Ал-Ҳасану ва-л-Ҳусайну сайидо шабоби аҳл-ил-ҷанна

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ду сарвари ҷавонони биҳишт)
Ал-Ҳасану ва-л-Ҳусайну сайидо шабоби аҳл-ил-ҷанна
МавзуъБартарии Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн
Содиршуда азПайғамбар (с)
Ровиён25 нафар аз асҳоби Пайғамбар аз ҷумла Имом Алӣ (а), Абубакр ва Умар
Эътибори санадҳадиси мутавотир
Сарчашмаи шиаҚурб-ул-иснод, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақиҳ, Амолии Шайхи Муфид, Амолии Шайхи Тӯсӣ
Сарчашмаи суннӣСунани Тирмизӣ, Сунани Ибни Моҷа, Муснади Аҳмад


ал-Ҳасану ва-л-Ҳусайну сайидо шабоби аҳл-ил-ҷанна (арабӣ: اَلْحَسَنُ و اَلْحُسَینُ سَیِّدَا شَبَابِ أَهْلِ الْجَنَّة) ривояте аз Пайғамбар (с) дар бораи бартарии Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а) нисбат ба дигар биҳиштиён аст. Иддае аз олимони шиа, аз мазмуни ин ҳадис бардошт кардаанд, ки ин ду имом дар дунё низ аз дигарон бартаранд ва бояд мавриди итоат қарор гиранд. Аз назари бархе олимони аҳли суннат, бо тавваҷуҳ ба ривоётӣ ки биҳиштиёнро ҷавон тавсиф мекунанд, мафҳуми ривоят он аст, ки ҳасану Ҳусайн (а) сарвари ҳамаи аҳли биҳиштанд; албата бархе ҳамчун Пайғамбар (с) ва Имом Алӣ (а) аз умумияти он истисно шудаанд.

Ин ҳадис дар манобее мисли Амолии Шайхи Тӯсӣ, Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ ва Сунани Тирмизӣ омадааст. Ҳамчунин тавассути 25 тан аз асҳоби Пайғамбар (с) монанди Имом Алӣ (а), Абубакр ва Умар ибни Хаттоб гузориш шуда ва олимоне аз аҳли суннат ва шиа онро мутавотир шумурдаанд. Дар бархе манобеи аҳли суннати ривояте шабиҳи ин ҳадис омада ки Абубакру Умарро сарвари пирони аҳли биҳишт муаррифӣ мекунад; вале баъзе аз олимони риҷолии аҳли суннат онро заъиф ва ҷаълӣ медонанд.

Муаррифӣ ва ҷойгоҳ

Ҳадиси Сайидо шабоби аҳл-ил-ҷанна, ривояти машҳуре аз Пайғамбар (с) аст,[1] ки аз он барои исботи бартарии Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн (а) бар соири аҳли биҳишт истифода шудааст.[2] Дар китоби Биҳор-ул-анвор гузориш шуда ки Имом Ҳусайн (а) дар воқеаи Карбало, дар баробари душман, ҷиҳати исботи ҳаққонияти хеш, ба ин ҳадис истинод намуд.[3]

Матни ҳадис чунин аст: «اَلْحَسَنُ وَ الْحُسَینُ سَیدَا شَبَابِ أَهْلِ الْجَنَّة; Ҳасан ва Ҳусайн сарвари ҷавонони аҳл биҳишт ҳастанд».[4] Ин ривоят бо ибороти дигар низ дар манобеи ҳадисии шиа ва аҳли суннат нақл шудааст; аз ҷумла: «اَلْحَسَنُ وَ الْحُسَینُ سَیدَا شَبَابِ أَهْلِ الْجَنَّة وَ أَبُوهُمَا خَیرٌ مِنْهُمَا»; (Ҳасан ва Ҳусайни ду сарвари ҷавонони аҳл биҳиштанд ва падарашон аз он ду беҳтар аст)[5] ва «اَلْحَسَنُ وَ الْحُسَینُ سَیدَا شَبَابِ أَهْلِ الْجَنَّة وَ أَنَّ فَاطِمَةَ سَیدَةُ نِسَاءِ أَهْلِ الْجَنَّة»; (Ҳасан ва Ҳусайни ду сарвари ҷавонони аҳл биҳиштанду Фотима сарвари занон биҳишт аст).[6]

Бартарии ҳасанайн бар ҳамаи аҳли биҳишт

Дар бархе аҳодис, ҳамаи аҳли биҳишт ҷавон тавсиф шудаанд.[7] Баъзе аз олимони аҳли суннат бо ишора ба ин гуна ривоёт, изофаи шабоб (ҷавон) ба аҳл-ул-ҷаннаро изофаи баёния ва барои тавзеҳи он донистаанд;[8] яъне Ҳасану Ҳусайн (а) сарвари ҳамаи аҳли биҳиштанд.[9] Албатта Пайғамбар (с) ва ҳазрати Алӣ (а) аз он истисно шудаанд.[10] Дар ҳадиси дигар нақл шуда ки Расули Худо (с), ҳазрати Исо ва Яҳёро аз зайли ин ривоят истисно намуданд,[11] Вале Муҳаммадҳасани Музаффар аз олимони шиа, эҳтимоли тасарруф дар онро дода ва истиснои мазкурро напазируфтааст; зеро паёмбароне ҳамчун Иброҳим ва Мӯсо (а) аз ҳазрати Яҳё афзаланд, вале дар ҳадис истисно нашудаанд.[12]

Мустанаде барои исботи имомати ҳасанайн

Алии Баҳронӣ (ваф.: 1340ҳ.қ.) аз олимони шиа, бо истинод ба ривояте ки сарварони аҳли маҳшарро сарварони аҳли дунё дониста,[13] муътақид аст, тибқи ҳадиси Сайидо шабоби аҳл-ил-ҷанна, Имом Ҳасану Имом Ҳусайн (а) дар дунё низ бартар буда ва бояд мавриди итоат қарор гиранд;[14] ба ҳамин далел гуфта шуда, ин ҳадис аз далоили исботи имомати он ду имом аст.[15]

«Сайид» барои касе истеъмол шуда ки дорои раёсат, бузургӣ ва шарофат аст.[16] Ҳамчунин касе ки дар ҳамаи сифоти нек бар дигарон бартарӣ дорадро Сайид номидаанд.[17]

Мутавотир будани ҳадис

Аллома Маҷлисӣ ҳадисшиноси шиа, ҳадиси Сайидо шабоби аҳл-ил-ҷаннаро назди олимони шиа ва суннӣ мутавотир медонад.[18] Иддае аз олимони аҳли суннат аз ҷумла Суютӣ ва Носириддини Албонӣ низ ба тавотури ин ҳадис тасреҳ кардаанд.[19] Абунаими Исфаҳонӣ аз ҳадисшиносони аҳли суннат, дар таъбири киноӣ дар бораи қуввати санади ин ҳадис, аз Аҳмад ибни Ҳанбал нақл карда, ки агар санади ин ривоят бар маҷнун хонда шавад, девонагии ӯ бартараф мегардад.[20]

Нақли машҳури ин ҳадис, тавассути Шайхи Тӯсӣ дар китоби Амолӣ[21] ва Шайхи Садуқ дар китоби Ман ло аҳзаруҳ-ул-фақиҳ[22] омадааст. Тирмизӣ ва Ибни Абишайба аз олимони аҳли суннат низ, ноқили ин ривоят будаанд.[23] Ба гуфтаи бархе пажӯҳишгарон, ҳадиси Сайидо шабоби аҳл-ил-ҷанна - бо нақлҳои мутафовиташ - аз 25 тан аз асҳоби Пайғамбар (с), аз ҷумлаи Имом Алӣ (а), Абубакр ва Умар гузориш шудааст.[24]

Ҷаъли ривояти ҳамсон дар шаъни Умар ва Абубакр

Дар манобеи аҳли суннат гузорише ҳамсон бо ҳадиси Сайидо шабоби аҳл-ил-ҷанна, дар шаъни Абубакр ва Умар зикр шудааст, мабнӣ бар ин ки он ду, сарвари пирони аҳл биҳиштанд.[25] Ҳисамӣ ва Ибни Ҷавзӣ аз олимони аҳли суннат, ин хабарро заъиф ва ҷаълӣ донистаанд.[26]

Табарсӣ дар китоби Эҳтиҷоҷ нақл кардааст, дар мунозираи Яҳё ибни Аксам бо Имом ҷавод (а), Яҳё аз Имом пурсид: назари шумо дар бораи ин ривоят ки «Абубакру Умар сарвари пирони аҳли биҳиштанд» чист? Имом судури чунин сухане аз Паёмбарро маҳол донист ва фармуд: онро Банӣ Умия дар баробари ҳадиси «Ҳасан ва Ҳусайни сарвари аҳл биҳишт ҳастанд» ҷаъл кардаанд.[27]

Эзоҳ

  1. Фатҳӣ, «Ҳадиси Сайидо шабоби аҳл-ил-ҷанна ва масъали афзалияти имом», саҳ.61
  2. Фатҳӣ, «Ҳадиси Сайидо шабоби аҳл-ил-ҷанна ва масъали афзалияти имом», саҳ.82
  3. Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.6
  4. Шайхи Тӯсӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.312; Шайхи Садуқ, Ман ло аҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.179; Тирмизӣ, Сунан-ут-Тирмизӣ, 1395ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.656; Ибни Абишайба, ал-Мусаннаф, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.378, ҳадиси 32176
  5. Ҳимярӣ, Қурб-ул-иснод, 1413ҳ.қ., саҳ.111; Ибни Моҷа, Сунани Ибни Моҷа, Дору эҳё-ил-кутуб-ил-арабия, ҷ.1, саҳ.44
  6. Шайхи Муфид, ал-Амолӣ, 1413ҳ.қ., саҳ.23; Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад, 1421ҳ.қ., ҷ.38, саҳ.353, ҳадиси 2329
  7. Шайхи Муфид, ал-Ихтисос, 1413ҳ.қ., саҳ.358; Тирмизӣ, Сунан-ут-Тирмизӣ, 1395ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.679; Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.292
  8. Мановӣ, Файз-ул-қадир, 1356ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.151
  9. Синдӣ, Ҳошият-ус-Синдӣ, Дор-ул-ҷил, ҷ.1, саҳ.57
  10. Музаффар, Далоил-ус-сидқ,1422ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.463; Фатҳӣ, «Ҳадиси Сайидо шабоби аҳл-ил-ҷанна ва масъали афзалияти имом», саҳ.59
  11. Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.316
  12. Музаффар, Далоил-ус-сидқ,1422ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.461 - 462
  13. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.64
  14. Баҳронӣ, Манор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.582
  15. Бозванд, «бозхонии санадӣ ва даллолии ҳадиси Сайидо шабоби аҳл-ил-ҷанна», Маркази ҳақоиқи исломӣ
  16. Баҳронӣ, Манор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.582
  17. Самъонӣ, Тафсир-ул-Қуръон, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.316; Хозин, Лубоб-ут-таъвил, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.242
  18. Маҷлисӣ, Ҳаққ-ул-яқин, Интишороти исломия, саҳ.287
  19. Мановӣ, ат-Тайсиру бишарҳ-ил-ҷомеъ-ис-сағир, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.507; Албонӣ, Силсилут-ул-аҳодис-ис-саҳиҳа, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.431
  20. Исфаҳонӣ, Таърихи Исфаҳон, 1410ҳ.қ., саҳ.73
  21. Шайхи Тӯсӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.312
  22. Шайхи Садуқ, Ман ло аҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.179
  23. Тирмизӣ, Сунан-ут-Тирмизӣ, 1395ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.656; Ибни Абишайба, ал-Мусаннаф, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.378, ҳадиси 32176
  24. Фатҳӣ, «Ҳадиси Сайидо шабоби аҳл-ил-ҷанна ва масъали афзалияти имом», саҳ.62
  25. Тирмизӣ, Сунан-ут-Тирмизӣ, 1395ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.611; Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.40, ҳадиси 602
  26. Ҳайсамӣ, Маҷмаъ-уз-завоид, 1414ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.53; Ибни Ҷавзӣ, ал-Мавзуот, 1386ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.398
  27. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.447

Сарчашма

  • Албонӣ, Муҳаммади Носириддин, Силсилат-ул-аҳодис-ис-саҳиҳати ва шайъин мин фиқҳиҳо ва фавоидиҳо, ар-Риёз, Мактабат-ул-маорифи ли-н-нашри ва-т-тавзиъ, 1415ҳ.қ.
  • Аҳмад ибни Ҳанбал, Абуабдулло, Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, таҳқиқ: Шуайб ал-Арнаут ва Одил Муршид, бе ҷо, Муассисат-ур-рисола, чопи аввал, 1421ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Алӣ, Манор-ул-ҳудо фи-н-насси ало имомат-ил-аиммат-ил-исно ашар (а), таҳқиқи Абдуззаҳро Хатиб, Бейрут, Дор-ул-мунтазар, 1405ҳ.қ.
  • Бозванд, Ризо, «بازخوانی سندی و دلالی حدیث سیدا شباب اهل الجنة», Маркази ҳақоиқи исломӣ, санаи боздид: 20 дайи 1402ҳ.ш.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Қум, Мактабату Оятуллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Абишайба, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, ал-Мусаннафу фи-л-аҳодиси ва-л-осор, таҳқиқ: Камол Юсуф ал-Ҳут, Риёз, Мактабат-ур-рушд, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Моҷа, Муҳаммад ибни язид, Сунани Ибни Моҷа, таҳқиқ: Муҳаммад Фуод Абдулбоқӣ, бе ҷо, Дору эҳё-ил-кутуб-ил-арабия, бе то.
  • Ибни Ҷавзӣ, Ҷамолуддин, ал-Мавзуот, таҳқиқ: Абдурраҳмон Муҳаммад Усмон, Мадина, ал-Мактабат-ус-салафия, чопи аввал, 1386ҳ.қ.
  • Исфаҳонӣ, Абунаим, Таърихи Исфаҳон, таҳқиқи Ҳасани Касравӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1410ҳ.қ.
  • Мановӣ, Абдуррауф ибни Тоҷ, ат-Тайсиру бишарҳ-ил-ҷомеъ-ис-сағир, ар-Риёз, Мактабату ал-Имом аш-Шофеъӣ, 1408ҳ.қ.
  • Мановӣ, Абдуррауф, Файз-ул-қадири шарҳ-ул-ҷомеъ-ис-сағир, Миср, ал-Мактабат-ут-тиҷорият-ил-кубро, чопи аввал, 1356ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Ҳаққ-ул-яқин, Теҳрон, Интишороти исломия, бе то.
  • Музаффар, Муҳаммадҳасан, Далоил-ус-сидқ, Қум, Муассисаи Ол-ул-Байт (а), чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Самъонӣ, Мансур ибни Муҳаммад, Тафсир-ул-Қуръон, таҳқиқ: Ёсир ибни Иброҳим, Риёз, Дор-ул-ватан, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Синдӣ, Нуриддин, Ҳошият-ус-Синдӣ ало Сунани Ибни Моҷа, Бейрут, Дор-ул-ҷил, бе то.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷу ало аҳл-ил-лаҷоҷ, Машҳад, нашри Муртазо, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Сунан-ут-Тирмизӣ, таҳқиқ ва таълиқ: Аҳмд Муҳаммад Шокир, Миср, Мактабатун ва матбаа, чопи дувум, 1395ҳ.қ.
  • Фатҳӣ, Алӣ, «Ҳадиси Сайидо шабоби аҳл-ил-ҷанна ва масъали афзалияти имом» дар маҷаллаи каломи исломӣ, давраи 21, № 82, Қум, шаҳривари 1391ҳ.ш.
  • Хозин, Алоуддин, Лубоб-ут-таъвили фи маони-т-танзил, тасҳеҳ: Маҳмадалӣ Шоҳин, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Амолӣ, тасҳеҳ: Ҳусайни Устодвалӣ, Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ихтисос, Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло аҳзаруҳ-ул-фақиҳ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни ал-Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дор-ус-сақофа, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Ҳайсамӣ, Нуриддин, Маҷмаъ-уз-завоиди ва манбаъ-ул-фавоид, таҳқиқ: Ҳисомуддин ал-Қудсӣ, Қоҳира, Мактабат-ул-Қудсӣ, 1414ҳ.қ.
  • Ҳимярӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Қурб-ул-иснод, Қум, Муассисаи Ол-ул-байт, чопи аввал, 1413ҳ.қ.