Соли 7 ҳиҷрии қамарӣ
(Тағйири масир аз Вақоеъи соли ҳафтуми ҳиҷрии қамарӣ)
Соли 7 ҳиҷрии қамарӣ соли ҳафтуми тақвими ҳиҷрии қамарӣ аст.
Рӯзи аввали ин сол; яъне 1-уми муҳаррам ба рӯзи чоршанбеи 24 урдибиҳишти соли 7 ҳиҷрии шамсӣ ва 14-уми майи соли 628 мелодӣ баробар аст.
Рӯзи охирини сол; яъне 30-юми Зулҳиҷҷа ба якшанбеи 13-уми урдибиҳишти соли 8 шамсӣ ва 3-юми майи соли 629 мелодӣ рост меояд.[1]
Руй додани ҷанги Хайбар, супоридани Фадак ба ҳазрати Заҳро (с) аз ҷониби Пайғамбар (с), воқеаи радд-уш-шамс (баргардондани офтоб), баргузории умрат-ул-қазо ва баргашти гурӯҳе аз мусалмонон аз Ҳабаша ба Мадина аз рӯйдодҳои ин сол мебошанд.
Рӯйдодҳо
- Бозгашти гурӯҳе аз мусулмонон аз Ҳабаша ба Мадина.[2]
- Баргузории умрат-ул-қазо тавассути Пайғамбар (с) ва мусулмонон бар асоси тавофуқе, ки дар Сулҳи Ҳудайбия сурат гирифта буд.[3]
- Муъҷизаи радд-уш-шамс барои ҳазрати Алӣ (а).[4]
- Бахшидани Фадак ба ҳазрати Фотима (с) тавассути Пайғамбар (с).[5]
- Издивоҷи Пайғамбар (с) бо Маймуна духтари Ҳорис ибни Ҳазан.[6]
- Издивоҷи Пайғамбар (с) бо Сафия духтари Ҳуяй ибни Ахтаб.[7]
- Мусулмон шудани Абон ибни Саид аз асҳоби Пайғамбар (с).[8]
- Васеъ кардани Масҷид-ун-Набӣ аз 1050 метри мураббаъ ба 2475 метри мураббаъ.[9]
Ҷангҳо
- Вуқуъи ғазваи Хайбар, ки бо рашодатҳои Имом Алӣ (а) ба пирӯзии мусулмонон бар яҳудиёни минтақаи Хайбар мунҷар шуд.[10]
- Вуқуъи ғазваи Води-л-қаря байни ҷанги мусулмонон ва яҳудиёни ин минтақа.[11]
- Вуқуъи чандин сарийя дар сарзаминҳои мухталиф тавассути асҳоби Пайғамбар (с).[12]
Эзоҳ
- ↑ Сайти табдили таърихи ҳиҷрӣ
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417, ҷ.1, саҳ.198.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.353.
- ↑ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Фатҳ-ул-борӣ, 1379ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.222; Ҳурри Омилӣ, Исбот-ул-ҳудо, 1425ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.545.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.95, саҳ.188.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.444 - 448; Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.465.
- ↑ Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.46.
- ↑ Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.1, саҳ.27.
- ↑ Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.204.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.9; Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Бейрут, ҷ.2, саҳ.328; Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.197.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.16; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.352; Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.382.
- ↑ Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.446 - 458.
Сарчашма
- Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, Далоил-ун-нубувват ва маърифату аҳволи соҳиб-иш-шариъат, таҳқиқ: Қалъаҷӣ, Абдулмуътӣ, Дорул-кутубил-илмийя, Бейрут, чопи аввал, 1405ҳ.қ.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Дорул-фикр, Бейрут, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
- Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳири ва-л-аълом, таҳқиқи Умар Абдусалом Тадмурӣ, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
- Зириклӣ, Хайриддин, ал-Аълом (Қомуси тароҷим ли ашҳур-ир-риҷоли ва-н-нисои мин-ал-араби ва-л-мустаърабина ва-л-мусташриқин), Бейрут, Дорул-илми лил-малоин, чопи ҳаштум, 1989м.
- Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад ал-Баҷовӣ, Бейрут, Дорулҷил, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
- Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
- Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Фатҳ-ул-борӣ, Бейрут, Дорулмаърифат, 1379ҳ.қ.
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, таҳқиқ: ас-Саққо, Мустафо, ал-Абёрӣ, Иброҳим, Шиблӣ, Абдулҳафиз, Дорулмаърифат, Бейрут, бе то.
- Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ би мо ли-н-набии мин-ал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, таҳқиқи Муҳаммад Абдулҳамид ан-Намисӣ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1420ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Язид, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Исбот-ул-ҳудот би-н-нусуси ва-л-муъҷизот, Бейрут, Аъламӣ, 1425ҳ.қ.
- Ҷаъфариён, Расул, Осори исломии Макка ва Мадина, Теҳрон, нашри Машъар, чопи нуҳум, 1387ҳ.ш.