Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ояти 45 сураи Аҳзоб

Аз wikishia
Ояти 45 сураи Аҳзоб
Маълумот дар бораи оят
Воқеъ дар сураиАҳзоб
Шумораи оят45
Ҷузъ21
Макони нузулМадина
МавзуъГувоҳ будани Пайғамбари акрам (с) ва мубашширу мунзир будани ӯ
Дар бораиАвсофи Пайғамбар (с)
Оёти муртабитояти 8 сураи Фатҳ ва ояти 56 сураи Фурқон ва ояти 105 сураи Исро


Ояти 45 сураи Аҳзоб (форсӣ: آیه ۴۵ سوره احزاب) баёнгари се вижагӣ ва маъмурияти муҳимми Пайғамбари акрам (с) аст.[1] Дар ин оят, хитоб ба Пайғамбар (с) омада, ки Худованд ӯро фиристода, дар ҳоле, ки шоҳид ва гувоҳ бар аъмоли уммат, башоратдиҳанда ва бимдиҳанда аст.[2]

Монанди ҳамин оят дар ду ҷои дигари Қуръон, яъне дар ояти 8 сураи Фатҳ ва ояти 56 сураи Фурқон зикр шудааст,[4] бо ин фарқ, ки дар ояти 56 сураи Фурқон[5] ва ояти 105 сураи Исро, калимаи «شَاهِداً Шоҳидан» наомадааст.[6]

Вожаи «Шоҳид» дорои маъноҳои гуногун буда,[7] ва дар ин оят ба маънои «гувоҳ» аст.[8] Муфассирон бо тамассук ба ин оят, Пайғамбари акрам (с)-ро гувоҳ ва нозир бар кирдор ва рафтори уммати худ донистаанд.[9] Онҳо барои тасдиқи ин маъно, ба оёти дигаре мисли ояти 12 сураи Бақара,[10] ояти 143 сураи Бақара[11] ва низ ояти 105 сураи Тавба[12] ки дар онҳо бо сароҳат, Пайғамбар ба унвони шоҳид ва гувоҳ муаррифӣ шуда, истинод кардаанд.[13]

Дар оёти зиёде аз Қуръон, Пайғамбар (с) бо ду васфи «Мубашшир» ё «Башир», ба маънои башоратдиҳанда, ва «Назир» ё «Мунзир» ба маънои бимдиҳанда ва ҳушдордиҳанда тавсиф шуда, ё ин авсоф ба унвони бахше аз рисолати он ҳазрат муаррифӣ шудааст.[14]

Муртазои Мутаҳҳарӣ дар шарҳу баёни канори ҳам омадани ду васфи башорат ва инзор, мегӯяд: Пайғамбар ҳам башоратдиҳанда ё роҳнамост, ва ҳам ҳушдордиҳанда ё чоҳнамо, ва агар бихоҳад фақат роҳнамо бошад ва чоҳро нишон надиҳад, мумкин аст касе роҳро бубинад, вале чун чоҳро намебинад ва аз он ғофил аст, хаёл мекунад, ки дар роҳ дорад меравад, вале ба чоҳ биафтад.[15] Мутаҳҳарӣ ҳамчунин эътиқод дорад, ки башорат ҷанбаи ташвиқӣ дорад, ва инзор, ҳушдор ва эълони хатар аст ва бар мубаллиғи дин лозим аст, ки дар амри таблиғ ба ҳар ду ҷанба таваҷҷӯҳ дошта бошад.[16]

Эзоҳ

  1. Сураи Аҳзоб, ояти 45; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.72; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.329-330.
  2. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.72; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.329-330.
  3. Сураи Аҳзоб, ояти 45; тарҷумаи Носир Макорими Шерозӣ.
  4. Сураи Фатҳ, ояти 8; Сураи Фурқон, ояти 56.
  5. Сураи Фурқон, ояти 56.
  6. Сураи Исро, ояти 105.
  7. Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, Интишороти Муртазавӣ, ҷ.3, саҳ.77; Макорими Шерозӣ, Луғот дар тафсири намуна, 1387ҳ.ш., саҳ.310.
  8. Мишкинӣ, Тафсири равон, 1392ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.450.
  9. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.72; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.329.
  10. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.330.
  11. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.72.
  12. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.362.
  13. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.72; Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.16, саҳ.330; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.362.
  14. Сураи Фатҳ, ояти 8; Сураи Моида, ояти 19; Сураи Исро, ояти 105; Сураи Фурқон, ояти 56.
  15. Мутаҳҳарӣ, Ошноӣ бо Қуръон, 1402ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.164.
  16. Мутаҳҳарӣ, Сираи набавӣ, 1402ҳ.ш., саҳ.180-181.

Сарчашма

  • Қуръони карим
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Луғот дар тафсири намуна, Қум, Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Мишкинӣ, Алӣ, Тафсири равон, Қум, Муассисаи илмӣ ва фарҳангии Дор-ул-ҳадис, 1392ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Ошноӣ бо Қуръон, Қум, Интишороти Садро, 1402ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Сираи набавӣ, Қум, Интишороти Садро, 1402ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ л-ил-матбуот, 1393ҳ.қ.
  • Турайҳӣ, Фахруддин ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, Бейрут, Дор ва мактабат-ул-ҳилол, 1985м.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.