Вилояти таквинӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Вилояти таквини)

Вилояти таквинӣ (арабӣ: الولاية التكوينية), қудрати мовароӣ (транссенденталӣ) бар дахлу тасарруф дар ҳастӣ ва мавҷудот аст. Вилояти таквинии Худованд ба маънои қудрати тасарруфи Ӯ дар ҳамаи чиз ва тадбири умури ҳамаи мавҷудот аст.

Масъалаи вилояти таквинӣ, дар мазҳаби шиа, дар хусуси Пайғамбар (с) ва имомон (а) матраҳ шудааст. Ҳамчунин аз масоили ирфони исломӣ аст. Дар адабиёти олимони шиа, асли мавҷудияти вилояти таквинӣ, барои Пайғамбар ва имомон пазируфта шудааст, аммо дар бораи маҳдудаи вилояти таквинии онҳо ду назар вуҷуд дорад:

Бар асоси нигоҳи аввал вилояти таквинии Пайғамбар ва имомон фарогир нест ва ба масоили мушаххасе маҳдуд аст; монанди огоҳӣ аз ботини дигарон ва қудрати дахлу тасарруфи фавқулода дар ҳастӣ. Аммо тибқи дидгоҳи дуввум тамоми корҳои ҳастӣ, аз ҷумла, зинда шудан ва мурдани махлуқот, дар ихтиёри онҳо ва таҳти вилояти онҳост ва Худованд аз тариқи онҳо, ба ҳастӣ файз мерасонад.

Таъриф

Вилояти таквинӣ ба маънои қудрати хориқулъода бар тасарруф дар ҳастӣ ва мавҷудоти ҷаҳон аст. Манзур аз он ин аст, ки Худованд қудрати тасарруф дар ҳама чиз ва тадбири умури ҳамаи мавҷудоти ҷаҳонро дорад[1] ё инсоне, ки ба камоли маънавӣ расидааст, ба изни Ӯ, метавонад дар ҳастӣ тағйири хориқулъода анҷом диҳад.[2]

Бархе намунаҳои вилояти таквинӣ иборатанд аз: муъҷизаҳо ва каромоти пайғамбарону имомон, корҳои хориқулъодае чун тайюларз,[3] роҳ рафтан бар об,[4] огоҳӣ аз ботини дигарон,[5] сухан гуфтан бо ҳайвонот,[6] ҷудо кардани бадан аз рӯҳ[7] ва тасарруф дар табиат ба василаи қудрати рӯҳӣ.[8]

Масъалаи вилояти таквинӣ

Дар манобеи исломӣ, масъалаи вилояти таквинӣ бештар дар бораи инсон матраҳ аст. Дар он, суол ин аст, ки оё инсон метавонад вилояти таквинӣ дошта бошад ё на, ва агар бале, густараи он чӣ қадар аст.[9]

Манзур аз вилояти таквинӣ ин нест, ки инсон дуо кунад ва Худо корҳои хориқулъодаро дар истиҷобати дуои ӯ анҷом диҳад,[10] балки манзур ин аст, ки инсон, бар асари бандагӣ ва ибодати Худованд, ба қудрати рӯҳие бирасад, ки бо он битавонад худ дар табиат тасарруф кунад. Албатта ин тасарруф, ба изни Худо сурат мегирад.[11]

Хостгоҳи масъала

Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ (1298 - 1358ҳ.ш.) масъалаи вилояти таквинӣ, ҳам масъалаи ирфонӣ аст ва ҳам аз манзари шиа, масъалаи динӣ аст, аммо шавоҳиди таърихӣ мегӯянд, ирфони исломӣ онро аз ташайюъ гирифтааст.[12]

Аҳодисе аз имомони шиа нақл шудааст, ки дар онҳо аз «тафвиз»-и Худованд ба Пайғамбар (с) ва имомон (а) сухан омадааст. Дар бархе аз ин аҳодис, тафвиз қабул шудааст[13] ва дар бархе рад шудааст.[14]

Бар асоси пажӯҳише, масъалаи вилояти таквинӣ, нахустин бор, дар қарни сеюми қамарӣ, таҳти унвони «вилоят» дар ирфони исломӣ матраҳ шудааст. Баъд аз он, дар ирфони исломӣ, ҳамвора матраҳ буда то ин ки ба Муҳиддини Арабӣ (560 - 638ҳ.қ.) расида ва онро ба тафсил шарҳ додааст.[15] Ҳамин пажӯҳиш мегӯяд, таркиби «вилояти таквинӣ», аввал, дар қарнҳои муосир ва дар адабиёти олимони шиа матраҳ шудааст.[16]

Вилояти таквинии Пайғамбар (с) ва имомон (а)

Олимони шиа бар ин боваранд, ки Пайғамбар (с) ва имомон (а) аз вилояти таквинӣ бархӯрдоранд, вале дар бораи густараи вилояти таквинии онон ихтилофи назар доранд:

Гурӯҳе бар ин боваранд, ки маъсумон метавонанд тасарруфоте дар табиат дошта бошанд, вале ин тасарруфот фарогир нест ва дар мавориди истисноӣ рӯй медиҳад. Муртазо Мутаҳҳарӣ, Софии Гулпойгонӣ ва Ҷаъфари Субҳонӣ аз ин дастаанд.[17] Аз назари инҳо, вилояти таквинӣ ба ин маъно нест, ки ҳамаи чиз ба маъсумон тафвиз шудааст ва онҳо мудирияти кулли ҷаҳонро дар ихтиёр доранд ва аз ҷониби Худо халқ мекунанд, зинда мекунанд ва мемиронанд.[18] Шайхи Садуқ ва Шайхи Муфид тафвизи умури махлуқот ба Пайғамбар ва имомонро сухани ғолиён дониста, рад кардаанд.[19]

Дар муқобил, ҷамъе ҳамчун Муҳаммадҳусайн Ғаравии Исфаҳонӣ, (машҳур ба Кумпонӣ) ва Сайид Муҳаммадҳусайн Ҳусайнии Теҳронӣ (маъруф ба Аллома Теҳронӣ) муътақиданд, Пайғамбар ва имомон, бар ҳамаи умури олам вилояти таквинӣ доранд ва воситаи файзи Худо дар ҳастианд.[20]

Китобшиносӣ

Бархе аз китобҳои навишташуда дар бораи вилояти таквинӣ иборатанд аз:

Ҷустори вобаста

Эзоҳ

  1. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.12.
  2. Субҳонӣ, Вилояти таквинӣ ва ташреъӣ аз дидгоҳи илму фалсафа, 1385ҳ.ш., саҳ.26.
  3. Раҳимӣ, “Баррасии татаввури торихии вилояти таквинӣ аз Ҳаким Тирмизӣ то Ибни Арабӣ дар мутуни мансури ирфонӣ”, саҳ.82.
  4. Раҳимӣ, “Баррасии татаввури торихии вилояти таквинӣ аз Ҳаким Тирмизӣ то Ибни Арабӣ дар мутуни мансури ирфонӣ”, саҳ.82.
  5. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1375ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.285 - 286.
  6. Раҳимӣ, “Баррасии татаввури торихии вилояти таквинӣ аз Ҳаким Тирмизӣ то Ибни Арабӣ дар мутуни мансури ирфонӣ”, саҳ.82.
  7. Субҳонӣ, Вилояти таквинӣ ва ташреъӣ аз дидгоҳи илму фалсафа, 1385ҳ.ш., саҳ.49 ва 50.
  8. Субҳонӣ, Вилояти таквинӣ ва ташреъӣ аз дидгоҳи илму фалсафа, 1385ҳ.ш., саҳ.49 ва 50.
  9. Барои намуна ниг.: Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1375ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.285 - 286; Софии Гулпойгонӣ, Вилояти таквинӣ ва вилояти ташриъӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.82, 99 - 100; Субҳонӣ, Вилояти таквинӣ ва ташреъӣ аз дидгоҳи илму фалсафа, 1385ҳ.ш., саҳ.26.
  10. Софии Гулпойгонӣ, Силсилаи мабоҳиси имомат ва Маҳдавият, 1391ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.43.
  11. Барои намуна ниг.: Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1375ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.285; Субҳонӣ, Вилояти таквинӣ ва ташреъӣ аз дидгоҳи илму фалсафа, 1385ҳ.ш., саҳ.26.
  12. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1375ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.289.
  13. Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, “Нақши фоилии имом дар низоми офариниш”, саҳ.20 - 25.
  14. Барои намуна, нигоҳ кунед ба Шайхи Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.100.
  15. Раҳимӣ, “Баррасии татаввури торихии вилояти таквинӣ аз Ҳаким Тирмизӣ то Ибни Арабӣ дар мутуни мансури ирфонӣ”, саҳ.75.
  16. Раҳимӣ, “Баррасии татаввури торихии вилояти таквинӣ аз Ҳаким Тирмизӣ то Ибни Арабӣ дар мутуни мансури ирфонӣ”, саҳ.73.
  17. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1375ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.285 - 286; Софии Гулпойгонӣ, Вилояти таквинӣ ва вилояти ташриъӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.99 - 100; Субҳонӣ, Вилояти таквинӣ ва ташреъӣ аз дидгоҳи илму фалсафа, 1385ҳ.ш., саҳ.51.
  18. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1375ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.286; Софии Гулпойгонӣ, Вилояти таквинӣ ва вилояти ташриъӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.98; Субҳонӣ, Вилояти таквинӣ ва ташреъӣ аз дидгоҳи илму фалсафа, 1385, саҳ.51.
  19. Шайхи Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.97, 100; Шайхи Муфид, Силсилату муаллифот аш-Шайх ал-Муфид, 1414ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.134.
  20. Ғаравии Исфаҳонӣ, Ҳошияи китоби ал-Макосиб, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.379; Ҳусайнии Теҳронӣ, Имомшиносӣ, ҷ.5, 1418ҳ.қ., саҳ.114.

Сарчашма

  • Ғаравии Исфаҳонӣ, Муҳаммадҳусайн, Ҳошият-ул-макосиб, Қум, Завӣ-л-қурбо, 1427ҳ.қ.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осори устод шаҳид Мутаҳҳарӣ, Теҳрон, Садро, 1375ҳ.ш.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, “Нақши фоилии имом дар низоми офариниш”, Дар интизори Мавъуд, шумораи 29, 1388ҳ.ш.
  • Раҳимӣ, Ҷаъфар, “Баррасии татаввури торихии вилояти таквинӣ аз Ҳаким Тирмизӣ то Ибни Арабӣ дар мутуни мансури ирфонӣ”, дар мутолиъоти ирфонӣ, шумораи 20, 1393ҳ.ш.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Вилояти таквинӣ ва вилояти ташриъӣ, Қум, дафтари танзим ва нашри осори Оятуллоҳилъузмо Софии Гулпойгонӣ, 1393ҳ.ш.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Силсилаи мабоҳиси имомат ва Маҳдавият, Қум, дафтари танзим ва нашри осори Оятуллоҳилъузмо Софии Гулпойгонӣ, 1391ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Вилояти таквинӣ ва ташреъӣ аз дидгоҳи илму фалсафа, Қум, муассисаи Имом Содиқ, 1385ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Теҳронӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, Имомшиносӣ, Машҳад, интишороти Аллома Таботабоӣ, 1418ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Силсилату муаллифот аш-Шайх ал-Муфид, Бейрут, Дор-ул-Муфид, 1414ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Эътиқодот, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи дуввум, 1414ҳ.қ.