Боб-ус-соъот

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Бобуссоъот)
Нақшаи ҳавоии дарвозаҳои шаҳри қадими Димишқ.

Бобус-соъот (арабӣ:بابُ السّاعات) ё дарвозаи соъот маконе дар Димишқ аст, ки асирони Карбалоро пеш аз вуруд ба кохи Язид муддате дар онҷо нигаҳ доштанд.

Саҳл Соидӣ - саҳобаи Паёмбар (с), чигунагии вуруди корвони асирон аз дарвозаи соъот ба Димишқро гузориш карда, ба ҳамин ҷиҳат дар адабиёти ошуроӣ аз он ёд мешавад.

Иллати номгузорӣ

Бобус-соъот аз вурудиҳои масҷиди Умавии Димишқ буд, ки дар болои он, соъати калоне қарор дошт. Ба он Боби ҷирун низ мегуфтанд.[1] Номгузории он ба Бобус-соъотро ба хотири вуҷуди соъате дар болои он донистаанд.[2] Ҳамчунин дар мутуни ривоии марбут ба гузориши моҷарои асирони Карбало дар Шом аз Бобус-соъот ёд шудааст.[3]

Гуфтаанд, ин Бобус-соъот ғайр аз Бобус-соъоти масҷиди Умавии Димишқ буда ва муддате сари Имом Ҳусайн (а)-ро пеш аз вуруд ба қасри Язид, дар онҷо нигаҳ доштаанд.[4] Аз онҷо ки дар соли 61-и қамарӣ, корвони асирони Карбалоро чанд соате дар ин макон нигаҳ доштанд, ба Бобус-соъот машҳур шудааст.[5]

Албатта гуруҳе низ вуруди корвони асирон ба Шомро аз Боби тавмо донистаанд.[6] Касоне ҳам гуфтаанд: Бобус-соъот ҳамон Бобу тавмо аст, ки аз маҳаллаҳои насронинишини Димишқ аст ва осоре аз он боқӣ мондааст.[7]

Гузориши Саҳли Соидӣ

Аз Саҳли Соидӣ нақл шудааст, ҳангоме, ки корвони асирони Карбалоро вориди Димишқ мекарданд, аҳолии Димишқ дар дарвозаи соъот таҷаммуъ карда, пойкӯбию шодӣ мекарданд.[8] Шайх Аббоси Қумӣ аз Комили Баҳоӣ гузориш кардааст, ки Аҳли Байти Имом Ҳусайн (а), се рӯз дар вурудии Димишқ монданд.[9]

Саҳли Соидӣ чигунагии вуруди асирон ба шаҳри Димишқ аз дарвозаи соъотро гузориш кардааст. Ба гуфтаи вай, сарҳои бурида, бар найза ва ҳамроҳи асирон дар ҳаракат буданд ва Сакина духтари Имом Ҳусайн аз вай хост чизе ба найзадорон бидиҳад, то сарҳои шуҳадоро каме пештар аз асирон ҳаракат диҳанд, то номаҳрамон ба занон ва духтарони корвон нигоҳ накунанд.[10] Ба ҳамин хотир дар равзаҳои марбути воқеаи Ошуро аз ҷумла: равзаи маҷлиси Язид аз Бобус-соъот ёд мешавад.

Дар Бобус-соъоти масҷиди Умавии Димишқ, санги бузурге аст, ки гуфта мешавад, Ҳобилу Қобил, қурбонии худро бар он қарор дода буданд.[11]

Адабиёт ва фарҳанги форсӣ

“Дарвозаи соъот” дар адабиёт ва шеъри форсӣ корбурд ёфтааст. Ин вожа дар адабиёти ошуроӣ ба дарвозаи Димишқ аз сӯи Ҳалабу Кӯфа ишора дорад, ки асирони Карбалоро онҷо нигаҳ доштанд. Шеъри зер аз ҷумлаи ашъор дар ин замина аст:

Шомиён карданд имрӯз издиҳом

То сари пок Ҳусайн ояд ба Шом

Халқро оҳанги шодӣ бар лаб аст

Ин ҳаёҳу аз барои Зайнаб аст

Шомиён чангу найу даф мезананд

Даври Зайнулъобидин каф мезананд

Саҳлро сӯз аз дил, оҳ аз саргузашт

Вориди дарвозаи соъот гашт

То дари дарвоза сарҳоро шикофт

Дид ногаҳ ҳаждаҳ хуршед тофт[12]

Серияли телевизионӣ

Дарвозаи соъот номи маҷмӯаи телевизионии чаҳор қисматӣ маҳсули соли 2009 ба коргардонӣ, нависандагӣ ва таҳиякунандагии Сайидҷавод Ҳошимӣ аст, ки ба ҳаводисе дар атрофи ин дарвоза дар айёми вуруди асирони Карбало ба Шом мепардозад. Ин филм аз шабакаи Қуръони садову симои Ҷумҳурии Исломии Эрон пахш шудааст.[13]

Ҷусторҳои вобаста

Бозори Шом

Харобаи Шом

Масҷиди Умавии Димишқ

Эзоҳ

  1. Ибни Батута, Сафарнома, 1359ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.90.
  2. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Дорул-фикр, ҷ.9, саҳ.158.
  3. Руҷӯъ кунед ба: Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.128.
  4. Руҷӯъ кунед: Байзун, Мавсуъат-ул-Карбало, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.414.
  5. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1378ҳ.ш., саҳ.188.
  6. Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.129 - 130.
  7. Шаҳидӣ, “Бобус-соъот” дар Доиратулмаорифи ташайюъ, 1380ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.12; Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1378ҳ.ш., саҳ.188.
  8. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.128.
  9. Қумӣ, Нафас-ул-маҳмум, 1421ҳ.қ., саҳ.394.
  10. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.128; Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.68.
  11. Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.2, саҳ.464; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Дорул-фикр, ҷ.9, саҳ.154.
  12. Бозгаштами оташ аз по то ба сар, «пойгоҳи итилоърасонии Нахли Майсам».
  13. Мини сереяли «Дарвозаи соъот», шабакаи Қуръон ва маорифи симо.

Сарчашма

  • Байзун, Лабиб, Мавсуъату Карбало, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, 1427ҳ.қ.
  • Ибни Аъсами Куфӣ, Аҳмад, ал-Футуҳ, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1411ҳ.қ./1991м.
  • Ибни Батута, Сафарномаи Ибни Батута, тарҷума: Муҳаммадалии Муваҳҳид, Теҳрон, Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб, 1359ҳ.ш.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорул-фикр, бе то.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Нафас-ул-маҳмум, Наҷаф, ал-Мактабатул-Ҳайдария, 1421ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисатул-Вафо, 1404ҳ.қ.
  • Мини серияли «Дарвозаи соъот», бозбинӣ: 30 мурдоди 1399ҳ.ш.
  • Муҳаддисӣ, Ҷавод, Фарҳанги Ошуро, Қум, Нашри Маъруф, 1378ҳ.ш.
  • Хоразмӣ, Муваффақ ибни Аҳмад, Мақтал-ул-Ҳусайн алайҳис-салом, Қум, Анворул-ҳудо, 1423ҳ.қ.
  • Ҳамавӣ, Ёқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дорусодир, 1995м.
  • Шаҳидӣ, Абдулҳусайн, “Бобус-соъот”, Доиратулмаорифи ташайюъ (ҷ.3), Нашри шаҳид Саидмуҳиббӣ, 1380ҳ.ш.