Ҳусайн ибни Руҳи Навбахтӣ

Аз wikishia
Марқади Ҳусайн ибни Руҳи Навбахтӣ
Барои дигар корбурдҳо Навбахтиро бибинед.

Ҳусайн ибни Руҳи Навбахтӣ (ваф.326ҳ.қ.) сеюмин ноиб аз ноибони чаҳоргонаи Имом Маҳдӣ (а) аст, ки 21 сол (305 - 326ҳ.қ.) ниёбати хоссаро бар уҳда дошт.

Ӯ аз асҳоби Имом Аскарӣ (а) ва аз ёрони наздики ноиби дувум дар Бағдод буд. Муҳаммад ибни Усмон дар рӯзҳои охири умраш Ҳусайн ибни Руҳро бо фармони Имоми Замон, ҷонишини худ таъин кард.

Пас аз чанде дар шашуми шавволи соли 305-и ҳиҷрии қамарӣ аввалин тавқиъ (имзо) аз сӯи ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) дар таъйиди Ҳусайн ибни Руҳ содир шуд.

Ҳусайн ибни Руҳ дар оғози ниёбати худ дар дастгоҳи ҳокими Аббосӣ ҷойгоҳ ва эҳтироми хоссе дошт, аммо баъдҳо ба мушкил дучор шуд ва муддате, зиндагии пинҳонӣ дошт ва сипас панҷ сол зиндонӣ шуд.

Яке аз муҳимтарин ҳодисаҳои замони Ҳусейн ибни Руҳ, сарнавишти Шалмағонӣ аст, ки вакили бовариноки ӯ буд, вале ба инҳирофоти ақида дучор шуд ва тавқиъе аз ҷониби Имоми Замон (аҷ) дар лаъни ӯ содир шуд.

Ҷойгоҳи илмии Ҳусайн ибни Руҳи Навбахтӣ, ба хотири навиштани китобҳои фиқҳӣ ва тасаллути кофӣ дар мунозираҳои илмӣ, мумтоз дониста шудааст. Дар манобеи ривоӣ, аз ӯ каромоте нақл шудааст.

Зиндагинома

Соли таваллуди Ҳусайн ибни Руҳ маълум нест. Куняи ӯ Абулқосим аст ва дар манобеъ, аз ӯ бо лақабҳои Навбахтӣ, Руҳӣ[1] ва Қумӣ[2] ёд шудааст. Қумӣ будани ӯро ба хотири сухан гуфтан бо забони форсии аҳолии Оба (наздики Сова) ва муносиботи наздикаш бо мардуми онҷо эҳтимол додаанд,[3][4][5] аммо дар бештари манобеъ, машҳур ба Навбахтӣ аст. Гуфта шудааст, интисоби ӯ ба хонадони Навбахтӣ, аз сӯи модараш будааст.[6] Бархе низ гуфтаанд, ӯ аз шохаи Бану Навбахти Қум буда ва дар замони ноиби аввал ба Бағдод муҳоҷират кардааст.[7]

Иртибот бо Имом Аскарӣ

Зариҳи Ҳусайн ибни Руҳ

Инки Ҳусайн ибни Руҳ аз ёрони Имом Ҳасани Аскарӣ (а) буда, мавриди ихтилоф аст. Ибни Шаҳрошуб дар ал-Маноқиб вайро аз асҳоб ва ҳамчунин дастёри хосси Имом Аскарӣ (а) медонад,[8] аммо дигар уламои риҷол, сухане дар ин бора нагуфтаанд. Бархе ҳам қоиланд, қабул кардани ин хабар мушкил аст, чун Имом Аскарӣ (а) дар соли 260 қамарӣ реҳлат кард ва Навбахтӣ дар соли 326 қамарӣ даргузашт.[9]

Хислатҳо

Шайх Тусӣ дар китоби ал-Ғайбат гуфтааст, Ҳусайн ибни Руҳ аз оқилтарин мардуми асри худ буд ва дар муошират бо мухолифон, тақия мекард,[10] то онҷо ки яке аз хидматкоронашро ба иллати носазо гуфтан ба Муъовия барканор кард.[11]

Ба гуфтаи Ҷосим Ҳусайн дар китоби Таърихи сиёсии ғайбат, ончи Ҳусайн ибни Руҳро ба ин мақом расонд, сифатҳо, шоистагиҳо ва короиҳои ӯ буд, ки ӯро матлуби мақоми ниёбат сохта буд.[12] Уммикулсум бинти Муҳаммад ибни Усмон, дар бораи равобити Ҳусайн бо падараш мегӯяд, Ҳусайн аз хавос ва наздикони ӯ буд ва падараш масъалаҳои хусусии зиндагиашро ба Ибни Руҳи Навбахтӣ мегуфтааст.[13]

Абусаҳли Навбахтӣ дар бораи роздории Ҳусайн ибни Руҳ гуфтааст, агар ӯ Имомро зери домани худ пинҳон дораду баданашро бо қайчӣ майда-майда кунанд то ӯро нишон диҳад, ҳаргиз чунин нахоҳад кард.[14]

Вафот

Ҳусайн ибни Руҳи Навбахтӣ дар 18-уми шаъбони соли 326-и қамарӣ аз дунё рафт. Қабри ӯ дар маҳаллаи Навбахтия дар бозори Атторон ё Шурҷаи Бағдод қарор дорад, ки ҳамакнун ба мақоми Ҳусайн ибни Руҳ машҳур шуда, зиёратгоҳи шиаён аст.[15]

Ниёбат

Мақолаи аслӣ: Ниёбати хосса

Пас аз вафоти ноиби дувуми Имоми Замон дар соли 305-и қамарӣ, Ҳусайн ибни Руҳ ба мақоми ниёбат мансуб шуд. Вай пеш аз он, аз коргузорони молии мавриди эътимод ва наздики Муҳаммад ибни Усмон буд[16][17] ва Муҳаммад ибни Усмон ӯро робити хеш бо дигар вукало дар Бағдод қарор дод.[18]

Номаи Имом дар таъйиди Ҳусайн ибни Руҳ

«Мо ӯ (Ҳусайн ибни Руҳ)-ро мешиносем, Худованд тамоми хубиҳо ва хушнудиҳои хешро ба вай бишносонад ва ӯро бо инояти худ хурсанд гардонад! Аз номаи ӯ огоҳ шудем ва дар масъулияти вогузоршуда ба вай итминон дорем. Ӯ назди мо дорои мақоме аст, ки мӯҷиби шодии ӯ хоҳад шуд. Худованд эҳсони худро нисбат ба ӯ зиёд гардонад!». Таърихи бойгонӣ

Бо инки вакилони ноиби дувум дар Бағдод ҳудуди даҳ нафар буданд, аммо Муҳаммад ибни Усмон дар замони беморӣ, Ибни Руҳро ҷонишини худ ва сафири соҳибул-амр хонд ва аз шахсиятҳои шиа хост, пас аз маргаш ба ӯ руҷуъ кунанд.[19] Чунонки Аллома Маҷлисӣ навиштааст, рӯзе, ки ноиби дувум вафот кард, Ҳусайн ибни Руҳ дар манзили ӯ ҷулус кард ва ходими Муҳаммад ибни Усмон сандуқчаеро ки вадоеъи имомат дар он буд, ба Ҳусайн ибни Руҳ таҳвил дод.[20] Пас аз муддате, дар 6-уми шаволи 305ҳ.қ., аввалин тавқиъ аз сӯи ҳазрати Маҳдӣ дар таъйиди Ҳусайн ибни Руҳ содир шуд.[21]

Аз бархе нақлҳо чунин бармеояд, ки ҷойгоҳи Ибни Руҳ, баръакси сафири аввалу дувум, дар байни имомия ошкор буд ва ба ҳамин далел, иддае аз шиаён бар он шуданд, то вакилони ноҳияҳои худро нодида гирифта, мустақиман бо сафири сеюм дар тамос бошанд.[22]

Вакилон ва коргузорон

Ҳусайн ибни Руҳ бо ҳамкории даҳ вакил дар Бағдод ва дигар вакилон дар соири билоди исломӣ, фаъолиятҳои худро дар симати ниёбат оғоз кард. Номи бархе коргузорон ва вакилони ӯ аз ин қарор аст:

  • Муҳаммад ибни Нафис дар Аҳвоз, ки аввалин тавқиъи Имоми Замон (аҷ) дар давраи Ҳусайн ибни Руҳ ба дасти ӯ мунташир шуд.
  • Ҷаъфар ибни Аҳмад ибни Матил
  • Абуабдуллоҳи Котиб
  • Аҳмад ибни Матил
  • Аҳмад ибни Иброҳими Навбахтӣ
  • Абусаҳли Навбахтӣ
  • Муҳаммад ибни Ҳасани Сирафӣ дар Балх
  • Муҳаммад ибни Ҷаъфар Асадии Розӣ дар Рай
  • Ҳасан ибни Алӣ ва Ҷанои Насибӣ дар Насибайн
  • Муҳаммад ибни Ҳумоми Искофӣ
  • Қосим ибни Алои Ҳамадонӣ дар Озарбойҷон
  • Муҳаммад ибни Алии Шалмағонӣ, ки баъдҳо дучори инҳироф шуд ва аз симати ваколат азл шуд.[23]

Ҷойгоҳ дар дарбор

Ҳусайн ибни Руҳ дар замони ҳаёти Муҳаммад ибни Усмон, нуфузи болое дар дарбори Аббосӣ дошт ва кумакҳои молӣ аз ноҳияи мақомоти давлатӣ ба ӯ мерасид.[24] Пас аз уҳдадор шудани ниёбат низ дар замони Муқтадири Аббосӣ дар дастгоҳи аббосиён нуфуз дошт ва мавриди эҳтироми онон буд. Иллати ин ҷойгоҳи ӯ аз як сӯ нуфузи хонадони Навбахтӣ буд ва аз сӯи дигар вазорати Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад аз Оли Фурот, ки аз ҳаводорони шиаён буданд.[25][26] Ба гуфтаи Уммикулсум духтари Муҳаммад ибни Усмон, дар ин муддат, амволе аз Оли Фурот ба Ҳусайн ибни Руҳ мерасид.[27] Аз дигар далелҳои ҷойгоҳи Ҳусайн ибни Руҳ дар дарбор, мавзеъҳои муҳтотонаи ӯ дониста шудааст, ки саъй дошт худро аз шӯришҳои он даврон, монанди Қаромита дур нигаҳ дорад.[28]

Аммо бо рӯи кор омадани Ҳомид ибни Аббос дар мақоми вазорат, ки аз мухолифони шиа ҳимоят мекард, мушкилоте барои Ҳусайн ибни Руҳ ба вуҷуд омад.[29]

Пинҳон шудан

Бархе манобеъ аз пинҳон шудани Ҳусайн ибни Руҳ, муддате пас аз интисоб ба ниёбати Имоми Замон (аҷ) хабар додаанд. Муддати ин давра дақиқан маълум нест ва эҳтимолан байни солҳои 306 то 311ҳ.қ., дар даврони вазорати Ҳомид ибни Аббос будааст.[30] Бино ба навиштаи Шайхи Тусӣ, дар ин даврон, Муҳаммад ибни Алии Шаламғонӣ – сафир ва робити ӯ бо мардум буд.[31] Иттилооти чандоне аз ин давра дар даст нест.

Зиндонӣ шудан

Ҳусайн ибни Руҳи Навбахтӣ аз соли 312 то 317ҳ.қ., дар зиндони Муқтадир - халифаи Аббосӣ ҳабс буд. Дар манобеи шиъӣ далеле барои зиндонӣ шудани ӯ зикр нашудааст, аммо бархе пажӯҳишгарон бар асоси нақли аҳли суннат, ду қавлро гуфтаанд:

  1. Худдории Ҳусайн ибни Руҳ аз пардохти амвол ба девони ҳукумат
  2. Иртибот бо қаромита, ки он замон бар Баҳрайн мусаллат буданд.[32]

Бархе аз пажӯҳишгарон, сабаби ҳабси ӯро шӯҳраташ дар мақоми ниёбат, иртибот бо шиаён ва мақбулияти ӯ дар сомондеҳии вазъияти онон ва ҷамъоварии номаҳову вуҷуҳот ва таслими онҳо ба ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) донистаанд.[33] Аммо бархе низ муътақиданд, дастгирии ӯ ба сабаби душмании Шаламғонӣ ва ба дасти Муҳсин ибни Алӣ ибни Фурот (писари Алӣ ибни Фуроти вазир ва аз тарафдорони Шаламғонӣ) дар даврони вазорати Алӣ ибни Фурот дар солҳои 311- 312ҳ.қ., анҷом шудааст.[34]

Пас аз озодии ӯ аз зиндон, ба хотири вуҷуди чеҳраҳои саршинос аз хонадони Навбахт дар ҳукумат, ки ҷойгоҳҳои муҳимме ҳам доштанд, дигар касе натавонист музоҳимате барои ӯ эҷод кунад.[35]

Моҷарои Шалмағонӣ

Мақолаи аслӣ: Шалмағонӣ

Шалмағонӣ олими шиа дар Бағдод ва аз наздикони Ҳусайн ибни Руҳ буд. Ҳусайн ибни Руҳ баъд аз интисоб ба мақоми ниёбат, ӯро вакили худ муаррифӣ кард ва идораи умури шиаро ба дасти ӯ супорид, то ҷое ки дар давраи зиндагии махфиёнаи Ҳусайн ибни Руҳ, тавқиъоти Имоми Замон тавассути Ибни Руҳ ва ба дасти Шалмағонӣ содир мешуд.[36] Аммо вай, дар айёми ҳабси Ҳусайн ибни Руҳ ва бо сӯиистифода аз мақоми худ, ибтидо худро ба ҷои ӯ боб муаррифӣ кард ва баъдҳо муртад шуд ва инҳирофоти ақидатӣ пайдо кард. Бо ошкор шудани инҳирофи ӯ, Ҳусайн ибни Руҳ, ки дар ҳабс буд, шиаёнро аз ин амр огоҳи сохт ва муошират бо ӯро манъ кард, то инки дар соли 312ҳ.қ, тавқиъе аз сӯи ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) дар лаъни ӯ содир шуд.[37]

Мақоми илмӣ ва каромот

Ҳусайн ибни Руҳ китобе дар фиқҳ ба номи ат-Таъдиб навишт ва онро барои арзёбӣ ва изҳори назар ба ҳавзаи ҳадисии Қум фиристод ва аз уламои онҷо хост то маворидеро, ки бархилофи назари онон аст, ёдовар шаванд. Уламои Қум баъд аз арзёбии муҳтавои китоб, онро ҷуз дар як маврид таъйид карданд ва назди ӯ бозфиристоданд.[38]

Вай дар даврони ниёбат, мунозироте ҳам доштааст, ки ба тафсил дар манобеи ривоӣ омадааст.[39][40][41] Посухҳое, ки Ҳусайн ибни Руҳ ба суолоти матраҳшуда дар ин гуфтугӯҳо додааст, нишон аз тасаллути ӯ бар масоили динӣ ва ҳамчунин мақоми илмии ӯст.[42]

Ӯ ривоёте ҳам нақл кардааст.[43] Шайхи Тусӣ, Зиёрати раҷабияро ба нақл аз Ҳусайн ибни Руҳи Навбахтӣ овардааст.[44]

Каромот

Дар бархе манобеъ, каромоте аз Ҳусайн ибни Руҳ нақл шудааст. Ӯ гоҳ барои рафъи шакку шубҳаи тарафи муқобил ва гоҳ барои таъйиди худаш, баъзе асрорро фош ва бархе аломатҳоро ошкор мекард. Номаи Алӣ ибни Бобавайҳ (падари Шайхи Садуқ) ба ноиби сеюм барои фарзанддор шудан ва дархости дуои ҳазрати Ҳуҷҷат (аҷ),[45] ё номаи дигаре аз Ибни Бобавайҳ (падари Шайхи Садуқ) барои таъини таклифи худ барои сафари ҳаҷ,[46] хабар аз марги Аҳмад ибни Исҳоқи Қумӣ,[47] хабар аз шимши тиллои гумшуда ба Муҳаммад ибни Ҳасани Сирафӣ[48] ва дигар аҳодиси нақлшуда, аз намунаҳои он аст.

Ҷусторҳои вобаста

Маҳдавият

Ғайбати Имоми Замон

Усмон ибни Саиди Амрӣ

Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ

Ниёбати хосса

Эзоҳ

  1. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.225.
  2. Кашшӣ, Риҷоли Кашшӣ, 1348ҳ.ш., саҳ.557.
  3. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.503 - 504.
  4. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.195.
  5. Иқболи Оштиёнӣ, Хонадони Навбахтӣ, 1345ҳ.ш., саҳ.214.
  6. Иқболи Оштиёнӣ, Хонадони Навбахтӣ, 1345ҳ.ш., саҳ.214.
  7. Ҷосим Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, 1385ҳ.ш., саҳ.192.
  8. Ибни Шаҳрошуб, ал-Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, 423.
  9. Ҷосим Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, 1385ҳ.ш., саҳ.192.
  10. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.112.
  11. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.386.
  12. Ҷосим Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, 1385ҳ.ш., саҳ.193 ва 194.
  13. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.372.
  14. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.391.
  15. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.238.
  16. Ҷосим Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, 1385ҳ.ш., саҳ.192.
  17. Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, 1413ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.222.
  18. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.501 ва 502.
  19. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.371.
  20. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.85, саҳ.211.
  21. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.372.
  22. Ҷосим Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, 1385ҳ.ш., саҳ.198.
  23. Ҷосим Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, 1385ҳ.ш., саҳ.196.
  24. Ғаффорзода, Зиндагонии нуввоби хосси Имоми Замон, 1375ҳ.ш., саҳ.237.
  25. Ҷосим Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, 1385ҳ.ш., саҳ.198.
  26. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии аимма, 1381ҳ.ш., саҳ.583.
  27. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.372.
  28. Азимзода Теҳронӣ, Илали дастгирии Ҳусайн ибни Руҳи Навбахтӣ, 1382ҳ.ш.
  29. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии аимма, 1381ҳ.ш., саҳ.583.
  30. Азимзода Теҳронӣ, Илали дастгирии Ҳусайн ибни Руҳи Навбахтӣ, 1382ҳ.ш.
  31. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.303 ва 304.
  32. Азимзода Теҳронӣ, Илали дастгирии Ҳусайн ибни Руҳи Навбахтӣ, 1382ҳ.ш., ба нақл аз Заҳабӣ дар Таърих-ул-Ислом.
  33. Мусавӣ, Касоӣ, Пажӯҳише перомуни зиндагии сиёсӣ ва фарҳанги нуввоби арбаъа, 1378ҳ.ш.
  34. Азимзода Теҳронӣ, Илали дастгирии Ҳусайн ибни Руҳи Навбахтӣ, 1382ҳ.ш.
  35. Мусавӣ, Касоӣ, Пажӯҳише перомуни зиндагии сиёсӣ ва фарҳанги нуввоби арбаъа, 1378ҳ.ш.
  36. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.228, 239, 251 ва 252
  37. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.187, 252 ва 253.
  38. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1421ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.22.
  39. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.324, 373, 378, 388, 390.
  40. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.519.
  41. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.53, саҳ.192.
  42. Садр, Таърих-ул-Ғайбат, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.483.
  43. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.236.
  44. Тусӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., саҳ.821.
  45. Наҷошӣ, Риҷоли Наҷошӣ, 1407ҳ.қ., саҳ.261.
  46. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.51, саҳ.293.
  47. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.518 ва 519.
  48. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.51, саҳ.342.

Сарчашма

  • Азимзода Теҳронӣ, Тоҳира, Илали дастгирии Ҳусайн ибни Руҳи Навбахтӣ, Таърихи Ислом, баҳори 1382, № 13.
  • Амини Омилӣ, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф, 1421ҳ.қ.
  • Ғаффорзода, Алӣ, Зиндагонии нуввоби хосси Имоми Замон, Қум, интишороти Нубуғ, 1379ҳ.ш.
  • Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, ишроф ва тахриҷ: Шуъайб ал-Арнаут, таҳқиқ: Иброҳим Аззибақ, Бейрут, муассисатур-Рисолат, 1413ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошуби Мозандаронӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу Оли Абитолиб, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Иқболи Оштиёнӣ, Аббос, Хонадони Навбахтӣ, Теҳрон, 1345ҳ.ш.
  • Мусавӣ, Сайидҳасан; Касоӣ, Нуруллоҳ, Пажӯҳише перомуни зиндагии сиёсӣ ва фарҳанги нуввоби арбаъа, донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии донишгоҳи Теҳрон, тобистони 1378, № 150.
  • Наҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷошӣ, чопи Мусо Шубайрии Занҷонӣ, Қум, 1407ҳ.қ.
  • Садр, Сайидмуҳаммад, Таърих-ул-Ғайбат, Бейрут, Дорул-таоруф, 1412ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, Теҳрон, Исломия, 1395ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайбат, Қум, муассисаи а-Маъорифул-исломия, 1411ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, Бейрут, муассисаи Фиқҳ-уш-шиъа, 1411ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ул-Кашшӣ (Ихтиёру маърифат-ир-риҷол), Машҳад, донишгоҳи Машҳад, 1348ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, Бейрут, Дорул-Заҳро, 1403ҳ.қ.
  • Ҷаъфариён, Расул, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, Қум, Ансориён, 1381ҳ.ш.
  • Ҷосим Муҳаммад Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, тарҷумаи Муҳаммадтақӣ Оятуллоҳӣ, Теҳрон, Амир Кабир, 1385ҳ.ш.