Омина бинти Ваҳб

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Модари Расули Худо)
Омина бинти Ваҳб
Насабқабилаи Қурайш
ЗодгоҳМакка
Маҳалли дафнАбво - дар наздикии Мадина
ХешовандонАбдуллоҳ ибни Абдулмутталиб (ҳамсар)


Омина бинти Ваҳб (арабӣ: آمِنة بنت وَهْب) (ваф.46 қабл аз ҳиҷрат/576м) модари Пайғамбари Акрам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва ҳамсари Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб буд. Омина, дар соли ҳафтуми баъд аз омулфил, фарзандаш, Муҳаммадро барои зиёрати қабри падараш, Абдуллоҳ ва низ дидор бо тағоиҳои Абдуллоҳ, ки аз Банӣ Наҷҷор буданд, ба Мадина бурд. Дар бозгашт аз ин сафар, дар маҳалле ба номи «Абвоъ» дар наздикӣ Мадина даргузашт ва ҳамонҷо дафн шуд.

Олимони шиа бар имон доштани Омина ва аҷдоди Пайғамбар (с) иттифоқи назар доранд ва дар посухи мункирони имони ӯ ба гузоришҳои таърихие истинод мекунанд, ки бар асоси онҳо Пайғамбар қабри модарашро дар Абвоъ зиёрат мекардааст.

Китоби «Умм-ун-набӣ (с)» навиштаи Бинтушшотӣ, зиндагиномаи ҳазрати Омина аст. Ин китоб ба забони арабӣ навишта шуда ва бо номи «Омина, модари Пайғамбар (с)» ба форсӣ тарҷума шудааст.

Зиндагинома

Омина аз занони қабилаи Қурайш аст: падараш, Ваҳб, бузурги тираи Банӣ Зуҳра аз тираҳои Қурайш буд. Модараш, Барра бинти Абдулъуззо (Барра духтари Абдулъуззо) низ қурайшӣ буд.[1] Аз зиндагии Омина пеш аз издивоҷ бо Абдуллоҳ иттилооти чандоне дар даст нест; ҳарчанд ки гуфта шудааст ӯ дар Макка ба дунё омадааст.[2] Ӯ 54 ё 53 сол қабл аз ҳиҷрат бо Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб издивоҷ кард.[3] Маросими арӯсии он ду, се шабонарӯз идома ёфт ва дар ин муддат Абдуллоҳ ба расми қабилаӣ дар хонаи арӯс иқомат кард.[4]

Даргузашти ҳамсар

Абдуллоҳ чанд рӯз пас аз издивоҷ бо Омина, ба сафари тиҷорӣ рафт ва дар роҳи бозгашт, дар Ясриб аз дунё рафт.[5] Ӯ як сол пас аз моҷарои забҳ, бо Омина издивоҷ карда буд.[6] Абдулмутталиб назр карда буд, агар Худованд даҳ писар ба ӯ бидиҳад, даҳумиро қурбонӣ мекунад, аммо саранҷом ба ҷои қурбонӣ кардани Абдуллоҳ, сад шутурро қурбонӣ кард.[7] Бархе гузоришҳои таърихӣ, даргузашти Абдуллоҳро андаке пас аз вилодати Расули Худо (с) донистаанд.[8]

Таваллуди Муҳаммад

Омина пас аз таваллуди Муҳаммад, ӯро ба Ҳалимаи Саъдия супорид.[9] Бинобар назари машҳури шиа, Омина дар 17 рабиъулаввали омулфил, Пайғамбар (с)-ро ба дунё овард, вале машҳури олимони аҳли суннат замони вуқуъи ин рӯйдодро 12 рабиъулаввал донистаанд.[10] Ба гузориши Ибни Ҳишом (ваф.213 ё 218ҳ.қ.) дар ас-Сират-ун-набавия, чун Муҳаммад ятим буд, касе сарпарастиашро қабул намекард; Ҳалимаи Саъдия низ ба ҳамин далел ибтидо доягии ӯро қабул накард, аммо ҳангоме, ки дид сарпарастии кӯдаки дигаре насибаш намешавад, сарпарастии ӯро қабул кард.[11] Ҳалима пас аз ду сол Муҳаммад (с)-ро назди Омина овард, аммо аз он ҷо ки ӯро мояи баракат дида буд, аз Омина хост, ки муддати дигаре Муҳаммад (с)-ро пеши худ нигаҳ дорад.[12] Аз ин рӯ, панҷ солу ду рӯз баъд аз таваллуди Муҳаммад (с), дар соли шашуми пас аз омулфил, ӯро ба модараш баргардонд.[13]

Вафот

Қабри Омина модари ҳазрати Муҳаммад (с) дар Абвоъ

Омина, дар соли ҳафтуми баъд аз омулфил, фарзандаш, Муҳаммадро барои зиёрати қабри Абдуллоҳ ва низ дидор бо тағоиҳои Абдуллоҳ, ки аз Банӣ Наҷҷор буданд, ба Мадина бурд ва бинобар қавли машҳур, дар роҳи бозгашт аз Мадина дар Абвоъ аз дунё рафт[14] ва дар ҳамон ҷо дафн шуд[15] ва бино ба нақли дигаре дар Макка даргузашт ва дар шиъби Дуб (қабристони Маълот) дафн шуд.[16] Яъқубӣ, таърихнигори қарни сеюми қамарӣ, даргузашт ӯро дар 30 солагӣ донистааст.[17]

Бино ба гуфтаи Муҳаммад ибни Умари Воқидӣ (ваф.207 ё 209ҳ.қ.), замоне, ки Қурайш барои хунхоҳии куштагони Бадр қасди Мадина карданд ва ба Абвоъ расида, қабри Оминаро диданд, гурӯҳе аз онон тасмим ба набши қабр гирифтанд, вале пас аз машварати Абусуфён бо соҳибназарони Қурайш, аз ин кор худдорӣ карданд.[18] Ҳамчунин нақл шудааст, ки Пайғамбар, қабри модарашро дар Абвоъ зиёрат мекардааст.[19] Аз ҷумла Пайғамбар (с) дар воқеаи Ҳудайбия бар сари қабри модар ҳозир шуда, бар ӯ гиря кард.[20]

Бо ин ҳол, қабре дар қабристони Ҳаҷуни Макка низ ба ӯ мансуб аст.[21] Гуфта шудааст, қабри ӯ дар Абвоъ ва қабри мансуб ба ӯ дар Макка аз замони ҳукумати усмонӣ дорои буқъа буда ва баъдҳо вайрон шудааст.[22]

Имон

Муҳаммадиброҳими Оятӣ (ваф.1343ҳ.ш.) таърихнигори муосир, мӯътақид аст ҳамаи олимони шиа, дар бораи имони Омина бинти Ваҳб, Абутолиб, Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ва аҷдоди Расули Худо то Одам (а), ҳамназаранд.[23] Ҳамчунин тибқи ривояте, ки дар ал-Кофӣ омадааст, оташи ҷаҳаннам бар аҷдоди Пайғамбар, падару модараш ва касе ки ӯро сарпарастӣ кардааст (Абутолиб), ҳаром аст.[24]

Аз назари гурӯҳе аз олимони аҳли суннат, волидайн ва аҷдоди Пайғамбар (с) мушрик будаанд: Ҷалолиддини Суютӣ, муффасири аҳли суннати қарни нуҳуми қамарӣ, бо истинод ба ду ривоят дар бораи шаъни нузули оёти 113 ва 114 сураи Тавба, ба мушрик будани модари Пайғамбар (с) ҳукм кардааст.[25]

Аллома Аминӣ, олими шиа, шаъни нузули оёти мазкурро ба нақл аз Имом Алӣ (а) дар робита бо саҳобае донистааст, ки барои падару модари мушрики худ истиғфор мекардаанд ва аз назари ӯ ин оят рабте ба истиғфор барои Абутолиб ё Омина надорад.[26] Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, бархе аз муффасирон ҳамчун Табарӣ[27] омурзишхоҳӣ дар ин оётро ба намоз хондан бар мурда, тафсир кардаанд.[28] Аллома Аминӣ эҳтимоли сохтагӣ будани ин ривоёт ва мувассақ набудани ровиёни онҳоро низ матраҳ кардааст.[29]

Шайх Аббоси Қумӣ, бо истинод ба ояти 84 сураи Тавба ки Пайғамбарро аз намоз хондан бар мурдагони мушрикон ва истодан бар сари қабри онон наҳй кардааст, мушрик будани волидайни Пайғамбарро рад карда, чароки Пайғамбар қабри падару модари худро зиёрат менамудааст.[30]

Такнигорӣ

Китоби «Умм-ун-набӣ (с)» ба забони арабӣ дар бораи зиндагии ҳазрати Омина аст, ки нависандаи муосири мисрӣ, Оиша Бинтушшотӣ (тав.1331ҳ.қ./1913м.) онро навишта аст.[31] Китоби Умм-ун-набӣ аз китобҳои маҷмуъаи «Тароҷуму сайидоти байт-ин-нубувват» аст, ки Бинтушшотӣ дар бораи занони хонадони Пайғамбар мунташир кардааст.[32] Сайидмуҳаммадтақии Саҷҷодӣ китоби Умм-ун-набиро бо номи «Омина модари Пайғамбар (с)» ба форсӣ тарҷума кардааст, ки нахустин бор дар соли 1359ҳ.ш., чоп шуда ва дар соли 1379ҳ.ш., низ дубора чоп шудааст.[33] Ҳамчунин Аҳмад Содиқии Ардистонӣ китоби мазкурро бо унвони «Омина, модари Пайғамбар (с)» тарҷума кардааст, ки интишороти Бустони китоб онро дар соли 1394ҳ.ш., чоп намудааст.[34]

Эзоҳ

  1. Нигоҳ кунед ба: Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.5 - 6.
  2. Бинтушшотӣ, Омина модари Пайғамбар, 1379ҳ.ш., саҳ.74.
  3. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, 1375ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.156.
  4. Нувайрӣ, Ниҳоят-ул-араб, Дорулкутуб ва-л-васоиқ-ул-қавмия, ҷ.16, саҳ.57.
  5. Зарқонӣ, Шарҳ-ул-мавоҳиб-ид-диния, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.207 - 206.
  6. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.9.
  7. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, 1375ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.151 - 155.
  8. Нигоҳ кунед ба: Оятӣ, Таърихи Пайғамбари Ислом, 1378ҳ.ш., саҳ.41.
  9. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, 1375ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.162 - 163.
  10. Нигоҳ кунед ба: Оятӣ, Таърихи Пайғамбари Ислом, 1378ҳ.ш., саҳ.43.
  11. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, 1375ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.162 - 163.
  12. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, 1375ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.164 - 163.
  13. Ибни Абдулбар, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.29.
  14. Нигоҳ кунед ба: Ибни Абдулбар, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30.
  15. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.13.
  16. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.22.
  17. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.10.
  18. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.206.
  19. Муҳаддиси Қумӣ, Сафинат-ул-биҳор, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.171.
  20. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.94.
  21. Курдӣ, ат-Таърих-ут-тақвим, ҷ.1, саҳ.74, ба нақл аз Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1382ҳ.ш., саҳ.392.
  22. Курдӣ, ат-Таърих-ут-тақвим, ҷ.1, саҳ.74, ба нақл аз Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1382ҳ.ш., саҳ.392.
  23. Оятӣ, Таърихи Пайғамбари Ислом, 1378ҳ.ш., саҳ.42.
  24. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1388ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.446.
  25. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.283 ва 284.
  26. Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.27.
  27. Нигоҳ кунед ба: Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, Бейрут, ҷ.11, саҳ.33.
  28. Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.27.
  29. Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.18 - 19.
  30. Муҳаддиси Қумӣ, Сафинат-ул-биҳор, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.171.
  31. Саҷҷодӣ, Омина модари Пайғамбар, 1379ҳ.ш., муқаддимаи чопи сеюм.
  32. Бинтушшотӣ, Тароҷиму сайидоти байт-ин-нубувват, 1407ҳ.қ.
  33. Саҷҷодӣ, Омина модари Пайғамбар, 1379ҳ.ш., муқаддимаи чопи сеюм.
  34. «همزمان با اکران فیلم محمد رسول‌الله(ص): کتاب « آمنه مادر پیامبر(ص)» توسط بوستان کتاب منتشر شد», хабаргузории ИКНА

Сарчашма

  • «همزمان با اکران فیلم محمد رسول‌الله(ص): کتاب « آمنه مادر پیامبر(ص)» توسط بوستان کتاب منتشر شد», хабаргузории ИКНА, санаи нашр: 8 шаҳривари 1394ҳ.ш.
  • Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир фи-л-китоби ва-с-суннати ва-л-адаб, Қум, маркази ал-Ғадир ли-д-диросот-ил-исломия, 1416ҳ.қ.
  • Бинтушшотӣ, Оиша Абдурраҳмон, Омина модари Пайғамбар (с): тарҷумаи Умм-ун-набӣ, тарҷумаи Сайидмуҳаммадтақии Саҷҷодӣ, Теҳрон, муассисаи интишороти Набавӣ, 1379ҳ.ш.
  • Бинтушшотӣ, Оиша, Омина модари Пайғамбар (с), тарҷумаи Муҳаммадтақии Саҷҷодӣ, Теҳрон, муассисаи интишороти Набавӣ, 1379ҳ.ш.
  • Бинтушшотӣ, Оиша, Тароҷиму сайидоти байт-ин-нубувват: алмуҷаллад-ул-ҷомеъ, Қоҳира, Дорурраён литтурос, 1407ҳ.қ./1987м.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, таҳқиқи Морседен Ҷонс, Бейрут, муассисаи ал-Аъламӣ, 1989м./1409ҳ.қ.
  • Зарқонӣ, Муҳаммад ибни Абдулбоқӣ, Шарҳи ал-Аллома аз-Зарқонӣ ала-л-мавоҳиб-ид-диниая би-л-манҳ-ил-Муҳаммадия, тасҳеҳи Муҳаммад Абдулазиз Холидӣ, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Абдулбар, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад Баҷовӣ, Бейрут, Дорулҷил, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорулфикр, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорулкутуб-ил-илмия, 1410ҳ.қ./1990м.
  • Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, таҳқиқи Иброҳим ал-Абёрӣ ва Мустафо Саққоъ ва Абдулҳафиз аш-Шилбӣ, Миср, Ширкатун мактабат ва матбаъату Мустафо Албобӣ, 1375ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1388ҳ.қ.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ бимо ли-н-набийи мин-ал-аҳволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, таҳқиқи Муҳаммад Абдулҳамид ан-Намисӣ, Бейрут, Дорулкутубил-илмия, 1420ҳ.қ./1999м.
  • Муҳаддиси Қумӣ, Аббос, Сафинат-ул-биҳор, Қум, Усва, 1414ҳ.қ.
  • Нувайрӣ, Аҳмад ибни Абдулваҳҳоб, Ниҳоят-ул-араб фи фунун-ил-адаб, Қоҳира, Дорулкутуб ва-л-васоиқ-ил-қавмия, бе то.
  • Оятӣ, Муҳаммадиброҳим, Таърихи Пайғамбари Ислом, таҷдиди назару изофат аз Абулқосими Гурҷӣ, Теҳрон, интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1378ҳ.ш.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсири би-л-маъсур, Қум, китобхонаи оятуллоҳи Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорулмаърифат.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абуяъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, Бейрут, бе то.
  • Ҷаъфариён, Расул, Осори исломии Макка ва Мадина, Теҳрон, Машъар, 1382ҳ.ш.