25 рамазон
25 рамазон дар тақвими ҳиҷрии қамарии қарордодӣ дусаду шасту якумин рӯзи сол аст.
- 1131ҳ.қ. Даргузашти Фозили Ҳиндӣ, фақиҳи шиъии асри сафавия ва нависандаи китоби Кашф-ул-лисом
- 1348ҳ.қ. Шаҳодати Сайид Муҳаммадтақӣ Мӯсавии Исфаҳонӣ аз фақиҳони шиа ва нависандаи китоби Микёл-ул-макорим дар бораи фавоиди дуо барои Имоми замон (аҷ) (5 исфанди 1308ҳ.ш.)
- 1442ҳ.қ. Кушта шудани 85 нафар аз шиаёни ҳазора бар асари инфиҷор муқобили мадрисаи Сайдушшуҳадо дар маҳалла шианишини Дашти Барчии Кобул (18 урдибиҳишти 1400ҳ.ш.)
- 1443ҳ.қ. Бозсозии масҷиди Имом Ҳусайн (а) дар Қоҳира, пойтахти Миср, тавассути буҳраҳо, шохае аз фирқаи исмоъилия (7 урдибиҳишти 1401ҳ.ш.)
Барои ин рӯз, илова бар аъмоли муштараки ҳамаи рӯзҳои моҳи рамазон, бархе дуоҳо ва аъмоли махсус низ нақл шудааст:
Шаби бисту панҷум |
|
Намоз | Ҳашт ракаат, дар ҳар ракаат баъд аз Ҳамд даҳ бор сураи Тавҳид |
Дуои рӯз |
|
Дуоҳои даҳаи охири моҳи рамазон | |
Дуоҳои ҳар шаб |
|
Дуои баъди ҳар намоз |
|
Ёддошт
- ↑ Эй қарордиҳандаи шабро ҷомаи рӯз ва рӯзро мояи касби рӯзӣ ва заминро бистари оромиш ва кӯҳҳоро мехҳои замин, эй Худо, эй Ғолиб, эй Худо, эй Шукӯҳманд, эй Худо, эй Шунаво, эй Худо, эй Наздик, эй Худо, эй Иҷобаткунанда, эй Худо, эй Худо, эй Худо, номҳои некӯтар ва намунаҳои бартар ва бузургманишию неъматҳо аз они Туст, аз Ту мехоҳам ки бар Муҳаммаду Оли Муҳаммад дуруд фирист ва дар ин шаб номамро дар зумраи саодатмандон ва рӯҳамро бо шаҳидон ва некӯкориямро дар баландмартабатарин дараҷаи биҳишт ва бадкориямро омурзида қарор диҳӣ ва ба ман яқине бибахшӣ ки қалбам бо он ҳамроҳ бошад ва имоне ки шакро аз ман бартараф намояд ва хушнӯдӣ ба он чи насибам фармӯдӣ ва дар дунёву охират подоши некӯ ба мо иноят кун ва моро аз азоби оташи сӯзон ҳифз фармо ва дар ин шаб зикру шукри хеш ва рағбат ба сӯи худат ва бозгашту тавбаро рӯзиям фармо ва ба он чи Муҳаммаду хонадони Муҳаммад (дуруди худо бар онон)-ро бар он муваффақ намӯдӣ, тавфиқам деҳ.
- ↑ Паноҳ меоварам ба азимати зоти Каримат, аз ин ки моҳи рамазон аз ман сипарӣ шавад, ё сапедии субҳ тулӯъ кунад ва аз ман назд ту гуноҳе ё натиҷаи коре монда бошад, ки маро бар он азоб намоӣ.
- ↑ Худоё! Ту дар китоби нозилшудаат фармӯдӣ: моҳи рамазон, моҳе ки Қуръон барои ҳидояти мардум дар он нозил шуда ва далели равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст, бо нозил кардани Қуръон дар он ҳурматашро бузург шумурдӣ ва онро махсуси шаби қадар гардондӣ, шабе ки онро аз ҳазор моҳ беҳтар қарор додӣ. Худоё, ин рӯзҳои моҳ рамазон аст, ки гузашт ва шабҳои он аст, ки аз даст рафт, ман аз ин моҳ чунон шудаам ки ту аз ман ба он донотарӣ ва шумораи онро аз тамоми офаридагонат шуморандатарӣ, дар натиҷа аз Ту дархост мекунам ба он чи аз ту дархост карданд фариштагони муқаррабат ва паёмбарони мурсалат ва бандагони шоистаат ин ки бар Муҳаммаду хонадони Муҳаммад дуруд фиристӣ ва вуҷудамро аз оташ озод кунӣ ва ба раҳматат ба биҳиштам ворид намоӣ ва ба афву карамат маро бубахшӣ ва наздикҷӯиямро бипазирӣ ва дуоямро ба иҷобат расонӣ ва ба амон доданам дар рӯзи ваҳшат аз ҳар ҳаросе, ки барои қиёматам омода сохтаӣ бар ман миннат наҳй, худоё ба зоти карим ва ба ҷалоли бузургат паноҳ меоварам, аз ин ки рӯзҳо ва шабҳои моҳи рамазон сипарӣ гардад ва барои ман назди Ту натиҷаи коре ё гуноҳе бошад ки маро ба сабаби он муҷозот кунӣ, ё хатое ки бихоҳӣ интиқомашро аз ман бигирӣ ва маро дар онҳо набахшида бошӣ, эй Сарвари ман, эй Сарвари ман, эй Сарвари ман, аз Ту мехоҳам, ки маъбуде ҷуз Ту нест, он гоҳ ки маъбуде ҷуз Ту набуд, агар дар ин моҳ аз ман хушнуд будаӣ, бар хушнудият аз ман биафзо, ва агар хушнуд набудаӣ аз ҳам акнун аз ман хушнуд шав, эй меҳрбонтарини меҳрбонон, эй Худо, эй Якто, эй Бениёз, эй ки назоидаву зода нашуда ва ҳеч чизу ҳеч кас ҳамтояш набуд.
- ↑ Худоё, аз мо ҳаққи он чиро ки аз моҳи рамазон гузашт, адо фармо ва кӯтоҳии моро аз ибодат дар ин моҳ биёмурз ва моҳи рамазонро аз мо бипазир ва моро аз зиёдаравиҳо бар алайҳи хештан муҷозот макун ва аз раҳматшудагон қарор деҳ, на аз маҳрумон.