Фароид-ул-усул (китоб)

Аз wikishia
Фароид-ул-усул
НависандаШайх Муртазо Ансорӣ
МавзуъУсули фиқҳ
ЗабонАрабӣ
НоширНашриёти гуногун


Фароид-ул-усул (арабӣ: فَرائِدُ الاُصول) ё Расоил китобе дар усули фиқҳ, асари Шайх Муртазо Ансорӣ (1214-1281ҳ.қ.) – фақеҳ ва усулии машҳури шиа мебошад. Расоил китобе бисёр муҳим дар усули фиқҳи шиа аст, ки ин донишро мутаҳаввил карда ва усулиёни баъдии шиа аз он бисёр таъсир гирифтаанд.

Ин китоб аз ҳамон замони нависанда, мавриди таваҷҷуҳи олимони шиа қарор гирифта, тадрис ва шарҳ шудааст. Шайхи Ансорӣ дар он, ҳам сохтори ҷадиде барои илми усул пешниҳод кард ва ҳам андешаҳои навоваронае овардааст, ки ба хотири дурустӣ ва аҳамияташон мавриди қабули олимони шиа воқеъ шудааст.

Низомбахшӣ ба мабоҳиси қатъу гумон, низомбахшӣ ба усули амалия, зотӣ хондани ҳуҷҷияти қатъ, таъсири илми иҷмолӣ дар эҳтиёт, маслиҳати сулукия ва ҳуҷҷияти занн (гумон) аз навовариҳои мавҷуд дар ин китоб аст.

Фароид-ул-усул ҷузви матнҳои дарсии сатҳҳои олии ҳавзаҳои илмия аст. Шарҳҳо ва ҳошияҳои бисёре низ бар он навишта шудааст, ки шуморашонро ҳудуди дусад китоб баён кардаанд. Бархе аз ин шарҳҳо иборатанд аз: Дурар-ул-фароид, навиштаи Охунди Хуросонӣ, Баҳр-ул-фароид, навиштаи Муҳаммадҳасани Оштиёнӣ ва Авсақ-ул-васоил, навиштаи Мирзо Мусои Табрезӣ.

Нависанда

Мақолаи аслӣ: Шайх Муртазо Ансорӣ

Муртазо ибни Муҳаммадамини Ансорӣ (1214-1281ҳ.қ.) маъруф ба Шайхи Ансорӣ, аз олимони шиаи қарни сездаҳуми қамарӣ аст.[1] Ӯ пас аз Соҳиби Ҷавоҳир, марҷаъи тақлиди шиаён шуд.[2] Шайх Ансорӣ «Хотам-ул-фуқаҳои вал-муҷтаҳиддин» лақаб ёфта ва олимони шиаи пас аз ӯро шогирд ва пайрави ӯ донистаанд.[3]

Фароид-ул-усул ё Расоил ва Макосиб аз китобҳои баноми Шайх Ансорианд. Ин ду китоб матни дарсии толибъилмони ҳавзаҳои илмия ҳастанд ва шарҳҳои бисёре бар онҳо навишта шудааст.[4]

Аҳамияти китоб

Расоилро муҳимтарин асари Шайх Ансорӣ дар усули фиқҳ ва асаре «бадиъ» ва таъсиргузор тавсиф кардаанд.[5] Ба гуфтаи Сайид Муҳсини Амин, бештари матолиби ин китоб ибтикорист ва бисёре аз олимони машҳури шиа бар он ҳошия навиштаанд.[6] Оқобузурги Теҳронӣ дар аз-Зариъа навиштааст, ки Расоил аз ҳамон замони таълиф ва дар давраи худи нависанда тадрис мешуда ва мавриди баҳс қарор мегирифтааст.[7]

Ин китоб ба хотири навовариҳое, ки ҳам дар сохтори илми усул ва ҳам аз назари муҳтаво доштааст, як таҳаввули бунёдин дар ин илм эҷод кардааст. Ҳамакнун низ аз муҳимтарин матнҳои омӯзишӣ дар сутуҳи олии ҳавзаҳои илмия аст.[8] Муҳаммадҷавод Муғния (1322-1400ҳ.қ.) - олими шиаи аҳли Лубнон, навиштааст, ки ҳамаи усулёни баъд аз Шайх Ансорӣ аз дидгоҳҳои усулии вай дар усули амалияи Расоил баҳра бурдаанд.[9]

Муҳтаво ва сохтори китоб

Фароид-ул-усул маҷмӯаи панҷ рисоларо дар усули фиқҳ дарбар гирифтааст, ки иборатанд аз: қатъ, занн (гумон), бароъат, истисҳоб ва таъодул.[10] Ин мабоҳис дар қолаби се бахш ё ба таъбири нависанда, се «мақсад», бо номҳои қатъ, занн (гумон) ва шак ва ҳамчунин як хотима сомон ёфтааст:

Мақсади аввал: қатъ: ҳуҷҷияти қатъ ё яқин,[11] таҷаррӣ[12] ва илми иҷмолӣ аз масоили ин бахшанд.[13]

Мақсади дувум: мабоҳиси занн (гумон): ду мабҳаси умдаи ин бахш иборатанд аз: имкони тааббуд ба занн[14] ва вуқуъи тааббуд ба занн.[15] Дар бахши таҳаққуқи занн, аз ҳуҷҷияти зоҳири алфози Қуръони Карим[16] ва ривоёт,[17] қавли ҳуҷҷияти вожашиносон,[18] иҷмоъи манқул,[19] шӯҳрати фатвоӣ[20] ва хабари воҳид[21] баҳс шудааст.

Мақсади сеюм: мабоҳиси шак: дар ин бахш, аз усули амалия; яъне бароъат, иштиғол ё эҳтиёт, тахйир[22] ва истисҳоб[23] гуфтугӯ шудааст.

Хотима: таъодул ва тароҷиҳ: дар ин бахш, масъала ин аст, ки ҳангоми таъорузи ду далел бо ҳам, таклиф чист ва чӣ меъёрҳое барои тарҷеҳи як далел бар дигарӣ вуҷуд дорад.[24]

Навовариҳо

Шайх Ансорӣ дар Фароид-ул-усул, ҳам сохтори дониши усули фиқҳро тағйир дода ва чиниши муназзаму мантиқие барои он ироа кардааст ва ҳам, назариёте матраҳ кардааст, ки пеш аз ӯ собиқа надоштаанд.[25] Сайид Муҳсини Амин дар Аъён-уш-шиъа, аксари матолиби ин китобро ибтикорӣ донистааст.[26]

Дар китобҳои усулии пеш аз Шайх Ансорӣ, адиллаи аҳком, монанди Қуръон, суннат, иҷмоъ ва адиллаи ақлӣ мисли истисҳобу бароъат, бе ҳеҷ меъёру қоидае дар тақаддуму тааххури масоил, пас аз мабоҳиси алфоз матраҳ мешуд.[27] Шайх Ансорӣ бо ин истидлол ки «мукаллаф вақте ба аҳкоми шаръӣ тавваҷуҳ мекунад ё дар бораи онҳо шак дорад ё гумон ё қатъ», ҳамаи масоили усул баъд аз алфозро зайли се баҳси куллии қатъу гумону шак гунҷонд[28] ва усулёни пас аз ӯ аз ин равиш пайравӣ карданд.[29]

Ду қоидаи «ҳукумат» ва «вуруд» ҳам аз назариёти ибтикороти Шайх Ансорӣ дар илми усул аст; ин ду қоида дар ҳали таъорузи адилла ва истинботи аҳкоми шаръӣ корбурди муҳимме доранд.[30] Гуфта шудааст, ки дурустии ин ду қоида ва нақши муҳимашон дар истинботи аҳкоми фиқҳӣ сабаб шудааст, фақеҳони пас аз Шайх Ансорӣ низ ин ду қоидаро бипазиранд ва ба кор бибаранд.[31]

Низомбахшӣ ба усули амалия, зотӣ будани ҳуҷҷияти қатъ, баҳс аз таъсири илми иҷмолӣ дар эҳтиёт, маслиҳати сулукия ва ҳуҷҷияти гумон дар усули динро аз дигар навовариҳои Шайх Ансорӣ дар Расоил донистаанд.[32]

Ҳавошӣ ва таълиқоти китоб

Мақолаи аслӣ: Феҳристи шарҳҳои Фароид-ул-усул

Ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ, китоби Расоил аз ҳамон замони Шайх Ансорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, шарҳҳо ва ҳошияҳои бисёре бар он нигошта шудааст.[33] Оқобузург дар аз-Зариъа, дар бахши ҳавошии Фароид-ул-усул, 65 шарҳу ҳошия барои он зикр кардааст.[34] Гуфтаанд, шарҳҳо ва ҳавошии дигаре ҳам дар ҷоҳои дигари аз-Зариъа муаррифӣ шудааст.[35] Дар пажӯҳиши дигаре, аз ҳудуди дусад ҳошияву шарҳ бар Расоил ном омадааст.[36]

Бархе аз шарҳҳои Расоил тамоми китобро тавзеҳ додааст ва баъзеи дигар, ба бархе аз рисолаҳои он ихтисос дорад.[37]

Маъруфтарин шарҳҳо ва ҳавошии Расоилро мавориди зер медонанд:

  • Дурар-ул-фароид аз Охунди Хуросонӣ
  • Баҳр-ул-фавоид фи шарҳ-ил-фароид, навиштаи Муҳаммадҳасани Оштиёнӣ (1248-1319ҳ.қ.)
  • Авсақ-ул-васоил фи шарҳ-ир-расоил, таълифи Мирзо Мусо Табрезӣ (ваф.1307ҳ.қ.)
  • Ал-Фавоид-ир-Разавийя ала-л-фароид-ил-Муртазавийя, асари Оқоризо Ҳамадонӣ
  • Ҷавоҳир-ул-уқул аз Сайид Абулқосим Ашкиварӣ
  • Ҳошияи Мавло Аҳмад Тафришӣ, шогирди Шайх Ансорӣ
  • Тавзеҳ-ул-фароид, асари Муҳаммадҷавод Мусавии Исфаҳонӣ.[38]

Нусхаҳои манзуми Фароид

Фароид-ул-усул чанд бор ҳам ба шеър даромадааст; дар аз-Зариъа ду намуна аз он бо номи назми Фароид-ул-усул гузориш шудааст, ки яке навиштаи Алӣ Қазвинии Хуинӣ (ваф.1318ҳ.қ.) ва дигаре асари Алӣ Ҳайдар Шаругӣ (1237-1314ҳ.қ.) аст.[39] Дар мақолаи «Пажӯҳише дар осор ва таълифоти Шайх Муртазо Ансорӣ», афзун бар ин ду китоб, аз ад-Дурат-ул-мунтазама ҳам ном омадааст, ки навиштаи Мусо Шарора Омилӣ (1267-1304ҳ.қ.) аст.[40]

Нусхаҳои мухталиф ва вазъияти нашр

Нусхаи хаттии китоби Фароид-ул-усул

Нусхаҳои хаттии бисёре аз Фароид-ул-усул дар китобхонаҳои мухталиф вуҷуд дорад. Аз он миён аст чанд нусха ба шумораҳои 2983 ва 2990 ва 7348 ва 7394 дар китобхонаи Остони Қудси Разавӣ.[41] Бинобар нақли Сайид Мусо Шубайрии Занҷонӣ, аз вижагиҳои Расоил ин аст, ки Шайх Ансорӣ дар он таҷдиди назарҳои зиёде кардааст. Дар бархе маворид «ин қулта» «қулту» бо ҳам созгорӣ надорад ва маншааш ин аст, ки марбут ба давраҳои мухталиф будааст, ки мебоист матолиби давраҳои гузашта ҳазф мешуд.[42] Ба дархости Шайх Ансорӣ баъд аз итмоми нигориши китоб, ислоҳоте тавассути Мирзои Шерозӣ рӯи китоб сурат гирифт ва барои аввалин бор дар замони Шайх, ҳамроҳ бо ин ислоҳот чоп шуд ва[43] ба ақидаи Шубайрии Занҷонӣ, саҳеҳтарин нусхаҳои Расоил аст.[44] Ин китоб тавассути ноширони мухталиф чоп шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо чопи Маҷмаъ-ул-фикр-ил-исломӣ дар чаҳор ҷилд ва чопи Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Қум дар ду ҷилд аст.

Интиқод аз гунҷондани Расоил дар мутуни дарсии ҳавза

Дар тарҳи ислоҳи мутуни дарсии ҳавзаи илмия, аз вуҷуди Расоил ва Макосиби Шайх Ансорӣ дар мутуни дарсии ҳавза интиқод шудааст; аз ҷумлаи ишколот дар ин замина ин аст, ки ин ду китоб аз сӯи нависанда ба унвони матни дарсӣ нигориш наёфтаанд, ва аз ин рӯ, барои омӯзиш, ниёзманди ҳазфу изофате ҳастанд.[45] Ҳамчунин гуфта шудааст, ки ба иллати сатҳи болои матолиб, бо мароҳили таҳсилии толибъилмон таносуб надоранд. Надоштани сохтори муносиб дар тарҳи мавзӯъот аз дигар интиқодҳо дар ин хусус аст.[46]

Эзоҳ

  1. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.117.
  2. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.118.
  3. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.437.
  4. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.437.
  5. Қофӣ, “ар-Расоил”, саҳ.743, 744.
  6. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.118.
  7. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, Бейрут, ҷ.6, саҳ.152.
  8. Қофӣ, “ар-Расоил”, саҳ.743, 744.
  9. Муғния, Илму усул-ил-фиқҳ фи савбиҳ-ил-ҷадид, 1975м., саҳ.449.
  10. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, Бейрут, ҷ.16, саҳ.132.
  11. Ниг.: Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.29.
  12. Ниг.: Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.37.
  13. Ниг.: Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.69.
  14. Ниг.: Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.105.
  15. Ниг.: Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.125.
  16. Ниг.: Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.139.
  17. Ниг.: Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.160.
  18. Ниг.: Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.173.
  19. Ниг.: Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.179.
  20. Ниг.: Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.231.
  21. Ниг.: Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.237.
  22. Ниг.: Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.17.
  23. Ниг.: Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.9.
  24. Ниг.: Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.9.
  25. Мухлисӣ, “Навовариҳои Шайх Муртазо Ансорӣ дар дониши усул”, саҳ.77.
  26. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.118.
  27. Мухлисӣ, “Навовариҳои Шайх Муртазо Ансорӣ дар дониши усул”, саҳ.91.
  28. Мухлисӣ, “Навовариҳои Шайх Муртазо Ансорӣ дар дониши усул”, саҳ.92.
  29. Мухлисӣ, “Навовариҳои Шайх Муртазо Ансорӣ дар дониши усул”, саҳ.92.
  30. Мухлисӣ, “Навовариҳои Шайх Муртазо Ансорӣ дар дониши усул”, саҳ.77.
  31. Мухлисӣ, “Навовариҳои Шайх Муртазо Ансорӣ дар дониши усул”, саҳ.88.
  32. Меҳризӣ, “Сайре дар Фароид-ул-усул”, саҳ.10.
  33. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, Бейрут, ҷ.6, саҳ.152.
  34. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, Бейрут, ҷ.6, саҳ.152-162.
  35. Қофӣ, “ар-Расоил”, саҳ.746.
  36. Ансорӣ, “Пажӯҳише дар осор ва таълифоти Шайх Муртазо Ансорӣ”, саҳ.108-115.
  37. Қофӣ, “ар-Расоил”, саҳ.746.
  38. Қофӣ, “ар-Расоил”, саҳ.746.
  39. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, Бейрут, ҷ.24, саҳ.219.
  40. Ансорӣ, “Пажӯҳише дар осор ва таълифоти Шайх Муртазо Ансорӣ”, саҳ.108.
  41. Ансорӣ, “Пажӯҳише дар осор ва таълифоти Шайх Муртазо Ансорӣ”, саҳ.107.
  42. Шубайрии Занҷонӣ, Ҷуръае аз дарё, ҷ.1, саҳ.142.
  43. Шубайрии Занҷонӣ, Ҷуръае аз дарё, ҷ.1, саҳ.112.
  44. Шубайрии Занҷонӣ, Ҷуръае аз дарё, ҷ.1, саҳ.142.
  45. Меҳризӣ, “Сайре дар Фароид-ул-усул”, саҳ.271-272.
  46. Меҳризӣ, “Сайре дар Фароид-ул-усул”, саҳ.271-272.

Сарчашма

  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф, 1403ҳ.қ.
  • Ансории Қумӣ, Носириддин, “Пажӯҳише дар осор ва таълифоти Шайх Муртазо Ансорӣ”, Оинаи пажӯҳиш, № 27, 1373ҳ.ш.
  • Қофӣ, Ҳусайн, “ар-Расоил”, дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.19, Теҳрон, Бунёди доиратулмаъорифи исломӣ, чопи аввал, 1393ҳ.ш.
  • Меҳризӣ, Маҳдӣ, “Сайре дар Фароид-ул-усул”, Оинаи пажӯҳиш, № 27, 1373ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Илму усул-ил-фиқҳ фи савбиҳ-ил-ҷадид, Бейрут, Дорул-илм лил-малоин, чопи аввал, 1975м.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, Теҳрон, интишороти Садро, 1389ҳ.ш.
  • Мухлисӣ, Аббос, “Навовариҳои Шайх Муртазо Ансорӣ дар дониши усул”, Фиқҳ, № 1, 1373ҳ.ш.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ, чопи дувум, бе то.
  • Шайх Ансорӣ, Муртазо, Фароид-ул-усул, Қум, Маҷмаъул-фикрил-исломӣ, чопи нуҳум, 1428.
  • Шубайрии Занҷонӣ, Сайид Мусо, Ҷуръае аз дарё, Қум, муассисаи Китобшиносӣ, 1389ҳ.ш.