Ояти Ҷилбоб

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ояи 59 сураи Аҳзоб)
Ояти Ҷилбоб
Маълумот дар бораи оят
Номи оятОяти Ҷилбоб
Воқеъ дар сураиАҳзоб
Шумораи оят59
Ҷузъ22
Макони нузулМадина
МавзуъФиқҳӣ
Дар бораиҲиҷоб
Оёти муртабитОяти Ҳиҷоб


Ояти Ҷилбоб (арабӣ: آية الجلباب) (Аҳзоб: 59) аз занон мехоҳад ҷилбобҳояшанро ба худ наздик кунанд, то мавриди озори мардон қарор нагиранд. Дар ин оят, калимаи «ҷалобиб» ба кор рафта, ки ҷамъи ҷилбоб аст. Ҷилбобро навъе либос маъно кардаанд, ки аз рӯймол, калонтар аст.

Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ - аз муфассирони шиа, бар ин бовар аст, ки ин оят махсуси занони озод будааст, то бо риояти ҳиҷоб аз канизон фарқ гузошта шаванд ва ҳеҷ касе ба онҳо таарруз накунад. Аммо гурӯҳи дигаре бидуни он ки ин оятро махсуси занони озод бидонанд, муътақиданд, ки ояти мазкур аз ҳамаи занон мехоҳад бо виқор рафтор кунанд, то ба онҳо гумони бад бурда нашуда ва касе дастдарозияшон накунад.

Сайид Ҳусайни Буруҷердӣ - аз мароҷеъи тақлид, ва Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ - аз муфассирони шиа, бар ин боваранд, ки бар асоси ояти Ҷилбоб, занон бояд рӯи худро бипӯшонанд. Дар муқобил, Ҷаъфари Субҳонӣ ва Муртазо Мутаҳҳарӣ бо чунин бардоште мухолифанд ва ба зарурати пӯшондани мӯй иктифо кардаанд.

Муаррифӣ, матн ва тарҷумаи оят

Ояти 59 сураи Аҳзобро, ки дар он аз навъе ҳиҷоб сухан гуфта шудааст, ояти Ҷилбоб номидаанд:[1]

يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُلْ لِأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِنْ جَلَابِيبِهِنَّ ذَٰلِكَ أَدْنَىٰ أَنْ يُعْرَفْنَ فَلَا يُؤْذَيْنَ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا
Эй Пайғамбар, ба занону духтаронат ва ба занони муъминон бигӯ: пӯшиши худро маҳкамтар гиранд. Ин барои он ки шинохта шаванд ва мавриди озор қарор нагиранд [ба эҳтиёт] наздиктар аст ва Худо бисёр омурзанда ва меҳрубон аст.

Шаъни нузул

Ба навиштаи китоби Тафсири Қумӣ, иллати нузули оят, он будааст, ки дар замони Пайғамбар (с), вақте занон барои намози ҷамоат ба масҷид мерафтанд, бархе аз ҷавонон сари роҳи онҳо менишастанд ва озорашон медоданд.[2]

Маънои ҷилбоб

Калимаи «ҷалобиб» ҷамъи «ҷилбоб» аст. Роғиби Исфаҳонӣ навиштааст, ки ҷилбоб ба пероҳан ва рӯймол гуфта мешавад,[3] аммо дар Маҷмаъ-ул-баҳрайн омадааст, ки ҷилбоб либосе аст, калонтар аз рӯймол ва майдатар аз ридо, ки занон бар сарашон мегузоранд ва то болои синаашанро мепӯшонад.[4] Мустафавӣ - қуръонпажӯҳ, бар ин бовар аст, ки ҷилбоб чизе аст, ки либосро пӯшиш медиҳад ва бадану либосро якҷоя мепӯшонад ва чодар, малҳафа ва ридое аст, ки тамоми бадани занро мепӯшонад ва аз болои либосҳо пӯшида мешавад.[5]

Манзур аз шинохта шудан

Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ - муфассири шиаи қарни шашуми ҳиҷрӣ, дар тафсири Маҷмаъ-ул-баён, ду тафсир аз иборати «ذلِكَ أَدْنى‏ أَنْ يُعْرَفْنَ فَلا يُؤْذَيْنَ» (шинохта шудан) матраҳ кардааст ва дигар касоне ки оятро тафсир кардаанд, яке аз ин ду тафсирро баргузидаанд:

  • Тибқи тафсири нахуст, ки назари худи Табарсӣ аст, манзур аз шинохта шудан дар иборати фавқ, ин аст, ки маълум шавад онҳо зани озод ҳастанд ва каниз нестанд ва барои ҳамин мавриди озор қарор нагиранд; зеро дар он замон бархе дастдарозӣ ба заноне мекарданд, ки озод набуданд. Ҳамчунин бархе аз мунофиқон мутаарризи занони озод мешуданд ва вақте бозхост мешуданд, мегуфтанд гумон мекардем каниз ҳастанд. Бо ин кор, фурсати ин баҳонатарошӣ аз мунофиқон ҳам гирифта мешуд.[6]
  • Тафсири дуввум, ки Табарсӣ онро ба Абуалии Ҷуббоӣ (назарияпардоз ва мутакаллими муътазилӣ, мутаваффои 303ҳ.қ.) нисбат дода, мегӯяд манзур аз шинохта шудан он аст, ки дониста шавад он занон аҳли ҳиҷоб ва покдомананд, то мардони фосиқ самти онҳо нараванд; зеро афроди фосиқ вақте бибинанд зане пӯшиши муносиб дораду покдоман аст, озораш намедиҳанд.[7] Аллома Таботабоӣ ва Муртазо Мутаҳҳарӣ ин бардоштро баргузидаанд.[8]

Корбурди фиқҳӣ

Ояти Ҷилбоб, дар мабоҳиси фиқҳӣ ҳам мавриди истинод қарор гирифтааст.[9] Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, муфассироне ҳамчун Замахшарӣ ва Фахри Розӣ аз ин оят бардошт кардаанд, ки бар зан воҷиб аст рӯяшро бапӯшонад.[10] Аллома Таботабоӣ ҳам чунин бардоште доштааст.[11] Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, Оятуллоҳ Буруҷердӣ ҳамин дидгоҳро дошта ва истидлол кардааст, ки бо наздик кардани ҷилбоб, ки дар оят ба он амр шудааст, лузуман ҳамаи рӯй пӯшонда мешавад.[12]

Муртазо Мутаҳҳарӣ ва Ҷаъфари Субҳонӣ ин истидлолро напазируфтаанд. Ба бовари Мутаҳҳарӣ, ин оят дар садади баёни ҳудуди пӯшиш нест, балки баёнкунандаи он аст, ки занони мусулмон бо иффату виқор рафтор кунанд ва пӯшишашон танҳо ҷанбаи ташрифотӣ надошта бошад. Ӯ навиштааст, иборати «فَلَا يُؤْذَيْنَ» (мавриди озор қарор нагиранд) дар оят, таъйидкунандаи ин дидгоҳ аст.[13] Субҳонӣ ҳам бо истинод ба ҳамин иборат, навиштааст, ҳадаф аз наздик кардани ҷилбоб, ин будааст, ки занони озод аз канизон шинохта шаванд ва мавриди озор қарор нагиранд ва бо пӯшондани мӯй ин ҳадаф ба даст меояд. Бинобар ин, пӯшондани рӯй лозим нест.[14]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ҷамъе аз муҳаққиқон, Фарҳангномаи улуми қуръонӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.126.
  2. Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1367ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.196.
  3. Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадот, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.102, зайли вожаи «ҷалобиб».
  4. Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1375ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.24, зайли вожаи «ҷалб».
  5. Мустафавӣ, ат-Таҳқиқу фи калимот-ил-Қуръон-ил-карим, ҷ.2, саҳ.95.
  6. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.581.
  7. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.581.
  8. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.339 - 340; Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.504 - 505.
  9. Барои намуна ниг.: Шубайрӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.462 - 470; Субҳонӣ, Низом-ун-никоҳ, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.52; Макорими Шерозӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.32.
  10. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.505.
  11. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.339.
  12. Субҳонӣ, Низом-ун-никоҳ, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.52.
  13. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.503 - 504.
  14. Субҳонӣ, Низом-ун-никоҳ, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.52.

Сарчашма

  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Таййиб Мӯсавии Ҷазоирӣ, Қум, Дор-ул-китоб, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Китоб-ун-никоҳ, таҳқиқи Муҳаммадризо Ҳомидӣ ва Масъуди Макорим, Қум, мадрисаи Имом Алӣ ибни Абитолиб, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор, Теҳрон, интишороти Садро, 1390ҳ.ш.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, ал-Муфрадот фи ғариб-ил-Қуръон, таҳқиқи Муҳаммадхалили Айтонӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифат, 1422ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Низом-ун-никоҳ фи-ш-шариъат-ил-исломият-ил-ғарроъ, Қум, муассисаи Имом Содиқ, 1375ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Турайҳӣ, Фахриддин, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, таҳқиқ: Сайид Аҳмади Ҳусайнӣ, Теҳрон, китобфурӯшии Муртазавӣ, чопи сеюм, 1375ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз муҳаққиқон, Фарҳангномаи улуми қуръонӣ, Қум, пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, чопи аввал, 1394ҳ.ш.
  • Шубайрии Занҷонӣ, Сайид Мӯсо, Китоб-ун-никоҳ, Қум, муассисаи пажӯҳишии раъйпардоз, чопи аввал, 1419ҳ.қ.