Асл-уш-шиа ва усулуҳо (китоб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Оини шиа ва усули он (китоб))
Асл-уш-шиа ва усулуҳо
НависандаМуҳаммадҳусайни Кошифулғито
МавзуъТаърих ва эътиқодоти шиа
ЗабонАрабӣ
МаҷмуаЯк ҷилд
НоширМувссисвт-ул-аъламӣ ли-л-матбуот
Санаи нашр1416ҳ.қ.


[[file:|thumbnail|китоби ]]

Асл-уш-шиа ва усулуҳо, китобе дар муаррифии таърих ва эътиқодоти шиа, навиштаи Муҳаммадҳусайни Кошифулғито (ваф. 1373ҳ.қ.) аст. Ин китоб барои равшан сохтани решаи бархе ихтилофҳо бо аҳли суннат навишта шуда ва ба мабоҳиси ихтилофӣ аз ҷумла, издивоҷи муваққат ишора кардааст.

Вижагии китоб, табйини усуле аст, ки уламои шиа бар он иттифоқи назар доранд. Ангезаи муаллиф эҷоди иттиҳод байни мусулмонон ва зудудани туҳматҳо ва иштибоҳоте аст, ки дар зеҳни аҳли суннат нисбат ба шиа вуҷуд дорад ва аз тарҳи масоили ихтилофбарангез худдорӣ мекунад.

Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ ин китобро ба забони форсӣ тарҷума ва ба номи "Оини мо" чоп ва мунташир кардааст.

Нависанда

Навиштори аслӣ: Муҳаммадҳусайни Кошифулғито

Муҳаммадҳусайни Кошифулғито (1294 – 1373ҳ.қ.) олими навандеши шиъӣ ва аз мароҷеъи тақлиди Наҷафи Ашраф буд. Ӯ дар фиқҳ, хитоба, адабиёти араб, фалсафа вa ҳикмат, тафсир ва ирфон табаҳҳур дошт.

Ӯро аз нахустин фақиҳоне донистаанд, ки равиши фиқҳи муқоисаӣ, ё татбиқиро дар фиқҳпажӯҳии ҳавзаи илмияи Наҷаф, оғоз кардааст. Кошифулғито, осоре ба хусус дар муаррифии ташайюъ ба вуҷуд овардааст.

Ӯ дағдағаҳои ваҳдат ва бедории исломӣ дошта ва талошаш дар муаррифии шиа ва дифоъ аз он, бештар барои фароҳам сохтани бистари тақриб ва иттиҳоди байни мазоҳиби исломӣ буд.

Ангезаи муаллиф

Гурӯҳе аз ҷавонони ироқӣ барои таҳсил ба Миср эъзом мешаванд ва он ҷо дар бархӯрд бо олимони «ал-Азҳар» мушоҳида мекунанд, ки онҳо шиаро мусулмон намедонанд. Ин ҷавонон бо Оятуллоҳ Кошифулғито мукотиба карда, аз эшон роҳнамоӣ мехоҳанд.

Оятуллоҳ Кошифулғито аз мазмуни нома тааҷҷуб ва таҳқиқи бештаре дар ин замина мекунад, то ин ки бо китоби «Фаҷр-ул-Ислом»-и донишманди мисрӣ ба номи Аҳмад Амин бархӯрд мекунад ва дар фасле, ки ба шиа пардохта буд, мебинад чунон дар бораи шиа бо бехабарӣ баҳс карда, ки фаротар аз он қобили тасаввур нест!

Эшон ҳатто дар бархӯрд бо аҳли суннати Сурия ва Ироқ мушоҳида карданд, иттилооти онҳо аз шиа то чӣ андоза нодуруст ва дур аз воқеият аст. Кошифулғито, ки раҳоӣ ва рушди мусулмононро дар сояи сулҳу якпорчагии онон медонист, дар ҷавоби туҳматҳои нораво ва барои муаррифии саҳеҳи шиа ҳиммат ба таълифи ин китоб гумошт.

Мазмун ва муҳтаво

Муаллиф дар муқаддимаи нисбатан тӯлонии китоб, ба роҳҳои иттиҳоди ҷомеаи исломӣ ва решаҳои ихтилофафкании душманони Ислом мепардозад. Дар матни китоб сарчашмаи таърихии мазҳаби ташайюъ, усули дин аз дидгоҳи ташайюъ ва дидгоҳҳои шиа дар масоили фиқҳиву ташреие монанди намоз, рӯза, ҳаҷ, закот, мутъа, қазоват, сайд, хӯрданиҳо, нӯшиданиҳо ва... табйин шудааст.

Қисмати поёнии китоб низ дар бораи чанд масъалаи муҳими каломӣ ва заруриёти мазҳаби шиа монанди «бадо» ва «тақия» аст, ки бештар ҷанбаи посухгӯӣ дорад.

Матни аслии китоб шомили ин мавзуот аст:

  • Сабаби таълифи ин китоб
  • Бунёнгузорони улуми исломӣ шиаён буданд
  • Тӯҳматҳои нораво ба шиа
  • Сарчашмаи аслии бадбахтиҳои муслимин
  • Ба киҳо шиа мегӯянд?
  • Авомили густариши ташайюъ пас аз Пайғамбар (с)
  • Ақоиди шиа дар усули дин
  • Тафовути санаду мадраки фиқҳии шиа ва дигар фирақи исломӣ
  • Рамзи печидагии масъалаи мутъа ва роҳи ҳалли ниҳоии он
  • Издивоҷи муваққат як зарурати иҷтинобнопазири иҷтимоӣ
  • Издивоҷи мисёр!
  • Талоқ ва роҳҳои маҳдуд сохтани он
  • Муҷозот ва кайфарҳои гуноҳон

Чоп ва интишор

Китоби "Оини мо". png

Асл-уш-шиа ва усулуҳо дар соли 1311ҳ.ш. (1351ҳ.қ.) дар Сaйдо, 1322ҳ.ш. (1363ҳ.қ.) дар Наҷаф ва 1373ҳ.ш. (1415ҳ.қ.) дар Қум чоп ва мунташир шудааст. Ҳамчунин ин китоб ба унвони ҷузъи чаҳорум аз осори каломии Муҳаммадҳусайни Кошифулғито дар маҷмуаи «Мавсуат-ул-имом Муҳаммад ал-Ҳусайн оли Кошифулғито» ва бо таҳқиқи Ғуломризо Нақии Ҷалолободӣ мунташир шудааст. Ин мавсуаро Пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ чоп ва мунташир кардааст.[1]

Тарҷумаҳо

Маъруфтарин тарҷумаи форсии китоб бо номи «Ин аст оини мо» ва ё «Оини мо» тавассути Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ анҷом шудааст. Ин китоб аввалин бор дар соли 1364 шамсӣ дар 415 саҳифаи руқъӣ ба чоп расид. Мутарҷим дар пешгуфтор ба авзоъи феълии мусулмонон ва роҳҳои бурунрафт аз он ишора карда ва сипас дар мавриди китоб ва ҷойгоҳи илмии он ва муаррифии муаллиф ва осори ӯ мепардозад.

Ин китоб пеш аз он, дар соли 1331ҳ.ш. тавассути Алиризо Хусравонӣ (Ҳакими Хусравонӣ) бо тарҷумаи форсии бо номи «Решаи шиа» ё «Асл ва усули шиа» чоп шуда буд. Ин асар ба забонҳои урду ва англисӣ низ тарҷума шудааст.

Набояд ин китобро бо китоби дигаре ба ҳамин ном "Ин аст оини мо" таълифи Асадуллоҳи Афшор дар мавзӯи баррасӣ ва шинохти мафоҳими қуръонӣ иштибоҳ гирифт.

Эзоҳ

  1. Мавсуъат-ул-имом Муҳаммад ал-Ҳусайн Оли Кошифулғито, ал-Осор-ул-каломия, ал-ҷузъ-ур-робеъ

Сарчашма

  • Мавсуъат-ул-имом Муҳаммад-ил-Ҳусайн Оли Кошифулғито, ал-Осор-ул-каломийя, Марказу эҳё-ит-турос-ил-исломӣ, ал-Маъҳад-ул-олӣ ли-л-улум-ис-сақофат-ил-исломийя, Қум, 1394ҳ.қ.