Низомии Ганҷавӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Низомӣ Ганҷавӣ)

Рӯйкарди ин навиштор баррасии иртиботи мавзӯи он бо мактаби Аҳли Байт (а) аст. Маълумоти бештар ва дигар паҳлӯҳои мавзӯъро аз дигар сарчашмаҳо ҷустуҷӯ кунед.

Низомии Ганҷавӣ
Номи комилИлёс ибни Юсуф ибни Закӣ ибни Муайяд
ЛақабНизомуддин
Маҳалли зиндагӣшаҳри Ганҷа
Санаи таваллудбайни 520 - 550ҳ.қ.
ЗодгоҳГанҷа
Санаи вафот606 ҳ.қ.
Шаҳри вафотГанҷа
Маҳалли дафнГанҷа
ТаълифотХамсаи Низомӣ


Низомии Ганҷавӣ, (форсӣ: نظامی گَنْجوی) ки номи пуррааш Илёс ибни Юсуф ибни Закӣ ибни Муайяд (ваф. 606 ҳ.қ.) аст. Шоири достонсарои форсизабони аҳли Эрон ва аз рукнҳои шеъри форсӣ аст, ки дар бораи ҳазрати Алӣ (а) низ шеърҳо навиштааст.

Ганҷавӣ дар улуми замони худ аз қабили фалсафа, нуҷум, ҳадис, тафсир ва фиқҳ устод буда, ашъораш мавзӯъҳои фалсафӣ, ирфонӣ ва гоҳе сиёсӣ доранд. Дар ашъораш Пайғамбар (с)-ро маъсуму бегуноҳ дониста, ба ӯ тавассул намуда, шафоати ӯро дархост кардааст.

Низомӣ дар ашъори худ низ се халифаро ситоиш кардааст, вале мақоми Имом Алӣ (а)-ро аз онҳо болотар медонад. Бархе мутарҷимон ӯро шиае медонанд, ки дар ҳоли тақия будааст. Аз сӯи дигар, Қозӣ Нуруллоҳи Шуштарӣ, ки як диншиноси шиа буд, ӯро ашъаримазҳаб ва моил ба тасаввуф медонист.

Китоби ӯ «Панҷ ганҷ» ё «Хамсаи Низомӣ» аст, ки панҷ маснавиро бо номҳои «Махзан-ул-асрор», «Хисрав ва Ширин», «Лайлию Маҷнун», «Ҳафт пайкар» ва «Искандарнома» дарбар мегирад. Девонеро низ барои ӯ зикр кардаанд.

Ҷойгоҳ

Низомии Ганҷавӣ шоири достонсарои форсигӯй[1] ва аз рукнҳои шеъри форсӣ аст,[2] ки ба улуми ақлие монанди: фалсафа, мантиқ, риёзиёт, нуҷум ва улуми нақлие монанди ҳадис, Қуръон ва фиқҳ низ ошно будааст.[3]

Осори Низомӣ дорои мазмунҳои ирфонӣ ва фалсафӣ аст.[4] Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ, шоир ва суфии қарни нуҳуми қамарӣ, сурудаҳои Низомиро кашфи ҳақоиқу маориф донистааст.[5]

Низомӣ ашъоре дар бораи Имом Алӣ (а) сурудааст.[6] Баъзе аз олимони шиа монанди, Муллосадро,[7] Файзи Кошонӣ[8] ва Муллоҳодии Сабзаворӣ[9] ашъори ахлоқӣ, фалсафӣ ва ирфонии ӯро дар осори худ ба кор бурда ва Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ, файласуф ва орифи шиа, ӯро ориф хондааст.[10]

Рӯзи 21-уми исфанд (баробар бо 11-уми март) дар тақвими расмии Эрон, рӯзи бузургдошти Низомӣ номгузорӣ шудааст.[11] Баъзе аз шеърҳои ӯ, аз ҷумла шеъре бо матлаъи «Эй номи ту беҳтарин сароғоз»,[12] дар китобҳои дарсии омӯзиш ва парвариши Эрон омадааст.[13]

Зиндагинома

Илёс ибни Юсуф ибни Закӣ ибни Муайяд[14] Мутарразӣ,[15] мулаққаб ба Низомиддин, мутахаллис ба Низомӣ[16] ва маъруф ба Низомии Ганҷавӣ[17] аст. Барои таърихи вилодати ӯ таърихҳои мухталифе аз ҷумла 520 ё 551 ҳиҷрии қамарӣ зикр шудааст.[18]

Давлатшоҳи Самарқандӣ - тароҷумнигори қарни нуҳуми қамарӣ, ӯро мутаваллиди Ганҷа (шаҳре дар кишвари Озарбойҷон, ки бахше аз хоки Эрони он замон буд[19]) дониста,[20] аммо ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ - тароҷумнигори шиа, асли ӯ аз Тафриш, шаҳре наздики Арок буда, вале дар Ганҷа рушд ёфтааст.[21] Низомӣ дар чандин мадхал аз донишномаи Британика (Encyclopedia Britannica) «шоири эронӣ» муаррифӣ шудааст.[22]

Ӯро шоире зоҳидпешаю гӯшагир тавсиф кардаанд, ки бо шоҳони асри худ иртиботи наздике надошт,[23] вале мавриди эҳтироми онҳо буд.[24] Саиди Нафисӣ - пажӯҳишгари адабиёти форсӣ, эътиқоди бархе нависандагон ба саидзода будани Низомиро нақд кардааст.[25]

Дар соли вафоти Ганҷавӣ низ ихтилофи назар аст ва аз 576 то 606 ҳиҷрии қамарӣ дар ин бора зикр шудааст.[26] Низомӣ дар Ганҷа даргузашт[27] ва дар ҳамон ҷо дафн шуд.[28]

Мазҳаб

Осори Низомӣ ва ба вижа дебочаҳои онҳо, ҳикоят аз имони амиқи ӯ ба тавҳид, диёнати Ислом ва иродат ба Пайғамбар (с) дорад. Тавваҷуҳи Низомӣ ба мундараҷоти Қуръони Карим қобили инкор нест.[29] Дар бораи мазҳаби Низомии Ганҷавӣ байни тароҷимнигорон ихтилофи назар аст.[30] Муҳаммадшафеъ Ҳусайнии Омилии Қазвинӣ, олими шиаи қарни дувоздаҳуми қамарӣ, ӯро шиа дониста[31] ва Абдураҳим Ақиқии Бахшоишӣ, қуръонпажӯҳ, ӯро ҷузви муфассирони шиа овардааст.[32] Ҳамчунин аз Ҷалолиддини Ҳумоӣ - адиб ва таърихнигор, нақл шудааст, ки вай Низомиро шиа медонист.[33]

Касоне ки Низомиро шиа шуморидаанд, ба ашъоре аз Низомӣ, ки дар мавриди Умар ибни Хаттоб сурудааст, истинод кардаанд, ки ду эҳтимоли тамҷиду мазаммат, дар онҳо вуҷуд дорад, ки бо истидлол ба ин сурудаҳо, Низомӣ, шиаи дар ҳоли тақия дониста шудааст.[34][Ёддошт 1] Ҳамчунин барои исботи ташайюъи Низомӣ, ба сурудаҳои ӯ дар бораи Имом Алӣ (а)[35] истидлол шудааст.[36]

Дар муқобил, Қозӣ Нуруллоҳи Шуштарӣ дар китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ, Низомии Ганҷавиро аз ашоира - яке аз мактабҳои каломии аҳли суннат, шуморидааст.[37] Низомӣ, шеърҳое дар мазаммати Абутолиб падари Имом Алӣ (а) суруда, [Ёддошт 2] ки бархе бо истидлол ба онҳо, эҳтимоли шиа будан ва тақияи ӯро рад кардаанд.[38] Холиқии Мутлақ, пажӯҳишгари адабӣ, дар бораи мазҳаби Низомӣ гуфтааст, ба яқин Низомӣ пайрави мазҳаби ташайюъ набудааст; ҳарчанд дар канори ситоиши хулафои сегона, Имом Алӣ (а)-ро ҳам мадҳ кардааст.[39]

Ганҷавӣ дар яке аз сурудаҳои худ ба ҳаққонияти «чаҳор ёр»-и Пайғамбар (с) гувоҳӣ додааст, [Ёддошт 3] ки баъзе пажӯҳишгарон онро ба маънои қабули хилофати хулафои рошидин донистаанд.[40] Ваҳиди Дастгердӣ пешгоми Низомишиносӣ дар Эрон низ шиа будани Низомиро собит надонистааст; албатта ӯ бар асоси ашъори Низомӣ, [Ёддошт 4] мӯътақид аст, ки вай мақоми илм ва фазли Имом Алӣ (а)-ро бештар аз хулафои сегона медонист.[41]

Низомиро мутамоил ба тасаввуф донистаанд[42] ва Давлатшоҳи Самарқандӣ, тароҷумнигор, ӯро муриди Ахифараҷи Занҷонии Суфӣ [Ёддошт 5] аз машоихи бузурги суфия (ваф.457ҳ.қ.) донистааст.[43]

Андешаҳо

Аз назари каломӣ, баъзе шеърҳои Низомии Ганҷавиро наздик ба ашоира ва бархеро наздик ба мӯътазила ва шиа донистаанд.[44] Ба гуфтаи бархе, Низомӣ муътақид ба тавҳиди афъолӣ буда ва сифоти Илоҳиро монанди Зоти Худо қадим медонистааст.[45] Ӯ дар бораи адли Илоҳӣ ба мутобиқати адли Худо бо афъоли банда эътиқод дошт ва ҳамчун адлия, ҳусун ва қубҳро зотӣ медонист.[46] Низомӣ дар бархе шеърҳои худ руъяти Худоро мумкин ва дар бархеи дигар онро ғайримумкин шуморидааст.[47]

Низомии Ганҷавӣ дар ашъораш, Пайғамбар (с)-ро маъсум дониста,[48] ба ӯ тавассул ҷуста, аз ҳазраташ дархости шафоат кардааст.[49] [Ёддошт 6]

Баъзе пажӯҳишгарон тавсифи Ганҷавӣ аз Пайғамбар (с)-ро бо истилоҳи инсони комил дар ирфони назарӣ як донистаанд.[50] Ӯ Пайғамбар (с)-ро ба хуршед ва дигар мавҷудотро ба нури он ташбеҳ карда[51] ва ӯро иллати офариниши донистааст.[52]

Ашъор дар бораи Имом Алӣ (а)

Низомии Ганҷавӣ, шеърҳое дар бораи Имом Алӣ (а) суруда[53] ва дар яке аз онҳо, ҷойгоҳи шинохти Имом Алӣ (а) ва фарзандони вайро пас аз шинохти Худо ва Пайғамбар (с) донистааст:

Зи баъди маърифати Кирдигори лам язалӣ,
Набӣ шиносаму онгаҳ Алию Оли Алӣ.
Худост он ки тааққул намудани кунҳаш,
Бурун ниҳода қадам аз ҳудуди муҳтамалӣ.
Набист он ки бувад дар мадориси таҳқиқ,
Барӣ китоби камолаш зи нуктаи ҷадалӣ.
Алист он ки гудозад зи барқи лумъаи теғ,
Ҳасудро, ки кунад нақди бутаи дағалӣ.[54]

Осор

Асаре дар бораи меъроҷи Пайғамбар (с) дар нусхае аз китоби Хамсаи Низомӣ, марбут ба қарни ҳаштум/нуҳуми қамарӣ.[55]

Хамсаи Низомӣ ё Панҷ ганҷ, маъруфтарин асари Низомӣ, шомили панҷ маснавии мустақил аст, ки Низомӣ ҳар кадом аз онҳоро ба дархости яке аз подшоҳон ва ҳокимони асри худ сурудааст.[56] Панҷ маснавии Панҷ ганҷ чунин аст:

  • Махзан-ул-асрор, бо мазмунҳои фалсафӣ ва ирфонӣ.[57]
  • Хусраву Ширин, достонии ошиқона бо мазмунҳои сиёсӣ, низомӣ ва ахлоқӣ.[58]
  • Лайлӣ ва Маҷнун, достони ошиқона ва тамсилие бо муҳтавои ирфонӣ.[59]
  • Ҳафт пайкар (Баҳромнома ё ҳафт гунбад), шомили ҳафт афсона бо мавзӯи «инсон ва ҷомеа».[60]
  • Искандарнома, шомили ду бахши шарафнома ва иқболнома бо муҳтавои сиёсӣ, фалсафӣ ва ирфонӣ.[61]

Барои ӯ девони ашъоре низ зикр шудааст, ки бисёре аз сурудаҳои он аз байн рафтааст. Саиди Нафисӣ - пажӯҳишгари адабиёти форсӣ (ваф. 1345ҳ.ш.), бархе аз сурудҳои онро аз миёни китобҳои тароҷумнигорон гирд оварда ва бо номи «Девони қасоид ва ғазалиёти Низомии Ганҷавӣ» чоп кардааст.[62]

Такнигорӣ

Китоби «Низомии Ганҷавӣ», навиштаи Саиди Нафисӣ (ваф. 1345ҳ.ш.) ва китоби «Низомӣ шоири достонсаро», навиштаи Алиакбари Шаҳобӣ, аз ҷумлаи такнигориҳо дар бораи Низомӣ аст.[63] Ҳамчунин Абдулҳусайни Зарринкуб - пажӯҳишгар ва мунтақиди адабӣ, китобе бо номи «Пири Ганҷа дар ҷустуҷӯи нокуҷообод: дар бораи зиндагӣ, осор ва андешаи Низомӣ» нигоштааст.[64]

Китоби «On the Modern Politicization of the Persian Poet Nezami Ganjavi; дар бораи сиёсисозии шоири эронӣ, Низомии Ганҷавӣ дар даврони ҷадид», ба забони англисӣ, навиштаи Сиёвуши Лурнажод ва Алии Дӯстзода аст, ки ба нақди истидлолҳои нависандагони Шуравӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, дар бораи озарбойҷонӣ будани Низомӣ пардохтааст.[65]

Эзоҳ

  1. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.1207.
  2. Барои намуна ниг.: Ризоӣ, «Ҳаким Низомии Ганҷавӣ ва ирфон», саҳ.16; Некубахт, «Баррасии шеваи Саиди Нафисӣ дар нақди Девони Низомии Ганҷавӣ», саҳ.86.
  3. Шаҳобӣ, Шоири достонсаро, чопи Кайҳон, саҳ.31.
  4. Нафисӣ, “Ҳаким Низомии Ганҷавӣ, шарҳи ҳол ва осори ӯ”, саҳ.76.
  5. Ҷомӣ, Нафаҳот-ул-унс, 1337ҳ.ш., саҳ.609.
  6. Барои намуна ниг.: Низомӣ, Девони қасоид ва ғазалиёти Низомии Ганҷавӣ, 1380ҳ.ш., саҳ.349; Низомӣ, Шарафнома, 1335ҳ.ш., саҳ.35.
  7. Садриддини Шерозӣ, Рисолат-ул-усул-ис-салоса, 1387ҳ.ш., саҳ.216 ва 236.
  8. Файзи Кошонӣ, ал-Калимот-ул-макнуна, 1387ҳ.ш., саҳ.285.
  9. Сабзаворӣ, Расоили ҳаким Сабзаворӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.510.
  10. Сабзаворӣ, Шарҳ-ул-манзума, 1369ҳ.ш., поварақӣ, ҷ.2, саҳ.82.
  11. «Ҳадаф аз сабти рӯзи бузургдошти Низомӣ эҷоди наҳзате дар Низомишиносӣ буд», хабаргузории китоби Эрон.
  12. Созмони пажӯҳиш ва барномарезии омӯзишӣ, форсии пояи ҳафтуми давраи аввали мутавассита, 1400ҳ.ш., саҳ.9.
  13. Барои намуна ниг.: Созмони пажӯҳиш ва барномарезии омӯзишӣ, форсии шашуми дабистон, 1399ҳ.ш., саҳ.30; Созмони пажӯҳиш ва барномарезии омӯзишӣ, форсии пояи ҳафтуми давраи аввали мутавассита, 1400ҳ.ш., саҳ.9.
  14. Нафисӣ, “Ҳаким Низомии Ганҷавӣ, шарҳи ҳол ва осори ӯ”, саҳ.67.
  15. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.1207.
  16. Бурқаъӣ, Роҳнамои донишваро дар забти номҳо, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.195.
  17. Ҳидоят, Маҷмаъ-ул-фусаҳо, 1382ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.2206.
  18. Занҷонӣ, «Таърихи вилодат ва вафоти Низомии Ганҷавӣ», саҳ.875 - 878.
  19. Муҳсинӣ, «Бархӯрди оро ва андешаҳо», саҳ.102.
  20. Самарқандӣ, Тазкират-уш-шуъаро, 1382ҳ.ш., саҳ.128.
  21. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариа, 1403ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.1207.
  22. Барои намуна ниг.: Gäncä", Britannica; "Taceddin Ahmedi", Britannica; "Amīr Khosrow", Britannica.
  23. Бурқаъӣ, Роҳнамои донишваро дар забти номҳо, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.195.
  24. Нафисӣ, “Ҳаким Низомии Ганҷавӣ, шарҳи ҳол ва осори ӯ”, саҳ.75.
  25. Нафисӣ, “Ҳаким Низомии Ганҷавӣ, шарҳи ҳол ва осори ӯ”, саҳ.68.
  26. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариа, 1403ҳ.қ., поварақӣ, ҷ.9, саҳ.1207.
  27. Мусоҳиб, Доират-ул-маорифи форсӣ, 1380ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.3036.
  28. Самарқандӣ, Тазкират-уш-шуаро, 1382ҳ.ш., саҳ.131.
  29. Холиқии Мутлақ, «Низомии Ганҷавӣ», саҳ.307 то 309.
  30. Шаҳобӣ, Шоири достонсаро, чопи Кайҳон, саҳ.49.
  31. Ҳусайнӣ Омилии Қазвинӣ, Маҳофил-ул-муъминин фи зайли маҷолис-ил-муъминин, 1383ҳ.ш., саҳ.311.
  32. Ақиқии Бахшоишӣ, Табақоти муфассирони шиа, 1382ҳ.ш., саҳ.499.
  33. «Доктори Вилоятӣ: Мавлавӣ, Ҳофиз ва Саъдӣ шиа буданд», пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  34. Ниг.: Шаҳобӣ, Шоири достонсаро, чопи Кайҳон, саҳ.49.
  35. Барои намуна ниг.: Низомӣ, Девони қасоид ва ғазалиёти Низомии Ганҷавӣ, 1380ҳ.ш., саҳ.349; Низомӣ, Шарафнома, 1335ҳ.ш., саҳ.35.
  36. Ниг.: Ваҳиди Дастгердӣ, “Ҳаким Низомии Ганҷавӣ”, саҳ.145.
  37. Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.275.
  38. Шаҳобӣ, Шоири достонсаро, чопи Кайҳон, саҳ.51.
  39. Холиқии Мутлақ, «Низомии Ганҷавӣ», саҳ.309.
  40. Хотамӣ, “Дидгоҳҳои каломии Низомии Ганҷавӣ”, саҳ.10.
  41. Ваҳиди Дастгердӣ, “Ҳаким Низомии Ганҷавӣ”, саҳ.145.
  42. Шаҳобӣ, Шоири достонсаро, Кайҳон, саҳ.47.
  43. Самарқандӣ, Тазкират-уш-шуъаро, 1382ҳ.ш., саҳ.128.
  44. Хотамӣ, “Дидгоҳҳои каломии Низомии Ганҷавӣ”, саҳ.7.
  45. Хотамӣ, “Дидгоҳҳои каломии Низомии Ганҷавӣ”, саҳ.6.
  46. Хотамӣ, “Дидгоҳҳои каломии Низомии Ганҷавӣ”, саҳ.8.
  47. Хотамӣ, “Дидгоҳҳои каломии Низомии Ганҷавӣ”, саҳ.7.
  48. Хотамӣ, “Дидгоҳҳои каломии Низомии Ганҷавӣ”, саҳ.10.
  49. Иброҳимӣ ва Мусавӣ, «Таҳлили сохтор ва мазмуни тавассул дар ашъори Низомии Ганҷавӣ бо такя бар Қуръону ҳадис», саҳ.182 - 184.
  50. Қосимии Пуршукӯҳ ва Вафоӣ, “Симои Пайғамбари Акрам (с) ба унвони инсони комил ва камоли инсонӣ дар хамсаи Низомии Ганҷавӣ”, саҳ.1; Фулодӣ, «Симои инсони комил дар ашъори Низомии Ганҷавӣ», саҳ.101.
  51. Қосимии Пуршукӯҳ ва Вафоӣ, “Симои Пайғамбари Акрам (с) ба унвони инсони комил ва камоли инсонӣ дар хамсаи Низомии Ганҷавӣ”, саҳ.14.
  52. Фулодӣ, “Симои инсони комил дар ашъори Низомии Ганҷавӣ”, саҳ.103.
  53. Барои намуна ниг.: Низомӣ, Девони қасоид ва ғазалиёти Низомии Ганҷавӣ, 1380ҳ.ш., саҳ.349; Низомӣ, Шарафнома, 1335ҳ.ш., саҳ.35.
  54. Низомӣ, Девони қасоид ва ғазалиёти Низомии Ганҷавӣ, 1380ҳ.ш., саҳ.349.
  55. " The Khamsah of Nizami: A Timurid Masterpiece ", British Library; «Табдили таърих аз мелодӣ ба шамсӣ», Боҳисоб.
  56. Ҳидоят, Тазкирату риёз-ил-орифин, 1344ҳ.ш., саҳ.241.
  57. Низомӣ, Гузидаи махзан-ул-асрор бо муқаддима ва шарҳи абёт, 1373ҳ.ш., Муқаддима, саҳ.33.
  58. Низомӣ, Гузидаи махзан-ул-асрор бо муқаддима ва шарҳи абёт, 1373ҳ.ш., Муқаддима, саҳ.33.
  59. Низомӣ, Гузидаи махзан-ул-асрор бо муқаддима ва шарҳи абёт, 1373ҳ.ш., Муқаддима, саҳ.34.
  60. Низомӣ, Гузидаи махзан-ул-асрор бо муқаддима ва шарҳи абёт, 1373ҳ.ш., Муқаддима, саҳ.36.
  61. Низомӣ, Гузидаи махзан-ул-асрор бо муқаддима ва шарҳи абёт, 1373ҳ.ш., Муқаддима, саҳ.37.
  62. Низомӣ, Девони қасоид ва ғазалиёти Низомии Ганҷавӣ, 1380ҳ.ш., саҳ.211 - 217.
  63. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариа, 1403ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.195.
  64. Зарринкуб, Пири Ганҷа дар ҷустуҷуи нокуҷообод, 1372ҳ.ш., шиносномаи китоб.
  65. Lornejad, Siavash and Ali Doostzadeh, On the Modern Politicization of the Persian Poet Nezami Ganjavi, 2012, Book Introduction.

Ёддошт


Сарчашма


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found