Ояти Нур
Ин мақола дар бораи ояти Нур аст. Барои ошноӣ бо сурае бо ҳамин ном Сураи Нурро бубинед.
Маълумот дар бораи оят | |
---|---|
Номи оят | Ояти Нур |
Воқеъ дар сураи | Нур |
Шумораи оят | 35 |
Ҷузъ | 18 |
Мавзуъ | Эътиқодӣ |
Дар бораи | Тавсифи Худованд ба нури осмонҳо ва замин |
Ояти Нур (арабӣ: آية النور) ояте, ки Худовандро нури осмонҳову замин муаррифӣ мекунад ва дар қолаби мисоле ба шарҳу эзоҳи чигунагии дурахшиши ин нур бар осмону замин ва нақши он дар ҳидояти мӯъминон пардохтааст.
Муфассирон, калимаи нур дар ин оятро ба ҳидояткунанда, ҳастибахш, равшанкунанда ва зинатбахш тафсир карда, мисдоқҳое аз ҷумла: Қуръон, имон, ҳидояти Илоҳӣ, Пайғамбари Ислом (с) ва имомони шиа барои он баён кардаанд.
Дар бархе аз тафсирҳо ва ривоёт, ин оят бар Пайғамбар (с) ва Аҳли Байт (а) татбиқ дода шудааст.
Матн ва тарҷумаи оят
“ | Худо нури осмонҳо ва замин аст. Масали нури Ӯ чун чароғдоне аст, ки дар он чароғе, ва он чароғ дар шишае аст. Он шиша гӯё ахтаре дурахшон аст, ки аз дарахти хуҷастаи зайтуне, ки на шарқӣ аст ва на ғарбӣ, афрухта мешавад. Наздик аст, ки равғанаш - ҳарчанд ба он оташе нарасида бошад - равшанӣ бахшад. Равшание бар рӯи равшанӣ аст. Худо ҳар касеро бихоҳад бо нури хеш ҳидоят мекунад, ва ин масалҳоро Худо барои мардум мезанад ва Худо ба ҳар чизе доност! |
” |
Муҳтавои оят
Дар оёти пеш аз ояти Нур, аз аҳком ба вижа аз иффат ва мубориза бо фаҳшо сухан гуфта шудааст. Ояти Нур низ дар пайванд бо ин оёт нозил шудааст;[1] зеро зомини иҷрои ҳамаи аҳкоми Худо махсусан хештандории ҷинсӣ, имон аст ва аз ин рӯ дар ояти Нур, аз нури ҳидояти Илоҳӣ ёд шудааст.[2]
Ояти Нур ҳамроҳ бо оёти баъдӣ, дар мақоми муқоисаи байни мӯъминон (ки ба василаи нури Худованд ҳидоят ёфтаанд) ва кофирон (ки дучори зулматҳои мутароким гаштаанд) аст.[3]
Муфассирон, дар бораи мафҳуми ояти Нур ва маънои калимоти он, мисдоқҳо ва мазоҳири нури Илоҳӣ ва низ чигунагии иттисофи мазмуни оят ба Худованд дидгоҳҳои гуногуне ироа додаанд. Аллома Таботабоӣ бар асоси маънои аввалия ва маъруфи калимаи нур, онро чизе медонад, ки ҷисмҳои дигар ба василаи он зоҳир мешаванд, вале худаш дар зоташ равшану ҳувайдост ва чизи дигаре онро зоҳир намекунад; яъне нур, зоҳири би-з-зот ва мазҳари ғайр аст. Ва нур дар маънои сонавия, бар ҳар чизе итлоқ мешавад, ки маҳсусотро ошкор мекунад; ба ҳамин далел ҳавоси зоҳирии инсон монанди шунавоӣ, бӯёӣ ва ломиса, ва низ ғайри маҳсусоте монанди ақл, ки маъқулотро зоҳир мекунад, нур хонда шудаанд.[4]
Муфассирон, калимаи «нур»-ро дар ибтидои ояти (Аллоҳу нур-ус-самомвоти вал-арз/ اللهُ نُورُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْض), ба ҳидояткунанда,[5] равшанкунанда, зинатбахш[6] ва ҳастибахш[7] тафсир кардаанд ва бо тавваҷӯҳ ба дигар оёту ривоёт, Қуръон,[8] имон,[9] ҳидояти Илоҳӣ,[10] Пайғамбари Ислом (с),[11] имомони шиа[12] ва илмро[13] аз мисдоқҳо ва намунаҳои ояти Нур шуморидаанд.[14]
Дар ин оят, баъд аз баёни ин ҳақиқат, ки Худо нури осмону замин аст, нури Худовандро дар қолаби мисол баён мекунад. Дар ин мисол, нури Худованд ба чароғдоне монанд шудааст, ки чароғе дар он аст ва он чароғ дар ҳубобе шаффофу дурахшнда монанди як ситора қарор гирифта ва бо равғане софу холис аз дарахти пурбаракати зайтун, ки на шарқӣ ва на ғарбист, афрухта шудааст.[15] Муфассирон дар шарҳу баёни ин мисол, дидгоҳҳои мухталифе ироа кардаанд. Баъзе манзур аз ин ташбиҳро нури ҳидоят ва маърифати Илоҳӣ, ки дар қалбҳои мӯъминон афрухта шудааст, медонанд ва бархе онро ба маънои Қуръон, ки даруни қалби одамиро нурафшон мекунад, тафсир кардаанд. Иддае ин ташбиҳро ишора ба Пайғамбари Ислом (с) медонанд ва гурӯҳе низ онро ба рӯҳи итоату тақво, ки мояти хайру саодат аст бармегардонанд.[16]
Ба назари Аллома Таботабоӣ манзур аз ояти Нур ин аст, ки Худованд касонеро, ки дар камоли имон бошанд ва на, кофиронро, ба сӯи нури худ ҳидоят мекунад; манзур аз оят ин нест, ки баъзеро ба сӯи нураш ҳидоят ва бархеро маҳрум мекунад.[17] Фарози поёнии ояти Нур «...ва язрибуллоҳул амсола линнос, валлоҳу бикулли шайъин алим/ وَيَضْرِبُ اللهُ الْأَمْثَالَ لِلنَّاسِ ۗ وَاللهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ» ишора ба ин нукта дорад, ки дониш ва илми густарда дар қолаби масал баён шудааст; зеро осонтарин роҳ барои табйини ҳақоиқ ва нукоти дақиқ аст ва ҳар кас (олиму бесавод) ба андозаи тааққул ва даракаш аз он баҳра мебарад.[18]
Татбиқи оят бар Пайғамбар (с) ва Аҳли Байт (а)
Дар бархе аз тафсирҳо бо истинод ба ривоёт, ояти Нурро бар Аҳли Байти Пайғамбар татбиқ додаанд. Дар ин тафосир, мишкотро бар қалби Муҳаммад (с) ё бар ҳазрати Фотима (с), зуҷоҷаро бар Имом Алӣ (а) ва қалби ӯ ва иборати «нурун ала нур/ نور علی نور»-ро бар имомони шиа, ки яке баъд аз дигарӣ меомаданд ва муаййяд ба нури илму ҳикмат буданд, татбиқ кардаанд.[19]
Садуқ дар китоби Тавҳиди худ ривояте аз Имом Содиқ (а) нақл мекунад, ки Худованд ояти Нурро мисоле барои ишора ба Аҳли Байт қарор додааст. Дар ин ривоят, Пайғамбар (с) ва аимма (а) аз далелҳо ва оёти Худо муаррифӣ шудаанд, оёте, ки мардум ба василаи он ба сӯи тавҳид ва масолеҳи дин ва шариатҳои Ислом ва сунан ва фароизи Худо ҳидоят мешаванд.[20] Аллома Таботабоӣ ин ривоятро аз қабили ишора ба афзали масодиқаш, ки Расули Худо (с) ва Аҳли Байти ӯянд, донистааст, вале аз назари ӯ, оят шомили ғайри Аҳли Байт (а) монанди анбиё, авсиё ва авлиё низ мешавад.[21]
Такнигориҳо
Осоре ба шарҳ ва тафсири ояти Нур пардохтаанд, Тафсири ояти Нур, асари Муллосадрои Шерозӣ ва Мишкот-ул-анвори Ғаззолӣ аз ҷумлаи онҳост.
Эзоҳ
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.121; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.470.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.470.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.120.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.122.
- ↑ Табаронӣ, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, 2008м., ҷ.4, саҳ.433; Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.66.
- ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.379.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.122 - 123.
- ↑ Сураи Моида, ояти 15; сураи Аъроф, ояти 157.
- ↑ Сураи Бақара, ояти 257.
- ↑ Сураи Анъом, ояти 122.
- ↑ Сураи Аҳзоб, ояти 46.
- ↑ Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.613, 615.
- ↑ Ибни Ҳаюн, Даъоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.419.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.471 - 472.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.475 - 476.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.225- 227; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.386 - 387.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.126.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.125.
- ↑ Ҳувайзӣ, Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.603; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.306.
- ↑ Садуқ, ат-Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.157.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.141.
Сарчашма
- Баҳронӣ, Сайидҳошим ибни Сулаймон, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, муассисаи Беъсат, 1374ҳ.ш.
- Ибни Ҳаюн, Нуъмон ибни Муҳаммади Мағрибӣ, Даъоим-ул-Ислом, мусаҳҳеҳ Осиф Файзӣ, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, 1385ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1371ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ат-Тавҳид, мусаҳҳеҳ Ҳошими Ҳусайнӣ, Қум, Ҷомеаи мударрисин, 1398ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, мусаҳҳеҳ Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, интишороти исломӣ, 1413ҳ.қ.
- Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, Урдун, Дорулкитобилсақофӣ, 2008м.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1390ҳ.қ.
- Фаҳри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1420ҳ.қ.
- Ҳувайзӣ, Абдуъалӣ ибни Ҷумъа, тафсири Нур-ус-сақалайн, мусаҳҳеҳ Ҳошим Расулӣ, Қум, Исмоилиён, 1415ҳ.қ.