Ояти 23 сураи Ҳадид
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Воқеъ дар сураи | Ҳадид |
| Шумораи оят | 23 |
| Ҷузъ | 27 |
| Макони нузул | Мадина |
Ояти 23 сураи Ҳадид (форсӣ: آیه ۲۳ سوره حدید) муъминонро ба ҳифзи таодули рӯҳӣ дар баробари пасту баландиҳои зиндагӣ фаро мехонад.[1] Муфассирон бо истинод ба суханҳои Имом Алӣ (а) ва Имом Боқир (а), ин оятро баёнгари ҳақиқати зуҳд донистаанд[2] ва онро даъвате ба парҳез аз ифрот ва тафрит дар рӯ ба рӯӣ бо фарозу нишебҳои зиндагӣ шумурдаанд.[3] Онон бо ишора ба андӯҳи Пайғамбар (с) дар марги фарзандаш Иброҳим, асли андӯҳ ва шодиро амри табиӣ донистаанд; аммо андӯҳеро, ки инсонро аз ёди Худо ва анҷоми вазифа боздорад, нописанд шумурдаанд.[4]
| “ | То бар он чи аз дасти шумо рафта андӯҳгин нашавед ва ба [сабаби] он чи ба шумо дода шудааст шодмонӣ накунед ва Худо ҳеҷ худписанди фахрфурӯшро дӯст намедорад. [Ҳадид: 23] |
” |
Ибни Ошур, муфассири аҳли суннат, бо истинод ба ин оят, шодиҳои ифротиро заминасози такаббур ва фахрфурӯшӣ дониста, эътиқод дорад, ки чунин шодиҳо мавриди ризоияти Худо нест.[5] Ба бовари Аллома Таботабоӣ, муфассири шиа, такаббур ва фахрфурӯшӣ аз он ҷо падид меояд, ки инсон неъматҳои Илоҳиро ба худ нисбат диҳад ва онҳоро натиҷаи шоистагии хеш бидонад.[6]
Аз назари Аллома Таботабоӣ, ин оят натиҷаи ояти қабл аст; зеро дар ояти пешин баён шудааст, ки ҳамаи ҳодисаҳо, пеш аз вуқӯъ, дар тақдири Илоҳӣ сабт шудаанд.[7] Макорими Шерозӣ низ дар Тафсири намуна бо истинод ба ин оят ва ояти пешин, эътиқод дорад, ки миёнаравӣ дар шодӣ ва ғам, дар ҳодисаҳоест, ки берун аз ихтиёри инсон рух медиҳад; монанди балоҳои табиӣ ё аз даст додани азизон. Аммо дар мушкилоте, ки бар асари гуноҳ ё кӯтоҳии инсон падид омадааст, бояд масъулияти онро пазируфт ва барои ҷуброни он кӯшид; чунон ки ояти 30 сураи Шӯро низ бар ин маъно далолат дорад.[8] Ба бовари Аллома Таботабоӣ, ин оят дар канори оёти пеш ва пас аз худ, мардумро ба инфоқ, парҳез аз бахилӣ ва дил набастан ба дунё фаро мехонад.[9]
Эзоҳ
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.19, саҳ.167.
- ↑ Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, ҷ.7, саҳ.254; Мишкинӣ, Тафсири равон, ҷ.8, саҳ.126.
- ↑ Тасхирӣ ва Нуъмонӣ, ал-Мухтасар-ул-муфид, саҳ.540.
- ↑ Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, ҷ.7, саҳ.423.
- ↑ Ибни Ошур, Тафсир-ут-таҳрир ва-т-танвир, ҷ.27, саҳ.371.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.19, саҳ.168.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.19, саҳ.167.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.23, саҳ.362-363 ва 367.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.19, саҳ.168.
Сарчашма
- Ибни Ошур, Муҳаммад Тоҳир, Тафсир-ут-таҳрир ва-т-танвир, Бейрут, Муассисат-ут-таърих-ил-арабӣ, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
- Мишкинӣ, Алӣ, Тафсири равон, Қум, Муассисаи Дор-ул-ҳадис, 1392ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ул-кошиф, Қум, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламии ли-л-матбуот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
- Тасхирӣ, Муҳаммадалӣ ва Муҳаммад Саиди Нуъмонӣ, ал-Мухтасар-ул-муфид фи тафсир-ил-Қуръон-ил-маҷид, Теҳрон, ал-Маҷмаъ-ул-оламӣ ли-т-тақриб байн-ал-мазоҳиб-ил-исломия, 1431ҳ.қ.