алиф ба ё барои осонии талаффуз) вуҷуд дорад ва он, имолаи «ро» дар калима «маҷроҳо» дар ояти 41 сураи Ҳуд аст, ки ба сурати касра хонда мешавад.[39]
  • Ҳамаи ҳамзаҳо дар Қуръон ба қироати Осим, бо «таҳқиқ» қироат шудаанд;[40] «таҳқиқи ҳамза» дар илми таҷвид ба маънои талаффузи ҳарфи ҳамза аз махраҷаш, бо риояти ҳамаи сифоти он аст.[41] Танҳо ду калимаи «куфуван» ва «ҳазуван» аз ин қоида истисно шудаанд.[42] Дар калимаи «ааъҷамий» дар ояти 44 сураи Фуссилат ҳам ҳамзаи дуввум ба тасҳил, қироат мешавад; яъне бо нармӣ ва бо садое байни ҳамза ва алиф.[43]
  • Шеваи қироати Осимро тартили ором ва пайваста ва ҳамроҳи бо танину оҳанг васф кардаанд.[44]

Такнигорӣ

Бархе аз осоре, ки дар бораи қироати Ҳафс аз Осим, навишта шудааст, ба қарори зер аст:

  • Аҳамияти қироати Осим ба ривояти Ҳафс, навиштаи Акрамхудо Исфаҳонӣ: ин китоб дар ёздаҳ фасл ба муаррифии Осим ва қироати ӯ, муаррифии қориёне, ки Осим аз онҳо ривоят карда ва қориёне ҳамчун Ҳафс ва Абубакр ибни Айёш, ки аз вай ривоят кардаанд, пардохтааст. Дар фасли даҳуми он, ривояти Ҳафс бо Абубакр ибни Айёш муқоиса шудааст.[45] Фасли ёздаҳум ҳам ба ихтилофи қироати Осим ва дигар қироатҳо ихтисос дорад.[46]
  • Мабоҳисун фӣ илм-ил-қироот маъа баёни усули ривояти Ҳафс, таълифи Муҳаммад ибни Аббос Боз: нависандаи ин китоб ибтидо Осим ва Ҳафсро муаррифӣ ва санади ривояти Ҳафс аз қироати Осимро баён кардааст. Сипас вижагиҳо ва усули онро баррасӣ кардааст.[47]
  • Ал-Қимат-уд-далолияту ли қироати Осим би ривояти Ҳафс, асари Муҳаммад Исмоил Муҳаммад ал-Машҳадонӣ: дар ин китоб қироати Осим ба ривояти Ҳафс, аз ҷиҳати тағйир дар шакл ва бинои бархе калимоти Қуръон, ки ба тағйир дар маъонии онҳо мунҷар мешавад, таҳлилу баррасӣ шудааст. Нависанда бо тавваҷуҳ ба маъонии луғот, сиёқи оёти Қуръон ва бархе қароини дигар, ончиро дар қироати Осим ба ривояти Ҳафс омадааст, бар дигар қироатҳо тарҷеҳ додааст.[48] Ин китоб дар як муқаддима, се фасл ва як хотима танзим шудааст.[49]

Эзоҳ

  1. Заҳабӣ, Маърифат-ул-қурро-ил-кибор, 1417ҳ.қ., саҳ.53; Маърифат, ат-Тамҳиду фӣ улум-ил-Қуръон, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.195.
  2. Маърифат, ат-Тамҳиду фӣ улум-ил-Қуръон, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.246; Боз, Мабоҳисун фӣ илм-ил-қироот маъа баёни усули ривояти Ҳафс, 1425ҳ.қ., саҳ.81.
  3. Исмоил Муҳаммад ал-Машҳадонӣ, ал-Қимат-уд-далолия ли қироати Осими би ривояти Ҳафс, 1430ҳ.қ., саҳ.26.
  4. Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳангномаи улуми қуръонӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.794.
  5. Шотибӣ, Матн-уш-шотибия, 1431ҳ.қ., саҳ.3.
  6. Ибни Ҷазарӣ, ан-Нашру фи-л-қироот, Дор-ул-кутуб-ил-ъилмия, ҷ.1, саҳ.156; Боз, Мабоҳисун фӣ илм-ил-қироот маъа баёни усули ривояти Ҳафс, 1425ҳ.қ., саҳ.85.
  7. Заҳабӣ, Маърифат-ул-қурро-ил-кибор, 1417ҳ.қ., саҳ.54; Маърифат, ат-Тамҳиду фӣ улум-ил-Қуръон, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.248; Боз, Мабоҳисун фӣ илм-ил-қироот маъа баёни усули ривояти Ҳафс, 1425ҳ.қ., саҳ.85.
  8. Маърифат, ат-Тамҳиду фӣ улум-ил-Қуръон, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.246; Боз, Мабоҳисун фӣ илм-ил-қироот маъа баёни усули ривояти Ҳафс, 1425ҳ.қ., саҳ.84 - 85.
  9. Маърифат, Улуми қуръонӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.235.
  10. Ибни Надим, ал-Феҳрист, 1417ҳ.қ., саҳ.47.
  11. Маърифат, ат-Тамҳиду мин улум-ил-Қуръон, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.246.
  12. Барои намуна ниг.: Заҳабӣ, Маърифат-ул-қурро-ил-кибор, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.27; Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.43; Ибни Ҷазарӣ, Ғоят-ун-ниҳоя фи табақот-ил-қурроъ, 1351ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.413; Маърифат, ат-Тамҳиду фӣ улум-ил-Қуръон, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.189.
  13. Заҳабӣ, Маърифат-ул-қурро-ил-кибор, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.27.
  14. Заҳабӣ, Маърифат-ул-қурро-ил-кибор, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.27.
  15. Ибни Ҷазарӣ, Ғоят-ун-ниҳоя фи табақот-ил-қурроъ, 1351ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.413.
  16. Маърифат, ат-Тамҳиду фӣ улум-ил-Қуръон, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.189.
  17. Барои намуна ниг.: Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.43; Забоъ, ал-Изоату фӣ баёни усул-ил-қироат, 1420ҳ.қ., саҳ.72; Ҷамал, ал-Муғнӣ фи илм-ит-таҷвид би ривояти Ҳафс ан Осим, мактабаи Самир Мансур, саҳ.46.
  18. Муфлиҳулқузот ва дигарон, Муқаддамот фӣ илм-ил-қироот, 1422ҳ.қ., саҳ.63; Ҷамал, ал-Муғнӣ фи илм-ит-таҷвид би ривояти Ҳафс ан Осим, мактабат Самир Мансур, саҳ.32.
  19. Забоъ, ал-Изоату фӣ баёни усул-ил-қироат, 1420ҳ.қ., саҳ.72.
  20. Маърифат, ат-Тамҳиду фӣ улум-ил-Қуръон, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.189.
  21. Барои намуна ниг.: Заҳабӣ, Маърифат-ул-қурро-ил-кибор, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30; Ибни Ҷазарӣ, Ғоят-ун-ниҳоя фи табақот-ил-қурроъ, 1351ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.414.
  22. Ибни Надим, ал-Феҳрист, 1417ҳ.қ., саҳ.47.
  23. Маърифат, ат-Тамҳиду фӣ улум-ил-Қуръон, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.190.
  24. Ибни Муҷоҳид, ас-Сабъату фи-л-қироот, 1400ҳ.қ., саҳ.70.
  25. Маърифат, ат-Тамҳиду фӣ улум-ил-Қуръон, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.190.
  26. Ибни Ҷазарӣ, Ғоят-ун-ниҳоя фи табақот-ил-қурроъ, 1351ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.346; Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, Муассисатул-имомил-Хуӣ алисломия, ҷ.10, саҳ.195.
  27. Барои намуна ниг.: Заҳабӣ, Мизон-ул-эътидол, 1382ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.357 - 358; Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153; Ибни Ҷазарӣ, ан-Нашру фи-л-қироот-ил-ашр, Дор-ул-кутуб-ил-ъилмия, ҷ.1, саҳ.155; ал-Донӣ, Ҷомеъ-ул-баён фи-л-қироот-ис-сабъ, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.196; Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.4.
  28. Барои намуна ниг.: Заҳабӣ, Маърифат-ул-қурро-ил-кибор ала-т-табақоти ва-л-аъсор, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.52; Ибни Ҷазарӣ, Ғоят-ун-ниҳоя фи табақот-ил-қурроъ, 1351ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.347; Ибни Ҷазарӣ, ан-Нашру фи-л-қироот-ил-ашр, Дор-ул-кутуб-ил-ъилмия, ҷ.1, саҳ.155; ал-Донӣ, Ҷомеъ-ул-баён фи-л-қироот-ис-сабъ, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.195; Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.4.
  29. Барои намуна ниг.: Маърифат, ат-Тамҳиду фӣ улум-ил-Қуръон, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.246; Ибни Ҷазарӣ, ан-Нашру фи-л-қироот-ил-ашр, Дор-ул-кутб-ил-ъилмия, ҷ.1, саҳ.155.
  30. Ибни Ҷазарӣ, Ғоят-ун-ниҳоя фи табақот-ил-қурроъ, 1351ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.254; Маърифат, ат-Тамҳиду фӣ улум-ил-Қуръон, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.248.
  31. Ибни Ҷазарӣ, Ғоят-ун-ниҳоя фи табақот-ил-қурроъ, 1351ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.254; Ибни Ҷазарӣ, ан-Нашру фи-л-қироот-ил-ашр, Дор-ул-кутуб-ил-ъилмия, ҷ.1, саҳ.156; Маърифат, ат-Тамҳиду фӣ улум-ил-Қуръон, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.248.
  32. Барои намуна ниг.: Маърифат, ат-Тамҳиду фӣ улум-ил-Қуръон, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.248; Заҳабӣ, Мизон-ул-эътидол, 1382ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.558; Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.64.
  33. Ибни Муҷоҳид, ас-Сабъату фи-л-қироот, 1400ҳ.қ., саҳ.96.
  34. Ибни Ҷазарӣ, Ғоят-ун-ниҳоя фи табақот-ил-қурроъ, 1351ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.254.
  35. Ибни Ҷазарӣ, Ғоят-ун-ниҳоя фи табақот-ил-қурроъ, 1351ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.254.
  36. Боз, Мабоҳисун фӣ илм-ил-қироот маъа баёни усули ривояти Ҳафс, 1425ҳ.қ., саҳ.86.
  37. Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳангномаи улуми қуръонӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.795.
  38. Боз, Мабоҳисун фӣ илм-ил-қироот маъа баёни усули ривояти Ҳафс, 1425ҳ.қ., саҳ.88.
  39. Боз, Мабоҳисун фӣ илм-ил-қироот маъа баёни усули ривояти Ҳафс, 1425ҳ.қ., саҳ.88.
  40. Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳангномаи улуми қуръонӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.795.
  41. Сутуданиё, Дониши таҷвид (сатҳи 2), 1396ҳ.ш., саҳ.149.
  42. Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳангномаи улуми қуръонӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.795.
  43. Забоъ, ал-Изоату фӣ баёни усул-ил-қироат, 1420ҳ.қ., саҳ.74; Мурсифӣ, Ҳидоят-ул-қорӣ ило таҷвиди калом-ил-Борӣ, мактабаи Тайиба, ҷ.2, саҳ.579.
  44. Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳангномаи улуми қуръонӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.795.
  45. Худоии Исфаҳонӣ, Аҳамияти қироати Осим ба ривояти Ҳафс, 1378ҳ.ш., саҳ.115.
  46. Худоии Исфаҳонӣ, Аҳамияти қироати Осим ба ривояти Ҳафс, 1378ҳ.ш., саҳ.149.
  47. Боз, Мабоҳисун фӣ илм-ил-қироот маъа баёни усули ривояти Ҳафс, 1425ҳ.қ., саҳ.14 - 15.
  48. Исмоили Муҳаммад, ал-Қимат-уд-далолия ли қироати Осими би ривояти Ҳафс, 1430ҳ.қ., саҳ.19.
  49. Исмоили Муҳаммад, ал-Қимат-уд-далолия ли қироати Осими би ривояти Ҳафс, саҳ.7 - 9.

Ёддошт

  1. Сакт ё макси кӯтоҳи байни калимот дар сурате лозим меояд, ки бо васл кардани ду калима ба ҳам, маънои ҷумлаи иштибоҳ фаҳмида мешавад (Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳангномаи улуми қуръонӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.587). Масалан дар ояти 14 сураи Мутаффифин «بَلْ رَانَ عَلَی قُلُوبِهم مَّا کَانوا یَکْسَبون; балки зангори гуноҳ бар дилҳояшон нишаста аст», тибқи қоида, ҳарфи «лом» сокин аст ва бояд дар ҳарфи «ро» идғом шавад, аммо инҷо агар байни калимоти «бал» ва «рон» сакт набошад, ду калима дар ҳам идғом ва ба калимаи «баррон» табдил мешаванд, ки маънои оятро тағйир медиҳанд (Рӯҳонии Исфаҳонӣ, Таҷвид-ул-Қуръон ва ихтилофи қироот дар назми Шотибия, 1396ҳ.ш., саҳ.43).

Сарчашма

  • Ал-Донӣ, Усмон ибни Саид, Ҷомеъ-ул-баён фи-л-қироот-ис-сабъ, Иморот, ҷомеъатушшориқа, 1428ҳ.қ.
  • Боз, Муҳаммад ибни Аббос, Мабоҳисун фӣ илм-ил-қироот маъа баёни усули ривояти Ҳафс, Миср, Дорулкалима, 1425ҳ.қ.
  • Забоъ, Муҳаммадалӣ, ал-Изоату фӣ баёни усул-ил-қироат, Қоҳира, алмактабатулозиҳирия лилтурос, 1420ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Шамсиддин Абуабдуллоҳ, Маърифат-ул-қурро-ил-кибор ала-т-табақоти ва-л-аъсор, Бейрут, Дорулукутбилъилмия, 1417ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Шамсиддин Абуабдуллоҳ, Мизон-ул-эътидол, Бейрут, Дорулмаърифат лилтабоъати валнашр, чопи аввал, 1382ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Шамсиддин Абуабдуллоҳ, Сияру аълом-ин-нубало, беҷо, муассисатур-рисола, 1405ҳ.қ.
  • Ибни Муҷоҳид, Аҳмад ибни Мусо, ас-Сабъату фи-л-қироот, Миср, Дорулмаъориф, чопи дувум, 1400ҳ.қ.
  • Ибни Надим, Абулфараҷи Муҳаммад ибни Исҳоқ, ал-Феҳрист, Бейрут, Дорулмаърифат, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Ҷазарӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ан-Нашру фи-л-қироот-ил-ашр, Бейрут, Дорулукутбилъилмия, бе то.
  • Ибни Ҷазарӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Ғоят-ун-ниҳоя фи табақот-ил-қурроъ, беҷо, мактабат Ибни Таймия, 1351ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб, Қум, интишороти Аллома, чопи аввал, 1379ҳ.қ.
  • Исмоил Муҳаммад ал-Машҳадонӣ, Муҳаммад, ал-Қимат-уд-далолия ли қироати Осим би ривояти Ҳафс, Ироқ, марказулбуҳус ваддиросотил-исломия, чопи аввал, 1430ҳ.қ.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳиду фӣ улум-ил-Қуръон, Қум, муассисаи фарҳангии интишоротии алтамҳид, 1428ҳ.қ.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Улуми қуръонӣ, Қум, муассисаи фарҳангии интишоротии алтамҳид, чопи чаҳорум, 1381ҳ.ш.
  • Мурсифӣ, Абдулфаттоҳ, Ҳидоят-ул-қорӣ ило таҷвиди калом-ил-Борӣ, Мадина, мактабаи Тайиба, чопи дувум, бе то.
  • Муфлиҳулқузот, Аҳмад Муҳаммад ва дигарон, Муқаддамот фӣ илм-ил-қироот, Аммон, Дору Аммор, 1422ҳ.қ.
  • Рӯҳонии Исфаҳонӣ, Сайидҳошим, Таҷвиди Қуръон ва ихтилофи қироот дар назми Шотибия, Теҳрон, интишороти Усва, 1396ҳ.ш.
  • Сутуданиё, Муҳаммадризо, Дониши таҷвид (сатҳи 2), Қум, интишороти Дорулъилм, 1396ҳ.ш.
  • Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таърихи Бағдод, Бейрут, Дорулукутбилъилмия, 1417ҳ.қ.
  • Хонсорӣ, Муҳаммадбоқир, Равзот-ул-ҷаннот, Қум, интишороти Исмоилиён, 1390ҳ.ш.
  • Худоии Исфаҳонӣ, Акрам, Аҳамияти қироати Осим ба ривояти Ҳафс, Теҳрон, нашри Ройзан, 1378ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, Наҷаф, Муассисатул-имомил-Хуӣ алисломия, бе то.
  • Ҷамал, Абдурраҳмон Юсуф, ал-Муғнӣ фи илм-ит-таҷвид би ривояти Ҳафс ан Осим, Ғазза, мактабат Самир Мансур, бе то.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳангномаи улуми қуръонӣ, Қум, пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва улуми исломӣ, 1394ҳ.ш.
  • Шотибӣ, Абумуҳаммад Қосим ибни Фираҳ, Матн-уш-шотибия, Мадина, мактабат Дорулҳудо, 1431ҳ.қ.