Оминабегим Маҷлисӣ
Номи комил | Оминахотун |
---|---|
Маҳалли зиндагӣ | Исфаҳон |
Насаб | Хонадони Маҷлисӣ |
Санаи вафот | асри 12ҳ.қ. |
Шаҳри вафот | Исфаҳон |
Маҳалли дафн | қабристони Тахтифулод |
Хешовандон | Муҳаммадтақии Маҷлисӣ (падар), Аллома Маҷлисӣ (бародар), Муллосолеҳи Мозандаронӣ, (ҳамсар) |
Устодон | Муҳаммадтақии Маҷлисӣ, Аллома Маҷлисӣ |
Таълифот | Шарҳ бар Алфияи Ибни Молик, Шарҳ бар Шавоҳиди Суютӣ ва Маҷмуъаи масоили фиқҳӣ |
Дигар | кумак ба бародараш дар ҷамъоварии китоби Биҳор-ул-анвор |
Оминабегим Маҷлисӣ (форсӣ: آمنه بیگم مجلسی) ё Оминахотун (ваф. қарни 12ҳ.қ.) аз занони олими шиа дар давраи сафавӣ аст. Ӯ духтари Муҳаммадтақии Маҷлисӣ, хоҳари Аллома Маҷлисӣ ва ҳамсари Муллосолеҳи Мозандаронӣ (ваф.1081ҳ.қ.) буд. Оминабегим дар ҷамъоварӣ аҳодиси Биҳор-ул-анвор ба Аллома Маҷлисӣ кумак кард. Китобҳое чун шарҳ бар Алфияи Ибни Молик, шарҳ бар Шавоҳиди Суютӣ ва Маҷмуъаи масоили фиқҳӣ аз осор ӯст.
Зиндагинома
Оминабегим Маҷлисӣ ё Оминахотуни духтари Муҳаммадтақии Маҷлисӣ ва хоҳари Аллома Маҷлисӣ будааст.[1] Модараш духтари Садриддин Муҳаммад Ҳусайнӣ Ошурии Қумӣ будааст.[2] Нависандагон ӯро шинохташуда ба илму фазл дар замони худ донистаанд.[3] Аз ҷумла Абдуллоҳи Афандӣ нависандаи китоби Риёз-ул-уламои ва ҳиёз-ул-фузало, ки тақрибан ҳамъасри Оминабегим аст, ӯро соҳиби фазл, илм ва тақво муаррифӣ мекунад.[4]
Сарчашмаҳо ба соли вилодат ва вафоти ӯ ишора накардаанд,[5] аммо бо ин ҳол, вафоти ӯро дар қарни 12 қамарӣ донистаанд.[6]
Оминабегим дар Исфаҳон даргузашт ва дар мақбараи Тахтифӯлод дафн шуд.[7] Бархе муҳаққиқон, маконҳои дигареро маҳали дафни Оминабегим донистаанд.[8]
Ҳамсару фарзандон
Оминахотун ба пешниҳоди падараш бо Муллосолеҳи Мозандаронӣ издивоҷ кард.[9] Муллосолеҳ шогирди Маҷлисии аввал буд[10] ва баъдҳо китобҳои бисёре аз ҷумла шарҳ бар ал-Кофиро навишт.[11] Оминахотун ва Муллосолеҳ шаш писар доштанд ки ҳама аҳл илм будаанд.[12] Ҳамчунин як ё ду духтар низ доштаанд.[13] Ваҳиди Беҳбаҳонӣ ва Оятуллоҳ Буруҷердӣ аз насли Оминабегим ва Муллосолеҳи Мозандаронӣ ҳастанд.[14]
Ҷойгоҳи илмӣ
Оминахотун дар фиқҳ ва ҳадис шогирди падараш Маҷлисии аввал ва бародараши Аллома Маҷлисӣ буд.[15] Аз ӯ осори мактубе низ нақл шудааст:
- Шарҳ бар Алфияи Ибни Молик
- Шарҳ бар Шавоҳиди Суютӣ
- Маҷмӯъаи масоили фиқҳӣ
- Девони шеър.[16]
Оминахотун дар ҷамъоварии ривоёти бархе аз ҷилдҳои Биҳор-ул-анвор ба Аллома Маҷлисӣ кумак кард.[17] Ҳамчунин нақл шуда ки Муллосолеҳи Мозандаронӣ дар ҳалли бархе ибороти китоби Қавоид-ул-аҳкоми Аллома Ҳиллӣ бо ӯ машварат мекардааст.[18]
Эзоҳ
- ↑ Амин, Аъён-уш-шиа, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.95
- ↑ Ҳошимӣ, «Гавҳаре аз хонадони Маҷлисӣ», саҳ.94
- ↑ Мозандаронӣ, Шарҳи ал-Кофӣ, Муқаддимаи муҳаққиқ, 1382ҳ.қ., саҳ.2
- ↑ Афандӣ, Риёз-ул-уламо, 1431ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.407
- ↑ Риёҳӣ, Нақши бонувони шиаи Исфаҳон дар фарҳангу тамаддуни Эрон ва Ислом, саҳ.218 ва 222
- ↑ Бонувони олима ва осори онҳо, 1379ҳ.ш., саҳ.42
- ↑ Мавсуату муаллифи-л-имомия, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.90
- ↑ Ҳошимӣ, «Гавҳаре аз хонадони Маҷлисӣ», саҳ.94
- ↑ Афандӣ, Риёз-ул-уламо, 1431ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.407
- ↑ Мозандаронӣ, Шарҳи ал-Кофӣ, Муқаддимаи муҳаққиқ, 1382ҳ.қ., саҳ.2
- ↑ Мозандаронӣ, Шарҳи ал-Кофӣ, Муқаддимаи муҳаққиқ, 1382ҳ.қ., саҳ.2
- ↑ Амин, Мустадрикоту Аъён-иш-шиа, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.8
- ↑ Ҳошимӣ, «Гавҳаре аз хонадони Маҷлисӣ», саҳ.100
- ↑ Ҳошимӣ, «Гавҳаре аз хонадони Маҷлисӣ», саҳ.97
- ↑ Мавсуату муаллифи-л-имомия, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.90
- ↑ Амин, Мустадрикоту Аъён-иш-шиа, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.8
- ↑ Риёҳӣ, Нақши бонувони шиаи Исфаҳон дар фарҳангу тамаддуни Эрон ва Ислом, саҳ.221
- ↑ Афандӣ, Риёз-ул-уламои ва ҳиёз-ул-фузало, Матбаат-ул-Хайём, ҷ.5, саҳ.408; Амин, Аъён-уш-шиа, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.95
Сарчашма
- Амин, Сайид Ҳасан, Мустадрикоту Аъён-иш-шиа, Бейрут, Дор-ут-таоруф, 1408ҳ.қ.
- Амини Омилӣ, Сайид Муҳсин, Аъён-уш-шиа, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуъот, 1406ҳ.қ.
- Афандӣ, Абдуллоҳ ибни Исо, Риёз-ул-уламои ва ҳиёз-ул-фузало, Матбаат-ул-Хайём, бе то, беҷо.
- Афандӣ, Абдуллоҳ ибни Исо, Риёз-ул-уламои ва ҳиёз-ул-фузало, муҳаққиқ: Аҳмад Ҳусайнӣ Ашкиварӣ, Бейрут, Муассисат-ут-таърих-ил-ъарабӣ, 1431ҳ.қ.
- Бонувони олима ва осори онҳо, Қум, Маркази мудирияти ҳавзаҳои илмияи хоҳарон, 1379ҳ.ш.
- Мавсуату муаллифи-л-имомия, Қум, Маҷмаъ-ул-фикр-ил-исломӣ, 1428ҳ.қ.
- Мозандаронӣ, Муҳаммадсолҳ ибни Аҳмад, Шарҳи ал-Кофӣ, тасҳеҳи Абулҳасани Шаъронӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-уал-Исломия, 1382ҳ.қ.
- Риёҳӣ, Муҳаммадҳусайн, «Нақши бонувони шиаи Исфаҳон дар фарҳангу тамаддуни Эрон ва Ислом», маҷаллаи Бонувони шиа, №10, зимистони 1385ҳ.ш.
- Ҳошимӣ, Муҳаммадқосм, «Гавҳаре аз хонадони Маҷлисӣ», маҷаллаи Фарҳанги Исфаҳон, №№ 5 ва 6, баҳору тобистони 1376ҳ.ш.