Ботинигарӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ботинигаройӣ)

Барои дигари корбурдҳо, Ботиния (ибҳомзудоӣ)-ро бубинед.

Ботинигарӣ (форсӣ: باطنی‌گری) ақида ба ин аст ки дин ботине ҳам дорад, ки аз зоҳираш муҳимтар аст. Тарафдорони ботинигарӣ оёти Қуръонро таъвил мекунанд ва мекӯшанд ба маънои ботинишон даст пайдо кунанд. Дар миёни фирқаҳо ва мазоҳиби исломӣ, беш аз ҳама, аҳли тасаввуф ва исмоъилия ба ботинигарӣ шӯҳрат доранд.

Аҳл тасаввуф мегӯянд шариат пӯстаи дин аст ва бояд ба ҳақиқат, ки ҳастаи он аст, даст ёфт. Исмоъилия ҳам бар онанд, ки бояд бо таъвили оёти Қуръон ба маънои ҳақиқии онҳо расид ва ин кор бар ӯҳдаи имом аст. Бархе шиаи имомияро ҳам мазҳабии ботинӣ донистаанд; аммо касоне ин суханро рад кардаанд.

Дар аҳодиси шиа, ривоёте ҳаст, ки оёти Қуръонро дорои зоҳир ва ботин медонад. Ҳамчунин ривоёте вуҷуд дорад, ки оёти Қуръонро таъвил мекунад. Олимони шиа, бо истинод ба ин ривоёт, таъвилро мепазиранд; аммо на онгуна ки дар тасаввуф ва исмоъилия ривоҷ дорад ва завобити хоссе барои он дар назар мегиранд.

Мафҳумшиносӣ

Ботинигарӣ андешаест ки бар ботину ҳақиқати дин таъкид мекунад ва муътақид аст дин ду ҷанбаи зоҳирӣ ва ботинӣ дорад. Дар ботинигарӣ, ҷанбаи ботинии дин аз зоҳири он муҳимтар шумурда ва ҳадаф расидан ба ботину ҳақиқати он дониста мешавад.[1]

Фирқаҳо ва мазоҳиби ботинии мусулмон

Рене Генони файласуфи мусулмони фаронсавӣ (1886 - 1951), ботинигарӣ миёни мусулмононро ба аҳли тасаввуф ва орифони мусулмон нисбат медиҳад[2] ва мегӯяд инон қишр ё пӯст ё зоҳири шариатро аз лубб ё ҳаста ё ботини он тафкик мекарданд ва ҳақиқати динро ҳамон ботини он медонистанд.[3]

Ба гуфтаи Фарҳоди Дафтарӣ, исмоъилишинос (тав.1317ҳ.ш.), беш аз ҳамаи фирқаҳо ва мазоҳиби исломӣ, исмоъилия ба андешаи ботинигарӣ шӯҳрат дорад;[4] ба бовари исмоилиён, пайғамбарон маънои зоҳирии ваҳйро барои мардум баён мекарданд; аммо таъвили ваҳй, яъне маънои ботинӣ ва ҳақиқии он бар ӯҳдаи ҷонишинони онҳост, ки васӣ ё имом ном доранд.[5]

Ботинигарӣ дар мазҳаби имомия

Гуфтаанд исломпажӯҳоне чун Ҳенрӣ Корбин ва Маҳмадалии Амирмуъизӣ шиаи имомияро мазҳабии ботинӣ ва таъвилӣ медонанд; аммо бархе низ ин суханро намепазиранд ва мегӯянд «хатти эътидолии шиа» тафовутҳои муҳимме бо ботинигарӣ дорад; аз ҷумла барои шариат ва зоҳири оёту ривоёт, марҷаъият қоил аст ва онро ба ҳошия намебарад. Ҳамчунин гавҳари диндориро тааббуд ба шариат медонад ва бар ин эътиқод аст, ки наҷот бо амал ба шариат мумкин мешавад.[6]

Бо ин ҳама олимони шиа таъвилро ба таври куллӣ мепазиранд; аммо таъвилоти исмоъилияро дуруст намедонанд ва барои таъвил шартҳое зикр мекунанд.[7] Онҳо аҳодисе аз Пайғамбар (с) ва имомон, мабнӣ бар вуҷуди зоҳиру ботин барои оёти Қуръон нақл мекунанд.[8] Ҳамчунин ривоёте нақл мекунанд ки дар онҳо имомон оёте аз Қуръонро таъвил кардаанд;[9] монанди ин ҳадис аз Имом Содиқ (а) ки ояти «Вазн карданро ба адолат риоят кунед ва камфурӯшӣ макунед»-ро[10] ингуна тавзеҳ медиҳад: «Аз имоми одил пайравӣ кунед ва аз ҳаққаш накоҳед.»[11]

Мабнои ботинигарии аҳли тасаввуф

Рене Генон дар тавсифи ботинигарӣ аҳл тасаввуф мегӯяд дар бовари онҳо, шариат қишр ё зоҳири дин аст, ки дар қолаби аҳкоми фиқҳӣ буруз пайдо мекунад; аммо асли дин ҳамон ҳақиқат аст ва мо ба василаи тариқат, аз шариат ба ҳақиқат мерасем.[12] Шариат танҳо як дастуруламал аст; аммо ҳақиқат «маърифати ноб» аст ва ин маърифат, маъное мутаъолӣ ва амиқ ба шариат медиҳад.[13]

Усули ботинигарии исмоъилия

Низоми ботинигарӣ дар мазҳаби исмоъилия бар мафоҳим «зоҳиру ботин» ва «танзилу таъвил» ва «хосу ом» такя дорад.[14] Усули ботинигарӣ иборат аз се асл зер аст:[15]

  • Асли маънои ботинӣ дар баробари маънои зоҳирӣ: таълимоти динӣ ду ҷанбаи зоҳир ва ботин доранд ва маънои ботинияшон бештарин аҳамиятро дорад.[16]
  • Асли таъвил дар баробари танзил ва тафсир: ботиниён талош мекунанд ба василаи таъвил аз зоҳири Қуръон ва ривоёт ба ботинашон барисанд.[17]
  • Асли дастабандии мардум ба хосу ом: ба бовари ботиниёни исмоъилӣ, таъвил бар ӯҳдаи имомон аст ва шумори андаке метавонанд аз тариқи таъвили имомон, ба ботини дин даст пайдо кунанд. Бинобар ин инсонҳо ба хавоссу авом тақсим мешаванд. Хавос ҳамон муътақидон ба мазҳаби исмоъилиянд, ки имомати имомони исмоъилиро пазируфтаанд. Ва авом ғайриисмоъилиёнанд, ки танҳо зоҳири динро метавонанд дарак кунанд.[18]

Пайбандӣ ба аҳкоми шаръӣ дар ботинигарӣ

Бархе аз фирқаҳо ва мазҳабҳое, ки ботинӣ хонда мешаванд, пайбандӣ ба аҳкоми шаръиро дар шароите, лозим намедонанд. Барои намуна, гузориш кардаанд, ки исмоилиёни нахустин, қарматиён ва назориён пайбандӣ ба аҳкоми шаръиро барои касоне ки ба имому ҳақоиқи ботинӣ маърифат доштанд, лозим намедонистанд.[19]

Намунаҳое аз таъвилҳои ботиниён

Феҳристи зер намунаҳое аз таъвилҳоест, ки ботинигароён дар хусуси оёти Қуръон матраҳ кардаанд:

  • «Рӯзе ки осмонро дарҳам мепечем».[20] Таъвил: Рӯзе ки шариатро ботил кунем.[21]
  • «Он гоҳ ҳафт осмонро дар ду рӯз падид оварад. Ва дар ҳар осмоне корашро ба он ваҳй кард.»[22] Таъвил: Ҳафт раис барои ду давраи силсилаи зоҳирӣ ва ботинӣ мансуб кард ва баҳраи ҳарякро ҷудогона дод.[23]
  • [Дуои ҳазрати Нӯҳ:] «Ҷуз бар гумроҳии ситамкорон маяфзо»[24] Таъвили Муҳйиддини Арабӣ: Худоё касонеро ки ба нафсашон ситам карда ва ба мақоми фанои филлоҳ расидаанд, ҷузи маърифатат, ки мӯҷиби ҳайронии инсони комил дар зоти Ту мешавад маяфзо.[25]

Маншаи ботинигарӣ

Бархе решаи ботинигарӣ дар исмоъилияро андешаи ғолиёни шиа дар қарни дувум медонанд. Эҳтимол додаанд нахустин мусулмоне ки машраби ботинӣ дошта ва оёти Қуръонро таъвил мекарда, Муғайра ибни Саид (ваф.119ҳ.қ.), раҳбари гурӯҳи муғайрия будааст. Ҳамчунин мегӯянд Абулхаттоб (ваф.138ҳ.қ.) бунёнгузори фирқаи хаттобия нахустин касе аст, ки миёни мусулмонон наҳзате бо хусусиёти ботинӣ таъсис кард.[26]

Ботинигарӣ дар тасаввуфро низ ба қарни дувуми қамарӣ ва зуҳури нахустин суфиён нисбат медиҳанд; яъне касоне чун Ҳасани Басрӣ, Абуҳошими Кӯфӣ (ваф.150ҳ.қ.), Суфёни Саврӣ (ваф.161ҳ.қ.) ва Иброҳими Адҳам (ваф.162ҳ.қ.).[27]

Тӯҳмати ботинигарӣ

Дар тӯли таърихи Ислом, «ботинигарӣ» ба унвони тӯҳмати мазҳабӣ ё сиёсӣ барои радди мухолифони мазҳабӣ ё ҳазфи мухолифони сиёсӣ ба кор рафтааст. Барои мисол, Ибни Таймия шиаён, суфиён ва файласуфонро ботиния меномид.[28] Ҳамчунин афроде ба ҷурми ботинигарӣ кушта мешуданд, ки аз машҳуртаринҳояшон Ҳасанак Вазир, вазири султон Маҳмуди Ғазнавӣ аст, ки бо аҳдофи сиёсӣ ба дор овехта шуд.[29]

Эзоҳ

  1. Додбеҳ, «Ботиния», саҳ.196; Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоъилия, 1386ҳ.ш., саҳ.104
  2. Генон, Нигарише ба машраби ботинии Ислом ва ойини доу, 1387ҳ.ш., саҳ.22, 24, 32
  3. Генон, Нигарише ба машраби ботинии Ислом ва ойини доу, 1387ҳ.ш., саҳ.32
  4. Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоъилия, 1386ҳ.ш., саҳ.104
  5. Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоъилия, 1386ҳ.ш., саҳ.161 - 162
  6. Ансорӣ, «باطنی‌نگری در تشیع و تصوف در گفتگو با حسن انصاری», вебгоҳи Баррасиҳои таърихӣ
  7. Маърифат, ат-Таъвил, 1412ҳ.қ., саҳ.37 - 44
  8. Маърифат, ат-Таъвил, 1412ҳ.қ., саҳ.33 - 35
  9. Маърифат, ат-Таъвил, 1412ҳ.қ., саҳ.62 - 67
  10. Сураи Арраҳмон, ояти 9
  11. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.309
  12. Генон, Нигарише ба машраби ботинии Ислом ва ойини доу, 1387ҳ.ш., саҳ.21 - 22
  13. Генон, Нигарише ба машраби ботинии Ислом ва ойини доу, 1387ҳ.ш., саҳ.21 - 22
  14. Дафтарӣ, «Ботиния», саҳ.554
  15. Додбеҳ, «Ботиния», саҳ.196
  16. Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоъилия, 1386ҳ.ш., саҳ.104
  17. Додбеҳ, «Ботиния», саҳ.196
  18. Дафтарӣ, «Ботиния», саҳ.556
  19. Дафтарӣ, «Ботиния», саҳ.556
  20. Сураи Анбиё, ояти 104
  21. Кӣ. Пунавала, «Таъвили Қуръон дар нигоҳи исмоилиён», саҳ.142
  22. Сураи Фуссилат, ояти 12
  23. Кӣ. Пунавала, «Таъвили Қуръон дар нигоҳи исмоилиён», саҳ.142 - 143
  24. Сураи Нӯҳ, ояти 24
  25. Ҳусайнии Кӯҳсорӣ, «Баррасии назарияи таъвили Ибни Арабӣ ва бакоргирии он дар тафсири ирфонии Қуръон» саҳ.79
  26. Дафтарӣ, «Ботиния», саҳ.555
  27. Саҷҷодӣ, Муқаддамае бар мабоонии ирфон ва тасаввуф, 1372ҳ.ш., саҳ.50
  28. Дафтарӣ, «Ботиния», саҳ.557
  29. Додбеҳ, «Ботиния», саҳ.198

Сарчашма

  • Ансорӣ, Ҳасан, «باطنی‌نگری در تشیع و تصوف در گفتگو با حسن انصاری», вебгоҳи Баррасиҳои таърихӣ, санаи дарҷ: 21 меҳри 1398ҳ.ш., санаи боздид: 28 хурдоди 1401ҳ.ш.
  • Генон, Нигарише ба машраби ботинии Ислом ва ойини доу, тарҷумаи Дилорои Қаҳрамон, Теҳрон, Ҳикмат, 1387ҳ.ш.
  • Дафтарӣ, Фарҳод, «Ботиния», дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, ҷ.1, бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, чопи сеюм, 1386ҳ.ш.
  • Дафтарӣ, Фарҳод, Таърих ва ақоиди исмоъилия, тарҷумаи Фаридуни Бадраӣ, Теҳрон, нашру пажӯҳиши Фарзони рӯз, 1386ҳ.ш.
  • Додбеҳ, Асғар, «Ботиния», дар Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.11, маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, чопи аввал, 1381ҳ.ш.
  • Кӣ. Пунавала, Исмоил, «Таъвили Қуръон дар нигоҳи исмоилиён», тарҷумаи Муҳаммадҳасани Маҳмадии Музаффар, дар маҷаллаи Ҳафт осмон, №34, 1386ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Таъвилу фи мухталаф-ил-мазоҳиби ва-л-ороъ, Теҳрон, Пажӯҳишгоҳи мутолиоти тақрибӣ, чопи дувум, 1412ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъати лидурари ахбори ал-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Кӯҳсорӣ, Сайид Ҳусайн, بررسی نظریه تأویل ابن‌عربی و به‌کارگیری آن در تفسیر عرفانی قرآن, дар маҷаллаи Фалсафаи дин, №1, 1397ҳ.ш.