Сайидату нисо-ил-оламин

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Бартарин бонуи ду ҷаҳон)
Гузоштани парчам бо ибораи «Сейидату Нисоил Оламин» дар солрӯзи мелоди ҳазрати Фотима (а) дар ҳарами Имом Алӣ (а) (феврали 2022).[1]

Саййидату нисоил-оламин (арабӣ:سَیّدَةُ نِساءِ الْعالَمین) ба маънои сарвари занони ҷаҳон яке аз лақабҳо ва фазоили ҳазрати Фотима (с) аст.

Бинобар манобеи ҳадисии шиа[2] ва аҳли суннат[3] ин лақабро Пайғамбар (с) ба ҳазрати Фотима (с) додааст. Ба гуфтаи Ибни Абилаҳдид, ин иборат ба наҳви тавотури лафзӣ ё маънавӣ аз Пайғамбар (с) нақл шудааст.[4]

Дар суханони Имом Алӣ (а) ба ҳангоми дафни Фотима, ки дар ал-Кофӣ нақл шудааст низ ин таъбир барои он ҳазрат ба кор рафтааст.[5] Ҳамчунин ин лақаб дар бархе зиёратномаҳо монанди зиёрати Имом Алӣ (а),[6] зиёрати ҳазрати Заҳро (с),[7] зиёрати Ворис,[8] зиёрати Ошуро[9] ва зиёрати Имом Ризо (а)[10] ба унвони лақаби ҳазрати Заҳро (с) зикр шудааст.

Дар ривоёти дигаре, ки дар манобеи аҳли суннат нақл шудааст, Пайғамбар (с), Фотима (с)-ро сарвари занони муъмин, сарвари занони уммати Ислом ва сарвари занони аҳли биҳишт низ хондааст.[11]

Дар бархе ривоёт, дар канори ҳазрати Фотима (с), ба Марям - духтари Имрон, модари ҳазрати Исо (а), Осия - ҳамсари Фиръавн ва Хадиҷа бинти Хувайлид низ сайидату нисо-ил-оламин гуфта шудааст.[12] Албатта бино бар ривояте, Марям сарвари занони даврони худ ва Фотима сарвари занони ҷаҳон аз аввалину охирин хонда шудааст.[13] Ҳамчунин барои бартарии Фотима бар занони дигар, ба сухани Пайғамбар, ки ӯро пораи тани худ хондааст, истинод шудааст.[14]

Шиаён, дар солрӯзи мелод ва шаҳодати ҳазрати Фотима (с), аз парчам ё банерҳое, ки дарбардорандаи ин иборат аст, барои тазйини маҷолис истифода мекунанд.[15]

Эзоҳ

  1. “Парчами «Ё Сайидату нисо-ил-оламин” бар фарози гунбади ҳарами Имом Алӣ (а) + акс”, хабаргузории байнлмилалии Қуръон.
  2. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.179 ва 420; Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.26, 113 ва 298.
  3. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳеҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.170; Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.173 ва ҷ.42, саҳ.134.
  4. Ибни Абилаҳдид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.265.
  5. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.459.
  6. Шайхи Тусӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.741; Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.246.
  7. Шайхи Тусӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.711; Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.78 - 81.
  8. Шайхи Тусӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.719 ва 720.
  9. Шайхи Тусӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.772 ва 773; Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.481.
  10. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.269.
  11. Бухорӣ, Саҳеҳ Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.203, ҷ.8, саҳ.64; Муслими Нишобурӣ, Саҳеҳ Муслим, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.4, саҳ.1904 ва 1905.
  12. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳеҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.205; Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.70, саҳ.109 ва 112.
  13. Табарии Омулӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.149.
  14. Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415 - 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.149.
  15. Барои намуна ниг.: “Парчами «Ё Сайидату нисо-ил-оламин” бар фарози гунбади ҳарами Имом Алӣ (а) + акс”, хабаргузории байналмилалии Қуръон.

Сарчашма

  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ Бухорӣ, таҳқиқи Муҳаммад Зуҳайр ибни Носир ал-Носир, Бейрут, Дору тавқил-наҷот, 1422ҳ.қ.
  • Ибни Абилаҳдид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Қум, Мактабат Оятуллоҳил-Маръашӣ ал-Наҷафӣ, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таърихи Димишқ, таҳқиқи Амр ибни Ғарома, Бейрут, Дорул-фикр, 1415ҳ.қ. - 1995м.
  • Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, таҳқиқи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, ал-Мактабатул-исломийя, 1388ҳ.қ.
  • Муслими Нишобурӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳ Муслим, таҳқиқи Муҳаммадфуод Абдулбоқӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Олусӣ, Маҳмуд ибни Абдуллоҳ, Руҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-Азим ва-с-сабъ-ул-масонӣ, таҳқиқи Алӣ Абдулборӣ Атия, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1415/1416ҳ.қ.
  • Парчами «Ё Сайидату нисо-ил-оламин” бар фарози гунбади ҳарами Имом Алӣ (а) + акс”, хабаргузории байналмилалии Қуръон, таърихи дарҷи матлаб: 3 баҳмани 1400ҳ.ш., таърихи боздид: 15 озари 1402ҳ.ш.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадраку ала-с-саҳеҳайн, таҳқиқи Мустафо Абдулқодири Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, чопи шашум, 1376ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), таҳқиқи Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, Бейрут, Муассисатул-фиқҳиш-шиъа, чопи аввал, 1411ҳ.қ.