Издивоҷ бо ду хоҳар

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Никоҳ бо ду хоҳар)
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Издивоҷ бо ду хоҳар (форсӣ: ازدواج با دو خواهر) ақдест ба ин сурат, ки ду хоҳар ҳамзамон ҳамсари як мард бошанд, ки дар дини Ислом ҳаром аст.[1] Далели фақиҳон барои ҳаром донистан ин издивоҷ ояти 23 сураи Нисо ва ривоёте[2] аст, ки тасреҳ ба ҳаром будани издивоҷи доим ё муваққат бо ду хоҳар ба таври ҳамзамон доранд.[3] Бар ин асос агар марде ҳамсарашро талоқ диҳад ё боқии муддати тавофуқшуда дар ақди муваққатро ба ӯ бубахшад, баъд аз поёни идда, издивоҷ бо хоҳари ҳамсари собиқаш манъе нахоҳад дошт.[4]

Ба бовари фақиҳон, робитаи хоҳарӣ дар ин ҳукм, шомили хоҳари падарӣ, хоҳари модарӣ ва ҳамчунин хоҳари ризоъӣ мешавад.[5] Бархе фақиҳони шиа низ муътақиданд, агар сиғаи ақд бо ду хоҳар ҳамзамон хонда шавад, ҳардуи никоҳ ботил аст.[6] Ҳамчунин агар сиғаи издивоҷи яке баъд аз дигарӣ бошад, ақди дувум ботил хоҳад буд.[7] Ба гуфтаи Ҷаводии Омулӣ - марҷаи тақлиди шиа, агар касе ҳаром будани ин амалро бидонад ва дар айни ҳол анҷом диҳад, илова бар ботил будани ақд, дучори гуноҳ низ шудааст.[8]

Бинобар ривоёти шиа, ин амал мавриди наҳйи имомон қарор гирифтааст; дар китоби Васоил-уш-шиа 23 ривоят дар мавриди ҳукми издивоҷ бо хоҳарзан нақл шудааст.[9] Соҳиби Ҷавоҳир бо баёни ду ривоят аз ин ривоёт муътақид аст, ки гоҳе аимма (а) ба хотири тақия тасреҳ ба ҳаром будан накардаанд.[10]

Носир Макорими Шерозӣ - марҷаи тақлиди шиа, эҳтимол медиҳад ки иллати ҳаром будани издивоҷи ҳамзамон бо ду хоҳар, ҷилавгирӣ аз эҷоди тазод ва ҳисси рақобат миёни онҳо ва дар натиҷа бардавомии робитаи отифии ду хоҳар бошад.[11] Дар ояти 23 сураи Нисо баъд аз иблоғи ҳукми ҳаром будани издивоҷ бо хоҳарзан, издивоҷҳои пеш аз нузули ин оят истисно шудааст.[12] Бинобар нақли муфассироне чун Шайхи Тӯсӣ дар тафсири Тибён ва Табарсӣ дар Маҷмаъ-ул-баён, манзур аз нодида гирифтани мавориди гузашта, издивоҷи Яъқуб (а) бо ду хоҳар ба номҳои Роҳил ва Лаё аст.[13]

Гуфта шуда қабл аз нузули оят, издивоҷи ҳамзамон бо ду хоҳар роиҷ буда ва бо нузули оят, касоне ки қаблан чунин издивоҷе кардаанд, бояд фавран аз яке аз онҳо ҷудо мешуданд; ҳарчанд кайфар ва муҷозоте надоранд ва фарзандони онон ҳалолзодаанд.[14]

Ҷустори вобаста

Эзоҳ

  1. Шаҳиди Cонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.289; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.356; Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.180
  2. Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1412ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.476 - 486
  3. Шаҳиди Cонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.289
  4. Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.181; Ҳаким, Минҳоҷ-ус-солиҳин, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.27
  5. Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.34; Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-содиқ алайҳиссалом, 1412ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.244
  6. Шаҳиди Cонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.187
  7. Систонӣ, Минҳоҷ-ус-солиҳин, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.60; Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-содиқ алайҳиссалом, 1412ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.249
  8. Ҷаводии Омулӣ, «درس خارج فقه آیت الله جوادی آملی مبحث جمع بین اختین», Сайти Мадрасаи фақоҳат
  9. Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.476 - 486
  10. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.356
  11. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.331
  12. Сураи Нисо, ояти 23
  13. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.49; Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.160
  14. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.331

Сарчашма

  • Қуръони Карим
  • «درس خارج فقه آیت الله جوادی آملی مبحث جمع بین اختین», Сайти Мадрасаи фақоҳат, санаи боздид: 9 хурдоди 1403ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-каломи фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, Бейрут, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Омилӣ, Муҳамад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Муассисату Оли-л-байти алайҳимуссалом, Қум, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Рӯҳонӣ, Сайид Содиқ, Фиқҳ-ус-содиқ (а), Қум, Дор-ул-китоб - Мадрисаи Имом Содиқ (а), чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Систонӣ, Сайид Алӣ, Минҳоҷ-ус-солиҳин, Қум, Нашри Дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Систонӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, Эрон, Носири Хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Алӣ, Риёз-ул-масоил, Қум, Муассисату Оли-л-байти алайҳимуссалом, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳамад ибни Ҳасан, ат-Тибёни фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи аввал, бе то.
  • Шаҳиди Cонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳоми ило танқеҳи шароеъ-ил-Ислом, Муассисат-ил-маориф-ил-исломия, Қум, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шаҳиди Cонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийяти фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия (Муҳашшо Калонтар), Доварӣ, Қум, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайид Муҳаммадсаид, Минҳоҷ-ус-солиҳин, Бейрут, Дор-ус-сафва, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоид-ул-аҳкоми фи маърифат-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, Ҷомеаи мударрисин, чопи аввал, 1413ҳ.қ.