Иброҳим ибни Адҳам

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Иброҳими Адҳам)
Иброҳими Адҳам
Маҳалли зиндагӣБалх, Нишопур, Макка ва Шом
Санаи таваллуд80 ё 100 ҳ.қ.
Санаи вафот160 ҳ.қ.
Маҳалли дафнШом
Аз ëрониИмом Саҷҷод (а), Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а)
Шинохташуда бароиИрфон ва зуҳд


Бо Мирзо Иброҳими Адҳам иштибоҳ нашавад.

Иброҳим ибни Адҳам (80-161) (арабӣ: إبراهيم بن أدهم) аз бузургони ирфон ва муосири се имоми шиа; яъне Имом Саҷҷод (а), Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а) аст. Номи ӯ дар китобҳои риҷолии мутақаддими шиъӣ зикр нашудааст, вале бархе ӯро аз шиаёни суфӣ донистаанд.

Вай аз хонадони ашроф ва ҳокимони Балх буд, вале ногаҳон зуҳд гароиш ёфт. Иброҳим пас аз тавба ба Макка рафт ва дар он ҷо бо бузургони суфие ҳамчун Суфёни Саврӣ ва Фузайли Айёз ҳамсуҳбат шуд. Пас аз чанде ба Шом рафт ва то охири умр дар он ҷо монд. Ӯ пешвои бархе аз тариқатҳои суфие монанди тариқати Адҳамия ва Нақшбандия маҳсуб мешавад.

Зиндагӣ панду насиҳат ва гузориши аъмол ва кирдори Иброҳими Адҳам, дар осори ирфонии зиёде баён шудааст. Ӯ издивоҷ ва фарзандовариро хилофи зуҳд медонистаст. Шақиқи Балхӣ машҳуртарин шогирди Иброҳими Адҳам муаррифӣ шудааст.

Зиндагинома

Иброҳим ибни Адҳам ибни Сулаймон ибни Мансури Балхӣ, аз бузургони мактаби зуҳд[1] ва аз орифони қарни дуввуми ҳиҷрӣ дониста мешавад.[2] Куняи ӯ Абуисҳоқ[3] ва ба ӯ «ал-Аҷалӣ» низ гуфта шудааст.[4] Иброҳими Адҳам дар соли 80ҳ.қ.[5] ё 100ҳ.қ.[6] дар хонаводаи ғайри араб[7] ё аз арабҳои Банӣ Тамим[8] дар шаҳри Балх, ки ҷузъе аз Хуросон буд, таваллуд шуд.[9] Заҳабӣ, нависандаи китоби Таърих-ул-Ислом муътақид аст, ӯ дар сафари волидайнаш барои анҷоми ҳаҷ, дар Макка ба дунё омад.[10] Иброҳим ва падаронаш аз амирон,[11] ҳокимон[12] ва ашрофи шаҳри Балх будаанд,[13] аммо бинобар манобеи таърихӣ, ӯ тоҷу тахт ва зиндагии парзарқу барқи худро раҳо карда, ба зуҳуду фақр рӯй овард ва машғули сулук ва муҷоҳида бо нафс шуд.[14]

Китобҳои гуногуне аз ҷумла, осори ирфонӣ, дар бораи зиндагинома, рафтор ва панду насиҳатҳои ӯ, матолибе баён кардаанд.[15] Бархе манобеъ монанди Тазкират-ул-авлиёи Аттори Нишобурӣ, аз дидори вай бо Хизри набӣ ва огоҳиаш аз исми аъзами Худованд сухан гуфтаанд.[16]

Гароиш ба зуҳд

Манобеи гуногуни исломӣ, далоили мухталифе барои гароиши Иброҳими Адҳам ба зуҳду канорагирӣ аз дунё баён кардаанд; аз ҷумла: шунидани нидои ғайбӣ вақте мехост ба шикор бипардозад,[17] ё сухан гуфтани оҳӯ,[18] ё дидани коргаре, ки бо камтарин имконот аз зиндагии худ лаззат мебурд.[19] Тибқи порае аз гузоришҳо, Иброҳими Адҳам далели интихоби зуҳд ва тарки дунёро мавориде монанди тарс аз ваҳшати қабр, тулонӣ будани сафари қиёмат ва надоштани тӯшаи кофӣ, ҷабборияти Худованд ва надоштани узри муваҷҷаҳ унвон кардааст.[20] [Ёддошт 1]

Ба эътиқоди ӯ, ворид шудан ба зуҳд ва расидан ба мақоми солеҳон, шартҳое дорад; аз ҷумла: бастани боби неъмат ва кушодани боби шиддат, бастани боби иззат ва кушодани боби зиллат, бастани боби роҳат ва кушодани боби ҷуҳд, бастани боби хоб ва кушодани боби бедорӣ, бастани боби бениёзӣ ва кушодани боби фақр, бастани боби орзӯ ва кушодани боби марг.[21]

Муҳсини Қироатӣ, нависандаи муосир, зуҳди мавриди назари Иброҳими Адҳамро зидди мафҳуми зуҳд дар Ислом дониста[22] ва онро мавриди наҳй ва тавбихи Пайғамбари Ислом (с) муаррифӣ кардааст.[23] Иброҳими Адҳам, издивоҷу фарзандовариро зидди зуҳд[24] ва гӯшагирӣ аз иҷтимоъро лозим медонистааст.[25]

Муҳоҷират ба Макка ва Шом

Иброҳим баъд аз тавба ба Нишобур рафт, 9 сол дар ғори кӯҳе ба номи ал-Бусро сокин шуд[26] ва пас аз он ба Макка рафт.[27] Заҳабӣ, таърихнигор ва муҳаддиси аҳли суннат, хуруҷи ӯ аз Балхро ба иллати тарс аз Абумуслими Хуросонӣ донистааст.[28] Иброҳими Адҳам дар Макка бо орифоне чун Суфёни Саврӣ ва Фузай ибни Аёз ошно шуд[29] ва сипас ба Шом рафт.[30] Ӯро сабаби пешрафти зуҳду ирфон дар Шом донистаанд.[31]

Вафот

Манобеи мухталифи тарихӣ, соли вафоти Иброҳими Адҳамро 160ҳ.қ.[32] 161ҳ.қ.[33], 162ҳ.қ.[34], ё 166ҳ.қ.[35] зикр кардаанд. Ӯ ба марги табиъӣ вафот кард;[36] ҳарчанд бархе муътақиданд, ки дар яке аз ғазавот ва ҷанги румиён,[37] дар минтақаи Суқайн яке аз билоди Рум кушта шуд.[38] Дар бораи макони дафни ӯ низ ихтилофоте вуҷуд дорад, ки минтақаи Сур, аз шаҳрҳои соҳилии Шом, яке аз ин маворид аст.[39]

Ҷойгоҳ

Иброҳими Адҳам дар канори Ҳасани Басрӣ (ваф. 110ҳ.қ.), Молик Динор, Робиъаи Адвия, Шақиқи Балхӣ ва Маъруфи Кархӣ (ваф. 200ҳ.қ.) аз табақаи нахустини ирфону тасаввуф дар Ислом дониста шудааст.[40] [Ёддошт 2] Бархе муътақиданд, ки номи суфӣ дар замони Иброҳими Адҳам ривоҷ ёфт.[41]

Суфиёни Балх, аз ҷумла, Иброҳими Адҳам, таҳти таъсири мактаби Басра, вижагиҳое аз қабили муболиға дар зуҳд, ибодат, хавф ва илтизом ба фақр доштаанд.[42] Иброҳими Адҳам ҳамчунин таҳти таъсири чеҳраҳои барҷастаи тасаввуф аз ҷумла: Ҳасани Басрӣ ва Суфёни Саврӣ ҳам будааст.[43] Дар айни ҳол, тасаввуфи Шом, таъсири бисёре аз Иброҳими Адҳам гирифта[44] ва таҳаввули зуҳду ибодатварзӣ ва низ эҷоди риёзатҳои суфиёна, натиҷаи таъсироти ӯ қаламдод шудааст.[45]

Иброҳими Адҳам, аз ҷумлаи муҳаддисин ба шумор омадааст[46] ва дар кутуби риҷолии аҳли суннат, бисёр мадҳ шуда ва ӯро аз асҳоби Абуҳанифа ва Суфёни Саврӣ донистаанд.[47] Абуҳанифа, пешвои мазҳаби ҳанафӣ дар аҳли суннат[48] ва Ҷунайди Бағдодӣ, аз ӯ бо лақабҳои эҳтиромомез ёд кардаанд;[49] ба тавре, ки ин лақабҳо дар шеъри орифон низ бозтоб доштааст.[50] Ба гуфтаи Зайналъобидини Ширвонӣ (1194 - 1253ҳ.қ.), нависанда ва шоири суфӣ, номе аз Иброҳими Адҳам дар кутуби риҷолии мутақаддими шиа зикр нашудааст.[51] Сайид Муҳсин Аъраҷии Козимӣ (1130 - 1227ҳ.қ.), фақеҳи шиа, Иброҳими Адҳамро дар канори Кумайл ибни Зиёд, Бишр ибни Ҳориси Марвазӣ ва Боязиди Бастомӣ, аз риҷоли шиъии суфӣ донистааст.[52]

Вай сарсилсилаи бархе аз тариқатҳои суфӣ дониста шудааст.[53] Бар ин асос, тариқати адҳамия[54] ва нақшбандия, худро ба воситаи Иброҳими Адҳам муттасил ба Имом Саҷҷод (а) медонанд.[55][Ёддошт 3]

Иртибот бо маъсумин (а)

Иброҳими Адҳам дар замони Имом Саҷҷод (а), Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а) буда ва гузоришҳое аз робитаи вай бо онҳо дар манобеъ омадааст. Бархе манобеъ, аз мулозимати вай бо Имом Саҷҷод (а) сухан гуфтаанд.[56] Мулоқоти Иброҳими Адҳам бо Имоми чаҳоруми шиаён ва тавсияии Имом ба вай низ дар манобеи шиа зикр шудааст.[57]

Зайналъобидини Ширвонӣ, аз мулоқоти Иброҳими Адҳам ва Имом Боқир (а) сухан гуфта[58] ва Муҳаммадкозим Асрори Табрезӣ (1265 - 1315.қ.), шоир ва суфии асри Қоҷор, ӯро аз муридони Имоми панҷуми шиаён донистааст.[59] Ривоёте аз Имом Боқир (а) ба нақл аз Иброҳими Адҳам дар осори ривоӣ зикр шудааст.[60]

Дар китоби Сафинат-ул-биҳор ва дигар манобеъ омадааст, дар ҷараёни хуруҷи Имом Содиқ (а) аз Кӯфа ба сӯи Мадина, Иброҳими Адҳам низ аз ҳамроҳикундагони вай буда[61] ва бархе манобеъ, Иброҳимро аз ходимони Имом Содиқ (а) донистаанд.[62]

Устодон ва шогирдон

Иброҳими Адҳами ривоёте аз Имом Боқир (а), Муҳаммад ибни Зиёди Ҷамаҳӣ, Абуисҳоқ, Молик ибни Динор, Аъмаш ва падари худ нақл кардааст.[63]

Маъруфтарин шогирди ӯ Шақиқи Балхӣ аст, ки аз орифони бузург ва шогирди Имом Козим (а) муаррифӣ шуда[64] ва бинобар назари машҳур[65] мурид ва тарбиятёфтаи Иброҳими Адҳам,[66] ё ҳамроҳ ва ҳамсуҳбати ӯ будааст.[67]

Дар шеър ва адабиёт

Шеваи зиндагӣ, рафтор ва панду насиҳатҳои Иброҳими Адҳам дар сурудаҳои шоирон ба хусус орифон бозтоби густардае доштааст ба гунае, ки ҳикоёти Иброҳими Адҳам дар мавзуъоти мухталифе ҳамчун зиндагинома,[68] достони тавба ва гароиш ба зуҳд,[69] сабаби ҳиҷрат,[70] мулоқот бо Хизр,[71] ва фарзанди худ,[72] муноҷотҳо,[73] каромот,[74] ҳикоёт ва мавзуъоти мухталифи дигар[75] ба назму шеър даромадааст.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Суҳравардӣ, Авориф-ул-маъориф, 1375ҳ.ш., саҳ.4.
  2. Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, 1378ҳ.ш., саҳ.110.
  3. Суламӣ, Табақот-ус-суфия, 1424ҳ.қ., саҳ.15; Ҳуҷвирӣ, Кашф-ул-маҳҷуб, 1375ҳ.ш., саҳ.128.
  4. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407, ҷ.10, саҳ.135.
  5. Фақир Истаҳбонотӣ, Харобот, 1377ҳ.ш., саҳ.129.
  6. Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, 1406ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.387 - 388.
  7. Пирҷамоли Ардистонӣ, Миръот-ул-афрод, 1371ҳ.ш., саҳ.332.
  8. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.44; Фақир Истаҳбонотӣ, Харобот, 1377ҳ.ш., саҳ.129.
  9. Суламӣ, Табақот-ус-суфия, 1424ҳ.қ., саҳ.15.
  10. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.45.
  11. Суламӣ, Табақот-ус-суфия, 1424ҳ.қ., саҳ.15.
  12. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1377ҳ.ш., саҳ.48.
  13. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.45; Хоразмӣ, Янбуъ-ул-асрор, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.377.
  14. Саҷҷодӣ, Фарҳанги маорифи исломӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.126; Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1377ҳ.ш., саҳ.237.
  15. Барои намуна ниг.: Аттори Нишобурӣ, Тазкират-ул-авлиё, 1905м., саҳ.94; Қушайрӣ, Рисолаи Қушайрия, 1374ҳ.ш., саҳ.345, 430, 455; Ҳуҷвирӣ, Кашф-ул-маҳҷуб, 1375ҳ.ш., саҳ.129; Мустамалии Бухорӣ, Шарҳ-ут-таъарруф лимазҳаб-ит-тасаввуф, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.226; Насафӣ, Рози раббонии асрор-ул-ваҳйи Субҳонӣ, 1378ҳ.ш., саҳ.127, 163; Сӯҳравардӣ, Авориф-ул-маъориф, 1375ҳ.ш., саҳ.3; Ғаззолӣ, тарҷумаи Эҳёу улум-ид-дин, 1386ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.185; Суламӣ, Маҷмуаи осори ас-Суламӣ, 1369ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.366; Ғаззолӣ, Кимиёи саодат, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.363; Мибадӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.451; Самъонӣ, Руҳ-ул-арвоҳ фи шарҳи асмо-ил-малик-ил-фаттоҳ, 1384ҳ.ш., саҳ.169, 513; Ансориён, Ирфони исломӣ, 1386ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.462; Мишкинӣ, Насоеҳ ва суханони чаҳордаҳ маъсум (а) ва ҳазору як сухан, 1382ҳ.ш., саҳ.165; Фақир Истаҳбонотӣ, Харобот, 1377ҳ.ш., саҳ.92; Файзи Кошонӣ, Роҳи равшан, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.220; Дайламӣ, Тарҷумаи Иршод-ул-қулуби Дайламӣ, 1349ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.277; Кароҷакӣ, Нузҳат-ун-навозир, Теҳрон, саҳ.77; Ҷомӣ, Нафаҳот-ул-унс, 1858м., саҳ.4
  16. Аттори Нишобурӣ, Тазкират-ул-авлиё, 1905м., саҳ.88; Ширвонӣ, Риёз-ус-саёҳат, 1361ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.11; Ибни Хамис ал-Мавсилӣ, Маноқиб-ул-аброр, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.51.
  17. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.135; Суламӣ, Табақот-ус-суфия, 1424ҳ.қ., саҳ.15; Ибни ал-Мулаққан, Табақот-ул-авлиё, 1427ҳ.қ., саҳ.37; Миновӣ, ал-Кавокиб-уд-дуррия фӣ тароҷим-ис-содат-ис-суфия, 1999м., ҷ.1, саҳ.195; Зақзуқ, Мавсуъат-ут-тасаввуф-ил-исломӣ, 1430ҳ.қ., саҳ.202; Ибни Хамис ал-Мавсилӣ, Маноқиб-ул-аброр ва маҳосин-ул-ахёр фӣ табақот-ис-суфия, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.51.
  18. Ҳуҷвирӣ, Кашф-ул-маҳҷуб, 1375ҳ.ш., саҳ.128.
  19. Мазоҳирӣ, Ахлоқ ва ҷавон, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.103.
  20. Мишкинӣ, Насоеҳ ва суханони чаҳордаҳ маъсум (а) ва ҳазору як сухан, 1382ҳ.ш., саҳ.165.
  21. Сӯҳравардӣ, Авориф-ул-маъориф, 1375ҳ.ш., саҳ.3.
  22. Қироатӣ, Гуноҳшиносӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.197.
  23. Қироатӣ, Гуноҳшиносӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.197.
  24. Аттори Нишобурӣ, Тазкират-ул-авлиё, 1905м., саҳ.93; Кошонӣ, Маҷмуаи расоил ва мусаннафоти Кошонӣ, 1380ҳ.ш., саҳ.54; Шаҳиди Сонӣ, Мунят-ул-мурид, 1409ҳ.қ., саҳ.228; Фақир Истаҳбонотӣ, Харобот, 1377ҳ.ш., саҳ.92.
  25. Фақир Истаҳбонотӣ, Харобот, 1377ҳ.ш., саҳ.92.
  26. Зубайдӣ, Тоҷ-ул-арус, 1414ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.47.
  27. Аттори Нишобурӣ, Тазкират-ул-авлиё, 1905м., саҳ.87.
  28. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.44.
  29. Суламӣ, Табақот-ус-суфия, 1424ҳ.қ., саҳ.15; Фақир Истаҳбонотӣ, Харобот, 1377ҳ.ш., саҳ.129.
  30. Ибни ал-Мулаққан, Табақот-ул-авлиё, 1427ҳ.қ., саҳ.37.
  31. Конуни нашр ва тарвиҷи фарҳанги исломии Ҳасаноти Исфаҳон, Сайре дар сипеҳри ахлоқ, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.107.
  32. Хоразмӣ, Янбуъ-ул-асрор, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.377.
  33. Саламӣ, Табақот-ус-суфия, 1424ҳ.қ., саҳ.15; Ибни ал-Мулаққан, Табақот-ул-авлиё, 1427ҳ.қ., саҳ.39; Рӯзбаҳони Сонӣ, Туҳфату аҳл-ил-ирфон, 1382ҳ.ш., саҳ.21.
  34. Ибни Имоди Ҳанбалӣ, Шазарот-уз-заҳаб, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.282; Пирҷамоли Ардистонӣ, Миръот-ул-афрод, 1371ҳ.ш., саҳ.332.
  35. Хоразмӣ, Янбуъ-ул-асрор, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.377.
  36. Хоразмӣ, Янбуъ-ул-асрор, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.377 ба нақл аз Тазкират-ул-авлиё.
  37. Рӯзбаҳони Сонӣ, Туҳфату аҳл-ил-ирфон, 1382ҳ.ш., саҳ.21.
  38. Зубайдӣ, Тоҷ-ул-арус мин ҷавоҳир-ил-қомус, 1414ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.232; Хоразмӣ, Янбуъ-ул-асрор, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.377.
  39. Ибни ал-Мулаққан, Табақот-ул-авлиё, 1427ҳ.қ., саҳ.39; барои маврид дигар бингаред: Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.1, саҳ.31.
  40. Аҳмадпур, Китоби шинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.37.
  41. Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.37
  42. Суламӣ, Маҷмуаи осори Абуабдурраҳмон Суламӣ, 1369ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.358.
  43. Конуни нашр ва тарвиҷи фарҳанги исломии Ҳасаноти Исфаҳон, Сайре дар сипеҳри ахлоқ, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.107.
  44. Конуни нашр ва тарвиҷи фарҳанги исломии Ҳасаноти Исфаҳон, Сайре дар сипеҳри ахлоқ, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.107.
  45. Конуни нашр ва тарвиҷи фарҳанги исломии Ҳасаноти Исфаҳон, Сайре дар сипеҳри ахлоқ, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.107.
  46. Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.1, зайли вожаи Иброҳими Адҳам, саҳ.405
  47. Ширвонӣ, Риёз-ус-саёҳат, 1361ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.12.
  48. Аттори Нишобурӣ, Тазкират-ул-авлиё, 1905м., саҳ.86.
  49. Аттори Нишобурӣ, Тазкират-ул-авлиё, 1905м., саҳ.85.
  50. Асирии Лоҳиҷӣ, Асрор-уш-шуҳуд фӣ маърифат-ил-ҳаққ-ил-маъбуд, бе то, саҳ.182.
  51. Ширвонӣ, Риёз-ус-саёҳат, 1361ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.11.
  52. Аъраҷии Козимӣ, Иддат-ур-риҷол, 1415.қ., ҷ.2, саҳ.60.
  53. Ширвонӣ, Риёз-ус-саёҳат, 1361ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.7; Мирзои Шерозӣ, Маноҳиҷу анвор-ил-маърифат фи шарҳи мисбоҳ-иш-шариъат, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.645.
  54. Гулпинорлӣ, Мавлоно Ҷалолиддин, 1363ҳ.ш., саҳ.246; Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1372ҳ.ш., саҳ.309.
  55. Мирзои Шерозӣ, Маноҳиҷу анвор-ил-маърифат фи шарҳи мисбоҳ-иш-шариъат, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.645.
  56. Ширвонӣ, Риёз-ус-саёҳат, 1361ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.190.
  57. Намозии Шоҳрудӣ, Мустадракоти илми риҷол-ул-ҳадис, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.118; Қумӣ, Сафинат-ул-биҳор, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.289.
  58. Ширвонӣ, Риёз-ус-саёҳат, 1361ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.190.
  59. Табрезӣ, Манзар-ул-авлиё, 1388ҳ.ш., саҳ.140.
  60. Ибни Товус, Маҳҷ-уд-даъавот, 1411ҳ.қ., саҳ.75.
  61. Қумӣ, Сафинат-ул-биҳор, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.289; Ибни Шаҳрошуб, Маноқиби оли Абитолиб (а), 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.241.
  62. Ҷазоирӣ, Риёз-ул-аброр, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.136; Ибни Шаҳрошуб, Маноқиби оли Абитолиб (а), 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.248; Маҷлисӣ, Зиндагонии ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ (а), 1398ҳ.қ., саҳ.22.
  63. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.44.
  64. Саҷҷодӣ, Фарҳанги маорифи исломӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1068
  65. Фақир Истаҳбонотӣ, Харобот, 1377ҳ.ш., саҳ.124.
  66. Сафиалишоҳ, Ирфон-ул-ҳақ, 1371ҳ.ш., саҳ.121; Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1377ҳ.ш., саҳ.48.
  67. Суламӣ, Табақот-ус-суфияи Ансорӣ, 1424ҳ.қ., саҳ.18.
  68. Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ, Девони Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ, 1380ҳ.ш., саҳ.996; Аттори Нишобурӣ, Илоҳиномаи Аттор, 1355.қ., саҳ.219; Асирии Лоҳиҷӣ, Асрор-уш-шуҳуд фӣ маърифат-ил-ҳаққ-ил-маъбуд, бе то, саҳ.182.
  69. Халхолӣ, Расоили форсии Адҳами Халхолӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.141.
  70. Мавлавӣ, Маснавии маънавӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.520.
  71. Аттори Нишобурӣ, Илоҳиномаи Аттор, 1355.қ., саҳ.277.
  72. Аттори Нишобурӣ, Мантиқ-ут-тайр, 1373ҳ.ш., саҳ.232.
  73. Аттори Нишобурӣ, Илоҳиномаи Аттор, 1355.қ., саҳ.402
  74. Мавлавӣ, Маснавии маънавӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.279.
  75. Аттори Нишобурӣ, Мусибатнома, 1354ҳ.қ., саҳ.225; Мавлавӣ, Девони кабири Шамс, 1384ҳ.ш., саҳ.717; Аттори Нишобурӣ, Илоҳиномаи Аттор, 1355.қ., саҳ.69, 350; Файзи Кошонӣ, Девони Файзи Кошонӣ, 1381ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.79; Аттори Нишобурӣ, Мазҳар-ул-аҷоиб, 1323ҳ.ш., саҳ.98; Файзи Кошонӣ, Ирфони маснавӣ, 1379ҳ.ш., саҳ.178.

Ёддошт


Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Ирфони исломӣ: шарҳи мисбоҳ-уш-шариъат, Қум, Дорулъирфон, 1386ҳ.ш.
  • Асирии Лоҳиҷӣ, Муҳаммад, Асрор-уш-шуҳуд фӣ маърифат-ил-ҳаққ-ил-маъбуд, беҷо, бе то.
  • Аттори Нишобурӣ, Фаридуддин, Тазкират-ул-авлиё, лиден, матбааи лидн, чопи аввал, 1905м.
  • Аҳмадпур, Маҳдӣ, Китоби шинохти ахлоқи исломӣ, Қум, пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1385ҳ.ш.
  • Аъраҷии Козимӣ, Муҳсин ибни Ҳасан, Иддат-ур-риҷол, Қум, Исмоилиён, 1415.қ.
  • Ғаззолӣ, Абуҳомид Муҳаммад, Кимиёи саодат, Теҳрон, ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, чопи ёздаҳум, 1383ҳ.ш.
  • Ғаззолӣ, Абуҳомид Муҳаммад, Эҳёу улум-ид-дин, тарҷумаи Муаййидиддини Хоразмӣ, Теҳрон, нашри илмӣ ва фарҳангӣ, чопи шашум, 1386ҳ.ш.
  • Гулпинорлӣ, Абдулбоқӣ, Мавлоно Ҷалолиддин: зиндагонӣ, фалсафа, осор ва гузидае аз онҳо, тарҷума ва тавзеҳоти Тавфиқи Субҳонӣ, Теҳрон, муассисаи мутолиъот ва таҳқиқоти фарҳангӣ, чопи сеюм, 1363ҳ.ш.
  • Дайламӣ, Ҳасан ибни Муҳаммад, Иршод-ул-қулуби Дайламӣ, тарҷумаи Мустарҳамӣ, Теҳрон, китобфурӯшии Бузарҷамҳарӣ, чопи сеюм, 1349ҳ.ш.
  • Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.1, Теҳрон, маркази Доиратулмаорифи исломӣ, 1374ҳ.ш.
  • Зақзуқ, Маҳмуд Ҳамдӣ, Мавсуъат-ут-тасаввуф-ил-исломӣ, Қоҳира, Вазоратул авқофил маҷлисилаъло лишшуъунил исломия, 1430ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳири ва-л-аълом, таҳқиқи Умар Абдуссалом Тадмурӣ, Бейрут, Дорулкитобилъарабӣ, 1413ҳ.қ.
  • Зириклӣ, Хайриддин, ал-Аълом, Бейрут, Дорулъилми лилмалоин, чопи ҳаштум, 1989м.
  • Зубайдӣ, Муҳаммади Муртазо, Тоҷ-ул-аруси мин ҷавоҳир-ил-қомус, Бейрут, Дорулфикр, 1414ҳ.қ.
  • Ибни ал-Мулаққан, Умар ибни Алӣ ал-Мисрӣ, Табақот-ул-авлиё, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, чопи дувум, 1427ҳ.қ.
  • Ибни Имод Ҳанбалии Димишқӣ, Шаҳобиддин Абулфалоҳ, Шазарот-уз-заҳаб фӣ ахбори ман заҳаб, таҳқиқи ал-Арнаут, Бейрут, Дору Ибни Касир, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорулфикр, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Маҳҷ-уд-даъавот ва манҳаҷ-ул-ибодот, Қум, Дорулзахоир, 1411ҳ.қ.
  • Ибни Хамис ал-Мавсилӣ, Ҳусайн ибни Наср ибни Муҳаммад, Маноқиб-ул-аброр ва маҳосин-ул-ахёр фӣ табақот-ис-суфия, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1427ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошуби Мозандаронӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби оли Абитолиб (а), Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Кароҷакӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Нузҳат-ун-навозир дар тарҷумаи маъдан-ул-ҷавоҳир, Теҳрон, исломия, бе то.
  • Конуни нашр ва тарвиҷи фарҳанги исломии ҳасаноти Исфаҳон, Сайре дар сипеҳри ахлоқ, Қум, саҳифаи хирад, 1389ҳ.ш.
  • Кошонӣ, Абдурразоқ, Маҷмуаи расоил ва мусаннафоти Кошонӣ, Теҳрон, мироси мактуб, чопи дувум, 1380ҳ.ш.
  • Қироатӣ, Муҳсин, Гуноҳшиносӣ, Теҳрон, маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, чопи ҳаштум, 1386ҳ.ш.
  • Қумӣ, Аббос, Сафинат-ул-биҳор, Қум, Усва, 1414ҳ.қ.
  • Қушайрӣ, Абулқосим Абдулкарим, Рисолаи Қушайрия (тарҷума), Теҳрон, нашри илмӣ ва фарҳангӣ, чопи чаҳорум, 1374ҳ.ш.
  • Мазоҳирӣ, Ҳусайн, Ахлоқ ва ҷавон, Қум, шафақ, чопи чаҳорум, 1387ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Зиндагонии ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ (а), тарҷумаи Мусо Хусравӣ, Теҳрон, исломия, чопи дувум, 1398ҳ.қ.
  • Машкур, Муҳаммадҷавод, Фарҳанги фирақи исломӣ, Машҳад, Остони қудси Разавӣ, чопи дувум, 1372ҳ.ш.
  • Мибадӣ, Абулфазл Рашидуддин, Кашф-ул-асрор ва иддат-ул-аброр, Теҳрон, интишороти Амири Кабир, чопи панҷум, 1371ҳ.ш.
  • Миновӣ, Муҳаммад Абдурауф, ал-Кавокиб-уд-дуррия фӣ тароҷим-ис-содат-ис-суфия, Бейрут, Дорулсодир, 1999м.
  • Мирзои Шерозӣ, Абулқосим, Маноҳиҷу анвор-ил-маърифат фи шарҳи мисбоҳ-иш-шариъат, Теҳрон, хонқоҳи Аҳмадӣ, чопи дувум, 1363ҳ.ш.
  • Мишкинии Ардабилӣ, Алӣ, Насоеҳ ва суханони чаҳордаҳ маъсум (а) ва ҳазору як сухан, Қум, нашри Алҳодӣ, чопи бисту чаҳорум, 1382ҳ.ш.
  • Мустамалӣ Бухорӣ, Исмоил, Шарҳ-ут-таъарруф лимазҳаб-ит-тасаввуф, Теҳрон, интишороти асотир, 1363ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осори шаҳид Мутаҳҳарӣ, Теҳрон, Садро, чопи ҳаштум, 1377ҳ.ш.
  • Намозии Шоҳрудӣ, Алӣ, Мустадракоти илми риҷол-ул-ҳадис, Теҳрон, фарзанди муаллиф, 1414ҳ.қ.
  • Насафӣ, Азизуддин, Рози раббонӣ (асрор-ул-ваҳйи субҳонӣ), Теҳрон, интишороти Амири Кабир, 1378ҳ.ш.
  • Пирҷамоли Ардистонӣ, Миръот-ул-афрод, Теҳрон, интишороти зуввор, чопи аввал, 1371ҳ.ш.
  • Рӯзбаҳони Сонӣ, Иброҳим ибни Садриддин, Туҳфату аҳл-ил-ирфон, Теҳрон, ялдои қалам, чопи дувум, 1382ҳ.ш.
  • Саламӣ, Муҳаммад ибни ал-Ҳусайн, Табақот-ус-суфия, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, чопи дувум, 1424ҳ.қ.
  • Саламӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Маҷмуаи осори Абуабдурраҳмони Саламӣ, Теҳрон, маркази нашри донишгоҳӣ, 1369ҳ.ш.
  • Самъонӣ, Аҳмад, Руҳ-ул-арвоҳ фи шарҳи асмо-ил-малик-ил-фаттоҳ, Теҳрон, интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, чопи дувум, 1384ҳ.ш.
  • Сафиалишоҳ, Муҳаммад Ҳасан ибни Муҳаммадбоқир, Ирфон-ул-ҳақ, Теҳрон, Сафиалишоҳ, чопи дувум, 1371ҳ.ш.
  • Саҷҷодӣ, Сайидҷаъфар, Фарҳанги маорифи исломӣ, Теҳрон, интишороти донишгоҳи Теҳрон, чопи сеюм, 1373ҳ.ш.
  • Сӯҳравардӣ, Шаҳобиддин Абуҳафс, Авориф-ул-маъориф, тарҷумаи Абумансури Исфаҳонӣ, Теҳрон, интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, чопи дувум, 1375ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, Шиа дар Ислом, Қум, дафтари нашри исломӣ, чопи сездаҳум, 1378ҳ.ш.
  • Табрезӣ, Муҳаммадкозим ибни Муҳаммад, Манзар-ул-авлиё, Теҳрон, китобхона ва маркази асноди маҷлиси шурои исломӣ, 1388ҳ.ш.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳмуртазо, Роҳи равшан, Машҳад, Остони қудси Разавӣ, 1372ҳ.ш.
  • Фақир Истаҳбонотӣ, Алӣ, Харобот дар баёни ҳикмат, шуҷоат, иффат ва адолат, Теҳрон, оинаи мирос, 1377ҳ.ш.
  • Хоразмӣ, Камолиддини Ҳусайн, Янбуъ-ул-асрор фӣ насоиҳ-ил-аброр, Теҳрон, анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, 1384ҳ.ш.
  • Ҳаҷвирӣ, Абулҳасан Алӣ, Кашф-ул-маҳҷуб, Теҳрон, Таҳурӣ, чопи чаҳорум, 1375ҳ.ш.
  • Ҷазоирӣ, Неъматуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Риёз-ул-аброр фӣ маноқиб-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, муассисаи алторихулъарабӣ, 1427ҳ.қ.
  • Ҷомӣ, Абдурраҳмон, Нафаҳот-ул-унс, Калкатта, матбааи Лайсӣ, 1858м.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Мунят-ул-мурид, Қум, мактабул-аъломил-исломӣ, 1409ҳ.қ.
  • Ширвонӣ, Зайналъобидин, Риёз-ус-саёҳат, Теҳрон, интишороти Саъдӣ, 1361ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found