Бағй

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Бағӣ)

Бағй (арабӣ: البغي) хуруҷ ё шӯриш алайҳи имоми машрӯъ ва ҳокими исломӣ аст. Касе ки бағй мекунад, боғӣ хонда мешавад. Бағй аҳкоме дорад, ки дар китобҳои фиқҳӣ аз он баҳс шудааст. Тибқи фатвои фақиҳон, ҳокими исломӣ ибтидо бояд боғиёнро иршод кунад ва агар натиҷа надод, бо онон набард кунад.

Бархе аз фақиҳони мусулмон ҳукм ба куфри боғиён додаанд ва бархе гуфтаанд фосиқанд. Фақиҳони шиа касонеро ки дар ҳукумати Имом Алӣ (а), бар зидди ӯ ҷангиданд, аз масодиқи боғӣ донистаанд; монанди хавориҷ ва ширкаткунандагон дар ҷангҳои Сиффин ва Ҷамал.

Мафҳумшиносӣ

Бағй дар истилоҳи фиқҳ ба маънои хуруҷ ва шӯриш алайҳи имоми одил ва барҳақ аст ва касе, ки алайҳи ӯ шӯриш кунад, боғӣ номида мешавад.[1] Дар манобеи фиқҳӣ, барпокунандагони ҷангҳои даврони ҳукумати Имом Алӣ (а), монанди Ҷамал, Сиффин, ба вижа хавориҷ, мисдоқи боғӣ хонда шудаанд.[2]

Ҷанг бо боғиён ва шароити он

Тибқи фатвои фақиҳони шиа, ҳокими исломӣ ибтидо бояд боғиёнро иршод кунад ва аз шӯриш боздорад[3] ва агар напазируфтанд, бо онҳо меҷангад.[4] Ба гуфтаи Кошифулғито (1156 - 1228ҳ.қ.), ҷангидан дар сурате муҷоз аст, ки натавон бо гуфтугӯ ё роҳи дигаре ғайр аз ҷанг, ононро аз шӯриш боздошт.[5]

Бар асоси китобҳои фиқҳӣ, бархе дигар аз шароити ҷангидан бо ин гурӯҳ иборат аст аз:

  • Аҳли бағй аз имоми одил ва ҷамоати мусулмонон, ҷудо шуда ва алайҳи ӯ шӯриш кунанд;[6] ба гунае ки дар зумраи роҳзанону муҳорибон қарор гиранд.[7]
  • Ба бовари Аллома Ҳиллӣ ва Шаҳиди Сонӣ, бағй фақат дар сурати хуруҷ бар имоми маъсум муҳаққақ мешавад;[8] аммо Кошифулғито хуруҷ бар ноибони хос ё омми имомро низ аз масодиқи бағй шумурдааст.[9]
  • Аҳли бағй аз маҳдудаи иқтидори имом ё ҳоким хориҷ шуда ва дар маконе монанди биёбон гирд оянд.[10]
  • Қудрати онон ба гунае бошад ки ҷуз бо пайкор натавон ононро боздошт.[11]
  • Теъдодашон зиёд бошад.[12] Албата Шаҳиди Аввал бағйро бо як нафар низ муҳаққақ медонад.[13]

Аҳкоми дигар

Бархе дигар аз аҳкоми фиқҳии бағй иборат аст аз:

  • Боғиён нисбат ба амволу ҷонҳое, ки аз байн бардаанд, зомин ҳастанд.[14] Аммо мусулмонон нисбат ба молу ҷони талафшудаи боғиён зомин нестанд.[15]
  • Шайхи Тӯсӣ ғанимат гирифтани амволи аҳли бағйро, дар ҳоли ҷанг, ҷоиз донистааст;[16] аммо Сайид Муртазо ва Ибни Идриси Ҳиллӣ ғанимат гирифтани амволи аҳли бағйро ҷоиз намедонанд.[17]
  • Занону фарзандони боғиён асир намешаванд.[18]
  • Рафтор бо асирони аҳли бағй, бо тавваҷуҳ ба «зуфиа» будан (яъне дорои ташкилоти мунсаҷиму раҳбарии мушаххас) ва «зуфиа» набудан (бидуни ташкилоти мунсаҷим), мутафовит аст: дар сурати аввал (монанди асҳоби Сиффин), асирон кушта ва фирориён таъқиб мешаванд;[19] аммо дар сурати дувум (монанди асҳоби Ҷамал), асирон кушта намешаванд ва фирориён ҳам таъқиб намегарданд;[20]
  • Бархе аз фуқаҳо, монанди Соҳиби Ҷавоҳир гуфтаанд аҳли бағй ба маҳзи шӯриш, кофар шумурда намешаванд;[21] аммо ба гуфтаи Шайхи Тӯсӣ, бархе аз фуқаҳои шиаи қоил ба куфри боғиён ҳастанд.[22]

Дидгоҳи аҳли суннат

Бархе аз дидгоҳҳои аҳли суннат дар бораи мафҳуми бағй ва аҳкоми он иборатанд аз:

  • Ба гуфтаи Ибни Қудома (541ـ620ҳ.қ.),[23] аз фуқаҳои аҳли суннат, бештари фақиҳони аҳли суннат аҳли бағйро аз хавориҷ донистаанд ки молу ҷони мусулмононро ҳалол шумурдаанд.[24] Ӯ муътақид аст ҷанг бо онон ба ин далел аст, ки муфсиди фи-л-арз ҳастанд, на он ки кофар шумурда шаванд.[25]
  • Бархе аз ҳанафиҳо бағйро ба хуруҷ аз итоат аз имом таъриф кардаанд;[26] дар фиқҳи моликӣ ва шофеӣ, илова бар хуруҷ алайҳи имом, надодани ҳақ ба имомро мисдоқи бағй донистаанд;[27] чунонки Ибни Арабӣ ҷанг бо монеъони закот дар замони халифаи аввалро набард бо аҳли бағй шумурдааст.[28]
  • Аз дидгоҳи фуқаҳоии аҳли суннат, ба ҷуз ҳанафиҳо, манзур аз ҷанг бо аҳли бағй, дафъи шарри боғиён аст. Бинобар ин асирону фирориёнашон кушта ва таъқиб намешаванд ва амволашон, то ҳангоме ки боғиянд, назд имом нигаҳдорӣ мешавад.[29]

Такнигорӣ

Тасвири китоби Бағй ва тамарруд дар ҳукумати исломӣ

Китоби Бағй ва тамарруд дар ҳукумати исломӣ, навиштаи Маҳдӣ Пурҳусайн аст. Чор фасли ин китоб иборатанд аз: «Мухтассоти мафҳумии вожаи бағй», «Ҳуқуқу вазоифи мутақобили мардум ва ҳукумати исломӣ», «Мухолифон, мутамарридон ва барандозон» ва «Рӯёрӯӣ бо боғиён».[30]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Шайхи Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.296; Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.522
  2. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.258 - 260; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.407; Зуҳайлӣ, ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатиҳи, 1405ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.142
  3. Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.410
  4. Зуҳайлӣ, ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатиҳи, 1405ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.142 - 143; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.407 - 408
  5. Кошифулғито, Кашф-ул-ғитои ан мубҳамот-иш-шариъат-ил-ғарро, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.368
  6. Тӯсӣ, ал-Василату ило найл-ил-фазилат, 1408ҳ.қ., саҳ.205
  7. Туробӣ, «Бағй», 1378ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.596
  8. Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.393 - 398; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.407 - 408
  9. Кошифулғито, Кашф-ул-ғитои ан мубҳамот-иш-шариъат-ил-ғарро, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.367
  10. Шайхи Тӯсӣ, 1387ҳ.қ., ал-Мабсут, ҷ.7, саҳ.265
  11. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.323 - 327
  12. Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосиди фи шарҳ-ил-қавоид, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.483
  13. Шаҳиди Аввал, ал-Лумъат-уд-димишқийя, 1410ҳ.қ., саҳ.83
  14. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.309; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.94; Солеҳии Наҷафободӣ, Ҷиҳод дар Ислом, 1382ҳ.қ., саҳ.142
  15. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.347 - 345; Зуҳайлӣ, ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатиҳи, 1405ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.144 - 145
  16. Шайхи Тӯсӣ, ал-Иқтисод, 1400ҳ.қ., саҳ.315
  17. Уммонӣ, Маҷмуъаи фатовои Ибни Абиақил, бе то, саҳ.111; Ибни Идриси Ҳиллӣ, ас-Сароир, ҷ.2, саҳ.15 - 19
  18. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, бе то, саҳ.102
  19. Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солиҳин, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.389 - 391
  20. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.233
  21. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.21, 1404ҳ.қ., саҳ.337 - 338
  22. Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.336 - 335
  23. كتاب المغني لابن قدامة - ط مكتبة القاهرة, вебгоҳи ал-Мактабат-уш-шомила
  24. Ибни Қудома, ал-Муғнӣ, 1388ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.524
  25. Ибни Қудома, ал-Муғнӣ, 1388ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.524
  26. Авда, Абдулқодир, ат-Ташриъ-ул-ҷиноий-ил-исломӣ, бе то, ҷ.2, саҳ.673
  27. Авда, ат-Ташриъ-ул-ҷиноий-ил-исломӣ, ҷ.2, бе то, саҳ.673
  28. Ибни Арабӣ, Аҳком-ул-Қуръон, 1408ҳ.қ. ҷ.4, саҳ.1721
  29. Ибни Арабӣ, Аҳком-ул-Қуръон, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1720 - 1723; Зуҳайлӣ, ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатиҳи, 1405ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.143 - 146
  30. کتاب «بغی و تمرد در حکومت اسلامی» به چاپ دوم رسید, вебгоҳи Хабаргузории расмии ҳавза

Сарчашма

  • Авда, Абдулқодир, ат-Ташриъ-ул-ҷиноий-ил-исломӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-арабӣ, бе то.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, Муассисату Оли-л-Байт, 1414ҳ.қ.
  • Зуҳайлӣ, Ваҳба Мустафо, ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатиҳи, Димишқ, Дор-ул-фикр, 1405ҳ.қ.
  • Ибни Арабӣ, Аҳком-ул-Қуръон, таҳқиқи Алимуҳаммад Баҷовӣ, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1408ҳ.қ.
  • Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Мансур, Китоби ас-Сароир, Қум, дафтари Интишороти исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Қудома, Абумуҳаммад, ал-Муғнӣ, Миср, Мактабат-ул-Қоҳира, 1388ҳ.қ.
  • Кошифулғито, Кашф-ул-ғито ан мубҳамот-иш-ҳариъат-ил-ғарро, Қум, интишороти Дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, 1422ҳ.қ.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом; зери назари Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, 1382ҳ.ш.,
  • Муҳаққиқи Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосиди фи шарҳ-ил-қавоид, Қум, Муассисату Оли-л-Байт (а), 1414ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом, таҳқиқи Абдулҳусайн Муҳаммад Алӣ Баққол, Қум, Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-каломи фи шарҳи шароеъ-ул-Ислом, таҳқиқи Аббоси Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1404ҳ.ш.
  • Солеҳии Наҷафободӣ, Неъматуллоҳ, Ҷиҳод дар Ислом, Теҳрон, нашри Най, 1382ҳ.ш.
  • Туробӣ, Акбар, «Бағй», Донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди доиратулмаъорифи исломӣ, 1378ҳ.ш.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Иқтисод, Қум, Теҳрон, Матбаат-ул-Хайём, Маншуроти мактабаи ҷомеъи Чиҳилсутун, 1400ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсути фи фиқҳ-ил-имомия, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавийяти лиэҳё-ил-осор-ил-ҷаъфарийя, 1387ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, дафтари Интишороти исломӣ, 1407ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ан-Ниҳояту фи муҷаррад-ил-фиқҳи ва-л-фатово, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, чопи дувум, 1400ҳ.қ.
  • Шайхи муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Лумъат-уд-димишқийяти фи фиқҳ-ил-имомия, Бейрут, Дор-ут-турос - ад-Дор-ул-исломия, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳоми ило танқеҳи шароеъ-ул-Ислом, Қум, муассисаи ал-Маориф-ул-исломия, 1413ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийяи фи шарҳи ал-Лумъат-уд-димишқийя, таҳқиқи Муҳаммади Калонтар, Бейрут, 1410ҳ.қ.
  • کتاب «بغی و تمرد در حکومت اسلامی» به چاپ دوم رسید, вебгоҳи Хабаргузории расмии ҳавза, санаи дарҷи матлаб: 19 обони 1401ҳ.ш., санаи мушоҳида: 7 дайи 1401ҳ.ш.
  • «كتاب المغنی لابن قدامة - ط مكتبة القاهرة», вебгоҳи ал-Мактабат-уш-шомила, санаи мушоҳида: 20 дайи 1401ҳ.ш.