Зайнулъобидин (лақаб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Зайн-ул-обидин (лақаб))

Ин мақола дарбора лақаби Зайнулъобидин аст. Барои иттилоъ аз шахсияти Имоми чаҳоруми шиаён мақолаи Имом Саҷҷод алайҳиссаломро бубинед.

Зайнулъобидин (арабӣ: زین العابدین) ба маънои зинати ибодаткунандагон, аз машҳуртарин лақабҳои Имом Саҷҷод (а) - Имоми чаҳорум шиаён аст.

Мулаққаб шудани Имом Саҷҷод (а) ба Зайнулъобидинро, ба далели касрати зуҳд ва ибодат донистаанд.[1] Аз Молик ибни Анас, фақиҳ ва муҳаддиси аҳли суннат нақл шуда, ки ӯ дар шабонарӯз ҳазор ракаат намоз мехонд ва ба далели ибодаташ ӯро Зайнулъобидин хондаанд.[2] Ҳамчунин дар манобеи ҳадисӣ аз ӯ бо унвони Сайидулъобидин низ ёд шудааст.[3] Гуфта шуда дар таърихи Ислом, касе ҷуз Алӣ ибни Ҳусайн (а) ба Зайнулъобидин мулаққаб нашудааст.[4]

Бар пояи ривояте ки дар китоби Илал-уш-шароеъ нақл шуда аз қарни дуввуми қамарӣ аз Имом Саҷҷод (а) ба ин лақаб ёд мешудааст.[5] Ибни Шаҳоби Зуҳрӣ, фақиҳ ва муҳаддиси аҳли суннат, ҳар гоҳ ривояте аз Алӣ ибни Ҳусайн нақл мекард аз ӯ ба лақаби Зайнулъобидин ёд менамуд. Суфён ибни Уяйна (107 -198ҳ.қ.) пурсид чаро ӯро Зайнулъобидин мехонӣ? Зуҳрӣ дар посух ба ривояте аз Паёмбар (с) ишора кард ки дар рӯзи қиёмат вақте ки мунодӣ фарёд медиҳад Зайнулъобидин куҷост, гуё фарзандами Алӣ ибни Ҳусайнро мебинам, ки дар миёни сафҳо қадам бармедорад.[6]

Дар китоби Кашф-ул-ғумма бидуни зикри санад, дар бораи мулаққаб шудани Имоми чаҳорум ба «Зайнулъобидин» омадааст ки шабе дар меҳроби ибодат ба таҳаҷҷуд машғул буд, садоеро шунид ки се мартаба ӯро Нидо кард: «أنْتَ زَینُ الْعابدین; туӣ зинати ибодаткунандагон», пас аз ин дар миёни мардум ба ин лақаб машҳур гашт.[7]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Қарашӣ, Ҳаёт-ул-Имом Зайнулъобидин, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.145 ва 146
  2. Заҳабӣ, ал-Ибар, дор-ул-кутуб-ил-ъилмийя, ҷ.1, саҳ.83
  3. Барои намуна ниг.: Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.132
  4. Қарашӣ, Ҳаёт-ул-Имом Зайнулъобидин, 1409, ҷ.1, саҳ.187
  5. Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.229 - 230
  6. Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.229 - 230
  7. Ирбилӣ, Кашфи алғмаҳ, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.619

Сарчашма

  • Заҳабӣ, Муҳамад ибни Аҳмад, ал-Ибар фи хабари ман ғабар, таҳқиқи Абуҳоҷари Муҳамад Сайид ибни Басюни Зағлул, Бейрут, дор-ул-кутуб-ил-ъилмийя, бе то .
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, Разӣ, 1421ҳ.қ.
  • Қарашӣ, Боқир Шариф, Ҳаёт-ул-Имом Зайнулъобидин, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, 1409ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳамади ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Қум, китобфурӯшии Доварӣ, 1385ҳ.қ./1966м