Тулақоъ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ибн-ут-тулақоъ)

Тулақоъ ба маънои озодшудагон, ишора ба гуруҳе аз мухолифони Пайғамбари Аъзам, ҳазрати Муҳаммад (с) ки баъд аз Фатҳи Макка, аз муҷозоташон сарфи назар кард. Абусуфён ва фарзандаш Муъовия аз барҷастатарини тулақоъ ба шумор мерафтаанд.

Имоми Алӣ (а) дар ҷанги Сиффайн, тулақоъро касоне муаррифӣ кард, ки ҳамвора бо Ислом душманӣ карда ва аз рӯи дил имон овардаанд. Тулақоъ, як таъбири таҳқиромез буда, ки дар бораи Банӣ Умайя ба кор мерафта ва бар ҳамин асос, шоистаи хилофат дониста намешудаанд.

Мафҳумшиносӣ

Тулақоъ ба маънои асири озодшуда аст.[1] Пайғамбар (с) ин истилоҳро дар Фатҳи Макка дар бораи гуруҳе аз аҳолии Макка ба кор бурд.[2] Ин гуруҳ, аз мухолифони Пайғамбар буданд, ки баъд аз Фатҳи Макка аз рӯи дил ва бо икроҳ мусулмон шуданд ва Пайғамбар ононро ба бардагӣ нагирифт ва тулақоъ- яъне озодшудагон хитобашон кард.[3]

Ба гуфтаи Сайид Муҳаммадҳусайни Теҳронӣ, олими шиаи қарни чаҳордаҳум, тулақоъ пеш аз Фатҳи Макка мегуфтанд, Муҳаммадро бо қавмаш раҳо кунед, агар бар онҳо ғалаба кард, мо ҳам Ислом меоварем ва агар онҳо бар Муҳаммад пирӯз шуданд, қавмаш моро аз дасти ӯ наҷот хоҳанд дод.[4] Тулақо, гоҳ «мусулмонони Фатҳи Макка» (муслимат-ул-фатҳ) низ хонда шудаанд.[5]

Теъдод ва машоҳир

Бино бар бархе гузоришҳои таърихӣ, тулақоъ беш аз ду ҳазор нафар будаанд.[6] Ҳамчунин дар манобеи таърихӣ, аз афроде чун Абусуфён, Муъовия ибни Абисуфён, Язид ибни Абусуфён, Суҳайл ибни Амр, Ҳувайтиб ибни Абдулъуззо,[7] Ҷубайр ибни Мутъим, Икрама ибни Абиҷаҳл, Итоб ибни Асид, Сафвон ибни Умайя, Мутиъ ибни Асвад, Ҳаким ибни Ҳизом, Ҳорис ибни Ҳушом ва Ҳакам ибни Абилъос[8] ба унвони тулақоъ ёд шудааст.

Ҳасан ибни Фараҳони Моликӣ (зодаи 1390ҳ.қ.), олими аҳли суннат, тулақоъро аз ҷиҳати мақому манзалат ба се гуруҳ тақсим кардааст:

  1. Гуруҳе, ки Пайғамбар ба дурустии имонашон итминон дошт ва ба онҳо чизе ба унвони муаллифату қулуб надод; монанди Икрама ибни Абиҷаҳл, Итоб ибни Асид ва Ҷубайр ибни Мутъим.
  2. Гуруҳе ки Пайғамбар барои таълифи қулуб амволе ба онон дод; аз ҷумла Абусуфён, Муъовия, Сафвон ибни Умайя ва Мутиъ ибни Асвад. Ин гуруҳ, поёнтарин маротибаи тулақоъ дониста шудаанд.
  3. Гуруҳе мобайни гуруҳи аввал ва гуруҳи дувум, ки Ҳорис ибни Ҳишом, Суҳайл ибни Амр ва Ҳаким ибни Ҳизом, аз ин афрод муаррифӣ шудаанд.[9]

Корбурди таҳқиромез дар бораи Банӣ Умайя

Ба гуфтаи бархе пажӯҳишгарони муосир, таъбири тулақоъ бар навъе бадномӣ далолат мекарда[10] ва бар ҳамин асос, Банӣ Умайяро ҳизб-ут-тулақоъ донистаанд.[11]

Ҳазрати Алӣ (а) дар номае ба Муъовия, ӯро аз тулақоъ хонда ва бар ҳамин асос, ӯро шоистаи хилофат, имомат ва машварат надониста аст.[12] Имом Алӣ (а) ҳамчунин дар ҷанги Сиффайн, тулақоъро касоне дониста, ки бо икроҳ (аз маҷбурӣ), Ислом оварда ва ҳамвора алайҳи Ислом дар ҳоли ҷанг будаанд.[13] Алӣ ибни Абитолб (а) ононро душмани Қуръон, суннати Пайғамбар ва аҳли бидъат ва ришва муаррифӣ кардааст.[14]

Ҳазрати Зайнаб (с), ҳангоме, ки дар асорати Язид ибни Муъовия буд, дар хутбае Язидро фарзанди тулақоъ хонд.[15]

Бино бар ончи Аҳмад ибни Яҳёи Балозурӣ, муаррихи қарни сеюми ҳиҷрӣ дар китоби худ Ансоб-ул-ашроф оварда, Умар ибни Хаттоб, тулақоъ ва фарзандонашонро шоистаи хилофат намедониста аст.[16]

Эзоҳ

  1. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.227.
  2. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифат, ҷ.2, саҳ.412; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.61.
  3. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.391.
  4. Ҳусайнии Теҳронӣ, Имомшиносӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.280.
  5. Моликӣ, ас-Суҳбату ва-с-саҳоба, 1422ҳ.қ., саҳ.192.
  6. Муқаддасӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Мактабат-ус-сақофат-уд-динийя, ҷ.4, саҳ.236.
  7. Ҳусайнии Теҳронӣ, Имомшиносӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.280.
  8. Моликӣ, ас-Суҳбату ва-с-саҳоба, 1422ҳ.қ., саҳ.192 - 193.
  9. Моликӣ, ас-Суҳбату ва-с-саҳоба, 1422ҳ.қ., саҳ.192 - 193.
  10. Ҷаводӣ, “Тулақоъ ва нақши онон дар таърихи Ислом», саҳ.7.
  11. Ҷаводӣ, “Тулақоъ ва нақши онон дар таърихи Ислом», саҳ.2.
  12. Минқарӣ, Вақъату Сиффайн, 1404ҳ.қ., саҳ.29.
  13. Ибни Қутайба ад-Динаварӣ, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1410ҳ.қ., саҳ.178.
  14. Ибни Қутайба ад-Динаварӣ, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1410ҳ.қ., саҳ.178.
  15. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.308.
  16. Балозурӣ, Ҷумал мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.434 – 435/ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.70.

Сарчашма

  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқ: Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1415ҳ.қ./1995м.
  • Ибни Қутайба ад-Динаварӣ, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Имомату ва-с-сиёсат, таҳқиқ: Алии Ширӣ, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, ат-табъат-ул-уло, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, тасҳеҳ: Аҳмад Форс, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Абдулмалик ибни Ҳишом, таҳқиқ: Мустафо ас-Сақо ва Иброҳим ал-Абёрӣ ва Абдулҳафиз Шиблӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифат, бе то.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, китоби Ҷумал мин ансоб-ил-ашроф, таҳқиқ: Суҳайл Заккор ва Риёз Зириклӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1417ҳ.қ./1996м.
  • Ҷаводӣ, Сайидмаҳдӣ, “Тулақоъ ва нақши онон дар таърихи Ислом», дар маҷаллаи пажӯҳишномаи таърих, шумораи 12, пойизи 1387ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Теҳронӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Имомшиносӣ, Машҳад, нашри Аллома Таботабоӣ, 1426ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ ала аҳл-ил-луҷҷоҷ, Машҳад, нашри Муртазо, 1403ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳамад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, Дор-ут-турос, 1378ҳ.ш.
  • Моликӣ, Ҳасан бен Фараҳон, ас-Суҳбату ва-с-саҳоба байн-ал-итлоқ-ил-луғавӣ ва-т-тахсис-иш-шаръӣ, Уммон, Марказ-уд-диросот-ит-таърихийя, 1422ҳ.қ./2002м.
  • Муқаддасӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бур Саид, Мактабат-ус-сақофат-уд-динийя, бе то.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ бимо ли-н-набийи мин-ал-аҳвол ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, таҳқиқ: Муҳаммад Абдулҳамид ан-Намисӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1420ҳ.қ./1999м.
  • Минқарӣ, Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффайн, таҳқиқ: Абдуссалом Муҳаммад Ҳорун, ал-Муассисат-ул-арабийят-ул-ҳадиса, 1382ҳ.қ./ офсет: Қум, Маншуроту мактабат-ил-Маръаши-н-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.