Абулқосим (куния)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Абалқосим)

Абулқосим (арабӣ: ابوالقاسم) кунияи ҳазрати Муҳаммад (с) - Пайғамбари Ислом аст.[1] Пас аз ба дунё омадани Қосим - писари Расули Худо, он ҳазрат ба кунияи Абулқосим шӯҳрат ёфт.[2] Шайх Садуқ (ваф.381ҳ.қ.) бо баёни ривояте, ин кунияро баргирифта аз имону куфр нисбат ба Пайғамбар (с) донистааст, ки боиси тақсим шудани афрод ба тарафи биҳишт ва дузах мешавад.[3] Ҳамчунин ӯ бо истинод ба ҳамин ривоят баён мекунад, ки чун Пайғамбар (с) падари ҳама аст ва падари Имом Алӣ (а) ҳам, ки худ тақсимкунандаи биҳишту дузах аст (қасим-ун-нори ва-л-ҷаннат) ба ҳисоб меояд ба ӯ Абулқосим гуфтаанд.[4]

Ҳамчунин бубинед: Ҳадиси Қасим-ун-нори ва-л-ҷаннат

Ба гуфтаи Муҳаммад ибни Алии Ардабилӣ дар Ҷомеъ-ур-рувот, ин куния ба Имом Саҷҷод (а) ҳам нисбат дода шудааст.[5] Ҳамчунин барои Имом Маҳдӣ (аҷ) низ ба кор рафтааст.[6] Ба гуфтаи Иноятуллоҳ Қуҳпоӣ - риҷолшиноси шиаи қарни ёздаҳуми қамарӣ, корбурди кунияи Абулқосим барои ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) беш аз Пайғамбар (с) будааст.[7]

Шайх Ҳурри Омилӣ дар Васоил-уш-шиа бар ин бовар аст, ки агар касе номаш Муҳаммад бошад, макруҳ аст бар ӯ кунияи Абулқосим гузошта шавад.[8]

Бинобар гузорише, ки аз номҳои сабтшуда дар идораи сабти аҳволи Эрон мунташир шудааст, Абулқосим ҷузви 100 номи бартари эрониён дар бозаи замонии 1918 то 2001 будааст.[9]

Эзоҳ

  1. Қуҳпоӣ, Маҷмаъ-ур-риҷол, 1364ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.193.
  2. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.107.
  3. Шайх Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.52.
  4. Шайх Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.52.
  5. Ардабилӣ, Ҷомеъ-ур-рувот, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.462.
  6. Нурӣ, Наҷми соқиб, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.89.
  7. Қуҳпоӣ, Маҷмаъ-ур-риҷол, 1364ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.193.
  8. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.399 - 400.
  9. « گزارشی جالب از یکصد نام برتر ایرانیان در قرن حاضر».

Сарчашма

  • Ардабилӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ҷомеъ-ур-рувот ва изоҳат-ул-иштибоҳот ан-ит-туруқи ва-л-аснод, Бейрут, Дорул-азвоъ, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • « گزارشی جالب از یکصد نام برتر ایرانیان در قرن حاضر», Ойтел, санаи боздид: 9 баҳмани 1402ҳ.ш.
  • Қуҳпоӣ, Иноятуллоҳ, Маҷмаъ-ур-риҷол, Қум, Исмоилиён, чопи дувум, 1364ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа ли дурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор (а), Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Нурӣ, Ҳусайн, Наҷми соқиб дар аҳволи Имоми Ғоиб алайҳис-салом, Қум, масҷиди муқаддаси Ҷамкарон, 1384ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, тафсили Васоил-уш-шиъа ила таҳсили масоил-иш-шариъат, Қум, муассисаи Олул-Байт алайҳимус-салом, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, Қум, Дафтари нашри исломӣ (Ҷомеъаи мударрисин), 1403ҳ.қ.