Амалиёти Ваъдаи содиқ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Амалиёти Ваъдаи содиқи 1)

Бо Ҳамлаи мушакии Эрон ба Исроил иштибоҳ нашавад.

Амалиёти Ваъдаи содиқ
Тасвире аз паҳюодҳои Эрон бар фарози Қуббатуссахра дар Байтулмуқаддас
Тасвире аз паҳюодҳои Эрон бар фарози Қуббатуссахра дар Байтулмуқаддас
Замон14 апрели 2024
МаконФаластини ишғолӣ
СабабПосух ба ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ
Ҷанганда1Ҷумҳурии исломии Эрон
Ҷанганда2Исроил
Нерӯҳо1Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ ва Ҷабҳаи муқовимат
Нерӯҳо2Артиши Исроил, Амрико, Англия ва Урдун
Хасорат1Баробари 10 дарсад ҳазинаи раҳгирии паҳбодҳо ва мушакҳо тавассути Исроил
Хасорат2Хасорат ба пойгоҳи ҳавоии Исроил байни 1,08 то 1,35 миллиард доллари амрикоӣ барои ҳазинаи раҳгирии паҳбодҳо ва мушакҳо


Амалиёти Ваъдаи содиқ (форсӣ: عملیات وعده صادق) ё Ҳамлаи Эрон ба Исроил (форсӣ: حمله ایران به اسرائیل) амалиёти низомии Ҷумҳурии исломии Эрон алайҳи Исроил дар 14 апрели 2024 дар вокуниш ба ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба консулгарӣ Эрон дар Димишқ. Ин амалиётро нахустин рӯёрӯии мустақими Эрон ва Исроил, бузургтарин ҳамлаи паҳподии ҷаҳон ва бузургтарин ҳамлаи мушакии таърихи Эрон шумурдаанд. Дар амалиёти Ваъдаи содиқ, беш аз 300 паҳподу мӯшак аз сӯи Эрон ба сӯи сарзаминҳои ишғолӣ шиллек шуд ва теъдоде аз мӯшакҳо бо убур аз сомонаҳои дифои Исроил ба аҳдофи низомии Исроил аз ҷумла пойгоҳи ҳавои Неватим исобат карданд.

Уламо ва шахсиятҳои мазҳабию сиёсии мухталифе аз ҷумла Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ ва Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ, аз мароҷеъи тақлиди шиа, ба ин амалиёт вокуниш нишон дода ва аз он ҳимоят карданд; аммо Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ онро маҳкӯм карданд.

Намояндаи Эрон дар Созмони милали муттаҳид, ҳамлаи Низомии Эронро бар асоси банди 51 маншури Созмони милали муттаҳид ва дифои машрӯъ донист. Тасбити Эрон ба унвони қудрати мушакию паҳподӣ дар минтақа ва ҷаҳон ва тавонмандии Эрон дар посух ба ҳар гӯна таҳдид аз таъсирот ва паёмадҳои ин амалиёт шумурда шудааст. Бархе коршиносони эронӣ, бо вуҷуди сомонаҳои пешрафтаи падофанди ҳавои Исроил, сирфи расидани мӯшакҳо ва паҳподҳои эронӣ ба сарзаминҳои ишғолии Фаластинро намоиши тавонмандии Эрон ва шикасти режими саҳюнистӣ қаламдод кардаанд.

Шарҳи Амалиёт

Ин амалиёт бо рамз «Ё Расулаллоҳ» дар соатҳои поёнии 13-ум ва бомдоди 14-уми апрели 2024 бо шиллеки даҳҳо фарванд мӯшаку паҳпод аз Эрон ба самти Исроил анҷом гирифт.[1] Ин нахустин рӯёрӯии мустақими Эрону Исроил ба шумор меравад.[2] Дар ин амалиёт, ба гуфтаи мақомоти низомии Исроил, 185 паҳпод, 110 мӯшаки замин ба замин ва 36 мӯшаки круз ба самти Исроил шиллек шуд, ки бештари онҳо аз сӯи Эрон ва теъдоди каме низ аз Ироқ ва Яман буд.[3] Ҳамла ба пойгоҳи ҳавои Неватим аз аҳдофи амалиёти мушакӣ ва паҳподии Эрон дар посух ба ҳамлаи саҳюнистҳо буд.[4] Ба гузориши Еврониюс, дар ин амалиёт ки ҳусиҳои Яман, шибҳи низомиёни Ироқ ва Ҳизбуллоҳи Лубнон, Эронро ҳамроҳӣ ва ёрӣ карданд, манотиқи шимолӣ, ҷанӯбӣ ва шарқии сарзаминҳои ишғолӣ ва бахши ишғолшудаи баландиҳои ҷавлон низ мавриди ҳадаф қарор гирифтанд.[5] Ин амалиётро бузургтарин ҳамлаи паҳподии ҷаҳон, бузургтарин ҳамлаи мушакии таърихи Эрон[6] ва бесобиқатарин ҳамла дар навъи худ[7] хондаанд.

Оё паҳподҳои Эрон ба ҳадаф расид?

Ба гузориши манобеи хабарӣ, бархе аз кишварҳо ҳамчун Амрико, Англия[8] ва Урдун[9] дар раҳгирии теъдоде аз мӯшакҳо ва паҳподҳои эронӣ ба Исроил кумак кардаанд; бо ин ҳол бар асоси гузоришҳо теъдоде мӯшаку паҳпод ба аҳдофи низомӣ дар манотиқи мухталифи Фаластини ишғолӣ расидааст.[10] Ба гуфта мақомоти эронӣ паҳподҳое ки вориди амалиёт шуданд 100 дарсад ба аҳдофи худ даст ёфтанд, чароки ҳеҷ кадом аз онҳо барои инҳидом нарафта буд ва сирфан барои даргир кардани сомонаҳои дифоии Исроил ба парвоз даромада буданд, то бо даргир кардани сомонаҳои дифоӣ, мӯшакҳо ба ҳадаф исобат кунад.[11]

Чаро Эрон ба Исроил ҳамла кард?

Амалиёти низомии Эрон алайҳи Исроил дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил дар 1 апрели соли 2024 ба консулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Димишқ анҷом гирифт.[12] Раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, ба сароҳат далели ин амалиётро убури Исроил аз хатти қирмизҳои Эрон ва ҳамла ба консулгарии Эрон дар Димишқ унвон кард.[13] Дар ҳамлаи Исроил ба сохтимони консулии Эрон ҳафт тан аз аъзои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз ҷумла Муҳаммадризо Зоҳидӣ, аз фармондиҳони аршади Нерӯи Қудс, ба шаҳодат расиданд.[14] Намояндагии Эрон дар Созмони милали муттаҳид, амалиёти низомии Эронро бар асоси банди 51 маншури Созмони милали муттаҳид[Ёддошт 1] ва дифои машруъ донист.[15] Гуфта шуда ҳамлаи Эрон ба Исроил, пас аз ноумедӣ аз пайгирӣ аз роҳи дипломатӣ ва аз тариқи Шӯрои амнияти созмони милал барои маҳкӯм кардани ҳамла ба сифорати Эрон дар Димишқ ва ҷилавгирӣ аз такрори он буд.[16]

Номгузории амалиёт ба «Ваъдаи содиқ»

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар баёнияе ин амалиётро «Ваъдаи содиқ» номида ва онро бахше аз танбеҳи Исроил хонд, ки бо қарори Шӯрои амнияти миллии Эрон ва зери назари Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи он кишвар анҷом пазируфтааст.[17] Пештар Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, аз танбеҳи режими Исроил[18] посухи пушаймонкунанда ба он[19] сухан гуфта буд.

Вокунишҳо

Ҳамлаи Исроил ба консули Эрон дар Димишқ (1 апрели 2024) ки сабаби ҳамлаи Эрон ба Исроил шуд

Ҳамзамон бо амалиёти сипоҳ, гурӯҳҳое аз мардум дар шаҳрҳои мухталифи Эрон ҳамчун Теҳрон, Исфаҳон ва Кирмон[20] ва низ Лубнон,[21] Ироқ[22] ва Каронаи Бохтарӣ ба хиёбонҳо омаданд ва ба шодӣ пардохтанд. Ҳамчунин дар шаҳрҳои мухталифи Эрон[23] ва бархе кишварҳои дигар дар рӯзи 26 фарвардин (14 апрел) низ таҷаммуъоти худҷӯше дар ҳимоят аз ин иқдом сурат гирифт.[24]

Уламоу шахсиятҳои мазҳабӣ ва сиёсии мухталифӣ ба ин амалиёти вокуниш нишон доданд. Аз ҷумла Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ аз мароҷеъи тақлиди шиа, онро мояи хушнӯдӣ ва сарбаландии мусулмонон хонд.[25] Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ низ дар паёме ин амалиётро баҷо ва мавриди ҳимоят донист.[26] Ризо Рамазонӣ - дабиркулли Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а) низ ба ин амалиёт вокуниш нишон дод ва онро шикасти бузурге барои режими саҳюнистӣ арзёбӣ кард.[27] Ҳамчунин дар саҳифаи мунтасаб ба Аҳмад ибни Ҳамад Ал-Халилӣ муфтии аъзами подшоҳии Уммон дар шабакаи иҷтимои Икс, ин иқдоми Эрон воқеан хушҳолкунанда тавсиф шуд.[28]

Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ ҳамчун Англия ва Олмон дар ҳимоят аз Исроил, амалиёти Ваъдаи содиқро маҳкум карданд.[29] Дабири созмони милал, Рӯсия, Чин ва бархе кишварҳои арабӣ низ, Эрон ва Исроилро ба хештандорӣ даъват карданд.[30]

Паёмадҳо

Тасбити Эрон ба унвони қудрати мушакию паҳподӣ дар минтақа ва ҷаҳон ва тавонмандии Эрон дар посух ба ҳар гӯна таҳдид аз таъсирот ва паёмадҳои ин амалиёт шумурда шудааст.[31] Бархе коршиносони эронӣ, бо вуҷуди сомонаҳои падофанди ҳавоии Исроил монанди Гунбади оҳанин, Фалохани Довӯд ва Пайгони 3, сирфи расидани мӯшакҳо ва паҳподҳои эронӣ ба сарзаминҳои ишғолии Фаластинро намоиши тавонмандии Эрон ва ба лиҳози низомӣ бисёр муҳим шумурдаанд ва онро як шикаст барои режими саҳюнистӣ қаламдод кардаанд.[32] Ҳамчунин ин амалиётро зери по гузоштани хутути қирмизи саҳюнистҳо донистаанд.[33] Ҳусайни Алоӣ, нахустин фармондеҳи нерӯи дарёии сипоҳ, ҳамлаи Эрон ба Исроил бо эъломи расмӣ ва бидӯни ғофилгириро мӯҷиби эҳёи қудрати боздорандагии Эрон донистааст.[34]

Пас аз ҳамлаи паҳподӣ ва мушакии Эрон ба Исроил, бархе аз мақомоти Исроили ваъдаи посухи сахт ва пушаймонкунанда доданд; ин ваъда бо мувофиқату ҳамроҳии Амрико, бузургтарин ҳомӣ ва муттаҳиди Исроил, рӯбарӯ нашуд. Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, дар тамоси телефонӣ бо Нетанёҳу, нахусти вазири Исроил, ӯро аз посух ба ҳамлаи Эрон барҳазар дошт ва эълом кард, ки дар сурати посухи Исроил, набояд интизори ҳамроҳӣ аз Амрико дошта бошад.[35] Рӯзномаи Гордиян чопи Англия, дар гузорише аз вазири дифои вақт ва собиқи Исроил нақл карда, ки посухи мустақими Исроил ба Эрон ҳатмӣ нест ва Нетанёҳу ҳануз тасмими расмӣ дар ин бора нагирифтааст.[36] Бар асоси гузориши ин рӯзнома аз Роз Зимит (Raz Zimmit), пажӯҳишгари муассисаи мутолиоти амнияти миллии Исроил, Исроил дар посух ба Эрон бо се масаъла мувоҷеҳ аст: вокуниши шадиди Эрон ба ҳар гӯна посухе аз сӯи Исроил, ҳамроҳӣ накардани Амрико дар ин посух ва даргирии Исроил дар ҷанг бо Ғазза.[37]

Намояндаи Исроил дар созмони милал низ хостори таҳрими бештари Эрон ва қарор гирифтани Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ дар феҳристи созмонҳои террористӣ шуд.[38] Бархе манобеъ аз азми Амрико барои таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон сухан гуфтаанд.[39]

Ба гузориши ал-Ҷазира ба нақл аз рӯзномаи Юдиут ухрунути режими саҳюнистӣ, Исроил барои муқобила ба паҳподҳо ва мӯшакҳои Эрон дар ин амалиёти байни 1,08 то 1,35 миллиард доллар ҳазина кардааст.[40] Ба гузориши хабаргузории TRT (вебсайти расмии Созмони радио ва телевизиони давлатии Туркия), рақами 1,35 миллиард доллар сирфан ҳазинаи муқобила бо паҳподҳо буда ва ҳазинаи парвози даҳҳо ҳавопаймо ва ҳамчунин хисоратҳои ношӣ аз исобати мӯшакҳоро шомил намешавад.[41]

Бинобар таҳлиле, ки рӯзномаи англисии Гордиян мунташир карда, Урдун ба далели ҳамкорӣ бо Исроил дар раҳгирии паҳподҳои Эрон бо мавқеъияти буғранҷе мувоҷеҳ шуда ва мавриди хашми умумӣ дар дохили кишвар ва минтақа қарор гирифтааст.[42]

Ҳамлаи Исроил ба Эрон

Дар рӯзи 19 апрели соли 2024, нерӯи ҳавои Исроил муддаӣ шуд, ки таъсисоти дифоиеро дар Эрон ҳадафи ҳамла қарор додааст. Бархе аз расонаҳо аз садои инфиҷорҳои ҷузъӣ дар наздикии Исфаҳон хабар доданд. Ба гузориши манобеи хабарӣ ба нақл аз масъулон, ин инфиҷор сабабаш нобудии резпарандаҳое бӯда, ки тавассути нерӯи падофанди ҳавои Эрон сарнигун шудааст.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. «ده‌ها فروند پهپاد و موشک به سمت سرزمین‌های اشغالی شلیک شد», хабаргузории ИРНА
  2. «رویارویی مستقیم نظامی با اسرائیل چه تاثیری بر زندگی شهروندان عادی ایران می‌گذارد؟», Еврониюс; Motamedi, "‘True Promise’: Why and how did Iran launch a historic attack on Israel?», Al Jazeera Media Network.
  3. Посухи кӯбандаи Эрон ба режими ҷинояткори саҳюнистӣ, сомонаи Тоҷик Пресс; «نیویورک تایمز: اسرائیل در حمله ایران، با تسلیحاتی بسیار پیچیده و پیشرفته روبرو شد», Хабаргузории ИРНА
  4. «اولین تصاویر ماهواره از خسارت به پایگاه نواتیم در پاسخ ایران», хабаргузории ИСНА
  5. «پاسخ احتمالی تل‌آویو به تهران: آیا نیروی هوایی اسرائیل می‌تواند ایران را زمین‌گیر کند؟», Еврониюс
  6. Motamedi, "‘True Promise’: Why and how did Iran launch a historic attack on Israel?», Al Jazeera Media Network
  7. «پاسخ احتمالی تل‌آویو به تهران: آیا نیروی هوایی اسرائیل می‌تواند ایران را زمین‌گیر کند؟», Еврониюс
  8. «القوات الأمريكية والبريطانية اعترضت أكثر من 100 مسيرة إيرانية قبل وصولها إلى إسرائيل», arabic.rt
  9. «الأردن: اعترضنا أجساما طائرة دخلت مجالنا الجوي», ал-Ҷазира
  10. Барои намуна ниг.: «مشاهد توثق إصابة مسيرات إيرانية لأهدافها في القصف على فلسطين المحتلة», ал-Маёдин
  11. موشک هایپرسونیک ایران به اهداف اسرائیلی اصابت کرد /سفیر سوئیس به جای وزارتخارجه به سپاه احضار شد /موشک‌های بالستیک ظرف ۱۵ دقیقه به اسرائیل رسیدند», Хабаронлайн
  12. Изҳороти расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, сомонаи расмии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе; «حمله گسترده موشکی و پهپادی ایران به اسرائیل آغاز شد», Хабаргузории Тасним
  13. «سرلشکر باقری: گنبد آهنین نتوانست مقابله قابل‌توجهی با عملیات ما داشته باشد», шабакаи ал-Олам
  14. «حمله اسرائیل به کنسولگری ایران در سوریه و شهادت ۷ عضو ارشد سپاه (+فیلم و عکس)», сайти Асри Эрон
  15. Намояндаи Эрон дар Созмони Милал: Посухи Эрон ба Исроил лозиму мутаносиб буд, сомонаи Pars Today
  16. «حسین علایی:۱۲۰ جنگنده پیشرفته برای مقابله با ایران به پرواز درآمدند اما...», хабаргузории Хабаронлайн
  17. «ده‌ها فروند پهپاد و موشک به سمت سرزمین‌های اشغالی شلیک شد», Хабаргузории ИРНА
  18. «خطبه‌های نماز عید فطر», сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  19. «پیام در پی شهادت سرلشکر پاسدار محمدرضا زاهدی و همرزمانش», сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  20. «حشود إيرانية تحتفي بالهجوم على إسرائيل», ал-Ҷазира
  21. «لبنانی‌ها، عملیات ایران علیه رژیم صهیونیستی را جشن گرفتند», Машриқниюс
  22. «شادی مردم عراق در خیابان های بغداد از حملات موشکی و پهپادی ایران به اسراییل», Апарат
  23. Барои намуна ниг.: «اجتماع حوزویان در حمایت از عملیات «وعده صادق»»، хабаргузории Ҳавза; «تجمع دانشگاهیان در حمایت از پاسخ مقتدرانه سپاه به رژیم صهیونیستی», хабаргузории Форс
  24. Барои намуна ниг.: «اجتماع حوزویان در حمایت از عملیات «وعده صادق»», Хабаргузории ҳавза; «تجمع دانشگاهیان در حمایت از پاسخ مقتدرانه سپاه به رژیم صهیونیستی», Хабаргузории Форс
  25. «پیام حضرت آیت الله العظمی مکارم‌شیرازی(مدّظلّه العالی)», Балиғниюс
  26. «پیام مرجع عالیقدر حضرت آیت الله العظمی نوری همدانی «مدظله العالی» در حمایت از پاسخ کوبنده جمهوری اسلامی ایران و گروه های مقاومت به تجاوزات رژیم صهیونیستی», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ
  27. «آیت‌الله رمضانی: رژیم صهیونیستی غده سرطانی و تهدیدی برای دنیای بشری است/ اسرائیل اگر اشتباهی کند، پاسخ ایران سنگین‌تر خواهد بود», хабаргузории АБНО
  28. «المفتی العام لسلطنة عمان: الرد الإیرانی علی الکیان الصهیونی أمر یسر الخاطر حقا + صورة التغریدة»، وکالة أبنا العالمیة.
  29. «جنگ ایران و اسرائیل در نشست شورای امنیت», Еврониюс «حمله ایران به اسرائیل؛ واکنش کشورهای جهان چه بود؟», ББС форсӣ
  30. «جنگ ایران و اسرائیل در نشست شورای امنیت», Еврониюс «حمله ایران به اسرائیل؛ واکنش کشورهای جهان چه بود؟», ББС форсӣ
  31. «معادلات منطقه پس از وعده صادق», рӯзномаи Дунёи иқтисод
  32. «معادلات منطقه پس از وعده صادق», рӯзномаи Дунёи иқтисод
  33. «معادلات منطقه پس از وعده صادق», рӯзномаи Дунёи иқтисод
  34. «حسین علایی: ۱۲۰ جنگنده پیشرفته برای مقابله با ایران به پرواز درآمدند اما...», хабаргузории Хабаронлайн
  35. «پاسخ احتمالی تل‌آویو به تهران: آیا نیروی هوایی اسرائیل می‌تواند ایران را زمین‌گیر کند؟», Евраниюс
  36. «How will Israel respond to Iran’s attack and could it cope with a war?», The Guardian
  37. «How will Israel respond to Iran’s attack and could it cope with a war?», The Guardian
  38. «جنگ ایران و اسرائیل در نشست شورای امنیت», Еврониюс
  39. Shalal and Lawder, «US to hit Iran with new sanctions in "coming days", Yellen says», Reuters
  40. «إسرائيل أنفقت 1.5 مليار دولار في ليلة واحدة لصد الهجوم الإيراني», ал-Ҷазира
  41. «آسیب اقتصادی حمله پهبادی ایران به اسرائیل، ۱.۳۵ میلیارد دلار برآورد شد», вебгоҳи TRT
  42. «Jordan faces difficult balancing act amid row over role in downing Iranian drones»،The Guardian

Ёддошт

  1. «Дар сурати вуқуи ҳамлаи мусаллаҳона алайҳи як узви милали муттаҳид, то замоне ки шӯрои амният иқдоми лозим барои ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалиро ба амал оварад, ҳеҷ як аз муқаррароти ин маншур ба ҳаққи зотии дифоъ аз худ, хоҳ фардӣ ё дастаҷамъӣ, латмае ворид нахоҳад кард...» (Маншури милали муттаҳид ва асосномаи девони байналмилалии додгустарӣ, саҳ.39, модаи 51)

Сарчашма