Иноятуллоҳ Қуҳпоӣ

Аз wikishia

Иноятуллоҳ Қуҳпоӣ (қабл аз 975ҳ.қ. - баъд аз 1026ҳ.қ.) - риҷолшиноси шиаи қарни ёздаҳуми қамарӣ ва нависандаи китоби Маҷмаъ-ур-риҷол, аз китобҳои маъруфи риҷолӣ аст.[1] Ӯ дар ин китоб, ровиёнеро, ки дар китобҳои панҷгонаи риҷолии шиа (риҷоли Кашшӣ, риҷоли Тусӣ, Феҳристи Тусӣ, риҷоли Наҷошӣ, риҷоли Ибни Ғазоирӣ) зикр шудааст, ба тартиби ҳуруфи алифбо танзим карда ва мавориде низ ба он афзудааст.[2]

Иноятуллоҳ Қуҳпоӣ қабл аз таълифи Маҷмаъ-ур-риҷол, ҳар кадом аз китобҳои панҷгонаи риҷолии шиа ба ҷуз риҷоли Ибни Ғазоириро ба сурати мустақил ба тартиби ҳуруфи алифбо танзим кард ва ба онҳо ҳошияҳое афзуд.[3] Вай ҳамчунин бар китобҳои Манҳаҷ-ул-мақол, навиштаи Муҳаммади Астарободӣ ва Нақд-ур-риҷол, навиштаи Мустафо Тафришӣ ҳошияҳое нигошт.[4]

Иноятуллоҳ Қуҳпоӣ дар дарси Муқаддаси Ардабилӣ, Шайхи Баҳоӣ ва Абдуллоҳ Шуштарии Исфаҳонӣ ҳузур меёфт.[5] Дар манобеъ, аз шогирдони вай номе бурда нашудааст, бо ин ҳол, Оқобузурги Теҳронӣ аз китоби риҷолие ном бурдааст, ки нависандаи он худро Абулҳасан ибни Абдуллоҳ, шогирди Қуҳпоӣ, муаррифӣ кардааст.[6] Оқобузург эҳтимол додааст, ки номи комили ӯ - Абулҳасан ибни Абдуллоҳи Кошӣ (вафот баъд аз 1020ҳ.қ.) бошад.[7]

Қуҳпоӣ мулаққаб ба Закии Наҷафӣ аст[8] ва дар бораи аслу насабаш, ихтилофи назар аст. Бархе тароҷимнигорон асли ӯро аз Куҳпоя, шаҳре дар шарқи Исфаҳон[9] ва бархе аз Наҷаф донистаанд.[10] Абдуллоҳи Афандӣ - тароҷимнигор, асли ӯро аз Наҷаф, вале ҷои таваллудашро Куҳпоя шуморидааст.[11] Қуҳбоӣ нисбате ба Қуҳбоя, муъарраби Кӯҳпоя аст.[12] Вай дар Наҷаф ва Исфаҳон ва муддате ба дастури Шоҳ Аббоси аввал, дар Кӯҳпоя сукунат дошт.[13]

Аз таърихи вафоти Қуҳпоӣ иттилооте дар даст нест. Ҷаъфари Субҳонӣ – мутакаллим ва риҷолшиноси муосири шиа, аз таърихи китобати китоби Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ ба дасти Қуҳпоӣ натиҷа гирифтааст, ки вафоти ӯ баъд аз соли 1026 ҳиҷрии қамарӣ аст.[14]

Эзоҳ

  1. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.410.
  2. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.381.
  3. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.381; Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.65 ва 66.
  4. Ғаравӣ, Маъа уламо-ин-Наҷаф-ил-ашраф, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.306.
  5. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.410.
  6. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.102.
  7. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.226.
  8. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.410.
  9. Мударриси Табрезӣ, Райҳонат-ул-адаб, 1369ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.497; Оқобузурги Теҳронӣ, Масфа-л-мақол, 1337ҳ.ш., саҳ.343.
  10. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.410; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.381.
  11. Афандӣ, Риёз-ул-уламо, 1431ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.302.
  12. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.410.
  13. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.410.
  14. Субҳонӣ, Мавсуъату табақот-ил-фуқаҳо, 1418ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.217.

Сарчашма

  • Амин, Сайид Муҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф, 1403ҳ.қ.
  • Афандӣ, Абдуллоҳ ибни Исобег, Риёз-ул-уламо ва ҳиёз-ул-фузало, таҳқиқи Аҳмад Ҳусайнии Ашкурӣ, иҳтимоми Маҳмуд Маръашӣ, Бейрут, муассисатул-Таърихил-арабӣ, 1431ҳ.қ.
  • Ғаравӣ, Муҳаммад, Маъа уламо-ин-Наҷаф-ил-ашраф, Бейрут, Дорул-сақалайн, 1420ҳ.қ.
  • Мударриси Табрезӣ, Муҳаммадалӣ, Райҳонат-ул-адаб фи тароҷим-ил-маъруфина би-л-куняти ва-л-лақб, Теҳрон, Китобфурушии Хайём, 1369ҳ.ш.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, гирдоварии Аҳмад ибни Муҳаммади Ҳусайнӣ, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1403ҳ.қ.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, Масфа-л-мақол фи мусаннифи илми-р-риҷол, тасҳеҳи Аҳмад Мунзавӣ, 1337ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Мавсуъату табақот-ил-фуқаҳо, Қум, муассисатул-Имом ас-Содиқ (а), 1418ҳ.қ.
  • Хонсорӣ, Сайид Муҳаммадбоқир, Равзот-ул-ҷаннот фи аҳвол-ил-уламои ва-с-содот, таҳқиқи Асадуллоҳ Исмоилиён, Теҳрон, Даҳоқонӣ (Исмоилиён), 1390ҳ.қ.