Оятҳои Ифк
Ин мақола дар бораи оятҳои ифк аст. Барои маълумот дар бораи саргузашти ифк ба ҳодисаи Ифк нигаред.
Маълумот дар бораи оят | |
---|---|
Номи оят | Оятҳои Ифк |
Воқеъ дар сураи | Нур |
Шумораи оят | 11-26 |
Ҷузъ | 18 |
Шаъни нузул | Ҳодисаи ифк |
Макони нузул | Мадина |
Мавзуъ | Ахлоқӣ |
Дар бораи | Тӯмати гурӯҳе аз мардум ба яке аз занони мусулмон |
Оятҳои Ифқ (арабӣ: آيات الإفك) ба достони тӯҳмат кардани гурӯҳе аз мардум ба яке аз занони мусулмон ба танфурӯшӣ дар садри Ислом ишора дорад. Худованд дар ин оятҳо мардумро ба хотири туҳмат задану овозапароканӣ сарзаниш кардааст.
Дар манобеъ, дар бораи шахси мавриди туҳмат ду хабари асосӣ матраҳ аст. Бар асоси манобеъи аҳли тасаннун ва низ баъзе аз манобеъи шиа, оёти Ифк пас аз тӯҳмати мунофиқон бар Оиша нозил шудааст, вале бино ба гузориши дувум, ки дар Тафсири Қумӣ омадааст, тӯҳмат задани Оиша бар Морияи Қибтия сабаби нозил шудани ин оятҳо будааст.
Ҳарду гузориш бо мушкилоте рӯбарӯ ҳастанд. Ба ҳамин далел баъзеҳо ҳамчун Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайни Фазуллоҳ, Макорими Шерозӣ ва Ҷаъфари Субҳонӣ ҳеҷ кадом аз он ду гузоришро қабул накардаанд.
Ба эътиқоди Сайид Алии Хоманаӣ, баҳс барои таъйини шахси мавриди тӯҳмат як баҳси ғалат аст ва масъалаи меҳварӣ дар оятҳои Ифк, амри бисёр муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоъист ва набояд онро ба як масъалаи шахсию фардӣ таназзул дод.
Матн ва тарҷумаи тоҷикии оёт
Оёти Ифк (оёти 11 то 26 сураи Нур)
Матн
“ | ” |
Тарҷума
“ | Дар ҳақиқат, касоне ки он буҳтон [достони ифк]-ро [дар миён] овараданд, гурӯҳе аз шумо буданд. Он[тӯҳмат]-ро шарре барои худ тасаввур макунед, балки барои шумо дар он маслиҳате [буда]аст. Барои ҳар марде аз онон [ки дар ин кор даст доштаанд] ҳамон гуноҳе аст, ки муртакиб шудааст, ва он кас аз эшон ки қисмати умдаи онро ба гардан гирифтааст, азоби сахте хоҳад дошт. (11) Чаро ҳангоме, ки он[буҳтон]-ро шунидед, мардон ва занони муъмин гумони нек ба худ набурданд ва нагуфтанд: «ин буҳтони ошкор аст»? (12) чаро чаҳор гувоҳ бар [сиҳҳати] он [буҳтон] наёварданд? Пас чун гувоҳон[-и лозим]-ро наёвардаанд, инонанд ки назди Худо дурӯғгӯёнанд. (13) Ва агар фазли Худо ва раҳматаш дар дунёву охират бар шумо набуд, қатъан ба [сазои] он чи дар он ба дахолат пардохтед, ба шумо азобе бузург мерасид. (14) Он гоҳ ки он[буҳтон]-ро аз забони якдигар мегирифтед ва бо забонҳои худ чизеро ки ба он илм надоштед, мегуфтед ва мепиндоштед, ки коре саҳлу сода аст бо ин ки он [амр] назди Худо бас бузург буд. (15) Ва[гарна] чаро вақте онро шунидед нагуфтед: «барои мо сазовор нест, ки дар ин [мавзӯъ] сухан гӯем. [Худовандо,] Ту муназзаҳӣ, ин буҳтони бузургест». (16) Худо андарзатон медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ дигар мисли онро - агар муъминед - такрор накунед. (17) Ва Худо барои шумо оёт[-и худ]-ро баён мекунад ва Худо донои санҷидакор аст. (18) Касоне ки дӯст доранд, ки зишткорӣ дар миёни онон ки имон овардаанд, шуюъ пайдо кунад, барои онон дар дунёву охират азоби пурдарде хоҳад буд ва Худо [аст, ки] медонад ва шумо намедонед. (19) Ва агар фазл ва раҳмати Худо бар шумо набуд ва ин ки Худо рауфу меҳрубон аст [муҷозоти сахте дар интизоратон буд]. (20) Эй касоне ки имон овардаед, пой аз пайи гомҳои шайтон маниҳед, ва ҳар кас пой бар ҷои гомҳои шайтон ниҳад [бидонад, ки] ӯ ба зишткорӣ ва нописанд воме дорад, ва агар фазли Худо ва раҳматаш бар шумо набуд, ҳаргиз ҳеҷ касе аз шумо пок намешуд, вале [ин] Худост ки ҳар касро бихоҳад пок мегардонад ва Худо [аст, ки] шунавои доност. (21) Ва сармоядорону фарохдавлатони шумо набояд аз додани [мол] ба хешовандону туҳидастон ва муҳоҷирони роҳи Худо дареғ варзанд, ва бояд афв кунанду гузашт намоянд. Магар дӯст намедоред, ки Худо бар шумо бибахшояд? Ва Худо бахшандаи меҳрубон аст. (22) Бегумон, касоне ки ба занони покдомани бехабар [аз ҳамаи ҷо] ва боимон нисбати зино медиҳанд, дар дунёву охират лаънат шудаанд, ва барои онҳо азоби сахте хоҳад буд, (23) дар рӯзе, ки забон ва дастҳову пойҳояшон, бар зидди онон барои он чи анҷом медоданд, шаҳодат медиҳанд. (24) Он рӯз, Худо ҷазои шоистаи ононро ба таври комил медиҳад ва хоҳанд донист, ки Худо ҳамон ҳақиқати ошкор аст. (25) Занони зинокор барои мардони зинокоранд ва мардони зинокор барои занони зинокор. Ва занони пок барои мардони поканд ва мардони пок барои занони пок. Инҳо аз он чи дар бораашон мегӯянд, барканоранд, барои онон омурзиш ва рӯзии некӯе хоҳад буд. (26) | ” |
Мазмуни оёт
Дар оёти ёздаҳум то бисту шашуми сураи Нур, моҷарои тӯҳмати фаҳшо задан ба яке аз мусулмонон баён шудааст ва Худованд тӯҳматзанандагонро ба сабаби ин тӯҳмат сарзаниш мекунад.[1] Ба гуфтаи Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ, муаллифи тафсири ал-Мизон, аз оёти Қуръон истифода мешавад, шахсе, ки ба ӯ тӯҳмат зада шудааст, машҳур ва аз аъзои хонаводаи Пайғамбар (с) буда ва тӯҳматзанандагон гурӯҳе аз мардум будаанд.[2] Худованд дар ин оёт, тӯҳматзанандагонро ба азоби бузурге таҳдид карда, муъминонро сарзаниш мекунад, ки чаро овозаҳоро насанҷида қабул кардед.[3]
Бархе муҳаққиқон, моҷарои Ифкро асоситарин тавтеаи дохилии мунофиқон бар зидди ҳукумати набавӣ муаррифӣ карда, гуфтаанд, Худованд бо нозил кардани оёти Ифк, аз рисолати Пайғамбар дифоъ кард.[4]
Шаъни нузул
- Мақолаи аслӣ: Ҳодисаи Ифк
Барои оёти Ифк ду шаъни нузул зикр шудааст:
- Туҳмати мунофиқони Мадина ба Оиша: бар асоси ин гузориш, ҳодисаи Ифк, баъд аз бозгашти мусулмонон аз ғазваи Банӣ Мусталақ (соли панҷум[5] ё шашуми қамарӣ[6]) сурат гирифтааст.[7] Ба гуфтаи Муҳаммадҷавод Муғния - аз муфассирони шиа дар қарни чаҳордаҳуми қамарӣ, бештари муфассирону таърихнигорон ин гузоришро ба унвони сабаби нузули оёти Ифк пазируфтаанд.[8]
- Тӯҳмати Оиша ба Морияи Қибтия: бар асоси ривояте, ки Алӣ ибни Иброҳими Қумӣ аз Имом Боқир (а) нақл кардааст, Оиша ба Моряи Қибтия туҳмат зад, ки бо шахсе ба номи Ҷурайҳи Қибтӣ иртиботи номашруъ барқарор кардааст.[9] Гуфта шудааст аз уламои шиа, танҳо олимони давраҳои ахир, ояти Ифкро марбут ба моҷарои Мория донистаанд.[10] Аз ҷумлаи ин олимон метавон Сайид Абулқосими Хуӣ[11], Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ[12] ва Сайид Муртазо Аскариро ном бурд.[13] Албатта дар манобеи мутааддиде аз шиа ва суннӣ, моҷарои Мория нақл шудааст; монанди Амолии Сайид Муртазо[14], ал-Ҳидоят-ул-кубро[15], Саҳеҳи Муслим[16] ва ал-Мустадраку ала-с-саҳеҳайн,[17] вале дар ҳеҷ як аз онҳо ба нузули оёти Ифк ишора нашудааст.[18]
Нақдҳо ба ду шаъни нузул
Барои ҳар як аз ду шаъни нузуле, ки барои оят зикр шудааст, ишколоте баён шудааст. Барои мисол, дар хусуси моҷарои Оиша гуфтаанд, ки Пайғамбар дар ҷангҳо ҳамсарони худро бо худ намебурд.[19] Ҳамчунин бар асоси гузориши аҳли суннат, Пайғамбар ба Оиша бадгумонӣ пайдо кард, вале чунин матлабе бо мақоми исмати Пайғамбар носозгор аст.[20] Сайид Ҷаъфар Муртазо, ин достонро ҷаълӣ ва ҳадафи созандагони онро фазилатсозӣ барои Оиша донистааст.[21]
Ба достони марбут ба Мория ҳам ишкол кардаанд, ки аз оёти Ифк истифода мешавад, ки тӯҳматзанандагон як гурӯҳ будаанд, дар ҳоле ки дар ин ривоят, танҳо Оиша ба унвони шахси тӯҳматзананда муаррифӣ шудааст.[22] Ҳамчунин бо тавваҷуҳ ба ин ки дар ин ривоят, Пайғамбар ба қатли Ҷариҳ дастур медиҳад, гуфтаанд, мумкин нест Пайғамбар бидуни баррасии дурустии масъала, ба қатли муттаҳам дастур диҳад. Гузашта аз ин, муҷозоти чунин гуноҳе куштани шахс нест.[23]
Бо тавваҷуҳ ба ин ишколот, бархе муфассирон монанди Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ,[24] Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ,[25] Макорими Шерозӣ[26] ва Ҷаъфари Субҳонӣ[27] ҳарду шаъни нузулро рад кардаанд. Бархе гуфтаанд, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки оят дар бораи шахси сеюме нозил шуда бошад.[28]
Сайид Алии Хоманаӣ бо эътиқод ба ин ки масъалаи меҳварӣ дар оёти Ифк, дастури ахлоқӣ-иҷтимоии бисёр муҳимме аст, баҳс барои таъйини шахси мавриди тӯҳматро баҳси инҳирофӣ дониста, гуфтааст, набояд онро ба масъалаи шахсӣ коҳиш дод.[29]
Эзоҳ
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.89.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.89.
- ↑ Макорими Шерозӣ, ал-Амсал, 1421ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.46.
- ↑ Ҳусайниёни Муқаддам, “Баррасии таърихӣ - тафсирии ҳодисаи Ифк”, саҳ.160.
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.48 - 50; Масъудӣ, ат-Танбиҳ ва-л-ишроф, муассисаи нашри алманобеъуссақофатил-исломия, саҳ.215.
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.29.
- ↑ Ибни Ҳишом, Сират-ун-набавия, Дорулмаърифат, ҷ.2, саҳ.297 - 302; Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.426 - 435.
- ↑ Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.403.
- ↑ Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.99.
- ↑ Хашин, Абҳосун ҳавла-с-Сайида Оиша, 1438ҳ.қ., саҳ.258.
- ↑ Хуӣ, Сирот-ун-наҷот, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.463.
- ↑ Омилӣ, Ҳадис-ул-ифк, 1439ҳ.қ., саҳ.381 - 382.
- ↑ Аскарӣ, Аҳодису Умм-ул-муъминин Оиша, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.186 - 187.
- ↑ Сайиди Муртазо, Амолӣ-л-Муртазо, 1998м., ҷ.1, саҳ.77.
- ↑ Хусайбӣ, ал-Ҳидоят-ул-кубро, 1419ҳ.қ., саҳ.297 - 298.
- ↑ Муслим, Саҳеҳ Муслим, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.4, саҳ.2139.
- ↑ Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳеҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.41.
- ↑ Хашин, Абҳосун ҳавла-с-Сайида Оиша, 1438ҳ.қ., саҳ.254.
- ↑ Тоӣ, Сирату ас-Сайидат-ил-Оиша, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.205 - 206.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.101; Макорими Шерозӣ, ал-Амсал, 1421ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.40.
- ↑ Омилӣ, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-набий-ил-аъзам, 1426ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.77 - 78, 81, 97.
- ↑ Макорими Шерозӣ, ал-Амсал, 1421ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.41.
- ↑ Фазлуллоҳ, Мин ваҳй-ил-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.256.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.89.
- ↑ Фазлуллоҳ, тафсири Мин ваҳй-ил-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.252 - 257.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.391 - 393.
- ↑ Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1390ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.118.
- ↑ Ҷаъфарниё, «Баррасӣ ва нақди гузоришҳои ҳодисаи Ифк», саҳ.47.
- ↑ Хоманаӣ, «Хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон дар 28 меҳри 1368ҳ.ш».
Сарчашма
- Аскарӣ, Сайид Муртазо, Аҳодису Уммул-муъминин Оиша, Теҳрон, донишкадаи усули дин, 1425ҳ.қ.
- Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, китоби ал-Мағозӣ, муассисатул-аъламӣ, Бейрут, чопи сеюм, 1409ҳ.қ.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фӣ маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорулфикр, 1409ҳ.қ.
- Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, Тоиф, мактабатус-Сиддиқ, 1414ҳ.қ.
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавия, таҳқиқи Мустафо Ассақо ва Иброҳим ал-Абёрӣ ва Абдулҳафиз Шалабӣ, Бейрут, Дорулмаърифат, бе то.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, Қум, Дорулкитоб, 1363ҳ.ш.
- Қуръони Карим.
- Макорими Шерозӣ, Носир, ал-Амсал фӣ тафсири китобиллоҳи-л-мунзал, тарҷума ва талхиси Муҳаммадалии Озаршуб, Қум, мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб, 1421ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Масъудӣ, Алӣ ибни-л-Ҳусайн, ат-Танбиҳ ва-л-ишроф, Қоҳира, Дорулсовӣ, бе то, баргирифта аз чопи овест, Қум, муассисаи нашри алманобеъулсақофатил-исломия, бе то.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ул-Кошиф, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1424ҳ.қ.
- Муслим, ибни Ҳаҷҷоҷ ал-Қушайрӣ, Саҳеҳ Муслим, таҳқиқи Муҳаммадфуод Абдулбоқӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.
- Омилӣ, Сайидҷаъфар Муртазо, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-набий-ил-аъзам, Қум, Дорулҳадис, 1426ҳ.қ.
- Омилӣ, Сайидҷаъфар Муртазо, Ҳадис-ул-ифк, Бейрут, алмарказул-исломӣ лилдиросот, 1439ҳ.қ.
- Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Амолӣ-л-Муртазо, Қоҳира, Дорулфикрилъарабӣ, 1998м.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1390ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, Қум, дафтари нашри исломӣ, 1418ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фӣ тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1417ҳ.қ.
- Тоӣ, Наҷоҳ, Сират-ус-Сайидатил-Оиша, Қум, Дорулҳудо ли эҳёилтурос, 1427ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Муҳаммадҳусайн, тафсири Мин ваҳй-ил-Қуръон, Бейрут, Дорулмилок, 1419ҳ.қ.
- Хашин, Ҳусайн Аҳмад, Абҳосун ҳавла-с-Сайида Оиша раъятун шиъиятун муосира, Бейрут, Доруравофид, 1438ҳ.қ.
- Хоманаӣ, Сайидалӣ, «Хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон дар 28 меҳри 1368ҳ.ш.», дар вебгоҳи дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Хоманаӣ, таърихи боздид: 22 тири 1402ҳ.ш.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Сирот-ун-наҷот, бо ҳошияи Мирзоҷаводи Табрезӣ, Қум, дафтари нашри баргузида, 1416ҳ.қ.
- Хусайбӣ, Ҳусайн ибни Ҳамадон, ал-Ҳидоят-ул-кубро, Бейрут, албалоғ, 1419ҳ.қ.
- Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадраку ала-с-саҳеҳайн, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1411ҳ.қ.
- Ҳусайниёни Муқаддам, Ҳусайн, “Баррасии таърихӣ - тафсирии ҳодисаи Ифк”, маҷаллаи таърихи Ислом дар оинаи пажӯҳиш, шумораи 7, поизи 1384ҳ.ш.
- Ҷаъфарниё, Фотима, «Баррасӣ ва нақди гузоришҳои ҳодисаи Ифк», дар маҷаллаи пажӯҳишномаи таърих, шумораи 47, тобистони 1396ҳ.ш.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фӣ тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.