Абдулло Ҷаводии Омулӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Аллома Ҷаводии Омулӣ)
Абдулло Ҷаводии Омулӣ
ЛақабОятуллоҳ, Оятуллоҳилузмо
Маҳалли зиндагӣҚум
ЗодгоҳОмул
Устодон
  • Оятуллоҳ Буруҷердӣ
  • Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ
  • Имом Хумайнӣ
Маҳалли таҳсил
Таълифот
  • Тафсири тасним
  • Раҳиқи махтум
  • Зан дар оинаи ҷамол ва ҷалол
  • Шариат дар оинаи маърифат
  • Адаби фанои муқаррабон
  • Тавзеҳ-ул-масоил
  • ва...
Вебгоҳи расмӣhttp://javadi.esra.ir
Имзо


Абдулло Ҷаводии Омулӣ (форсӣ: عبدالله جوادی آملی) (1312ҳ.ш.) файласуф, фақиҳ, муффасири Қуръон, мударриси ҳавзаи илмияи Қум ва аз мароҷеъи тақлиди шиа дар қарни понздаҳуми ҳиҷрӣ-шамсӣ аст. Ӯ аз шогирдони оятуллоҳи Буруҷердӣ, Имом Хумайнӣ ва Аллома Таботабоӣ буда ва ҳудуди шаст сол дар ҳавзаҳои илмияи Қум ва Теҳрон, улуме чун фалсафа, ирфон, фиқҳ ва тафсирро тадрис кардааст. Вай китобҳои бисёре навишта ки “Тафсири тасним” ва “Раҳиқи махтум” (шарҳи Асфори арбаъа) аз ҷумлаи онҳост.

Ҷаводии Омулӣ пас аз Инқилоби исломии Эрон масъулиятҳое чун узвият дар Шӯрои олии қазоӣ, Маҷлиси хубрагони Қонуни асосӣ, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум ва Маҷлиси хубрагони раҳбариро бар уҳда доштааст. Вай ҳамчунин дар даҳаҳои ҳафтод ва ҳаштоди шамсӣ, имомҷумъаи Қум будааст. Ӯ дар соли 1367ҳ.ш., дар сафар ба кишвари Шуравии собиқ, паёми Имом Хумайниро ба Горбачёв - раҳбари вақти он кишвар, расонд.

Ҷаводии Омулӣ дар фалсафа пайрави ҳикмати мутаолия аст. Ӯ вуҷуди илми динӣ дар ҳавзаи улуми инсонӣ ва таҷрибиро мепазирад. Бархе аз фатвоҳои хоси вай иборат аст аз: ҷоиз будани тақлиди занон аз марҷаи тақлиди зан, ҷоиз будани тағйири ҷинсият ва таҳорат(пок будани)-и аҳли китоб.

Зиндагинома

Абдулло Ҷаводии Омулӣ дар соли 1312ҳ.ш. дар Омул ба дунё омад.[1] Падари вай аз рӯҳониюни ин шаҳр буд.[2] Дар соли 1325ҳ.ш. таҳсилоти диниро дар ҳавзаи илмияи Омул оғоз кард ва дар муддати панҷ сол дарсҳое чун адабиёти араб, мантиқ, усули фиқҳ, фиқҳ, тафсири Қуръон ва ҳадисро дар сатҳи мутавассити ҳавза омӯхт.[3]

Дар соли 1329ҳ.ш.ба Теҳрон рафт ва панҷ сол дар мадрисаи Марвӣ ба таҳсили улуми динӣ идома дод. Дар ин муддат дар дарсҳои Муҳаммадтақии Омулӣ, Абулҳасани Шаъронӣ, Маҳдии Илоҳии Қумшаӣ ва Муҳаммадҳусайни Тунӣ ҳозир шуд. Ӯ дар канори фиқҳу усул, фалсафа ва ирфон ҳам таҳсил кард ва ҳамзамон ба тадриси дарсҳои ҳавзавӣ машғул шуд.[4] Вай дар соли 1334ҳ.ш.ба ҳавзаи илмия Қум рафт ва сатҳи тахассусии дарсҳои ҳавзавиро аз олимоне ҳамчун Оятуллоҳ Буруҷердӣ, Оятуллоҳ Сайид Муҳаммад Муҳаққиқи Домод, Мирзо Ҳошими Омулӣ, Имом Хумайнӣ ва Аллома Таботабоӣ фаро гирифт.[5]

Тадрис

Сурати рӯи ҷилди Тафсири тасним

Ҷаводии Омулӣ тадриси улуми ҳавзавиро аз ҷавонӣ ва замоне ки дар ҳавзаи Теҳрон дарс мехонда, оғоз кардааст.[6] Аз замони иқомат дар Теҳрон дар авоили даҳаи сии шамсӣ тадриси вай дар ҳавзаи илмия оғоз шуд ва ҳамакнун собиқаи ҳудудан шастсолаи тадриси дарсҳои мухталифи ҳавзавӣ, аз ҷумла фиқҳ, фалсафа, ирфон ва тафсири Қуръонро дар корномаи илмиаш дорад. Дар ин муддати се давраи китоби Асфори арбааи Муллосадроро дар ҳавзаи илмияи Қум тадрис кардааст.[7]

Дарси тафсир ӯ аз соли 1355ҳ.ш. оғоз шудааст.[8] Дарси тафсир ва дарси хориҷи фиқҳи Ҷаводии Омулӣ дар масҷиди Аъзами Қум баргузор мешавад.[9]

Шогирдон

Дар таи солиёни тӯлонии тадриси Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ (беш аз 55 сол) ҳазорон нафар аз дарсҳои ӯ баҳра бардаанд; аз ҷумла:

Марҷаъият

Дафотири марҷаъияти Ҷаводии Омулӣ, дар бисёре аз шаҳрҳои Эрон эҳдос шудааст.[12] Китоби “Истифтоот” ва рисолаи амалии вай низ интишор ёфтааст.

Андешаҳо

Ба бовари бархе шогирдони Ҷаводии Омулӣ, меҳвари андешаҳои вай, ҳикмати мутаолия аст. Аз ин рӯ ба ҳамоҳангии ақлу ирфону Қуръон эътиқод дорад ва маорифи онҳоро бо ҳам носозгор намебинад.[13] Аз дидгоҳи вай ақл дар муқобили дин нест, балки чароғи дин аст ва метавон аз он барои фаҳми омӯзаҳои эътиқодӣ ва ахлоқӣ ва қавонини фиқҳӣ ва ҳуқуқии дин баҳра бурд.[14]

Илми динӣ

Ҷаводии Омулӣ ба илми динӣ бовар дорад. Дар андешаи вай, мурод аз ақл, танҳо ақли назарӣ нест; балки ақли таҷрибиро низ шомил мешавад ва бинобар ин улуми таҷрибии табиӣ ва инсониро низ дар бар мегирад.[15] Ӯ мегӯяд: илм ба худии худ бо дин таоруз надорад.[16] Улуми таҷрибӣ ҷаҳони табиатро ба мо нишон медиҳад ва ба ҷиҳати он ки ҷаҳон махлуқи Худост, ин улум феъли Худоро ба мо менамоёнад. Бинобар ин, ин улумро бояд динӣ донист.[17]

Ӯ аз ин истидлол натиҷа мегирад, ки илм агар воқеан илм бошад, наметавонад ғайридинӣ ва илҳодӣ бошад.[18]

Андешаи сиёсӣ

Ҷаводии Омулӣ аз муътақидони назарияи вилояти фақиҳ аст. Ӯ дар китоби «Вилояти фақиҳ, вилояти фақоҳату адолат» се гуна далели «ақлии маҳз», «мураккаб аз ақлу нақл (ривоят)» ва «нақлии маҳз» барои исботи вилояти фақиҳ матраҳ кардааст.[19] Далели мураккаб аз ақлу нақли ӯ ин аст, ки аз сӯе Ислом аҳкоми иҷтимоӣ ва сиёсие чун ҳаҷ,[20] ҷиҳод,[21] ҳудуд ва таъзирот[22] ва қавонини молӣ чун анфол ва хумс[23] дорад, ки иҷрои онҳо дар давраи ғайбати маъсум, танҳо бо мудирияти фақиҳи ҷомеъушшароит имконпазир аст.[24] Аз сӯи дигар ақл ҳукм мекунад, ки Худованд дар давраи ғайбати маъсум, ҷомеъаи мусулмононро бесарпараст раҳо накунад. Бинобар ин дар ин давра фақиҳони ҷомеъушшароит ба унвони ҷонишинони маъсум, раҳбарии ҷомеъаро бар уҳда доранд.[25]

Фатвоҳои хос

Дар “Тавзеҳ-ул-масоил”-и Ҷаводии Омулӣ, бар хилофи дигар китобҳои тавзеҳ-ул-масоил, аҳкоми мавзуоте чун фирқаҳо, интихобот, тазҳиби Қуръон, ҳуқуқи таълиф ва нашр, вогузории ҳаққи вомгирӣ, пардохти дайн бо таваҷҷуҳ ба таваррум, ташреҳ, тағйири ҷинсият, азодорӣ, мададрасонӣ дар ҳаводис ва аҳкоми аҳли китоб ҳам сухан омадааст.[26]

Ҷоиз будани тақлиди занон аз муҷтаҳиди аълами зан,[27] ҷоиз будани тағйири ҷинсият[28] ва муътабар будани ҳаққи чоп, тарҷума, нашр ва тавлиди нармафзор[29] аз ҷумла фатвоҳои хоси вай аст.

Фаъолиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ

Иблоғи паёми Имом Хумайнӣ ба Горбачёв тавассути Оятуллоҳ Ҷаводӣ

Гарчи ҳамвора фаъолияти илмӣ бештарин машғулияти Ҷаводии Омулӣ будааст, дар солҳои пеш ва пас аз инқилоби исломии Эрон дар фаъолиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳам мушорикат доштааст. Ӯ пеш аз инқилоб аз мураввиҷони андешаи Имом Хумайнӣ буд ва ба ин ҷиҳат чанд бор аз таблиғу суханронӣ мамнуъ ва боздошт шуд.[30]

Узвият дар Шӯрои олии қазоӣ,[31] таҳия пешнависи лоиҳаҳои қазоӣ,[32] ду давра узвият дар Маҷлиси хубрагон ва узвият дар Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум аз ҷумла фаъолиятҳои вай пас аз инқилоб будааст.[33]

Ҷаводии Омулӣ, дар соли 1376ҳ.ш. пас аз суханронии Оятуллоҳ Мунтазирӣ, дар ҷамъи туллоби муътариз дар масҷиди Аъзми Қум ҳузур ёфт.[34] Ҳамчунин дар соли 1378ҳ.ш. дар эътироз ба чопи карикатура дар хусуси Мисбоҳи Яздӣ дар ҷамъи эътирозчиён суханронӣ ва ба сиёсатҳои фарҳангии давлати вақт интиқод кард.[35]

Ҷаводии Омулӣ дар даҳаҳои ҳафтод ва ҳаштоди шамсӣ яке аз имомони ҷумъаи шаҳри Қум буд[36] ва дар соли 1388 аз иқомаи намози ҷумъа истеъфо дод.[37]

Сафар ба Шӯравии собиқ ва Амрико

Ҷаводии Омулӣ дар соли 1367ҳ.ш., ҳамроҳи Муҳаммадҷаводи Лориҷонӣ ва Марзияи Ҳадидачӣ (Даббоғ)[38] маъмурият пайдо кард то паёми Имом Хумайниро ба Михаил Горбачёв – охирин раҳбари Шӯравии собиқ, бирасонад ва паёмро барои ӯ бихонад.[39] Ӯ пас аз ин дидор шарҳе бар паёми Имом Хумайнӣ бо ном «Овои тавҳид» навишт ва ба бархе мақомҳои мазҳабии кишварҳои аврупоӣ ҳадя дод.[40] Вай дар соли 1379ҳ.ш. мутобиқ бо 2000 милодӣ, барои қироати паёми раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон - Оятуллоҳ Хоманаӣ дар нишасти Ҳазораи адён, ба Ню-Йорк сафар кард.[41]

Бунёди Исро ва Муассисаи Имом Ҳасани Аскарӣ (а)

«Бунёди байналмилалии улуми ваҳёнии Исро» аз марокизи илмии шаҳри Қум, зери назари Ҷаводии Омулӣ идора мешавад. Ҳадафи ин марказ табйин ва густариши улуми исломӣ аз дидгоҳи вай ва ҳамчунин омӯзиши пажӯҳишгар дар заминаи улум исломӣ аст.[42] Ҷаводии Омулӣ ҳамчунин бар Муассисаи омӯзиши олии ҳавзавии Имом Ҳасани Аскарӣ (а) назорат дорад, ки дар соли 1387ҳ.ш. дар шаҳри Омул таъсис шудааст.[43]

Осор

Мақолаи аслӣ: Феҳристи осори Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ

Ҷаводии Омулӣ дар заминаҳои мухталифе чун фиқҳ, тафсир, фалсафа ва ҳадис китоб навиштааст. Маркази мутолиоти стротежики салтанатии Урдун теъдоди мақолот ва китобҳои Ҷаводии Омулиро беш аз 300 асар навиштааст.[44] Китоби тафсири ӯ ки ҳосили дарсҳои тафсири ӯст, Тасним ном дорад[45] ва 62 ҷилд аз он то тири 1401ҳ.ш. чоп ва нашр шудааст.[46]

Китоби дигари ӯ Раҳиқи махтум ҳосили сеюмин давраи тадриси китоби Асфори арбаъа навишта Муллосадрост,[47] ки то соли 1400ҳ.ш. ҷилди сию панҷуми он мунташир шудааст.[48]

Мафотиҳ-ул-ҳаёт, Зан дар оинаи ҷамол ва ҷалол, Шариат дар оинаи маърифат, Адаби фанои муқаррабон (шарҳи зиёрати Ҷомеъаи кабира) ва Тавзеҳ-ул-масоил аз дигар китобҳои Ҷаводии Омулӣ аст.

Бузургдошт

Дар соли 1394ҳ.ш. ҳамоиши «Табиби рӯҳонӣ» ба манзури бузургдошти Оятуллоҳи Ҷаводӣ дар донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон баргузор шуд. Дар ин ҳамоиши теъдоде аз донишҷӯён, туллоб ва бархе аз масъулони сиёсии Эрон ҳозир буданд.[49]

Ҷаводии Омулӣ аз соли 2009 то 2022, ҳар сол ба унвони яке аз панҷсад шахсияти асаргузор ва бартари ҷаҳони Ислом аз сӯи маркази салтанатии мутолиоти стротежики исломӣ дар Урдун муаррифӣ шудааст.[50]

Эзоҳ

  1. «Зиндагиномаи ҳазрати Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ аз забони худашон», вебгоҳи Пойгоҳи иттилоърасонии ҳавза
  2. «Зиндагиномаи ҳазрати Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ аз забони худашон», вебгоҳи Пойгоҳи иттилоърасонии ҳавза
  3. Бандаалӣ, Меҳри устод, 1391, саҳ.37
  4. «Ҳаёти илмӣ ва қуръонии Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ», вебгоҳи Бунёди байналмилалии улуми ваҳёнии Исро
  5. «Ҳаёти илмӣ ва қуръонии Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ», вебгоҳи Бунёди байналмилалии улуми ваҳёнии Исро
  6. «Ҳаёти илмӣ ва қуръонии Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ», вебгоҳи Бунёди байналмилалии улуми ваҳёнии Исро
  7. «Ҳаёти илмӣ ва қуръонии Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ», вебгоҳи Бунёди байналмилалии улуми ваҳёнии Исро
  8. «Ҳаёти илмӣ ва қуръонии Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ», вебгоҳи Бунёди байналмилалии улуми ваҳёнии Исро
  9. «Барномаи дарсҳои Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ», вебгоҳи Пойгоҳи иттилоърасонии ҳавза
  10. «Шабзиндадор кист?», хабаргузории Форс.
  11. «Зиндагиномаи ҳазрати ҳуҷҷатулисломи валмуслимин Сайид Муҳаммадризо Мударрисии Яздӣ», сайти Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум.
  12. «Дафотири Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ», вебгоҳи Бунёди байналмилалии улуми ваҳёнии Исро
  13. Мустафопур, «Манзумаи фикрии Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ», вебгоҳи Пажӯҳишгоҳи маориҷ.
  14. Воизӣ, «Илми динӣ аз манзари Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ», саҳ.10.
  15. Воизӣ, «Илми динӣ аз манзари Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ», саҳ.11 ва 12
  16. Воизӣ, «Илми динӣ аз манзари Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ», саҳ.15
  17. Воизӣ, «Илми динӣ аз манзари Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ», саҳ.16
  18. Воизӣ, «Илми динӣ аз манзари Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ», саҳ.16
  19. Ниг.: Ҷаводии Омулӣ, Вилояти фақиҳ, 1378ҳ.ш., саҳ.150 то 184
  20. Ниг.: Ҷаводии Омулӣ, Вилояти фақиҳ, 1378ҳ.ш., саҳ.168
  21. Ниг.: Ҷаводии Омулӣ, Вилояти фақиҳ, 1378ҳ.ш., саҳ.168
  22. Ниг.: Ҷаводии Омулӣ, Вилояти фақиҳ, 1378ҳ.ш., саҳ.170
  23. Ниг.: Ҷаводии Омулӣ, Вилояти фақиҳ, 1378ҳ.ш., саҳ.171 ва 172
  24. Ниг.: Ҷаводии Омулӣ, Вилояти фақиҳ, 1378ҳ.ш., саҳ.168
  25. Ниг.: Ҷаводии Омулӣ, Вилояти фақиҳ, 1378ҳ.ш., саҳ.168
  26. Рӯзномаи Ҷумҳурии исломӣ, 12 меҳри 1395, саҳ.12
  27. Ҷаводии Омулӣ, Рисолаи амалия, бе то, ҷ.1, саҳ.22
  28. Ҷаводии Омулӣ, Рисолаи амалия, ҷ.1, саҳ.401
  29. Ҷаводии Омулӣ, Рисолаи амалия, бе то, ҷ.1, саҳ.390.
  30. Бандаалӣ, Меҳри устод, нусхаи электронӣ, 1391, саҳ.191 ва 192
  31. Бандаалӣ, Меҳри устод, нусхаи электронӣ, 1391, саҳ.201
  32. Бандаалӣ, Меҳри устод, нусхаи электронӣ, 1391, саҳ.204
  33. Мударрисӣ, «Таърихчаи зиндагии Оятуллоҳ Шайх Абдулло Ҷаводии Омулӣ»
  34. Мударрисӣ, «Таърихчаи зиндагии Оятуллоҳ Шайх Абдулло Ҷаводии Омулӣ»
  35. Мударрисӣ, «Таърихчаи зиндагии Оятуллоҳ Шайх Абдулло Ҷаводии Омулӣ»
  36. Ниг.: «Хутбаҳои намози ҷумъа», вебгоҳи Бунёди байналмилалии улуми ваҳёнии Исро
  37. «Охирин хутбаи намози ҷумъаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ қироат шуд», вебгоҳи хабаргузории Форс
  38. «Моҷарои номаи Имом ба Горбачёв ба қалами ҳазрати Оятулло Ҷаводии Омулӣ», вебгоҳи Пойгоҳи иттилоърасонии ҳавза
  39. Мударрисӣ, «Таърихчаи зиндагии Оятуллоҳ Шайх Абдулло Ҷаводии Омулӣ»
  40. Мударрисӣ, «Таърихчаи зиндагии Оятуллоҳ Шайх Абдулло Ҷаводии Омулӣ»
  41. Мударрисӣ, «Таърихчаи зиндагии Оятуллоҳ Шайх Абдулло Ҷаводии Омулӣ»
  42. «Асосномаи бунёди байналмилалии улуми ваҳёнии Исро», вебгоҳи Маркази пажӯҳишҳои маҷлис
  43. «Нимнигоҳе ба Бунёди байналмилалии улуми ваҳёнии Исро», Уфуқи ҳавза, саҳ.12
  44. The Muslim , 500 , 2023 , p114
  45. Ниг.: Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.25
  46. тафсири Қуръони Карим, ҷилди 62», Маркази байналмилалии нашри Исро
  47. «Ҳаёти илмӣ ва қуръонии Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ», вебгоҳи Бунёди байналмилалии улуми ваҳёнии Исро
  48. махтум: шарҳи ҳикмати мутаолия, ҷилди 35», Маркази байналмилалии нашри Исро
  49. «Ҳамоиши табиби рӯҳонӣ; бузургдошти Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ», хабаргузории Садо ва симо
  50. «Ҳазрати Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ дар феҳристи 500 шахсияти бартари мусулмони ҷаҳон», хабаргузории байналмилалии Шафақно

Сарчашма

Пайванд ба берун