Боқирулъулум (лақаб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Боқир-ул-улум)
Ин мақола дар бораи лақаби Имом Боқир (а) аст. Барои ошноӣ бо шахсияти Имом (а) мадхали Имом Боқир алайҳиссаломро бубинед.

Боқилулъулум ё Боқир (арабӣ: باقر العلوم) машҳуртарин лақаби Имом Муҳаммади Боқир (а) аст.[1] Дар китоби Илал-уш-шароеъ аз Ҷобир ибни Язиди Ҷуъфӣ нақл шуда ки дар посух ба ин савол ки чаро Имоми панҷумро Боқир номиданд? Гуфт: зеро ӯ илмро ба воқеъ шикофт.[2]

Чунонки дар китоби Василат-ул-ходим - асари Фазл ибни Рӯзбеҳон, олими қарни нуҳум ва даҳуми ҳиҷрӣ, омада Пайғамбар (с) Имоми панҷумро ба ин лақаб номида[3] ва дар ривояте аз Имоми Содиқ (а) омадааст: Пайғамбар (с) лақаби Боқирро ба унвони фазилат махсуси Имом Боқир (а) эъто кардааст.[4] Пайғамбар (с) ба Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ ваъда дод ки ту зинда мемонӣ ва фарзандам Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолибро ки дар Таврот Боқир лақаб дода шуда, мебинӣ ва ҳаргоҳ дидораш кардӣ саломи маро ба ӯ бирасон.[5][Ёддошт 1]

Ҳамчунин дар нақле дигар дар китоби Тазкират-ул-хавос - таълифи Сибт ибни Ҷавзӣ (ваф. 654ҳ.қ.), омадааст ӯро дар асари саҷдаи зиёд ки дар пешонияш фурӯрафтагие пайдо шуда буд, Боқир номиданд.[6][Ёддошт 2]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Қумӣ, Мунтаҳ-ал-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1263
  2. Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.233
  3. Ханҷии Исфаҳонӣ, Василат-ул-ходим,1375ҳ.ш., саҳ.190
  4. Муфид, ал-Ихтисос, 1414ҳ.қ., саҳ.62
  5. Маҷлиси, Биҳор-ул-анвор, 1363, ҷ.46, саҳ.225
  6. Сибт ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.302

Ёддошт:

  1. Дар баъзе таҳқиқот номи Имом Боқир (а) дар Таврот ба унвони Масҳур муаррифӣ шудааст.[ниёзманди манбаъ] Ҳамчунин ниг.: Дувоздаҳ имом дар Таврот, нигоҳе нав ба башорати Иброҳим дар сифри Пайдоиш, навиштаи Ҳодӣ Алии Тақавӣ, Муҳаммад Қандаҳор, Мӯҳсини Файзбахш
  2. و انما سمي الباقر من كثرة سجوده، بقر السجود جبهته؛ أي فتحها و وسعها

Сарчашма

  • Ханҷии Исфаҳонӣ, Фазлуллоҳ, Василат-ул-ходим ила ал-махдум, Қум, интишороти Ансориён, 1375ҳ.ш.
  • Сибт ибни Ҷавзӣ, Юсуф ибни Қазовуглӣ, Тазкират-ул-хавосси мин-ал-уммати фи зикри хасосис-ил-аимма, Қум, Маншурот-уш-Шариф ар-Разӣ, 1418ҳ.қ.
  • Садуқ Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, таҳқиқи Муҳаммадсодиқи Баҳрулъулум, Маншуроту Мактабат-ул-ҳайдарийя, 1385ҳ.қ.
  • Қумӣ, Аббос, Мунтаҳ-ал-омол, Қум, Ҷомеаи мударрисин, 1379ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Теҳрон, Исломия, 1363ҳ.ш.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Ихтисос, таҳқиқи Алиакбар Ғаффарӣ, Бейрут, Дор-ул-Муфид, 1414ҳ.қ.