Воҷиб-ул-вуҷуд
Воҷиб-ул-вуҷуд (арабӣ: واجِبُ الوجود) мавҷудест, ки бидуни ниёз ба дигарӣ вуҷуд дорад. Намунаи ягонаи воҷиб-ул-вуҷуд, Худованд аст. Файласуфони мусулмон бо далоиле чун бурҳони сиддиқин ва бурҳони имкону вуҷуб ба исботи вуҷуди воҷиб-ул-вуҷуд пархотаанд.
Бархе аз вижагиҳои воҷиб-ул-вуҷуд инҳоянд: надоштани моҳият, маҳдудият надоштан, басотат (мураккаб набудан), тавҳиди зотӣ, тавҳиди рубубӣ, ҳаёт доштан, олим будан, тавоно ва офаридгор будан.
Тақсими мавҷудот ба воҷиб-ул-вуҷуд ва мумкин-ул-вуҷуд
Аз дидгоҳи файласуфони мусулмон ҳар мавҷудеро нигоҳ кунем, аз ин ду ҳолат хориҷ нест: ё воҷиб-ул-вуҷуд аст, ё мумкин-ул-вуҷуд. Агар ҳастӣ барои зоти он мавҷуд, зарурӣ бошад, воҷиб-ул-вуҷуд ва агар ҳастӣ ё нестӣ барои зоти он зарурӣ набошад, мумкин-ул-вуҷуд номида мешаванд.[1] Аз дидгоҳи Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ - аз муҷтаҳидон ва файласуфони муосири шиа, воҷиб-ул-вуҷуд, мавҷуде аст, ки худ ба худ вуҷуд дорад ва ниёзе ба мавҷуди дигаре надорад. Дар муқобил, мумкин-ул-вуҷуд мавҷуде аст, ки худ ба худ вуҷуд надорад ва вуҷуд ёфтанаш вобаста ба мавҷуди дигаре аст.[2] Муллоҳодии Сабзаворӣ - ориф ва файласуфи шиъии қарни сездаҳуми қамарӣ, ва Муртазо Мутаҳҳарӣ - файласуф ва мутакаллими шиъии қарни чаҳордаҳуми шамсӣ, воҷиб-ул-вуҷуд ва мумкин-ул-вуҷудро бадеҳӣ ва бениёз аз таъриф донистаанд.[3]
Далелҳои исботи воҷиб-ул-вуҷуд
Дар фалсафаи исломӣ истидлолҳои фаровоне барои исботи воҷиб-ул-вуҷуд ё Худованд матраҳ шудааст.[4] Бархе бурҳони сиддиқинро муҳкамтарин далел бар вуҷуди воҷиб-ул-вуҷуд медонанд.[5] Албатта ин бурҳон ба шаклҳои мухталиф ва бо истидлолҳои мутааддиде баён шудааст.[6] Истидлолҳое, ки Ибни Сино, Муллосадро, Муллоҳодии Сабзаворӣ ва Аллома Таботабоӣ матраҳ кардаанд, аз ҷумлаи онҳо ҳастанд.[7] [Ёддошт 1]
Тибқи бурҳони имкону вуҷуб, ҳар мавҷуде аз назари ақлӣ ё мумкин-ул-вуҷуд аст ё воҷиб-ул-вуҷуд ва ғайр аз ин ду ҳолат қобили фарз нест. Наметавон ҳамаи мавҷудоти ҷаҳонро мумкин-ул-вуҷуд донист; чароки мумкин-ул-вуҷуд барои вуҷуд ёфтан ба иллат ниёз дорад ва иллати он агар худи мумкин-ул-вуҷуд бошад, он низ ниёз ба иллат дорад. Агар ҳамаи иллатҳо мумкин-ул-вуҷуд ва ниёзманд ба иллат бошанд, ҳеҷ гоҳ ҳеҷ мавҷуде дар ҷаҳон таҳаққуқ пайдо нахоҳад кард. Бинобар ин, бояд мавҷуде бошад, ки ниёзманди мавҷуди дигар набошад ва он воҷиб-ул-вуҷуд аст.[8]
Вижагиҳои воҷиб-ул-вуҷуд
Дар китобҳои фалсафӣ вижагиҳои мутааддиде барои воҷиб-ул-вуҷуд баён шудааст. Бархе аз онҳо ба шарҳи зер аст:
- Моҳият надоштан: воҷиб-ул-вуҷуд моҳият надорад. [Ёддошт 2]
- Далел: моҳият он аст, ки ба худии худ на зарурати вуҷуд дорад ва на зарурати адам ва ин маъно мулозим бо мумкин-ул-вуҷуд будан аст. Аз ин рӯ, он чи моҳият дорад, мумкин-ул-вуҷуд аст ва ҳар чизе ки мумкин-ул-вуҷуд нест, моҳият надорад. Бинобар ин воҷиб-ул-вуҷуд моҳият надорад.[9] Муртазо Мутаҳҳарӣ - файласуфи шиъии муосир, муътақид аст, ки таъбири Амирулмуъминин (а) ки фармуд: «лайса лизотиҳи ҳад/لیس لذاته حدّ» баёнгари ин аст, ки ҳастии Худованд маҳдуд ба ҳадде нест, дар натиҷа фарзи моҳият барои Ӯ имконпазир нест ва ҳамин қадар, ки вуҷуде номаҳдуд шуд баробар аст бо ин, ки моҳияте надошта бошад.[10]
- Маҳдудият надоштан: воҷиб-ул-вуҷуди ҳеҷ гуна маҳдудияте надорад ва ҳеҷ камоли вуҷудие нест, ки Ӯ надошта бошад.
- Басотат: воҷиб-ул-вуҷуд мураккаб нест ва ҳеҷ гуна ҷузъи хориҷӣ, зеҳнӣ, билфеъл ва билқуввае надорад.
- Далели аввал: аз он ҷо ки воҷиб-ул-вуҷуд моҳият надорад, ҳеҷ ҳадде намепазирад; бинобар ин, ҷинс ва фасл надорад. Ҳар чизе ки ҷинсу фасл надорад, ҷузъ надорад.[13]
- Далели дуввум: ҳар мураккабе дар таҳаққуқаш ниёзманд ба аҷзои ташкилдиҳандааш аст. Бадеҳӣ аст, ки ниёзмандӣ бо воҷиб-ул-вуҷуди биззот будан мунофот дорад. Бинобар ин, ҳар мавҷуде, ки мураккаб аст, мумкин-ул-вуҷуд аст. Пас воҷиб-ул-вуҷуд мураккаб нест.[14]
- Тавҳиди зотӣ: Воҷиб-ул-вуҷуд якест ва шарик надорад.
- Далел: воҷиб-ул-вуҷуд моҳият надорад; бинобар ин ҷузъи адамӣ надорад; аз ин рӯ айни вуҷуд ва ба иборати дигар вуҷуди маҳз аст. Шарик доштан замоне маъно дорад, ки як шарик чизе дошта бошад, ки шарики дигар надорад; чароки агар ду шарик дар ҳамаи чиз муштарак бошанд, ду мавҷуд нестанд ва яке ҳастанд. Бинобар ин лозимаи шарик доштани воҷиб-ул-вуҷуд, ин аст, ки яке аз ду воҷиб-ул-вуҷуд, чизе дошта бошад, ки дигарӣ надорад ва ин бо айни вуҷуд будан ва набуди ҷанбаи адамӣ дар воҷиб-ул-вуҷуд, мунофот дорад.[15]
- Тавҳиди рубубӣ: танҳо иллати рушд ва такомули мавҷудот ва ба иборати дигар танҳо тадбирдиҳандаи ҳастӣ Худованд аст.
- Далел: ҷаҳони ҳастӣ маҷмуаест ба якдигар пайваста ва низомманд; яъне байни аҷзои он робитаи иллию маълулист. Бинобар ин, рушд ва такомули ҳар як аз мавҷудот дар он, иллате дорад, он иллат ҳам, худ иллате дорад, то бирасад ба воҷиб-ул-вуҷуд, ки иллати ҳамаи иллатҳост. Аз он ҷо ки иллати иллати ҳар чизе, иллати он чиз ҳам ҳаст, воҷиб-ул-вуҷудро бояд иллати аслии рушду такомул ва тадбиркунандаи ҳамаи мавҷудот донист.[16]
Ҳай будан (ҳаёт доштан), олим будан, қодир будан, холиқияту розиқият аз дигар сифоти воҷиб-ул-вуҷуд аст.[17] Гуфта шудааст, бар асоси қоидаи «воҷиб-ул-вуҷуди биззот аз ҷамиъи ҷиҳот воҷиб-ул-вуҷуд аст», ҳамаи сифоти ҷамол ва ҷалоли Худованд қобили истинтоҷ аст.[18] Аллома Ҳиллӣ дар Кашф-ул-мурод ба пайравӣ аз Муҳаққиқи Тусӣ дар матни Таҷрид-ул-эътиқод бисёре аз сифоти Илоҳиро аз воҷиб-ул-вуҷуд будани Худо истинбот кардааст.[19]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Ниг.: Ибни Сино, аш-Шифо (Илоҳиёт), 1404ҳ.қ., саҳ.37; Ҷаводии Омулӣ, Табйини бароҳини исботи Худо, 1378ҳ.ш., саҳ.143.
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.58
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Шарҳи манзума, 1394ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.232 - 234; Мутаҳҳарӣ, Тавҳид, интишороти Садро, саҳ.182.
- ↑ Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.1041.
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.58; Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.1041.
- ↑ Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.1042.
- ↑ Ниг.: Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.1042 - 1054.
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.57 ва 58.
- ↑ Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.1165; Субҳонӣ, Мадхали масоили ҷадиди каломӣ, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.60 ва 61.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.136.
- ↑ Субҳонӣ, Мадхали масоили ҷадиди каломӣ, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.61.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, ҷ.8, саҳ.138.
- ↑ Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, 1386ҳ.ш., ҷ.4, 1073 - 1075.
- ↑ Субҳонӣ, Мадхали масоили ҷадиди каломӣ, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.62; Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши фалсафа, 1391ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.439
- ↑ Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.1085.
- ↑ Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.1091 - 1094.
- ↑ Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.1108, 1109.
- ↑ Раббонии Гулпойгонӣ, «Бурҳони имкон дар андешаи файласуфон ва мутакаллимон», саҳ.36.
- ↑ Ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1413ҳ.қ., саҳ.290 - 301; Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод, 1404ҳ.қ., саҳ.61.
Ёддошт
Сарчашма
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф ибни Мутаҳҳар, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод, тасҳеҳ ва таҳқиқи Ҳасан Ҳасанзода Омулӣ, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, чопи чаҳорум, 1413ҳ.қ.
- Ибни Сино, Ҳусайн ибни Абдуллоҳ, аш-Шифо (Илоҳиёт), тасҳеҳи Саид Зоид ва Алоб Қанавотӣ, Қум, интишороти Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
- Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Омӯзиши ақоид, Теҳрон, Ширкати чоп ва нашри байналмилали Созмони таблиғоти исломӣ, чопи ҳабдаҳум, 1384ҳ.ш.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, Теҳрон, Садро, 1390ҳ.ш.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Тавҳид, Теҳрон, Садро, бе то.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Шарҳи манзума, Теҳрон, Садро, чопи бисту якум, 1394ҳ.ш.
- Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, «Бурҳони имкон дар андешаи файласуфон ва мутакаллимон», фаслномаи Каломи исломӣ, №97, баҳори 1395ҳ.ш.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Мадхали масоили ҷадиди каломӣ, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), чопи аввал, 1375ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Ниҳоят-ул-ҳикмат, тасҳеҳ ва таълиқи Ғуломризо Файёзӣ, Қум, Маркази интишороти Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ, чопи чаҳорум, 1386ҳ.ш.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Табйини бароҳини исботи Худо, Қум, интишороти Исро, 1378ҳ.ш.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found