Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ
Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ (форсӣ: مجمع جهانی تقریب مذاهب اسلامی) созмоне ғайридавлатӣ, муташаккил аз гурӯҳе аз олимони динии ҷаҳони Ислом ки бо ҳадафи тақриби мазоҳиби исломӣ шакл гирифтааст. Ин ташкилот дар соли 1369ҳ.ш/1990 ба дастури Оятуллоҳ Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, таъсис шуд.
Маҷмаъи тақриб аз се рукни маҷмаъи умумӣ, шӯрои олӣ ва дабири кул ташкил шудааст. Аъзои шӯрои олӣ ва дабири кулли ин маҷмаъро раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон мансуб мекунад. Маркази ин ташкилот дар Эрон қарор дорад ва Ҳамиди Шаҳриёрӣ дабири кулли он аст.
Таъсис
Дар соли 1369ҳ.ш./1990, пас аз баргузарии чорумин Конфаронси ваҳдати исломӣ бо ҳузури ҷамъе аз андешмандони ҷаҳони Ислом дар Теҳрон баргузор шуд ـ ба дастури Оятуллоҳ Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ роҳандозӣ шуд.[1]
Аҳдоф
Ба навиштаи вебгоҳи Маҷмаъи ҷаҳонии тақриб, аҳдофи ин созмон ба шарҳи зер аст:
- Эҳё ва густариши фарҳангу маорифи исломӣ ва дифоъ аз ҳарими Қуръони карим ва суннати Пайғамбари акрам (с);
- Ошноӣ ва ҳамдигарфаҳмии бештари байни уламо, мутаффакирон ва пешвоёни мазҳабии ҷаҳони Ислом дар заминаҳои эътиқодӣ, фиқҳӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ;
- Густариши андешаи тақриб байни андешмандону фарҳехтагони ҷаҳони Ислом ва интиқоли он ба тӯдаҳои мусулмон ва огоҳ кардани онон аз тавтеъаҳои тафриқаангези душманон;
- Таҳкиму ишоъаи асли иҷтиҳоду истинбот дар мазоҳиби исломӣ;
- Ҳамоҳангӣ ва ташкили ҷабҳаи воҳид дар муқобили тавтеъаҳои таблиғотӣ ва таҳоҷуми фарҳангии душманони Ислом бар асоси усули мусаллами исломӣ;
- Рафъи бадбиниҳо ва бартараф кардани шубаҳоти байни пайравони мазоҳиби исломӣ.[2]
Сохтор
Аркони маҷмаъи тақриб иборат аст аз:
Маҷмаи умумӣ
Аъзои маҷмаи умумиро Шӯрои олии маҷмаъ, аз миёни уламо ва мутаффакирони мазоҳиби исломии ҷаҳон, ки мувофиқи тақриби мазоҳиби исломӣ ҳастанд, барои муддати шаш сол интихоб мекунад.[3] Маҷмаъи умумӣ дорои комитетҳои ақаллиятҳои мусулмон, таблиғот, чолишҳои фарорӯи уммати исломӣ ва занону нақши онон дар тақриб мазоҳиб аст.[4]
Шӯрои олӣ
Аъзои Шӯрои олии маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ тавассути раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, аз миёни уламо, мутаффакирон ва шахсиятҳои мазоҳиби исломӣ барои муддати шаш сол мансуб мешаванд.[5]
Аъзои Шӯрои олӣ
Аъзои давраи кунунии Шӯрои олии маҷмаъи тақриб иборатанд аз:
- Муҳсини Арокӣ (Эрон)
- Муҳаммадисҳоқи Маданӣ (Эрон)
- Абдуллоҳодӣ Ованг (Малайзия)
- Аҳмад Муҳаммад аш-Шомӣ (Яман)
- Абдукарим Беозори Шерозӣ (Эрон)
- Сайид Ҳасани Раббонӣ (Эрон)
- Аҳмад ибни Ҳамид ал-Халилӣ (Умон)
- Абдурраҳим Алӣ (Судон)
- Муҳаммад Салим ал-Аво (Миср)
- Муҳаммадҳасани Ахтарӣ (Эрон)
- Маҳмуд Муҳаммадии Ироқӣ (Эрон)
- Сайид Соҷид Алӣ Нақавӣ (Покистон)
- Муҳаммад ал-Осӣ (ноиби раис) (Амрико)
- Сайид Мӯсо Мӯсавӣ (Эрон)
- Муҳсини Қумӣ (Эрон)
- Муҳаммадбоқири Хуррамшод (Эрон)
- Назир Аҳмади Саломӣ (Эрон)
- Абдурраҳмони Худоӣ (Эрон)[6]
Албата бархе аз аъзои Шӯрои олии маҷмаъи ҷаҳонии тақриб аз ҷумла Маҳмадалии Тасхирӣ, Муҳаммад Воиззодаи Хуросонӣ, Муҳаммадосифи Муҳсинӣ, Аббосалии Сулаймонӣ аз дунё рафтаанд.
Дабири кул
Дабири кул, олитарин масъӯли иҷроии Маҷмаъ тақриб аст, ки бо пешниҳоди Шӯрои олӣ, тавассути раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, ба муддати чор сол мансуб мешавад. Муҳаммади Воиззодаи Хуросонӣ[7] (аз 1369ҳ.ш. то 1380ҳ.ш.), Маҳмадалии Тасхирӣ[8] (аз 1380ҳ.ш. то 1391ҳ.ш.) ва Муҳсини Арокӣ (аз 1391 то 1398ҳ.ш.) дабири кулли Маҷмаъи ҷаҳонии тақриб буданд.[9] Аз 24 озари 1398ҳ.ш. Ҳамиди Шаҳриёрӣ ин мансабро дар ихтиёр дорад.[10]
Фаъолиятҳоу марокизи вобастаи
Маҷмаи тақриб дар заминаҳои омӯзишӣ, пажӯҳишӣ ва иттилоърасонӣ дар мавзуоти тақрибӣ фаъолият дорад. Бархе аз фаъолиятҳо ва марокизи вобаста ба он иборатанд аз:
- Баргузарии ҳамоишҳо ва конфренсияҳои байналмилалии тақрибӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон;[11] аз ҷумла баргузарии конфренсияи байналмилалии ваҳдати исломӣ ки ҳарсола аз 12 то 17 рабиулаввал ҳамзамон бо Ҳафтаи ваҳдат баргузор мешавад. Дар конфренсияи ваҳдати уламо ва мутаффакирони шиа ва аҳли суннат аз манотиқи мухталифи Эрон ва ҷаҳон ширкат мекунанд.[12]
- Донишгоҳи мазоҳиби исломӣ. Ин донишгоҳ бо ҳадафи омӯзиши ҳамаи мазоҳиби фиқҳӣ ва ҳуқуқии исломӣ ба сурати татбиқӣ таъсис шудааст.[13] Бинои марказии он дар Теҳрон аст ва шуъбаҳое дар Зоҳидон, Санандаҷ ва Бандараббос дорад.
- Пажӯҳишгоҳи мутолиоти тақрибӣ. Ин пажӯҳишгоҳ дорои се пажӯҳишкадаи фиқҳу ҳуқуқ, таъриху риҷол ва Қуръону ҳадис аст.[14] Бинои пажӯҳишгоҳ дар шаҳри Қум қарор дорад.
- Интишорот. Интишори маҷаллаҳои Рисолат-ут-тақриб, Рисолат-ул-Ислом, Сақофат-ут-тақриб, Пайки тақриб ва Андешаи тақриб аз маншуроти Маҷмаъи ҷаҳонии тақриб аст.[15] Дар нармафзори осори Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, 126 унвон китоб аз осори маҷмаъ ба забони арабӣ ва форсӣ ироа шудааст.[16]
- Хабаргузории тақриб. Ин хабаргузорӣ бо рӯйкарди тақрибӣ, ахбори марбут ба мавзуоти тақрибии ҷаҳони Исломро ба забонҳои форсӣ, арабӣ, англисӣ, урду ва фаронса пахш мекунад.[17]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ «درباره مجمع», Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ
- ↑ «درباره مجمع», Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ
- ↑ «درباره مجمع», Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ
- ↑ «۱۵۰ سال تلاش برای تقریب مذاهب اسلامی بینالملل», Сайти Мубоҳисот
- ↑ «درباره مجمع», Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ
- ↑ «مجمع تقریب مذاهب بنا به درخواست شیعیان جهان از رهبری، تشکیل شد», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
- ↑ انتصاب شیخ محمد واعظ زاده به سمت دبیرکلی مجمع تقریب بین مذاهب اسلامی, Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ انتصاب حجتالاسلام والمسلمین تسخیری به سمت دبیرکلی مجمع تقریب مذاهب اسلامی, Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ انتصاب حجتالاسلام والمسلمین اراکی به سمت دبیرکلی مجمع تقریب مذاهب اسلامی, Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ انتصاب حجتالاسلام حمید شهریاری به دبیرکلی مجمع تقریب مذاهب اسلامی, Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ فعالیتهای معاونتهای مجمع جهانی تقریب مذاهب اسلامی-معاونت بینالملل, Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ
- ↑ «۱۵۰ سال تلاش برای تقریب مذاهب اسلامی بینالملل», Сайти Мубоҳисот
- ↑ «دانشگاه مذاهب اسلامی», Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ
- ↑ «پژوهشگاه مطالعات تقریبی», Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ
- ↑ «انتشارات مجمع جهانی تقریب», Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ
- ↑ «مجموعه آثار مجمع جهانی تقریب مذاهب اسلامی», Маркази таҳқиқоти кампютерии улуми исломӣ
- ↑ «درباره ما», Хаӣаргузории тақриб
Сарчашма
- «انتصاب شیخ محمد واعظزاده به سمت دبیرکلی مجمع تقریب بین مذاهب اسلامی», Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, мушоҳида 2 озари 1399ҳ.ш.
- «انتصاب حجتالاسلام والمسلمین تسخیری به سمت دبیرکلی مجمع تقریب مذاهب اسلامی», Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, дарҷи матлаб 31 шаҳривари 1380ҳ.ш., мушоҳида 2 озари 1399ҳ.ш.
- «انتصاب حجتالاسلام والمسلمین اراکی به سمت دبیرکلی مجمع تقریب مذاهب اسلامی», Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, дарҷи матлаб 24 тири 1391ҳ.ш., мушоҳида 2 озари 1399ҳ.ш.
- «انتصاب حجتالاسلام حمید شهریاری به دبیرکلی مجمع تقریب مذاهب اسلامی», Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, дарҷи матлаб: 24 озари 1398ҳ.ш., мушоҳида: 2 озари 1399ҳ.ш.
- «۱۵۰ سال تلاش برای تقریب مذاهب اسلامی بینالملل», Мубоҳисот, дарҷи матлаб: 24 озари 1393ҳ.ш., мушоҳида: 2 озари 1399ҳ.ш.
- «درباره ما», Хаӣаргузории тақриб, мушоҳида: 2 озари 1399ҳ.ш.
- «مجمع تقریب مذاهب بنا به درخواست شیعیان جهان از رهبری، تشکیل شد», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ, дарҷи матлаб: 4 дайи 1398ҳ.ш., мушоҳида: 26 обони 1399ҳ.ш.
- «مجموعه آثار مجمع جهانی تقریب مذاهب اسلامی», Маркази таҳқиқоти кампютерии улуми исломӣ, дарҷи матлаб: 1 дайи 1394ҳ.ш., мушоҳида: 2 озари 1399ҳ.ш.
- «انتشارات مجمع جهانی تقریب», Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, мушоҳида: 2 озари 1399ҳ.ш.
- «دانشگاه مذاهب اسلامی», Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, мушоҳида: 2 озари 1399ҳ.ш.
- «درباره مجمع», Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, мушоҳида 2 озари 1399ҳ.ш.
- فعالیتهای معاونتهای مجمع جهانی تقریب مذاهب اسلامی-معاونت بینالملل, Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, мушоҳида: 2 озари 1399ҳ.ш.
- «پژوهشگاه مطالعات تقریبی», Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, мушоҳида: 2 озари 1399ҳ.ш.