Аш-Шофи фи-л-имома (китоб)

Аз wikishia
аш-Шофи фи-л-имома
local p = {} function p.main(frame) local args = require('Module:Arguments').getArgs(frame, {wrappers = 'Template:If empty', removeBlanks = false}) for k,v in ipairs(args) do if v ~= then return v end end end return p
НависандаСайид Муртазо (355 - 436ҳ.қ.)
МавзуъИмомат
СабкРаддия
ЗабонАрабӣ
Маҷмуа4-ҷилдӣ
НоширМуассисаи интишоротии ас-Содиқ
Санаи нашр1410ҳ.қ.
Тарҷумаи форсӣ


аш-Шофи фи-л-имома (арабӣ: الشافي في الإمامة) китобест каломӣ дар бораи имомат, ба забони арабӣ, навиштаи Сайид Муртазо (355 - 436ҳ.қ.). Ин китоб дар посух ба шубаҳоти Қозӣ Абдулҷаббори мӯътазилӣ дар бораи имомат навишта шудааст.

Китоби аш-Шофӣ мавриди тавваҷуҳи олимони мусулмон буда ва нақду талхисҳое барояш навишта шудааст. Талхиси аш-Шофӣ навиштаи Шайхи Тӯсӣ аз машҳуртарини онҳост. Сайид Муртазо худ низ дар дигар осораш, ҳамчун Танзиҳ-ул-анбиё ва аз-Захирату фи илм-ил-калом ба аш-Шофӣ ирҷоъ додааст.

аш-Шофӣ дар соли 1301ҳ.қ. дар Эрон чоп сангӣ шуд. Ҳамчунин дар соли 1410ҳ.қ. бо тасҳеҳи Абдуззаҳро Хатиби Ҳусайнӣ, тавассути муассисаи интишоротии ас-Содиқ дар қолаби чор ҷилд мунташир шудааст.

Муаллиф

Мақолаи аслӣ: Сайид Муртазо

Нависандаи аш-Шофӣ Сайид Муртазо (355ҳ.қ. - 436ҳ.қ.), фақиҳ ва мутакаллими имомӣ аст. Ӯ пас аз даргузашти Шайхи Муфид, бузурги шиа шуд.[1] Шайхи Муфид, Ҳусайн ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, бародари Шайхи Садуқ, Ибни Наботаи Саъдӣ ва Алӣ Марзбонӣ аз устодони вай буданд.[2] Ҳамчунин Шайхи Тӯсӣ, Салори Дайламӣ, Ибни Барроҷ ва Муҳаммад ибни Алӣ Кароҷакӣ назди ӯ шогирдӣ карданд.[3]

Сайид Муртазо дар мабоҳиси каломӣ, рӯйкардӣ ақлонӣ дошт. Аз ин рӯ дар таъорузи зоҳирии ақлу нақл (оёту ривоёт), ақлро муътабар медонист ва нақлро таъвил мекард.[4] Дидгоҳҳои каломии Сайид Муртазо дар китобҳояш аз ҷумла аз-Захирату фи илм-ил-калом, Танзиҳ-ул-анбиё, ал-Муқниъу фи-л-ғайба, Ҷумал-ул-илми ва-л-амал ва ал-Фусул-ул-мухтора омадааст.

Номи китоб

Сайид Муртазо аз китоби худ бо унвони аш-Шофӣ фи-л-имома ном бурдааст.[5] Ҳамчунин Аҳмад ибни Алӣ Наҷҷошӣ[6] ва Шайхи Тӯсӣ[7] бо ҳамин ном аз он ёд кардаанд. Аммо Оқобузурги Теҳронӣ бо номи «аш-Шофи фи-л-имомати ва ибтоли ҳуҷаҷ-ил-ъомма» аз он ёд кардааст.[8]

Ангезаи нигориш

Ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ дар китоби аз-Зариъа, ангезаи Сайид Муртазо аз нигориши аш-Шофӣ, посух ба ишколот ва шубаҳоте будааст ки Қозӣ Абдулҷаббори мӯътазилӣ дар китоби ал-Муғнӣ дар бораи мазҳаби имомия ва дар бораи имомат ворид карда буд.[9] Худи Сайид Муртазо дар аш-Шофӣ навиштааст дар садади навиштани китобе муфассал дар нақди Қозӣ Абдулҷаббор будааст; аммо мавонеъе ӯро аз навиштани чунин китобе боз медоранд. Аз ин рӯ ба навиштани китоби аш-Шофӣ басанда кардааст.[10]

Ҷойгоҳи китоб дар каломи исломӣ

Китоби аш-Шофӣ мутаъаллиқ ба қарни панҷуми қамарӣ аст. Олимони шиа ва суннӣ дар ҳамон қарн ва қарнҳои баъд, осоре дар талхис ё нақди он навиштаанд ки аз он миён Талхиси аш-Шофӣ, навиштаи Шайх Тӯсӣ аст.[11] Ҳамчунин бархе дар нигориши китобҳои каломӣ аз он, истифода кардаанд; чунонки Сайид Муртазо, худ, дар Танзиҳ-ул-анбиё,[12] ал-Муқниъу фи-л-ғайба[13] ва аз-Захира[14] ки пас аз китоби аш-Шофӣ навишта шудаанд,[15] ба ин китоб ирҷоъ додааст.

Ба гуфтаи Сайид Аҳмади Ҳусайнӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳи китоби аз-Захирату фи илм-ил-калом, китоби аш-Шофӣ нишондиҳанда маҳорати Сайид Муртазо дар илми калом ва тасаллуташ бар мунозира дар заминаи ҳамаи мазоҳиби исломӣ аст.[16] Сайид Баҳоуддин Мухтории Сабзаворӣ аз олимони қарни ёздаҳум ва дувоздаҳуми қамарӣ дар бораи китоби аш-Шофӣ чунин сурӯдааст:

الجَهْلُ داءٌ وَ الدَّواءُ الكافي
فكرٌ عميقٌ وَ الطَّبيبُ الشّافي‌
أنّیٰ لَنا شافٍ لَهُ كَالشّافي
[17]أو مِثله مِن كاشفٍ كَشّاف
Тарҷума:

Нодонӣ навъе беморӣ асту доруи шифобахши он, тафаккури амиқ ва табибе шифодиҳанда аст.

Ҳеҷ доруе ҳамчун китоби аш-Шофӣ ё китобе кашфкунанда монанди он наметавонад ин бемории моро шифо диҳад.

Муҳтаво

Китоби аш-Шофӣ 22 бахш ба шарҳ зер дорад:

  1. Назари Қозӣ Абдулҷаббор дар бораи вуҷуби имомат
  2. Далоили нақлӣ бар вуҷуби имомат
  3. Мухолифати Қозӣ бо далоили шиа дар бораи имомат ва исмат
  4. Далоили ақлии Қозӣ бар радди вуҷуби насс бар имом
  5. Радди назари Қозӣ дар нақди далоили шиа бар вуҷуби вуҷуди насс барои имом
  6. Радди назари Қозӣ дар хусуси адами насс дар бораи имом
  7. Радди назари Қозӣ дар бораи сифоте ки имом бояд дошта бошад
  8. Радди назари Қозӣ дар бораи илми имом
  9. Радди назари Қозӣ дар бораи афзалияти имом
  10. Радди назари Қозӣ дар бораи ривояте ки мегӯяд имомон аз Қурайш ҳастанд
  11. Радди назари Қозӣ дар бораи ин ки оё удул аз Қурайш, дар боби имомат ҷоиз аст.
  12. Радди назари Қозӣ дар бораи теъдоди касоне ки аз тарафи уммат, бо имом байъат мекунанд
  13. Радди сухани Қозӣ дар бораи имомати Абубакр
  14. Назари Қозӣ дар бораи касе ки интихоби имомро беэътибор медонад
  15. Радди назари Қозӣ дар бораи ин ки Абубакр барои имомат шоиста буд
  16. Посухи Қозӣ ба интиқодоти воридшуда бар Абубакр
  17. Баррасии назари Қозӣ ба имомати Умар ибни Хаттоб
  18. Посухи Қозӣ ба интиқодоти воридшуда бар Умар
  19. Радди назари Қозӣ дар бораи имомати Усмон
  20. Радди назари Қозӣ дар бораи мунтақидони Усмон
  21. Баррасии назари Қозӣ исботи имомати Имом Алӣ (а)
  22. Ташкики Қозӣ дар хусуси тавба кардани Талҳа, Зубайр ва Оиша[18]

Равиш

Сайид Муртазо ба сурати гузинишӣ ва чунон ки худ дар муқаддамаи китоб гуфта, ба ихтисор эродҳо ва радияҳои Қозӣ Абдулҷабборро посух додааст.[19] Ӯ дар нақли қавл аз ал-Муғнӣ, китоби Қозӣ Абдулҷаббор, танҳо ибтидои ҳар шубҳа ё бахши хоссе аз сухани Қозиро зикр кардааст.[20] Дар ин китоб, бо калимоте чун «қола соҳиб-ул-китоб» (нависанда китоб гуфтааст), «қол» (гуфтааст), «Фааммо қавлуҳу» (аммо ин сухани нависанда ки...), «ва аммо қавлука» (аммо ин сухани ту ки...), иборатҳои Қозӣ Абдулҷаббор нақл шудааст. Гоҳе низ бо тарҳи шубаҳот ва эродҳои фарзӣ аз сӯи Қозӣ, ба онҳо посух дода шудааст.[21]

Талхисҳо ва раддияҳо

Талхиси аш-Шофӣ

Талхисҳое ки олимони шиа аз китоби аш-Шофӣ доштаанд ба шарҳ зер аст:

Талхиси аш-Шофӣ, асари Шайхи Тӯсӣ ки шогирди Сайид Муртазо ҳам будааст.[22]

Иртишоф-ус-софӣ мин силоф-иш-Шофӣ, асари Сайид Баҳоуддини Мухторӣ (1080 - 1131ҳ.қ.).[23]

Сафват-ус-софӣ мин рағват-иш-Шофӣ, асари Сайид Баҳоуддини Мухторӣ.[24]

Ҳамчунин Абулҳасани Басрӣ аз олимони аҳли суннати китоби Нақз-уш-Шофиро дар радди ин китоб навиштааст, ки Абуяъло Салор ибни Абдулазиз шогирди Сайид Муртазо китоби ар-Радду ало Абилҳасан ал-Басриро дар радди он навиштааст.[25]

Чоп

аш-Шофӣ дар соли 1301ҳ.қ. ба ҳамроҳи талхиси Шайхи Тӯсӣ ба сурати сангӣ чоп шуд.[26] Оқобузурги Теҳронӣ, дар китоби аз-Зариъа аз ин нусха ёд кардааст.[27] Ҳамчунин дар соли 1410ҳ.қ., муассисаи интишоротии ас-Содиқ, дар чор ҷилд, онро мунташир кард. Ин нусхаи тавассути Сайид Абдуззаҳро Хатиби Ҳусайнӣ тасҳеҳ шуда ва муассисаи мазкур дар соли 1384ҳ.ш. онро ба сурати ду ҷилдӣ дубора чоп кард.[28]

Сайид Абдуззаҳро Хатиби Ҳусайнӣ дар тасҳеҳи аш-Шофӣ аз нусхаҳои китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ ва китобхонаи Остони қудси разавӣ истифода карда ва тафовути онҳоро бо аломатҳои ихтисорӣ тавзеҳ додааст.[29] Бархе вижагиҳои ин тасҳеҳ иборат аст аз: мустанад кардани ибороте ки аз ал-Муғнӣ нақл шуда бо зикри ҷилду сафҳа, зикри маъонии бархе аз вожаҳои душвор, мушаххас кардани марҷаъи замир ва мустанад кардани ривоёт ба манобеи шиа ва суннӣ. Ӯ ҳамчунин иборот ё калимотеро ки Сайид Муртазо аз Қозӣ Абдулҷаббор нақл карда, аммо дар ал-Муғнӣ наёфта, мушаххас кардааст.[30]

Нусхаҳои хаттӣ

Сайид Абдуззаҳро Хатиби Ҳусайнӣ мусаҳҳеҳи аш-Шофӣ аз мавориди зер ба унвони нусхаҳои хаттии ин китоб, ёд кардааст:

  • Нусхаи китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ дар 476 сафҳа ва дар ҳар сафҳаи 26 сатр
  • Нусхаи китобхонаи Остони қудси разавӣ, бо шумораи 761 аз кутуби ҳикмат ва калом
  • Нусхаи китобхонаи Остони қудси разавӣ, бо шумораи 171, 270 сафҳа, дар ҳар сафҳаи 22 сатр, ба хатти Муҳаммади Иброҳим ибни Муҳаммадяъқуб
  • Нусхаи китобхонаи Остони қудси разавӣ, ба шумораи 10020, дар 323 варақ ки ҳар сафҳаи бештар аз 21 сатр аст. Ин нусхаро Муҳаммад ибни Абдуллатифи Омилӣ барои дӯсташ Маҳмадалии Бунко дар муҳаррами 1141ҳ.қ. ба поён бурдааст.
  • Нусхаи китобхонаи Остони қудси разавӣ, ба шумораи 760, дар 265 варақ, аз кутуби ҳикмат ва калом. Таърихи ин нусхаи ҷамодиюлаввали 1098ҳ.қ. аст, аммо нусханависаш мушаххас нест.
  • Нусхаи китобхонаи масҷиди Гавҳаршод ба шумораи 317, дар 317 варақ ки таърихи итмоми он 15 рамазони 1117ҳ.қ. дарҷ шудааст.[31]

Эзоҳ

  1. Сайид Муртазо, аз-Захира, 1411ҳ.қ., муқаддамаи Ҳусайнӣ, саҳ.7
  2. Сайид Муртазо, Девону аш-Шарифи ал-Муртазо, 1417ҳ.қ., муқаддамаи Тунҷӣ, ҷ.1, саҳ.10
  3. Сайид Муртазо, аз-Захирату фи илм-ил-калом, 1411ҳ.қ., муқаддамаи Ҳусайнӣ, саҳ.47
  4. Шариатӣ Ниёсар, «Ақлу нақл дар дидгоҳи Сайид Муртазо ва пайҷӯии робитаи он ду дар осори ӯ», саҳ.76 - 78
  5. Сайид Муртазо, аз-Захира, 1411ҳ.қ., саҳ.409; Сайид Муртазо, Танзиҳ-ул-анбиё, 1250ҳ.қ., саҳ.183; Сайид Муртазо, ал-Муқниъу фи-л-ғайба, 1416ҳ.қ., саҳ.31
  6. Наҷҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.270
  7. Тӯсӣ, Феҳристу кутуб-иш-шиати ва..., 1420ҳ.қ., саҳ.164
  8. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.8
  9. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.8
  10. Сайид Муртазо, аш-Шофӣ, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.33
  11. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.8
  12. Сайид Муртазо, Танзиҳ-ул-анбиё, 1250ҳ.қ., саҳ.133, 137, 140, 155, 159, 183
  13. Сайид Муртазо, ал-Муқниъу фи-л-ғайба, 1416ҳ.қ., саҳ.31, 36, 61
  14. Ниг.: Сайид Муртазо, аз-Захира, саҳ.409, 446, 501, 485, 488
  15. Ниг.: Сайид Муртазо, ал-Муқниъу фи-л-ғайба, 1416ҳ.қ., муқаддамаи Ҳаким, саҳ.16
  16. Сайид Муртазо, аз-Захира, 1411ҳ.қ., муқаддамаи Ҳусайнӣ, саҳ.8
  17. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.423
  18. Халилии Оштиёнӣ, «аш-Шофи фи-л-имома», саҳ.135 - 138
  19. Халилии Оштиёнӣ, «аш-Шофи фи-л-имома», саҳ.135 - 138
  20. Халилии Оштиёнӣ, «аш-Шофи фи-л-имома», саҳ.138 - 139
  21. Халилии Оштиёнӣ, «аш-Шофи фи-л-имома», саҳ.139
  22. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.8
  23. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.423
  24. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.423
  25. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.179 - 180
  26. Сайид Муртазо, аз-Захира, 1411ҳ.қ., саҳ.51; Сайид Муртазо, аш-Шофӣ, 1410ҳ.қ., ҷ.1, муқаддамаи Хатиби Ҳусайнӣ, саҳ.14
  27. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.8
  28. Халилии Оштиёнӣ, «аш-Шофи фи-л-имома», саҳ.141
  29. Ниг.: Сайид Муртазо, аш-Шофӣ, 1410ҳ.қ., муқаддамаи Хатиби Ҳусайнӣ, саҳ.15 - 16
  30. Халилии Оштиёнӣ, «аш-Шофи фи-л-имома», саҳ.140 - 141
  31. Ниг.: Сайид Муртазо, аш-Шофӣ, 1410ҳ.қ., ҷ.1, муқаддамаи Хатиби Ҳусайнӣ, саҳ.16 - 17

Сарчашма

  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Мизон-ул-эътидоли фи нақд-ир-риҷол, таҳқиқи Алӣ Муҳаммади Баҷовӣ, Бейрут, 1382ҳ.қ./1963.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Лисон-ул-мизон, таҳқиқи Доират-ул-муарриф-ун- низомият-ил-Ҳинд, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1390ҳ.қ./1971м.
  • Муҳаққиқ, Маҳдӣ, «Муқаддамае бар талхиси аш-Шофӣ Шайхи Тӯсӣ» (суханронӣ), Донишкадаи адабиёт ва илми инсонии Донишгоҳи Теҳрон, шумораи 123 ва 124, фарвардину тири 1349ҳ.ш.
  • Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, Қум, Муассит-ун-нашр-ил-исломӣ, 1365ҳ.ш.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъату ило тасониф-иш-шиа, Қум, Исмоилиён; Теҳрон, Китобхонаи исломия, 1408ҳ.қ.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, табақоти эъломи ашшиа, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1430ҳ.қ.
  • Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Девону аш-Шарифи ал-Муртазо, шарҳи Муҳаммади Тунҷӣ, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1417ҳ.қ./1997м.
  • Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Танзиҳ-ул-анбиё, Қум, 1250ҳ.қ.
  • Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, аз-Захирату фи илм-ил-калом, таҳқиқи Сайид Аҳмади Ҳусайнӣ, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Муқниъу фи-л-ғайба, таҳқиқи Сайид Маҳмадалии Ҳаким, Қум, муассисаи Ол-ил-Байт алайҳимуссаломи лиэҳё-ит-турос, 1416ҳ.қ.
  • Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, аш-Шофӣ фи-л-имома, таҳқиқи Сайид Абдуззаҳро Хатиби Ҳусайнӣ, Теҳрон, Муассисаи ас-Содиқ, чопи дувум, 1410ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Феҳристу кутуб-иш-шиати ва усулиҳим ва асмо-ил-мусаннифини ва асҳоб-ил-усул, таҳқиқи Абдулазиз Таботабоӣ, Мактабату ал-Муҳаққиқ ат-Таботабоӣ, 1420ҳ.қ.
  • Халилии Оштиёнӣ, Сумайя, «аш-Шофи фи-л-имома», баҳору тобистони 1387ҳ.ш.
  • Шариатӣ Ниёсар, Ҳомид ва дигарон, «Ақлу нақл дар дидгоҳи Сайид Муртазо ва пайҷӯии робитаи он ду дар осори ӯ», пажӯҳишҳои Қуръон ва ҳадис, сол47, №1, баҳору тобистони 1393ҳ.ш.