Номаҳои кӯфиён ба Имом Ҳусайн (а)
Номаҳои кӯфиён ба Имом Ҳусайн (а), номаҳое, ки аҳолии Кӯфа барои даъват аз Имом Ҳусайн (а) ба Кӯфа ва байъат бо ӯ навиштанд. Ин номаҳо баъд аз он навишта шуд, ки Имом Ҳусайн (а) аз байъат бо Язид худдорӣ кард, аз Мадина хориҷ шуд ва ба Макка рафт. Байни нависандагони номаҳо, номи бархе бузургони шиа монанди Сулаймон ибни Суради Хузоӣ, Ҳабиб ибни Мазоҳир ва Руфоат ибни Шаддод низ вуҷуд дошт.
Номаҳои кӯфиён боис шуд Имом Ҳусайн (а) ба сӯи Кӯфа ҳаракат кунад, аммо бо рӯи кор омадани Убайдуллоҳ ибни Зиёд дар Кӯфа ва саркӯбии мардум ба дасти ӯ, кӯфиён аз ёрии Имом Ҳусайн (а) даст кашиданд ва воқеаи Карбало рух дод. Шайх Аббоси Қумӣ теъдоди номаҳои кӯфиён ба Имом Ҳусайн(а)-ро дувоздаҳ ҳазор донистааст.
Теъдод ва муҳтаво
Пас аз он ки Имом Ҳусайн (а) аз байъат бо Язид худдорӣ кард ва аз Мадина ба Макка рафт, гурӯҳе аз аҳолии Кӯфа ба ӯ нома навиштанд ва аз ӯ даъват карданд, ки ба Кӯфа равад. Гурӯҳе теъдоди номаҳоро 150 нома ва ҳар номаро мутааллиқ ба як, ду ё чаҳор нафар донистаанд. Табарӣ теъдоди номаҳоро 53[Ёддошт 1] ва Балозурӣ ин ададро панҷоҳ маврид донистааст. Дар китоби Луҳуфи Сайид ибни Товус, теъдоди нависандагони номаҳо дувоздаҳ ҳазор нафар омада, ки албатта ҳар номаро чанд нафар имзо карда буд. Шайх Аббоси Қумӣ низ теъдоди номаҳои кӯфиён ба Имом Ҳусайн(а)-ро дувоздаҳ ҳазор донистааст.
Матни бархе аз номаҳо
Номаи нахуст
Ҳангоме, ки Имом Ҳусайн (а) дар Макка буд, гуруҳе аз аҳолӣ дар Кӯфа дар манзили Сулаймони ибни Суради Хузоӣ гирд омаданд. Сулаймон ибни Сурад, худдории Имом Ҳусайн (а) аз байъат бо Язид ва вурудаш ба Маккаро ба итилои ҳозирон расонд ва аз онон хост, ки агар қасди ёрии Имом Ҳусайн(а)-ро доранд ба ӯ хабар диҳанд. Аз ин рӯ, онон дар номае ба Имом Ҳусайн (а) ҳимояти худро эълом карданд:
- بسم اللّه الرحمن الرحیم
- Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
- Ба Ҳусайн ибни Алӣ аз Сулаймони ибни Сурад, Мусайяб ибни Наҷаба, Руфоат ибни Шаддод, Ҳабиб ибни Мазоҳир ва шиаёни ӯ аз муъминон ва мусулмонони Кӯфа.
- Дуруд бар ту, ва мо бо ту сипос мегӯем Худоеро, ки ҷуз ӯ Худое нест.
- Аммо баъд, сипос Худоеро, ки душмани ситамкор ва саркаши туро дар ҳам шикаст; касе ки бар ин уммат ҳамла кард, хилофатро ба яғмо бурд, амволи умматро ғасб кард ва бе ризояти онон фармонравоияшонро ба даст гирифт, он гоҳ некони ононро кушт ва ашрорро боқӣ гузошт ва моли Худоро байни ситамкорону сарватмандон қарор дод. Пас лаънати Худованд бар ӯ бод, ҳамчунонки қавми Самуд ба лаънат гирифтор шуданд.
- Ҳамоно мо пешвое надорем, пас ба сӯи мо биё, шояд ки Худованд моро ба василаи ту бар гирди ҳақ ҷамъ оварад. Нуъмон ибни Башир дар кохи иморат аст ва мо, на дар ҷумъаҳо бо ӯ намоз мехонем ва на, дар ид бо ӯ берун меравем. Ҳар гоҳ ба мо хабар расад, ки ту ба сӯи мо омадаӣ, мо ӯро аз шаҳр берун мекунем, то ин ки ӯро ба Шом равона созем, иншоаллоҳ!”.
Бузургони Кӯфа номаро ба василаи Абдуллоҳ ибни Мисмаъи Ҳамдонӣ ва Абдуллоҳ ибни Воли Таймӣ фиристоданд ва аз онон хостанд ҳарчи зудтар номаро ба Имом Ҳусайн (а) бирасонанд. Нома дар 10-уми Рамазон ва дар шаҳри Макка ба дасти Имом Ҳусайн (а) расид.
Номаи дуввум
Ду рӯз пас аз фиристодани номаи аввал, мардуми Кӯфа Қайси ибни Мусаҳҳари Сайдовӣ ва Абдураҳмон ибни Абдуллоҳи Арҳабӣ ва Умора ибни Абдселлулиро ба ҳамроҳи 150 нома назди Имом Ҳусайн (а) фиристоданд; бархе аз ин номаҳо танҳо аз сӯи як нафар навишта шуда буд ва бархе дигар аз сӯи ду нафар ё чаҳор нафар буд.
Номаи сеюм
Кӯфиён ду рӯзи пас аз он Ҳонӣ ибни Ҳонӣ Сабиъӣ ва Саид ибни Абдуллоҳи Ҳанафиро ба сӯи Имом Ҳусайн (а) равона карданд ва бо онон номае барои ӯ фиристоданд, ки дар он омада буд:
«Бисмиллоҳир-Раҳмонр-Раҳим. Номае аст ба Ҳусайн ибни Алӣ аз сӯи шиаёни ӯ аз муъминон ва мусулмонон. Аммо баъд, бишитоб, зеро ки мардум мунтазири шумо ҳастанд ва ҳама бар шумо иттифоқи назар доранд, пас бишитоб бишитоб! Ва боз бишитоб бишитоб! Вассалом».
Номаи чаҳорум
Шабас ибни Рибъӣ, Ҳаҷҷор ибни Абҷар, Язид ибни Ҳорис ибни Рувайм, Узрат ибни Қайс, Амр ибни Ҳаҷҷоҷи Зубайдӣ ва Муҳаммад ибни Умайри Тамимӣ барои Имом Ҳусайн (а) нома навиштанд, ки:
“Боғҳо сарсабз гашта ва меваҳо расидааст, пас ҳар гоҳ, ки ирода кардӣ биё, ки сарбозони омода барои ёрии Ту дар интизор нишастаанд, вассалом!”.
Посухи Имом Ҳусайн (а)
Имом Ҳусайн (а) ҳангоме, ки номаҳоро хонд ва аҳволи аҳолии Кӯфаро аз фиристодагон ҷӯё шуд, номае ба аҳолии Кӯфа навишт ва ба ҳамроҳи Ҳонӣ ибни Ҳонии Сабиъӣ ва Саид ибни Абдуллоҳи Ҳанафӣ, ки охирин фиристодагони аҳолии Кӯфа буданд, фиристод. Матни нома аз ин қарор буд:
- Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим, аз Ҳусайн ибни Алӣ ба ҷамъияти мусулмонон ва муъминон.
- Аммо баъд, Ҳонӣ ва Саид ҳамроҳ бо номаҳои шумо назди ман омаданд ва онон охирин фиристодагони шумо буданд, ки назди ман омаданд, ва ман дарёфтам он чиро бозгӯ кардед ва ёдовар шудед ва сухани аксари шумо, ки «Мо имоме надорем, пас ба сӯи мо биё, то шояд Худованд ба василаи ту моро бар ҳаққу ҳидоят гирд оварад!». Акнун ман бародарам ва писарамӯям ва фарди мавриди эътимодам аз байни хонадонамро ба сӯи шумо мефиристам. Агар бароям бинависад, ки раъй ва назари аксари шумо ва хирадмандону бузургонатон мутобиқат дорад бо он чи фиристодагони шумо хабар доданд ва дар номаҳоятон хондам, ба зудӣ ба сӯи шумо хоҳам омад, иншоаллоҳ, ки ба ҷони худам савганд, имом касе нест, ҷуз он кас ки мутобиқи китоби Худо ҳукм биронад ва ба адлу қист ба по хезад ва ба дини ҳақ пойбанд бошад ва худро ба он чи ки Худованд гуфта ва дастур дода пойбанд кунад, вассалом!.
Фиристодани Муслим ибни Ақил ба Кӯфа
- Навиштори аслӣ: Муслим ибни Ақил
Имом Ҳусайн (а) Муслим ибни Ақил ибни Абитолибро ба ҳамроҳи Қайс ибни Мусаҳҳар Сайдовӣ, Уморат ибни Абди Салулӣ ва Абдураҳмон ибни Абдуллоҳи Арҳабӣ ба Кӯфа фиристод ва ба вай дастур дод тақво пеша кунад ва корашро пӯшида бидорад ва бо мардум мудоро кунад; пас агар дид мардум иттифоқи назар ва ҳамбастагии лозимро доранд, ба суръат ба он ҳазрат иттилоъ диҳад.
Нависандагон ва номарасонҳо
Дар манобеи таърихӣ аз афроде ҳамчун Сулаймон ибни Суради Хузоӣ, Мусайяб ибни Наҷаба, Руфоат ибни Шаддод, Ҳабиб ибни Мазоҳир, Абусумома Соидӣ, Муслим ибни Касири Аздӣ, Шабас ибни Рибъӣ, Ҳаҷҷор ибни Абҷар, Язид ибни Ҳориси Шайбонӣ, Урват ибни Қайс, Амр ибни Ҳаҷҷоҷи Зубайдӣ, Муҳаммад ибни Умайр ва Қайс ибни Ашъас ба унвони касоне, ки ба Имом Ҳусайн (а) нома навиштанд, ёд шудааст. Ҳамчунин Қайс ибни Мусаҳҳар, Абдуллоҳ ибни Вол, Абдураҳмон ибни Абдуллоҳ, Саид ибни Абдуллоҳи Ҳанафӣ, Абдуллоҳ ибни Мисмаъ, Уморат ибни Абди Салулӣ ва Ҳонӣ ибни Ҳонии Сабиъӣ аз номарасонҳо будаанд.
Эзоҳ
Ёддошт:
Сарчашма
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found