Ояти Фитрат

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ояти 30 Рум)
Ояти 30 сураи Рум

Ояти Фитрат (арабӣ: آية الفطرة) майл ва гароиши инсонро ба дин як амри фитрӣ (табиъӣ, зотӣ) медонад. Ба эътиқоди муфассирон, дини Ислом, мутобиқ бо фитрат (хилқат ва зот)-и инсон ташреъ ва қонунгузорӣ шудааст. Дар Маҷмаъ-ул-баён калиман «ҳанифан/ حَنیفا» дар оят, ба маънои собитқадам ва устувор будани дар дин маъно шудааст, аммо Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ онро ба маънои миёнаравии дар дин медонад.

Дар ҳадисҳо тавҳид, мисдоқ ва намунаи фитрат дониста шудааст, ва дар баъзе ҳадисҳо мисдоқҳое чун шинохти Худо, Ислом ва вилоят ҳамчун намуна ва мисдоқи фитрат оварда шудаанд. Аллома Таботабоӣ ва Ҷаводии Омулӣ бо истинода ба ояти Фитрат, роҳи ҳидоятро барои тамоми башарият яксон донистаанд.

Матн ва тарҷумаи оят

Ояти Фитрат ояти сиюми сураи Рум аст. Дар он омадааст:

Тавваҷуҳи комил ба дини Худо

Ба бовари Сайид Муҳаммадҳусайн Таботабоӣ, ояти Фитрат натиҷаеро баён мекунад, ки аз оёти пеш аз он ба даст меояд. Ӯ менависад: аз он ҷо ки дар оёти пеш Худованд, маод ва барангехта шудани инсонҳо ва муҳосибаи Худованд дар ҷаҳони охират исбот шудааст, дар ин оят натиҷагирӣ шудааст, ки набояд аз Худованд рӯй гардонд ва танҳо бояд ба дине пойбанд буд, ки Ӯ овардааст; чароки танҳо он дин бо офариниши Илоҳӣ ҳамоҳанг аст.[1]

Мурод аз «ҳанифан/حنیفاً»

Табарсӣ дар Маҷмаъ-ул-баён «ҳанифан»-ро собиту пойдор маъно карда, мурод аз онро ин донистааст, ки бар дин собитқадам бошем; яъне аз он рӯйгардон нашавем ва ба дини дигаре гароиш пайдо накунем,[2] аммо ба ақидаи Сайид Муҳаммадҳусайн Таботабоӣ, ин вожа наҳваи иқомаи динро баён мекунад ва бо таваҷҷуҳ ба маънои луғавии он, манзур ин аст, ки дар диндорӣ эътидол дошта бошем.[3]

Тафсири калимаи фитрат

Тибқи Маҷмаъ-ул-баён, мурод аз фитрат тавҳид ва дини Ислом аст, ки инсонҳо бар асоси он ва барои тамассук ба он офарида шудаанд. Ӯ ба ҳадисе аз Пайғамбари Ислом (с) истинод кардааст, ки мегӯяд: ҳар кас бо фитрат таваллуд мешавад то ин ки волидайнаш ӯро яҳудӣ ё масеҳӣ ё зартуштӣ мекунанд.[4]

Дар бештари ривоёти шиъӣ, манзур аз фитрат тавҳид муаррифӣ шудааст,[5] аммо дар бархеи дигар мисдоқҳое ҳамчун шинохти Худо, Ислом ва вилоят ҳам барои фитрат баён шудааст.[6]

Зурора аз Имом Боқир (а) нақл кардааст, ки манзур аз «فِطْرَتَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْها» (ҳамон сириште, ки Худо мардумро бар он сириштааст), ин аст, ки Худованд инсонҳоро бар асоси шинохти худаш офарид ва агар ин гуна набуд, мардум намедонистанд Парвардигор ва розиқашон кист.[7] Дар китоби Маноқиби Ибни Шаҳрошӯб ҳам аз Имом Ризо (а) ба нақл аз Имом Содиқ (а) омадааст, ки манзур аз ин иборат тавҳид, рисолати ҳазрати Муҳаммад (с) ва вилояти Имом Алӣ (а) аст.[8]

Роҳи ҳидоят якест

Аллома Таботабоӣ ва Ҷаводии Омулӣ аз иборати «فِطْرَتَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْها» (ҳамон сириште, ки Худо мардумро бар он сиришта аст), натиҷа гирифтаанд, ки танҳо як роҳ барои саодати инсонҳо вуҷуд дорад.[9] Ба бовари онҳо тибқи ин иборат, инсон аз фитрати хоссе; яъне наҳваи хоссе аз вуҷуд бархӯрдор аст, ки ӯро ба роҳи муайяне ҳидоят мекунад, то ба ҳадафе, ки барои офариниши ӯ дар назар гирифта шудааст, бирасад;[10] ҳамон тавр ки тибқи оёти Қуръон, дигар мавҷудот ҳам ба ҳадафе, ки барои он офарида шудаанд, ҳидоят мешаванд: «رَبُّنَا الَّذِي أَعْطى‏ كُلَّ شَيْ‏ءٍ خَلْقَهُ ثُمَّ هَدى»[11] (Парвардигори мо касе аст, ки ҳар чизеро хилқате, ки дархураш аст додааст, сипас онро ҳидоят фармудааст).[12]

Аз сӯи дигар бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳамаи инсонҳо як навъи воҳид ҳастанд ва вижагиҳои куллии яксоне доранд, як роҳ бештар барои саодати онҳо вуҷуд надорад.[13]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.177.
  2. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.474.
  3. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.178.
  4. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.474.
  5. Баҳронӣ, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, 1416ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.341 то 345.
  6. Баҳронӣ, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, 1416ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.341 то 346.
  7. Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.330.
  8. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.101.
  9. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.179; Ҷаводии Омулӣ, Фитрат, 1392ҳ.ш., саҳ.151.
  10. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.178; Ҷаводии Омулӣ, Фитрат, 1392ҳ.ш., саҳ.151.
  11. Сураи Тоҳо, ояти 50.
  12. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.178.
  13. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.179; Ҷаводии Омулӣ, Фитрат, 1392ҳ.ш., саҳ.152.

Сарчашма

  • Баҳронӣ, Сайидҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрони бунёди беъсат, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошуби Мозандаронӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб, Қум, Аллома, чопи аввал, 1379ҳ.қ.
  • Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Тавҳид, Қум, таҳқиқи Ҳошими Ҳусайнӣ, ҷомеъаи мударрисин, чопи аввал, 1398ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тафсири мавзӯии Қуръони Карим: Фитрат дар Қуръон, Қум, Исро, чопи ҳафтум, 1392ҳ.ш.