Jump to content

Ҷиҳод: Тафовут байни таҳрирҳо

34,537 байт илова карда шуд ,  10 август
No edit summary
Сатри 6: Сатри 6:
Омӯзаи ҷиҳод имрӯза (қарни понздаҳуми ҳиҷрӣ) мавриди сӯистифодаи гурӯҳҳои тундрави мусулмон монанди [[ал-Қоида]] ва [[ДИИШ]] қарор гирифтааст. Рафторҳои хушунатомези ин гурӯҳҳо, мӯҷиби бероҳа шудани ҷиҳод аз ҳадафҳои аслияш ва эҷоди [[исломҳаросӣ]] ва дар натиҷаи дастмояе барои ҳаҷма ба омӯзаи ҷиҳод шудааст.
Омӯзаи ҷиҳод имрӯза (қарни понздаҳуми ҳиҷрӣ) мавриди сӯистифодаи гурӯҳҳои тундрави мусулмон монанди [[ал-Қоида]] ва [[ДИИШ]] қарор гирифтааст. Рафторҳои хушунатомези ин гурӯҳҳо, мӯҷиби бероҳа шудани ҷиҳод аз ҳадафҳои аслияш ва эҷоди [[исломҳаросӣ]] ва дар натиҷаи дастмояе барои ҳаҷма ба омӯзаи ҷиҳод шудааст.


== Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ ==
==Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ==
Ҷиҳод, истилоҳе [[Фиқҳ|фиқҳист]], ба маънои мубориза дар роҳи Худо бо ҷону мол, дар набард бо [[Ширк|мушрикон]] ва [[Бағй|боғиён]] бо ҳадафи эътилои [[Ислом]] ва [[Таъзими шаъоир|барпо доштани шаъоири он]].<ref>Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.3</ref> Ҷиҳод аз [[Фуруи дин|фуруи дини Ислом]] аст.<ref>Мутаҳҳарӣ, Ҷиҳод, 1390ҳ.ш., саҳ.20</ref> [[Муҷтаҳид|Фақиҳон]] дар боби мустақилле бо унвони ''«Ҷиҳод»'', ба тафсил дар бораи [[Аҳкоми шаръӣ|аҳкоми фиқҳии]] он сухан гуфтаанд.<ref>Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.140</ref> Вожаи ''ҷиҳод'' ва ҳамрешаҳои он ҳудуди 35 бор дар [[Қуръон]] ба кор рафтааст.<ref>Мисбоҳи Яздӣ, Ҷангу ҷиҳод дар Қуръон, 1382ҳ.ш., саҳ.19</ref> Ҳамчунин [[Ҳадис|аҳодиси]] зиёде дар бораи аҳкому фазилати он дар манобеи равоӣ нақл шуда, ки фақиҳон барои истинботи [[аҳкоми шаръӣ]] аз онҳо истифода мекунанд.<ref>Барои намуна ниг.: Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.4</ref>


== Эзоҳ ==
Ҷиҳод дар мутуни динӣ ғайр аз маънои фиқҳӣ ва хос, ба маънои машаққат (маънои луғавӣ ва ом)<ref>Ҷавҳарӣ, ас-Сиҳоҳу туҷ-ул-луғати ва сиҳоҳ-ул-арабия, зайли вожа «''ҷаҳд''»</ref> низ ба кор рафтааст.<ref>Сарромӣ, Адолатнажод, «Ҷиҳод», саҳ.433</ref> Дар бархе аҳодис, барои ишора ба аҳамияту душвории бархе аъмол, аз онҳо ҳамчун ҷиҳод ёд шудааст.<ref>Сарромӣ, Адолатнажод, «Ҷиҳод», саҳ.433</ref> Барои намуна дар бархе ривоёт, [[Ҷиҳоди нафс|муҷоҳидати нафс]] дар баробари [[шайтон]] ва ҳавоҳои нафсонии [[ҷиҳоди акбар]] муаррифӣ шудааст.<ref>Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.122</ref> Ҳамчунин корҳое монанди [[амр ба маъруф ва наҳй аз мункар]], баҷо овардани [[ҳаҷ]], сухан гуфтан ба адолат дар баробари султони ситамгар, талош барои зинда кардани суннати некӯ дар ҷомеъа, хуб шавҳардорӣ кардани зан ва талоши мард барои касби рӯзии ҳалол барои хонавода, [[рӯза]] гирифтан дар гармо, ҷиҳод дар роҳи Худо дониста шудааст.<ref>Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.259у ҷ.5, саҳ.9 ва 88; Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1401ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.64 - 65; Алломаи Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.96, саҳ.256</ref>
 
=== Тавсеаи маъноии ҷиҳод аз дидгоҳи Оятуллоҳ Хоманаӣ ===
Ҷиҳод аз назари [[Сайид Алии Хоманаӣ]], дуюмин раҳбари [[Ҷумҳурии исломии Эрон]], фақат дар майдони ҷанг нест ва майдонҳои васеъе ҳамчун сиёсат, фарҳанг, андеша, иқтисод ва таблиғро дар бар мегирад.<ref>[https://farsi.khamenei.ir/newspart-index?tid=1263#105674 «جهاد», сайти khamenei.ir.]</ref> Ба бовари ӯ, ҳар талоше ки ба самти ҳамлаи душман бошад ҷиҳод аст. Барои намуна, дар ҷамъи тавлидгарону фаъолони иқтисодии Эрон гуфта масаълаи тавлид ва талош дар ин замина, аз он рӯ ки душманони Эрон дар паи тазъифи он ҳастанд, мисдоқе аз ҷиҳод аст.<ref>[https://farsi.khamenei.ir/speech-content?id=49494 «بیانات آیت‌الله خامنه‌ای در دیدار تولیدکنندگان و فعالان اقتصادی»], сайти khamenei.ir</ref>
 
== Арзиши ҷиҳод дар дини Ислом ==
{{Quote box|Унвон=Имом Алӣ (а):|Иқтибос=Ҷиҳод шарифтарин кор пас аз пазириши Ислом ва мояи пойдории дин аст. Иззат ва иқтидор меоварад ва аҷре бузург дорад. Ҷиҳод сахт ва дорои подош аст ва дар он, пас аз шаҳодат, навиди биҳишт аст.|Манбаъ=<small>Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.94</small>|Тароз=рост|Арз=30%|Ҳошия=|Андозаи хат=|Ранги пасзамина=#bacc9e|Шақлбандӣ=|Пасзаминаи унвон=#F0FAFA|Ранги хатти унвон=|Шаклбандии унвон=|Тарози иқтибос=|Шаклбандии иқтибос=|Нохунаки иқтибос=|Тарози манбаъ=|Шаклбандии манбаъ=}}Дар оёти [[Қуръон]] ва [[Ҳадис|аҳодис]], дар боби аҳамияти ҷиҳод, фазоили зиёде баён шудааст.<ref>Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дор-ут-тафсир, ҷ.15, саҳ.77</ref> Дар [[Ояти 20 сураи Тавба|оёти 20]] ва [[Ояти 21 сураи Тавба|21 сураи Тавба]], ба мақоми рафиъи касоне ки бо ҷону амволашон дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд, назди Худо ишора шуда ва чунин афроде аз растагорон муаррифӣ ва [[раҳмати Илоҳӣ]], мақоми ризо ва хушнӯдии Худованду биҳишти ҷовдона ба онҳо бишорат дода шудааст.<ref>сураи Тавба, оёти 20 - 21; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.14; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.205 - 206</ref>
 
Мутобиқи [[ояти 95 сураи Нисо]], Худованд мартабаи мусулмонони ҷиҳодгарро бар дигар мусулмонон бартарӣ бахшидааст.<ref>сураи Нисо, ояти 95</ref> Дар бархе [[Ҳадис|ривоёт]], ҷиҳод даре аз дарҳои биҳишт муаррифӣ шуда, ки Худованд барои авлиё ва бандагони хоссаш гушудааст.<ref>Барои намуна ниг.: Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмоли ва иқоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.189; Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.123</ref> Дар ривояте, бартарин кор баъд аз [[Фариза|фароиз]] ва дар ривояти дигар, шарифтарин амал пас аз пазириши [[Ислом]] баён шудааст.<ref>Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.7 ва 70</ref> Ҳамчунин дар бархе ривоёт, қуллаи рафиъи Ислом<ref>Мағрибӣ, Даоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.342</ref> ва дар бархе низ аз аркони [[имон]] дониста шудааст.<ref>Мағрибӣ, Даоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.342</ref>
 
Ба гуфтаи Муҳаммади Фозили Ланкаронӣ, фақиҳи шиа, аҳамият, аҷру савоби ҷиҳод ва кушта шудан барои Худо ва дар роҳи эҳёи дин, чунон аст, ки шомили [[қоидаи дафъи зарари эҳтимолӣ]] намешавад.<ref>Фозили Ланкаронӣ, Изоҳ-ул-кифоя, 1385ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.406</ref>
 
== Ҳадаф ва осори ҷиҳод ==
Барои ҷиҳод, осору аҳдофе баён шуда, ки бархе аз онҳо ба ин қарор аст:
 
Хомӯш кардани [[фитна]];<ref>Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.27</ref>
 
[[Дифоъ аз мазлум|Ҳимоят аз мазлумону]] мустазъафон;<ref>Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.28</ref>
 
Мубориза бо [[Ширк|ширку]] бутпарастӣ;<ref>Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.29</ref>
 
Ҷилавгирӣ аз зулму таҷовуз;<ref>Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳанги мавзуии ҷиҳод дар оинаи оёту ривоёт, 1387ҳ.ш., саҳ.35</ref>
 
Қивому пойдории дин;<ref>Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.94</ref>
 
Ҳифзи маконҳои ибодатӣ.<ref>Разавӣ, «Ҷиҳод», саҳ.177</ref>
 
== Нахустин фармони ҷиҳод ==
Дар ин ки нахустин дастури ҷиҳод бо кадом [[оят]] ва дар чӣ мавқеъияте содир шуд миёни [[Тафсири Қуръон|муфассирон]] ихтилофи назар аст.<ref>Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.113</ref> Муфассироне ҳамчун [[Фахри Розӣ]] ва [[Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ|Табарсӣ]] бар ин назаранд, ки [[ояти изни ҷиҳод]], нахустин дастуру иҷозати ҷиҳод барои [[Мусалмон|мусулмонон]] дар баробари мушрикони [[Макка]] буд.<ref>Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.228 - 229; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.156</ref> Ба гузориши ин муфассирон, [[Ширк|мушрикони Макка]] мусулмононро озор медоданд ва мезаданд. Онон бо сарҳои шикаста ва маҷрӯҳ назди [[Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам|Пайғамбар (с)]] меомаданд ва шикоят мекарданд ва аз Паёмбар тақозои ҷиҳод мекарданд. Паёмбар низ ононро ба сабр даъват мекард ва мегуфт дастури ҷиҳод ҳануз нарасида, то ин ки [[Ҳиҷрат ба Мадина|ҳиҷрат]] шурӯъ шуду мусулмонон аз Макка ба [[Мадина]] омаданд ва ҳафт моҳ баъд,<ref>Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб, 1376ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.161</ref> ояти изни ҷиҳод нозил ва нахустин дастури ҷиҳод содир шуд.<ref>Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.228 - 229; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.156</ref>
 
Бархе гуфтаанд [[ояти 190 сураи Бақара]] (وَ قَاتِلُوا فِی سَبِیلِ اللَّهِ الَّذِینَ یُقَاتِلُونَکُمْ ''Ва дар роҳи Худо бо онон ки ба ҷангу душманӣ шумо бархезанд ҷиҳод кунед)'' нахустин оятест, ки ба ҷиҳод бо душманон фармон додааст. Бархе низ [[Ояти 111 сураи Тавба|ояти 111 сураи Тавбаро]] нахустин ояте донистаанд, ки бо он фармони ҷиҳод содир шуд.<ref>Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.383</ref> Ба гуфтаи [[Носир Макорими Шерозӣ|Макорими Шерозӣ]], лаҳни ояти изни ҷиҳод ки таъбири «''изн''» дар он омада, бо мавзуи нахустин фармон барои ҷиҳод, таносуби бештаре дорад.<ref>Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.113 - 114</ref>
 
Бархе муфассирон бо истинод ба [[ояти 111 сураи Тавба]], гуфтаанд ҳукму дастур ба ҷиҳод дар ҳамаи шариъатҳои гузашта низ вуҷуд доштааст.<ref>Барои намуна ниг.: Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.152</ref>
 
== Ақсоми ҷиҳод ==
Ҷиҳод аз дидгоҳи фақеҳон ба ду қисми [[ҷиҳоди ибтидоӣ]] ва [[ҷиҳод дифоӣ]] аст:<ref>Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийяти фи шарҳи лумъат-ид-димишқийя, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.379; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.7 - 8</ref>
 
=== Ҷиҳоди ибтидоӣ ===
''Мақолаи аслӣ:'' [[Ҷиҳоди ибтидоӣ|'''Ҷиҳоди ибтидоӣ''']]
 
[[Ҷиҳоди ибтидоӣ]] ба маънои ҷанг бо [[Ширк|мушрикон]] ва [[Куфр|куффор]] барои даъвати онон ба [[Ислом]] ва [[тавҳид]] аст.<ref>Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийяти фи шарҳи лумъат-ид-димишқийя, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.379; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дор-ут-тафсир, ҷ.15, саҳ.79</ref> Дар ин навъи ҷиҳод, [[Мусалмон|мусулмонон]] оғозгари ҷанг ҳастанд.<ref>Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.7</ref> Ба иҷмоъи фақеҳони мусулмон, ҷиҳод барои даъват ба Ислом бар ҳар мукаллафе ки озод ва мард бошаду узре монанди беморӣ ва куҳансолӣ надошта бошад, дар баробари кофари ғайризиммӣ ва [[Бағй|боғиён]], [[воҷиби кифоӣ]] аст.<ref>Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.46; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дор-ут-тафсир, ҷ.15, саҳ.81</ref> Бино ба назари фақеҳони [[имомия]], ҷиҳоди ибтидоӣ бояд дар замони ҳузури [[Имомони шиа|имоми маъсум]] ва ба изни вай ё ноиби хосси ӯ бошад.<ref>Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1415ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.447</ref> Албата бархе низ ҷиҳоди ибтидоӣ дар [[Ғайбати Имом Маҳдӣ (аҷ)|асри ғайбатро]] низ машрӯъ ва ҷоиз донистаанд.<ref>Барои намуна ниг.: Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.364; Мунтазирӣ, Диросотун фи вилоят-ил-фақиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.116 - 119</ref>
 
Қудрати кофии мусулмонон барои оғози ҷангу даъвати куффор ба Ислом ва итмоми ҳуҷҷат бо онҳо пеш аз оғози ҷанг, аз дигар шароите аст, ки [[Муҷтаҳид|фақеҳон]] барои ҷиҳоди ибтидоӣ дар назар гирифтаанд.<ref>Амиди Занҷонӣ, Фиқҳи сиёсӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.139</ref>
 
=== Ҷиҳоди дифоӣ ===
''Мақолаи аслӣ:'' [[Ҷиҳоди дифоӣ]]
 
[[Ҷиҳоди дифоӣ]] пайкор бо ҳадафи дифоъ аз [[Ислом]] ва сарзаминҳои исломӣ дар баробари душмане аст, ки ба сарзаминҳои исломӣ ҳуҷум овардаву қасди ғалаба ва султа бар номусу амволи мусулмонон ё куштани гурӯҳе аз мусулмононро дорад.<ref>Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.8; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дор-ут-тафсир, ҷ.15, саҳ.79</ref> Ба [[Фатво|фатвои фақеҳон]], ҷиҳоди дифоӣ бар марду зан, пиру ҷавон, бардаву озод ки қудрати ҷангидан дошта бошанд, [[Воҷиб кафоӣ|воҷиб кифоӣ]] аст.<ref>Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.8</ref> Ҷиҳоди дифоӣ, машрут ба ҳузур ё иҷозаи [[Имомони шиа|имом (а)]] ё ноиби хосси ӯ нест.<ref>Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.37; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.8; Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.14</ref> Бархе [[Ҷангҳои Пайғамбар (с)|ҷангҳои давраи Пайғамбар (с)]] монанди [[ҷанги Аҳзоб]], [[ҷанги Уҳуд]], [[ҷанги Мута]], ҷанги Табук ва [[ҷанги Ҳунайн]] ҷиҳоди дифоӣ будаанд.<ref>Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.28</ref>
 
[[Муҳаммадҷавод Фозили Ланкаронӣ]], мударриси [[Ҳавзаи илмияи Қум]], қисми дигаре аз ҷиҳод бо унвони [[Назарияи ҷиҳоди заббӣ|ҷиҳоди заббиро]] аз зоҳири каломи фақеҳон истихроҷ кардааст.<ref>Фозили Ланкаронӣ, Ҷиҳоди заббӣ, 1401ҳ.қ., саҳ.52</ref> Ӯ муътақид аст, ки ҷиҳоди заббӣ фақат барои ҳифзи Ислом аст. Бинобар ин агар аз ҷониби ситамгаре, дар ҳар нуқтае аз ҷаҳон, тарси нобудии Ислом вуҷуд дошта бошад, дифоъ аз киёни Ислом бар ҳамаи мусулмонон, [[воҷиби айнӣ]] аст.<ref>Фозили Ланкаронӣ, Ҷиҳоди заббӣ, 1401ҳ.қ., саҳ.32</ref>
 
== Одобу аҳкоми ҷиҳод ==
Фақеҳон, бо тавваҷуҳ ба [[Қуръон|оёти Қуръон]] ва [[Ҳадис|аҳодис]], одобе барои ҷиҳод зикр кардаанд, ки бархе аз онҳо ба шарҳ зер аст:
 
* Фуқаҳо бо истинод ба оёте монанди [[ояти 217 сураи Бақара]] ва [[ояти 36 сураи Тавба]], қоил ба ҳурмати ҷиҳод дар [[моҳҳои ҳаром]] ([[раҷаб]], [[зилқаъда]], [[зилҳиҷҷа]] ва [[муҳаррам]])<ref>Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.33; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.406</ref> шудаанд.<ref>Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфони фи фиқҳ-ил-Қуръон, 1384ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.353 - 354</ref> Албата бархе фақеҳони [[Аҳли суннат ва ҷамоат|аҳли суннат]] бар ин назаранд ки ҳукми ҳурмати ҷиҳод дар моҳҳои ҳаром [[Носиху мансух|насх]] шудааст. Аз ин рӯ ҷиҳодро дар ҳар макону ҳар замон ҷоиз медонанд.<ref>Ҷассос, Аҳком-ул-Қуръон, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.390; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.33 - 34</ref>
* Мустаҳаб аст оғози ҷанг пас аз заволи офтоб ва баъд аз барпоии [[намози пешин]] ва [[Намози аср|аср]] бошад. Ҳамчунин ҳамлаи шабона, ҷуз дар ҳоли зарурат, [[макруҳ]] аст.<ref>Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.81 - 82</ref>
* Ба иҷмоъи фақеҳони [[шиа]], касе ки дар ҷанг ва арсаи набард кушта шавад, [[Шаҳодат|шаҳид]] асту аҳкоми шаҳид бар ӯ ҷорӣ мешавад.<ref>Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.89</ref>
* Ҷангидан бо душман бо ҳар навъи силаҳ ва ба ҳар наҳве ки сабаби пирӯзӣ шавад ҷоиз аст;<ref>Ҳалабӣ, Ишорат-ус-сабқ, 1414ҳ.қ., саҳ.143</ref> вале қатъ кардани дарахтон, партоби оташ ва раҳо кардани об ба сӯи душман, ҷуз дар ҳоли зарурат, макруҳ аст.<ref>Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.66 - 68</ref>
* Куштани занон, кӯдакон, девонагон ва низ нотавонон аз ҷанг, монанди пирамардҳо, нобиноён ва замингир дар сурате ки аз фикру назари онон дар ҷанг истифода нашавад, ҳаром аст, магар дар ҳоли зарурат; монанди он ки куффор аз вуҷуди онон ба унвони сипар истифода кунанд ё чира шудан бар душман вобаста ба куштани онҳо бошад.<ref>Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.68 ва 73 - 77</ref>
* Найранг дар ҷанг, ҷуз дар сурате ки душман амон дошта бошад, ҷоиз аст.<ref>Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.78 - 79</ref>
* Ёрӣ гирифтан аз куффор дар ҷанг, дар сурате ки маслиҳат иқтизо кунаду хиёнат дар он набошанд, ҷоиз аст.<ref>Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.193 - 194</ref>
* Итоат аз фармондеҳ бар размандагон [[воҷиб]] аст.<ref>Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.373</ref>
 
=== Сарпечӣ ва фирор аз ҷанг ===
 
: ''Мақолаи аслӣ:'' '''[[Фирор аз ҷанг]]'''
 
[[Фирор аз ҷанг]] [[ҳаром]] аст ва ба гуфтаи бархе фақеҳон ва муфассирон, аз [[гуноҳони кабира]] маҳсӯб мешавад;<ref>Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.56; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.57</ref> магари он ки шумори [[Мусалмон|мусулмонон]] камтар аз нисфи нерӯҳои душман бошад, ки дар ин сурат муқовимат дар баробари онҳо [[воҷиб]] нест.<ref>Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.63</ref>
 
Сарпечӣ аз ҷиҳод низ ҳаром аст.<ref>Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.37</ref> Дар бархе оёти Қуръон, умуре ҳамчун тарс,<ref>сураи Нисо, ояти 77; Разавӣ, «Ҷиҳод», саҳ.184</ref> дилбастагӣ ба дунё,<ref>сураи Тавба, ояти 38; Разавӣ, «Ҷиҳод», саҳ.184</ref> сустимонӣ, нифоқ,<ref>сураи Тавба, ояти 45; Разавӣ, «Ҷиҳод», саҳ.184</ref> бемордилӣ ва гуноҳ<ref>сураи Аҳзоб, оёти 12 - 13; Разавӣ, «Ҷиҳод», саҳ.185</ref> омилҳои сарпечӣ аз ҷиҳод баршумурда шудааст. Дар [[Қуръон]], бархе аз оқибатҳои сарпечӣ аз ҷиҳод, зикр шуда ки иборатанд аз: ҳалокат,<ref>сураи Тавба, ояти 42; Разавӣ, «Ҷиҳод», саҳ.185</ref> кайфарҳои дунявӣ ва ухравӣ,<ref>сураи Тавба, ояти 39 ва 81 - 82; Разавӣ, «Ҷиҳод», саҳ.186 - 187</ref> маҳрумият аз баракоти дунявӣ ва ухравӣ,<ref>сураи Моида, ояти 21; Разавӣ, «Ҷиҳод», саҳ.186</ref> ва шаклгирии фитнаву фасод дар ҷомеъа.<ref>сураи Анфол, оёти 72 - 73; сураи Муҳаммад, оёти 20 - 22</ref>
 
== Фатвоҳои машҳури фақиҳони шиа дар бораи ҷиҳод ==
 
: ''Мақолаи аслӣ:'' '''[[Фатвои ҷиҳод]]'''
 
Бархе аз муҳимтарин фатвоҳое ки аз сӯи фақиҳону мароҷеъи тақлиди шиа дар давраҳои мухталифи таърихӣ дар бораи вуҷуби ҷиҳод содир шуда ба ин шарҳ аст:
 
* Бо ҳуҷуми Рӯсия дар солҳои 1241 то 1243ҳ.қ., ба кишвари Эрон ва тасарруфи манотиқе аз он, бархе олимони шиа ҳамчун [[Ҷаъфар Кошифулғито]], [[Сайид Алии Таботабоӣ]], [[Мирзои Қумӣ]], [[Мулло Аҳмади Нароқӣ]] ва [[Сайид Муҳаммади Муҷоҳид]] дар ростои ҳимоят аз ҳукумати Қоҷор дар дифоъ аз мардуми мусулмони Эрон, фатвои ҷиҳод барои мубориза ва дифоъ дар баробари ҳуҷуми нерӯҳои Рӯсия содир карданд.<ref>Заргаринажод, «Баррасии Аҳком-ул-ҷиҳоди ва асбоб-ур-рашод (нахустин асар дар адабиёти таквини адабиёти ҷиҳодии таърихи муосири Эрон)», саҳ.383</ref> Ин фатвоҳо, ба ҳамроҳи рисолаҳое дар аҳкоми ҷиҳод, ба дастури Аббосмирзо, фарзанду валиаҳди Фатҳъалишоҳ ва тавассути Мирзо Исо Қоиммақоми Фароҳонӣ, дар маҷмуъае бо унвони ''Аҳком-ул-ҷиҳоди ва асбоб-ур-рашод'', гирдоварӣ шудааст.<ref>Заргаринажод, «Баррасии Аҳком-ул-ҷиҳоди ва асбоб-ур-рашод (нахустин асар дар адабиёти таквини адабиёти ҷиҳодии таърихи муосири Эрон)», саҳ.382 - 383</ref>
* [[Фатвои ҷиҳоди Муҳаммадтақии Шерозӣ]] аз фатвоҳои асаргузор буд ки дар баробари султа ва нуфузи [[Англия]] дар [[Ироқ]], дар [[20 рабиулаввал|20 рабиулаввали]] [[Соли 1337 ҳиҷрии қамарӣ|1337ҳ.қ.]], содир шуд.<ref>Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъати ва ҳува нуқабо-ул-башари фи-л-қарн-ир-робиъи ашар, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.263</ref> Матни фатво чунин аст: ''«Мутолибаи ҳуқуқ бар ироқиён воҷиб аст ва бар онон воҷиб аст дар зимни дархостҳои хеш, риояти оромишу амниятро бинамоянд ва дар сурате ки Англия аз пазириши дархостҳояшон худдорӣ варзад, ҷоиз аст ба қувваи дифоӣ мутавассил шаванд [чанг зананд].»''<ref>Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъати ва ҳува нуқабо-ул-башари фи-л-қарн-ир-робиъи ашар, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.263</ref>
* Пас аз он ки дар [[Соли 2014 мелодӣ|соли 2014]], [[ДИИШ]] бар бархе аз манотиқи ғарбӣ ва шимолии Ироқ сайтара ёфта буд ва ба сӯи дигар манотиқ пешравӣ мекард, [[Сайид Алии Систонӣ]] барои муқобила бо пешравиҳои ДИИШ, [[Фатвои ҷиҳод алайҳи ДИИШ|фатвои ҷиҳод]] содир намуд.<ref>Ҳаттоб, «Тавзиф-ул-ҳашд-иш-шаъби фи-л-мадрак-ис-сиёсий-ил-ироқи», саҳ.107 - 108</ref> Мутобиқи ин фатво, бар шаҳрвандони ироқӣ ки тавоноии ҳамли силоҳ ва мубориза бо террористҳоро доштанд, [[воҷиби кифоӣ]] буд то ба дифоъ аз кишвар, миллат ва муқаддасот бипардозанд ва ба нерӯҳои амниятӣ бипайванданд.<ref>Ҳаттоб, «Тавзиф-ул-ҳашд-иш-шаъби фи-л-мадрак-ис-сиёсий-ил-ироқи», саҳ.107 - 108</ref>
 
== Нигариши ифротгароёна ба ҷиҳод ==
Масаълаи ҷиҳод дар садаҳои чордаҳуму понздаҳуми қамарӣ, мавриди таваҷҷуҳи бархе гурӯҳҳои [[Салафия|салафии]] мусулмон, монанди [[ал-Қоида]] ва [[ДИИШ]] қарор гирифт.<ref>Бахшӣ, Шайх Аҳмад, «Ҷиҳод аз Ибни таймия то Бен Лодан», саҳ.170</ref> Салафиҳои ҷиҳодӣ, ҷиҳодро аз ҳамаи фурӯъи динӣ ва усули амалии Ислом ҳамчун [[намоз]], [[рӯза]] ва [[ҳаҷ]], муҳимтар ва бар онҳо муқаддам медонанд ва бар ин боваранд, ки ҳар мусулмоне ки ба ҷиҳод напардозад асли Исломро дарак накардааст.<ref>Алии Бахшӣ, Ҷараёншиносии гурӯҳҳои салафӣ, ҷиҳодӣ ва такфирӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.119 - 120</ref>
 
Гуфта мешавад бархе аз ин гурӯҳҳои тундрав, ба таъсирпазирӣ аз Сайиди Қутб,<ref>Алии Бахшӣ, Ҷараёншиносии гурӯҳҳои салафӣ, ҷиҳодӣ ва такфирӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.121 - 122</ref> муътақиданд, ки ҳамаи сарзаминҳо ё [[Дорулислом|дор-ул-Ислом]] ҳастанд ё сарзамини ҷоҳилӣ ва [[дор-ул-ҳарб]]. Дор-ул-Ислом, сарзамине аст ки дар он [[Ислом]] ҳоким асту шариати Худо иҷро ва ҳудудаш иқома мешавад ва ҳар ҷомеъае ғайр аз ин бошад, дор-ул-ҳарб ё сарзамини ҷоҳилӣ аст ки дар ин сурат, мусулмонон вазифа доранд ки дар ин ҷавомеъ ё пайкор кунанд ё ин ки дар сулҳ бошанд ва ба сокинони ин сарзаминҳо амон диҳанд ва аз онон [[ҷизя]] бигиранд.<ref>Сайиди Қутб, Маъолиму фи-т-тариқ, саҳ.8 ва 66 - 67; Алии Бахшӣ, Ҷараёншиносии гурӯҳҳои салафӣ, ҷиҳодӣ ва такфирӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.121 - 122</ref>
 
Салафиҳои ҷиҳодӣ бо инҳироф дар маънои ҷиҳод ва густариши мафҳуми [[куфр]],<ref>Абуумар, ал-Ҷиҳоду ва-л-иҷтиҳод, 1419ҳ.қ., саҳ.25 - 27</ref> дар бархе кишварҳо ва ба вижа манотиқи мусулмоннишин, даст ба хушунату аъмоли террористӣ заданду чеҳрае хашин аз Ислом ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.<ref>Мираҳмадӣ, Валадбегӣ, «Ҷараёнҳои салафӣ; аз инқиёд то ифротгароӣ», саҳ.123 - 129</ref>
 
Дар муқобил, фақеҳони [[шиа]] иҷмоъ доранд ки манзур аз ҷиҳод дар замони ғайбати имоми маъсум, дифоъ дар баробари таҷовузгарон аст ва ин ба маънои хушунат нест ва ҳар миллате ҳақ дорад, ки дар муқобили ҳуҷуми душманон аз худаш дифоъ кунад.<ref>Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.11</ref> Ба гуфтаи [[Неъматуллоҳ Солеҳии Наҷафободӣ]], фақиҳи шиа, ҷиҳод дар Ислом ба ин маъно нест, ки дин бо ҷанги ибтидоӣ ва қудрати аслиҳа бар мардуме ки Исломро қабул надоранду озоре ҳам барои мусулмонон эҷод намекунанд, таҳмил шавад.<ref>Солеҳии Наҷафободӣ, Ҷиҳод дар Ислом, саҳ.11</ref> Ӯ бо истинод ба [[ояти 90 сураи Нисо]], ҷанги ибтидоӣ бо куффори беозорро [[ҳаром]] дониста<ref>Солеҳии Наҷафободӣ, Ҷиҳод дар Ислом, саҳ.12</ref> ва муътақид аст ки [[ҷангҳои Пайғамбар (с)]] дар садри Ислом барои дифоъ дар баробари таҷовузи душман ва бо ҳадафи наҷоти мазлумон будааст.<ref>Солеҳии Наҷафободӣ, Ҷиҳод дар Ислом, саҳ.34 - 35</ref>
 
==Эзоҳ==
{{Адабиёт}}
{{Адабиёт}}
confirmed, movedable, templateeditor
8,747

edits