Бутшикании Иброҳим

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Бут шикастани Иброҳим)
Тасвири менятурии шикастани бутҳо тавассути Ҳазрати Иброҳим - асари Маҳмуди Фаршчиён

Бутшикании Иброҳим (форсӣ: بت‌شکنی ابراهیم) ба достони шикастани бутҳои мушрикон ба дасти Иброҳими набӣ (а) ишора дорад. Ин воқеа дар Қуръон, дар сураҳои Анбиё ва Соффот, зикр шудааст.

Тибқи он, рӯзе, ки мардум ба берун аз шаҳр рафта буданд, ҳазрати Иброҳим ба бутхона рафту ғайр аз бути калон, ҳамаи бутҳоро шикаст. Вақте ки мардум баргаштанд ва сабаби шикастани бутҳоро аз ӯ пурсиданд, ба киноя, ин корро ба бути калон нисбат дода гуфт, аз худи бутҳо бипурсед! То мардуми шаҳр ба нотавонии бутҳо пай баранд.

Ба гуфтаи муфассирон, ҳадафи ҳазрати Иброҳим он буд, ки нишон диҳад, бутҳо лоиқи парастиш нестанд; зеро на, тавони сухан гуфтан доранд ва на қодиранд ба касе фоида ё зараре расонанд.

Ҳамчунин мегӯянд, ҳадафи ҳазрати Иброҳим сирфан шикастани чанд бут набуд, то ин кор тавҳину беҳурматӣ ба эътиқодоти дигарон талаққӣ шавад, балки ӯ, ҳамчун пайғамбар ва дар мақоми паёмбарӣ, мехост бо ин кор, бо фарҳанги бутпарастӣ мубориза кунад.

Достони шикастани бутҳо

Мавлавӣ:

Бутшикан будаст асли асли мо,
Чун Халили ҳаққу ҷумла Анбиё
.

Достони бутшикании ҳазрати Иброҳим (а) дар сураи Анбиё (оятҳои 52 то 70) ва сураи Соффот (оятҳои 89 то 98) омадааст. Ин моҷаро дар сураи Анбиё чунин ривоят шудааст:

Як рӯз, ки мардуми шаҳр берун рафтанд, ҳазрати Иброҳим ҳамаи бутҳо, ғайр аз бути калонро шикаст. Вақте баргаштанду бо бутҳои шикаста рӯбарӯ шуданд, ба сабаби ин ки Иброҳим дар гузашта аз бутҳо бад мегуфт, ӯро фарохонданду аз ӯ пурсиданд, оё ту бо худоёни мо чунин кардаӣ? Ӯ гуфт, шояд калонтаринашон ин корро карда бошад, аз худашон бипурсед! Бо ин пурсиш, онҳо ба худ омаданду фаҳмиданд, дар ҳақиқат, худашон ситамкоранд, бо ин ҳол, барои ҷазо кардани Иброҳим, оташе дуруст карда ӯро дар он андохтанд, аммо оташ ба фармони Худо сард шуд.[2]

Бархе аз муфассирон гуфтаанд, дар ин моҷаро, афроде ба Иброҳим имон овараданд.[3]

Ҳадафи Иброҳим аз шикастани бутҳо; исботи тавҳид

Иллати шикастани бутҳо ва нисбат додани он ба бути калонро ин донистаанд, ки Иброҳим, аз ин тариқ, бо бутпарастон баҳс ва бутлони улуҳияти бутҳоро исбот кунад ва мардум аз хурд шудани худоёни худ огоҳ шаванду бифаҳманд онҳо маъбуд нестанд.[4]

Истидлоли Иброҳимро ба ин сурат баён кардаанд, ки чӣ гуна чизе ки суду зиёне намерасонад, парастида мешавад?.[5] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, Иброҳим (а) шикастани бутҳоро ба бути калон нисбат дод, то мардум эътироф кунанд ба ин ки бутҳо гап намезананд.[6] Ӯ навиштааст, лозимаи безабон будани бутҳо ин аст, ки ҳеҷ илму қудрате надошта бошанд ва аз ин ҷиҳат, ҳеҷ нафъу зараре надоранд. Пас ибодат ва парастиши онҳо лағв аст; чун ибодат ё ба умеди хайр аст, ё аз тарси шар, дар ҳоле ки дар бутҳо на, умеди хайре ҳаст, на тарсе аз шар![7] Дар Тафсири Кошиф омадааст, ки вақте ин бутҳо натавонанд аз худашон дифоъ кунанд, чӣ гуна метавонанд пешомадҳои бадро аз дигарон дафъ намоянд.[8]

Муртазо Мутаҳҳарӣ муътақид аст, Иброҳим бутшиканиро ба бути калон нисбат дод, ба аломати ин ки бутҳо бо якдигар низоъ кардаанд ва бо ин кор, фитрати хуфтаи мардумро бедор кард; зеро мардум фитратан дарк мекунанд, ки мумкин нест ҷамодот бо якдигар ба низоъ бархезанд.[9]

Оё Иброҳим дуруғ гуфт?

Дар ривояти Қуръон аз бутшикании Иброҳим омадааст, ки вақте мардум хостанд аз шаҳр берун раванд, Иброҳим гуфт, бемор аст то бо онҳо ҳамроҳ нашавад.[10] Ҳамчунин вақте ки аз ӯ пурсиданд, кӣ бутҳоро шикаст, ҷавоб дод бути калон.[11] Ин ду матлаб сабаб шудааст муфассирон аз ин баҳс кунанд, ки оё Иброҳим содиқона сухан гуфтааст, ё дурӯғи маслиҳатомез гуфта ё таврия кардааст:

Муфассирони мусулмонон муътақиданд, Иброҳим дар хусуси бемор буданаш сухани дурӯғе нагуфтааст,[12] аммо тавзеҳот ва эҳтимолоти мутафовите дар ин замина матраҳ мекунанд, ки ба ин шарҳ аст: Табарсӣ ва Аллома Таботабоӣ мегӯянд, ӯ медонист, ки ба зудӣ бемор хоҳад шуд. Барои ҳамин, суханаш содиқона буд.[13] Олусӣ - муфассири аҳли суннат муътақид аст, чун ҳар инсоне билохира рӯзе бемор хоҳад шуд, Иброҳим гуфт, бемор аст ва манзураш ин буд, ки бемор хоҳад шуд. Пас ӯ таврия карду суханашро тавре баён кард, ки мушрикон хиёл кунанд ҳамакнун бемор аст.[14] Яке аз эҳтимолоте ҳам, ки додаанд ин аст, ки манзураш, дар воқеъ ин буд, ки қалбаш аз куфри онон бемор шудааст, аммо таврия карда ба гунае гуфт, ки онҳо гумон кунанд ҷисмаш бемор аст.[15]

Ҳамчунин гуфтаанд, ин ки Иброҳим шикастани бутҳоро ба бути калон нисбат дод ҳам дурӯғ набудааст; чароки бо тавваҷуҳ ба қароин, ӯ аз ин сухан қасди ҷиддӣ надоштааст, балки бо киноя мехостааст хурофӣ будани ақоиди бутпарастонро нишон диҳад.[16] Сухан гуфтан ба кинояро дар мунозираҳо маъмул донистаанд.[17] Бархе низ эҳтимол додаанд, ки Иброҳим ин матлабро ба сурати як ҷумлаи шартия адо карда гуфт, бутҳо агар сухан бигӯянд, даст ба чунин коре задаанд.[18] Дар воқеъ Иброҳим сухани худро бар як шарти ғайримумкин вобаста кардааст, то ботил будани иддаои бутпарастонро барои худашон исбот кунад.[19]

Бутшикании Иброҳим ва озодии ақида

Ба гуфтаи бархе пажӯҳишгарон, касоне иддао кардаанд, бутшикании ҳазрати Иброҳим (а) беҳурматӣ ба муқаддасоти дигарон будааст. Бинобар ин, мусулмонон метавонанд ба ин кор тамассук кунанд ва осори бостонии мушриконро нобуд кунанд.[20] Дар ҷавоб ба ин иддао гуфта шудааст, ҷон ва моли ҳамаи инсонҳо муҳтарам аст ва наметавон бути дигаронро, ки моли онҳо маҳсуб мешавад, тахриб кард. Иброҳим дар мақоми паёмбарӣ ва рисолати худ даст ба чунин иқдоме зад ва дигарон наметавонанд ба амволи дигар инсонҳо мутаарриз шаванд.[21] Баъзе низ гуфтаанд, озодии эътиқод ва дин яке аз боварҳои замони муосир аст ва он воқеаҳои давраи пеш аз замони муосирро бо меъёрҳои замони муосир наметавон андоза кард.[22]

Бинобар сухани муфассирон, бутшикании Иброҳим ба манзури бутлони улуҳияти бутҳо буд ва мақсуди ӯ аз ин кор, мубориза бо фарҳанги бутшиканӣ буд, на сирфан шикастани чанд бут.[23]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Мавлавӣ, Маснавии Маънавӣ, 1376ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.579.
  2. Сураи Иброҳим, ояти 58 - 69.
  3. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.442.
  4. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.299.
  5. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, муассисаи Имом Содиқ (а), ҷ.11, саҳ.250.
  6. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.300 ва 301.
  7. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.302.
  8. Муғния, тафсири ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.284.
  9. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.319.
  10. Сураи Соффот, ояти 89.
  11. Сураи Анбиё, ояти 63.
  12. Барои намуна ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.148; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1387ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.702; Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.98; Фахриддини Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.341; Қаршии Бунобӣ, тафсири Аҳсан-ул-ҳадис, 1375ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.159.
  13. Барои намуна ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.148; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.702.
  14. Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.98.
  15. Фахриддини Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.342; Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.98.
  16. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.438; Макорими Шерозӣ, Қаҳрамони тавҳид, 1388ҳ.ш., саҳ.87.
  17. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.301.
  18. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.439.
  19. Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷанон, 1408ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.241; Кошонӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, Китобфурушии исломия, ҷ.6, саҳ.74; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.85.
  20. «آیا بت‌شکنی ابراهیم توهین به مقدسات نبوده است؟», нашри осор ва афкори устод Аҳмади Обидинӣ.
  21. «آیا بت‌شکنی ابراهیم توهین به مقدسات نبوده است؟», нашри осор ва афкори устод Аҳмади Обидинӣ.
  22. «بت‌شکنی و آزادی عقیده», сайти Муҳсин Кадивар.
  23. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.303; Макорими Шерозӣ, Қаҳрамони тавҳид, 1388ҳ.ш., саҳ.89.

Сарчашма

  • Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷанон ва равҳ-ул-ҷинон фи тафсир-ил-Қуръон, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1408ҳ.қ.
  • «بت‌شکنی و آزادی عقیده», сайти Муҳсини Кадивар, интишор: 24 шаҳривари 1392, боздид: 20 озари 1402.
  • Кошонӣ, Фатҳуллоҳ ибни Шукруллоҳ, Манҳаҷ-ус-содиқин фи илзом-ил-мухолифин, Теҳрон, Китобфурушии исломия, бе то.
  • Қаршии Бунобӣ, Алиакбар, тафсири Аҳсан-ул-ҳадис, Теҳрон, Бунёди беъсат, 1375ҳ.ш.
  • Мавлавӣ, Ҷалолиддин Муҳаммад, Маснавии Маънавӣ, Теҳрон, илмии фарҳангӣ, 1376ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Қаҳрамони тавҳид, шарҳ ва тафсири оёти марбут ба ҳазрати Иброҳим (а), Қум, Имом Алӣ ибни Абитолиб алайҳис-салом, 1388ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, тафсири ал-Кошиф, Қум, Дорул-китобил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, Теҳрон, Садро, 1389ҳ.ш.
  • «آیا بت‌شکنی ابراهیم توهین به مقدسات نبوده است؟», нашри осор ва афкори устод Аҳмади Обидинӣ, боздид: 20 озари 1402.
  • Олусӣ, Маҳмуд, Руҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-Азим ва-с-сабъ-ул-масонӣ, таҳқиқи Алӣ Абдулборӣ Атия, гирдоварии Иброҳим Шамсиддин ва Саноъ Базиъ Шамсиддин, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, муассисаи Имом Содиқ (алайҳис-салом), бе то.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Фахриддини Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1420ҳ.қ.