Оёти Нушуз

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ояти 34 сураи Нисо)
Оятҳои Нушуз
Маълумот дар бораи оят
Номи оятОятҳои Нушуз
Воқеъ дар сураиНисо
Шумораи оят34 ва 128
Ҷузъ5
Мавзуъфиқҳӣ
Дар бораиНушуз
Оёти муртабитояти ар-Риҷолу қаввомуна ала-н-нисо


Оёти Нушуз (арабӣ: آيتا النشوز) бахше аз ояти 34 ва ояти 128 сураи Нисо, ки ба нушуз ва аҳкоми он мепардозад. Нушуз ба маънои сарпечӣ аз анҷоми вазоифи шаръӣ, нисбат ба ҳамсар аст. Ояти 34 дар бораи нушузи зан ва ояти 128 дар бораи нушузи мард аст. Аз ин оёт, афзун бар навиштаҳои тафсирӣ, дар китобҳои фиқҳӣ ҳам баҳс шудааст.

Фақиҳон бо истинод ба ояти 34, муътақиданд дар сурати ношиза будани зан, шавҳар ибтидо бояд ӯро насиҳат кунад ва агар судманд воқеъ нашуд, дар бистар ба ӯ пушт кунад ва ё бистарашро аз ӯ ҷудо кунад ва агар ҳамчунон фоидае надошт ӯро танбеҳи бадании сабук кунад.

Бинобар ояти 128 ҳам дар сурати нушузи мард, зан метавонад барои эҷоди сулҳу касби алоқаи шавҳараш ба идомаи зиндагии муштарак, аз баъзе ҳуқуқаш сарфи назар кунад.

Матн ва тарҷума

Дар оёти 34 ва 128 сураи Нисо, аз нушуз сухан омадааст: аввалӣ дар бораи нушузи занон аст ва дувумӣ дар бораи нушузи мардон:

  • Ояти 34 сураи Нисо:
  • Ояти 128 сураи Нисо:

Шаъни нузул

Барои ҳар як аз оёти 34 ва 128 сураи Нисо шаъни нузуле баён шуда, ки ба шарҳи зер аст:

Шаъни нузули ояти 34 Нисо

Ба гуфта муфассирон, ояти 34 сураи Нисо дар бораи яке аз асҳоби Паёмбари Ислом (с), ба номи Саъд ибни Рабиъ ва ҳамсараш нозил шудааст.[1] Ҳамсари Саъд нисбат ба ӯ нофармонӣ кардау Саъд ӯро зада буд. Ба ҳамин далел, ҳамроҳи падараш назд Паёмбар (с) рафт ва аз кори Саъд шикоят кард. Паёмбар (с) дастур ба қисос дод, аммо ӯ аз қисос чашм пӯшид ва ин оят нозил шуд.[2]

Шаъни нузули ояти 128 сураи Нисо

Бар пояи ривояте ки дар китоби Тафсири Қумӣ дар шаъни нузули ин оят нақл шудааст, Рофеъ ибни Худайҷ аз асҳоби Паёмбар (с), ду ҳамсар дошт, ки яке аз онҳо калонсол ва дигарӣ ҷавон буд. Бар асари ихтилофоте, ҳамсари калонсоли худро талоқ дод ва дар замони идда ба ӯ гуфт агар бихоҳӣ, бо ту оштӣ мекунам, ба шарти ин ки агар ҳамсари дигарамро бар ту муқаддам доштам эътироз накунӣ. Агар ҳам моил бошӣ, сабр мекунам то идда тамом шавад ва аз ҳам ҷудо шавем. Зан пешниҳоди аввалро қабул кард ва бо ҳам оштӣ карданд. Сипас ин оят нозил шуд.[3]

Корбурди фиқҳӣ

Ҳамчунин бубинед: Нушуз

Фақиҳон аз муҳтавои оёти 34 ва 128 сураи Нисо, барои баёни аҳкоми нушуз баҳра бурдаанд.[4] Нушуз яъне анҷоми надодани вазоифи шаръӣ, нисбат ба ҳамсар.[5]

Ояи 34 аз нушузи зану вазифаи мард дар баробари он сухан мегӯяд. Фақиҳон бар асоси ин оят, фатво додаанд, ки дар сурати нушузи зан, мард дар марҳалаи аввал, бояд ӯро насиҳат кунад. Агар фоида надошт, дар бистар ба ӯ пушт кунад ё бистарашро аз ӯ ҷудо кунад. Чунончи ин равиш ҳам таъсир надошт, ӯро ба сурати хафиф, танбеҳи баданӣ кунад.[6]

Гуфта шудааст шавҳар танҳо дар сурати хавф аз ҳавасронии ҳамсараш метавонад пас аз мавъизаву ҷудоӣ аз бистар, занро танбеҳи баданӣ кунад ва ин ҳукми воҷиб ва илзомӣ нест ва шавҳар метавонад мумошот кунад ва дар сурати ҳар гуна иттифоқи номашруъ занро талоқ диҳад.[7]

Ояи 128 марбут ба нушузи мардон аст. Фақиҳон бо истинод ба ин оят гуфтаанд агар зане аломатҳои нушузро дар шавҳараш дид, метавонад барои сулҳи миёни худу шавҳараш ва эҷоди алоқа дар ӯ барои идомаи зиндагии муштарак, ӯро насиҳат кунад ва аз баъзе ҳуқуқаш сарфи назар кунад, то ба ин васила аз талоқ ҷилавгирӣ шавад.[8]

Маънои вожаи зарб

Мақолаи аслӣ: Танбеҳи бадании зан

Тибқи дидгоҳи муфассирону фақиҳони шиа ва аҳли суннат, «зарб» дар ояти 28 сураи Нисо, ба маънои задан аст.[9] Албата барои зарб, шароит ва ҳудуде таъин кардаанд; аз ҷумла ин ки задан танҳо ба ангезаи ислоҳ ва холӣ аз ҳар навъ интиқомҷӯӣ буда[10] ва хафиф бошад.[11] Бо ин ҳол, Оятуллоҳ Маърифат – қуръонпажӯҳи муосир, бо истинод ба шавоҳиде ҳамчун танбеҳи бадании занон бо чӯби мисвок, наҳй аз задани занон ва суфориш ба ҳифзи каромати онон, муътақид аст ин оят насх шудааст.[12] Аз назари ӯ, дар ин оят, аз равиши насхи тамҳидӣ истифода шудааст.[13] Дар ин равиш, шореъ барои решакан кардани бархе русуми ҷоҳилӣ, ибтидо ҳукме ҳамоҳанг бо ҷомеъа таҷвиз мекунад ва сипас таи фароянде, онро насх менамояд.[14]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.68
  2. Шайхи тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.189; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.68
  3. Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.154
  4. Барои намуна, ниг.: Муҳаққиқи Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, ал-Мактбат-ул-муртазавияту ли эҳёи-ил-осор-ил-ҷаъфарийя, саҳ.536 - 538; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.31, саҳ.205 - 208; Садуқ, Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.520 - 521; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.355 - 363
  5. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1386ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.427; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Мухтасар-ун-нофеъ, 1410ҳ.қ., саҳ.191
  6. Барои намуна, ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.31, саҳ.205 - 207; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.356 - 357
  7. Ансорӣ, «Таҳқиқе дар бораи маънои зарб дар ояти нушуз», саҳ.40
  8. Барои намуна, ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.31, саҳ.207 - 208; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.363
  9. Барои намуна, ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.69; Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷанон, 1408ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.350; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.345; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.372; Фахри Розӣ, Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.72; Садуқ, Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.521; Шаҳиди Сонӣ, Масолик, 1413ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.356
  10. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.31, саҳ.207; Хонсорӣ, Ҷомеъ-ул-мадорик, 1364ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.437; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.273
  11. Макорими Шерозӣ, Аҳкоми хонавода, 1389ҳ.ш., саҳ.219
  12. Маърифат, Шубаҳотун ва рудудун ҳавл-ал-Қуръон-ил-карим, 1388ҳ.ш., саҳ.158
  13. Маърифат, Шубаҳотун ва рудудун ҳавл-ал-Қуръон-ил-карим, 1388ҳ.ш., саҳ.158
  14. Аҳмадинажод ва дигарон, «Маъношносии насхи тадриҷӣ, машрут ва тамҳидӣ аз манзари Оятуллоҳ Маърифат», саҳ.18

Сарчашма

  • Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷанони ва рӯҳ-ул-ҷинони фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1408ҳ.қ.
  • Ансорӣ, Муҳаммадбоқир, «Таҳқиқе дар бораи маънои зарб дар ояти нушуз», Тарҷумони ваҳй, № 26, соли сездаҳум, 1388ҳ.ш.
  • Аҳмадинажод, Фотима ва дигарон, «Маъношносии насхи тадриҷӣ, машруту тамҳидӣ аз манзари Оятуллоҳ Маърифат», Таҳқиқоти улуми Қуръон ва ҳадис, №1, баҳори 1397ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Наҷаф, Матбаат-ул-одоб, чопи дуввум, 1390ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсири Қумӣ, Қум, Дор-ул-китоб, 1404ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Аҳкоми хонавода, Қум, Имом Алӣ ибни Абитолиб алайҳиссалом, чопи дуввум, 1389ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1374ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Шубаҳотун ва рудудун ҳавл-ал-Қуръон-ил-карим, Қум, Муассисат-ут-тамҳид, 1388ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Зубдат-ул-баёни фи аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, ал-Мактбат-ул-муртазавияту ли эҳёи-ил-осор-ил-ҷаъфарийя, бе то.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифат, 1408ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аълмӣ ли-л-матбуот, 1390ҳ.қ.
  • Тайиби Исфаҳонӣ, Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён, Теҳрон, Ислом, 1378ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ил-кабир, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Хонсорӣ, Сайид Аҳмад, Ҷомеъ-ул-мадорик, Теҳрон, Мактабат-ус-Садуқ, 1405ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ, Қум, интишороти исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибёну фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом, Қум, Муассисаи ал-Маориф-ул-исломия, 1413ҳ.қ.