Намози даҳаи аввали зилҳаҷҷа

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Намози зилҳаҷҷа)

Намози даҳаи аввали зилҳаҷҷа (форсӣ: نماز دهه اول ذی‌الحجه) ду ракаат намози мустаҳаб аст, ки дар даҳ шаби аввали моҳи зилҳаҷҷа хонда мешавад. Дар ин намоз пас аз сураи Ҳамд ва Ихлос ояти 142 сураи Аъроф хонда мешавад. Ояти мазкур ба миқоти чиҳилрӯзаи ҳазрати Мӯсо дар Тури Сино барои гирифтани алвоҳ ишора дорад, ки даҳ рӯзи поёнии он ҳамзамон бо даҳаи аввали зилҳаҷҷа будааст. Бар асоси ривоят касе ки дар даҳаи аввали зилҳаҷҷа ин намозро бихонад, дар савоби ҳоҷиён шарик хоҳад буд.

Чигунагии адои намоз

Намози даҳаи аввали зилҳаҷҷа дар даҳ шаби аввали ин моҳ байни намози шом ва хуфтан хонда мешавад.[1] Ин намоз ду ракаат аст. Дар ҳар ракаат баъд аз сураи Ҳамд ва сураи Ихлос, ояти «وَ واعَدْنا مُوسی‏ ثَلاثِینَ لَیلَةً وَ أَتْمَمْناها بِعَشْرٍ فَتَمَّ مِیقاتُ رَبِّهِ أَرْبَعِینَ لَیلَةً وَ قالَ مُوسی‏ لِأَخِیهِ هارُونَ اخْلُفْنِی فِی قَوْمِی وَ أَصْلِحْ وَ لا تَتَّبِعْ سَبِیلَ الْمُفْسِدِینَ»[2] хонда мешавад.[3] Ин намоз дар Мафотиҳ-ул-ҷинон дар бахши аъмоли моҳи зилҳаҷҷа зикр шудааст.[4]

Ояти мазкур ба миқоти чиҳилрӯзаи Мӯсо дар Тури Сино барои гирифтани алвоҳ ишора дорад. Дар ин муддат бародараш Ҳорун ба унвони ҷонишини ӯ дар миён Банӣ Исроил буд.[5] Бар асоси ин оят, Мӯсо ибтидо 30 шаб дар Тури Сино монад, сипас 10 шаби дигар ба он изофа шуд.[6] Дар бархе ривоёт 30 шаб ба моҳи зилқаъда ва 10 шаби дигар ба даҳаи аввали зилҳаҷҷа тафсир шудааст.[7]

Подош ва санад

Бар пояи ривояте ки дар китоби Иқбол-ул-аъмол нақл шуда, Имом Боқир (а) ба фарзандаши Имом Содиқ (а) супориш карда ки ин намозро дар даҳаи аввали зилҳаҷҷа тарк накунад, чаро ки агар онро дар ин даҳа бихонад дар савоби ҳоҷиён шарик хоҳад буд, ҳарчанд ки ба ҳаҷ нарафта бошад.[8] Сайид ибни Товус ин матлабро аз китоби Ибни Ушнос нақл кардааст.[9] Бинобар он чи дар китоби Васоил-уш-шиа омада номи китоби Ибни Ушнос «Амали зилҳаҷҷа» будааст.[10]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1384ҳ.ш., зайли «Аъмоли моҳи зилҳаҷҷа», саҳ.401
  2. "Ва воадно Мусо салосина лайлатан ва атмамноҳо биашр фатамма миқоту раббиҳи арбаина лайлатан ва қола Мусо ли ахиҳи Ҳорунахлуфни фи қавми ва аслиҳ ва ло таттабиъ сабил-ал-муфсидин" Сураи аъроф, ояти 142
  3. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1384ҳ.ш., зайл «Аъмоли моҳи зилҳаҷҷа», саҳ.401
  4. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1384ҳ.ш., зайл «Аъмоли моҳи зилҳаҷҷа», саҳ.401
  5. Ниг.: Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.239
  6. Сураи Аъроф, ояти 142
  7. Барои намуна ниг.: Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.239
  8. Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.317
  9. Сайиди ибни Товус, ал-Иқбол, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.317
  10. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.183

Сарчашма

  • Қумӣ, Аббос, Куллиёти Мафотиҳ-ул-ҷинон, тарҷума: Илоҳии Қумшаӣ, хушнивисии Аҳмади Сабрӣ, Қум, матбуоти динӣ, 1384ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, тасҳеҳи Таййиб Мӯсавии Ҷазоирӣ, Қум, Дор-ул-китоб, 1404ҳ.қ.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мӯсо, ал-Иқболу билаъмол, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, чопи дуввум, 1409ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиаи ило таҳсили масоил-иш-шариъа, Қум, муассисаи Олулбайт, чопи сеюм, 1416ҳ.қ.