Ҳусайнияи Низомат
Ҳусайнияи Низомат - бинои мазҳабӣ ва таърихии шиаён аст, ки дар шаҳри Муршидободи иёлати Банголи ғарбии Ҳинд воқеъ шудааст.
Ин биноро Сироҷуддавла (1733 - 1757м.) - яке аз навоби салтанати Банголи Ҳинд сохт. Дар соли 1846 мелодӣ, Ҳусайния дар асари оташсӯзӣ аз байн рафт. Навоб Мансур Алихони Баҳодур (1830 - 1884м.) дар соли 1847 мелодӣ ин биноро аз нав сохт.
Ҳусайния, як масҷид ва чанд долон дорад. Айёми муҳаррам дар ин сохтмони сӯгворӣ ва мотами Имом Ҳусайн (а) баргузор мешавад.
Ҳусайнияи Низомат яке аз Ҳусейнияҳои бузург ва яке аз ёдгориҳои бостонии Ҳинд аст. Дар зербинои ин сохтимон, хоки Макка, Мадина ва Карбало рехта шудааст.
Ҳусайнияи Низомат; бузургтарин Ҳусайнияи Бангол
Ҳусайнияи Низомат дар иёлати Банголи ғарбии Ҳинд, дар шаҳри Муршидобод, канори руди Ганг ва рӯбарӯи Ҳазордуримаҳал (яке аз биноҳои таърихӣ) воқеъ шудааст.[1] Ин Ҳусайния яке аз бузургтарин Ҳусайнияҳои Ҳинд аст[2] ва аз биноҳои таърихӣ ва саёҳатии Банголи Ҳинд ба шумор меравад.[3] Гуфта мешавад, бузургтарин Ҳусайния дар Банголи ғарбии Ҳинд аст ва фақат дар даҳаи аввали муҳаррам кушода мешавад.[4]
Таърихча ва бунёнгузор
Ҳусайнияи Низомат дар соли 1740 мелодӣ ба дасти навоб Муҳаммад Сироҷуддавла, аз навобони силсилаи ҳокимони Банголи ғарбии Ҳинд, дар қалъаи Низомати шаҳри Муршидобод таъсис шуд.[5] Сироҷуддавла ин биноро барои сӯгвории артиши худ дар айёми муҳаррам сохт.[6]
Дар соли 1842 мелодӣ, Ҳусайнияи Низомат бар асари оташсӯзӣ нобуд шуд.[7] Дар декабри соли 1846 мелодӣ бори дигар бо оташсӯзӣ мувоҷеҳ шуд, ки бар асари он, ба ҷуз «масҷиди Мадина», сохтмони Ҳусайния куллан дар оташи сӯхт.[8] Навоб Мансур Алихон (1830 - 1884м.) дар соли 1847 мелодӣ азнавсозии Ҳусайнияро оғоз кард ва дар тӯли ёздаҳ моҳ тамом кард.[9]
Хусусиятҳои бинои Ҳусайния
Дар бинои ибтидоии Ҳусайнияи Низомат, хоки Маккаю Мадина рехта шуд то аз ин тариқ, касоне ки ба хотири камбизоъатӣ наметавонистанд барои зиёрат ба Макка бираванд, ҳаминҷо зиёрат кунанд.[10] Дар дуюмин азнавсозӣ дар зербинои он, хоки Карбало гузошта шуд.[11]
Дар муҳавватаи Ҳусайния, масҷиде ба номи «Масҷиди Мадина» вуҷуд дорад, ки ба дасти навоб Мансур Алихон таъсис шудааст.[12] Ин масҷид байни Ҳусайния ва Ҳазордуримаҳал воқеъ шудааст.[13] Онро ба хотири монандиаш ба Масҷидуннабӣ, масҷиди Мадина номгузорӣ кардаанд.[14] Ин бино аз чуб сохта шудааст.[15]
Ҳусайнияи Низомат се долон дорад, ки долони мобайн, долони масҷид ва долони минбар ном доранд:
Долони минбар ҳудуди 91 метр) тӯл дорад. Дар он, минбар воқеъ шудааст ва сӯгвории Имом Ҳусайн (а) ҳам ҳаминҷо баргузор мешавад. Ҳусайния як балкон дорад, ки бо сангҳои тазъинӣ музайян шудааст. Як салони махсуси занон низ дар он вуҷуд дорад.[16]
Ба долони шарқӣ, навбатхона гуфта мешавад, ки дари калоне дорад. Бузургтарин долон дар самти ғарбӣ воқеъ шудааст, ки ду табақа аст. Тӯли Ҳусайния ҳам 680 фут (тақрибан 207 метр) аст.[17] Ҳусайния утоқҳое ҳам барои искони зоирон дорад.[18]
Нигорхона
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Murshidabad Tourist Attractions, Баҳорат онлайн
- ↑ nizamat imambara the largest of them all
- ↑ nizamat imambara the largest of them all
- ↑ Probably the the biggest Imambara in India
- ↑ Nizamat imambara Murshidabad, сайти Роно Сафавӣ
- ↑ nizamat imambara the largest of them all
- ↑ Nizamat Imambara Murshidabad, сайти Клик он
- ↑ Nizamat Imambara Murshidabad, Клик он вебсайт
- ↑ Murshidabad Tourist Attractions, Баҳорат онлайн
- ↑ nizamat imambara the largest of them all
- ↑ Madina, Murshidabad
- ↑ Madina Mosque, Murshidabad
- ↑ [Madina Masjid https://www.travalour.com/attraction/3368-madina-masjid ]
- ↑ Madina Murshidabad
- ↑ Nizamat imambara Murshidabad, сайти Роно Сафавӣ
- ↑ Nizamat Imambara
- ↑ Probably the the biggest Imambara in India
- ↑ Nizamat Imambara
Сарчашма
- Madina Masjid, таърихи боздид: 13июли 2022м.
- Madina Mosque, Murshidabad Madina Masjid, таърихи боздид: 13июли 2022м.
- Madina Murshidabad, таърихи боздид: 13июли 2022м.
- Murshidabad Tourist Attractions, Баҳорот онлайн, таърихи боздид: 13 июли 2022м.
- nizamat imambara the largest of them all, таърихи боздид: 13июли 2022м.
- Nizamat Imambara, таърихи боздид: 13июли 2022м.
- Probably the the biggest Imambara in India, таърихи боздид: 13 июли 2022м.
- Пирзодаҳ, Ёсир, Сироҷуддавла, Мирҷаъфар Увр Роберт Келоию, Ҳамсаб вебсайт, таърихи боздид: 13июли 2022м.