Ҳукумати Сулайҳиён
| Иттилооти ҳукумат | |
|---|---|
| Номҳои дигар | Банӣ Сулайҳ |
| Бунёдгузор | Алӣ ибни Муҳаммад Сулайҳӣ |
| Соли таъсис | 439ҳ.қ. |
| Густараи ҷуғрофиёӣ | Яман, бахшҳое аз Ҷазиратулъараб ва минтақаҳои таҳти нуфузи даъват дар Уммон, Баҳрайн ва Ҳинд |
| Мазҳаб | Исмоилия |
| Вижагӣ | Вобаста ба Фотимиён дар Миср, густариши даъвати исмоилӣ ва тасаҳҳули мазҳабӣ |
| Навъи ҳукумат | Салтанатӣ |
| Иқдомоти муҳим | Ободонӣ, сохт ва бозсозии масҷидҳо ва таъсиси мадрасаҳои улуми динӣ |
| Ҳодисаҳои муҳим | Тасарруфи Макка, густариши қаламрав дар Яман |
| Пойтахтҳо | Санъо, Зуҷибла |
| Инқироз | 532ҳ.қ. |
| Иллати инқироз | Марги Малика Арво ва уфули ҳукумати Сулайҳӣ |
| Пас аз | Ҳукуматҳои маҳаллии Яман |
| Ашхос | |
| Ҳокимони машҳур | Алӣ ибни Муҳаммад Сулайҳӣ, Аҳмад ал-Мукаррам, Малика Арво |
Ҳукумати Сулайҳиён (форсӣ: حکومت صُلَیْحیان) нахустин ҳукумати исмоилимазҳаб дар Яман буд, ки дар соли 439ҳ.қ. аз сӯи Алӣ ибни Муҳаммад Сулайҳӣ таъсис шуд ва ҳудуди як қарн давом овард. Ин ҳукумат аз таъсиргузортарин ҳукуматҳои таърихи Яман ба шумор рафта, ва ба далели таваҷҷуҳи ҳокимони он ба умрону ободонӣ, аз он ҳамчун даврае бошукӯҳ дар таърихи Яман ёд мешавад. Эҷоди фазое барои тасоҳули мазҳабӣ аз вижагиҳои ин ҳукумат буд.
Сулайҳиён ба унвони намояндагони фотимиёни Миср дар Яман ҳукумат мекарданд ва унвонҳое монанди доъӣ ва ҳуҷҷат (мақомҳои муҳим дар мазҳаби исмоилия)-ро аз фотимиён дарёфт карда буданд. Онҳо вазифадор буданд ба тарвиҷи шиаи исмоилия дар Шибҳиҷазираи Арабистон ва Шибҳиқораи Ҳинд ва барои ҳифзи қудрати худ ба таъйиди фотимиён ниёз доштанд.
Малика Арво бо лақаби Сайида Ҳурра ва Билқиси Сонӣ, нахустин фармонравои зани шиа, аз ин силсила буд, ки беш аз 40 сол бар Яман ҳукумат кард. Бо марги малика Арво, ки поёни воқеии силсилаи Сулайҳӣ ба ҳисоб меояд, Яман ба дасти силсилаҳои маҳаллӣ афтод ва инҳо ҷумлагӣ дар 569ҳ.қ. ба воситаи айюбиён, ки фармонравоёни ҷадиди Миср, Шом ва Яман буданд, барафтоданд. Баъзе аз амирони Сулайҳӣ то поёни қарни шашум ҳамчунон қалъаҳоеро дар Яман дар тасарруфи худ доштанд.
Муаррифӣ ва ҷойгоҳ
Сулайҳиён (439 - 532ҳ.қ.) нахустин ҳукумати исмоилия ва аз силсилаи ҳукуматҳои муҳим дар Яман ба шумор меоянд.[1] Ҳукмронони сулайҳӣ, ки ҳукуматашон муддати як қарн ба тӯл анҷомид ба унвони ҳомиёни Фотимиён бар Яман ҳукумат карданд[2] ва риёсати даъват (ташкилот ва мақоми нашр ва густариши оини исмоилия)-ро дар Яман аз сӯи Фотимиён бар ӯҳда доштанд.[3]
Гуфта шуда, ки Сулайҳиён аз таъсиргузортарин ҳукуматҳои исломӣ дар Яман ва давраи ҳукуматашон аз беҳтарин ҳукуматҳои таърихи ин кишвар шинохта мешавад.[4] Онҳо ба беҳбуди авзои иқтисодӣ ва фарҳангии Яман ҳиммати бисёр доштанд[5] ва сиёсати тасомуҳ ва тасоҳули мазҳабӣ дар пеш гирифтанд ва бо мардум ба хубӣ рафтор мекарданд ва ба аҳли суннат иҷозаи изҳори мазҳабашонро медоданд.[6] Иртибот бо ақшори мухталифи мардум ва иқдомоти некӯ ва мардумписанд аз вижагиҳои ин ҳукумат шумурда шудааст.[7] Улуми исломӣ дар ин аср ривоҷи бисёр дошт ва бештари шоҳон ва шоҳзодагони сулайҳӣ худ шоир ва адиб буданд.[8]
Сулайҳиён ҳамчунин дар умрону ободонии Яман саҳми бузурге доштанд ва ҳокимони он аз нахустин касоне буданд, ки ба таъсиси мадрасаҳои улуми динӣ пардохтанд.[9] Аз ҷумлаи иқдомоти муҳими амирдоиёни сулайҳӣ сохтани амокини мазҳабӣ ва масҷидҳои зебо ё таъмир ва бозсозии масҷидҳои қадимӣ буд, ки сарлавҳаи барномаҳои ислоҳӣ ва таблиғии онҳо қарор дошт.[10] Ба ҳамин далел ин аср бо бисёрии масҷидҳо ва маконҳои динии зебо ва осори бостонии азим фарқ дорад ва он чи ба меъмории сулайҳӣ мансуб аст меъмории масҷидҳо дар Яман аст.[11]
Муассиси ҳукумат
Алӣ ибни Муҳаммади Сулайҳӣ, муассиси ҳукумати Сулайҳиён, мазҳаби исмоилияро назди Сулаймон ибни Абдуллоҳи Завоҳӣ, доъии[Ёддошт 1] Фотимиён дар Яман, таълим гирифт ва саранҷом муовину дастёри вай шуда буд.[12] Падари Алӣ Сулайҳӣ - Қозимуҳаммад, суннӣ ва шофеимазҳаб буд.[13]
Аз таъсис то фурӯпошӣ
Алӣ ибни Муҳаммад Сулайҳӣ дар соли 439 ҳиҷрии қамарӣ ҳукумати исмоилияи Сулайҳиёнро дар Яман таъсис кард.[14] Вай нахуст даъвати ором ва мусолиматомезро дар пеш гирифт ва ба ин тариқ сипоҳиёне гирд овард ва баъд тасмим ба қиёми ошкор ва мусаллаҳона гирифт.[15] Ӯ дар Ҳароз, ноҳияе кӯҳистонӣ дар Яман ва дар ғарби Санъо, қиём кард ва дар он ҷо қалъаҳое сохт.[16] Ин оғози таъсиси силсилаи Сулайҳиён буд, ки тақрибан ба муддати як қарн яъне то соли 532ҳ.қ. идома дошт.[17]
Эътибори Алӣ ибни Муҳаммад Сулайҳӣ пас аз он афзуда шуд, ки аз сӯи Мустансир Биллоҳ, халифаи фотимӣ, мавриди таъйид қарор гирифт ва футуҳоташ идома пайдо кард[18] ва саранҷом дар соли 455 ҳиҷрии қамарӣ ҳамаи Яманро таҳти фармони худ даровард.[19]
Алӣ ибни Муҳаммад Сулайҳӣ ба унвони доъи-юд-дуоти[Ёддошт 2] Яман, Санъоро пойтахти худ эълон кард.[20] Сулайҳӣ илова бар Яман ба сарзаминҳои дигар аз ҷумла Ҳиҷоз ва Байт-ул-муқаддас низ таваҷҷуҳ дошт. Аз ин рӯ дар соли 454 ё 455 қамарӣ ба Макка лашкар кашид ва он ҷоро тасарруф кард,[21] аммо дар соли 459[22] ё 473 қамарӣ дар миёнаи сафари ҳаҷ мавриди ҳамлаи ногаҳонӣ қарор гирифт ва кушта шуд.[23]
Пас аз Алӣ ибни Муҳаммад Сулайҳӣ, фарзандаш Аҳмад ал-Мукаррам (ваф.477ҳ.қ.)[24] бо дарёфти лақаби амир-ул-умаро аз халифаи фотимӣ ба қудрат расид.[25] Қаламрави Сулайҳиён дар замони Аҳмад ал-Мукаррам густариш ёфт[26] ва даъвати исмоилия дар хориҷи Яман дар сарзаминҳои Уммон, Баҳрайн ва Ҳинд таҳти нуфузи маънавии давлати сулайҳӣ анҷом мешуд.[27] Аҳмад ал-Мукаррам дар охири умр ба бемории фалаҷ мубтало шуд ва умури ҳукуматро ба ҳамсараш малика Арво вогузор кард.[28]
Пас аз марги Аҳмад ал-Мукаррам дар соли 477 қамарӣ, малика Арво ба ҳукумат расид[29] ва Мустансир Биллоҳ, халифаи фотимӣ, дар номае дар соли 481 умури ҳукумат ва даъватро дар Яман, Ҳинд ва Уммон ба малика Арво супурд.[30] Вай то замони маргаш дар 532ҳ.қ. зимоми умурро дар даст дошт. Малика Арво, пойтахти Сулайҳиёнро аз Санъо ба Зуҷибла интиқол дод.[31] Малика Арво пас аз 55 сол ҳукумат дар соли 532ҳ.қ. даргузашт. Бо марги вай ин ҳукумат рӯ ба уфул ниҳод. Ҳукумати кӯтоҳи баъзе Сулайҳиён натавонист фурӯпошии ин ҳукуматро ба таъхир андозад ва танҳо дар баъзе минтақаҳои Яман бозмондагони сулайҳӣ то соли 560 уамарӣ боқӣ монданд.[32]
Бо марги малика Арво ки поёни воқеии силсилаи сулайҳӣ ба ҳисоб меояд, Яман ба дасти силсилаҳои маҳаллӣ афтод ва инҳо ҷумлагӣ дар 569 қамарӣ ба воситаи айюбиён, ки фармонравоёни ҷадиди Миср, Шом ва Яман буданд барафтоданд.[33] Баъзе аз амирони сулайҳӣ то поёни қарни шашуми ҳиҷрӣ ҳамчунон қалъаҳоеро дар Яман дар тасарруфи худ доштанд.[34]

Малика Арво - нахустин фармонравои зани мусалмони шиа
Малика Арво яке аз муҳимтарин ва таъсиргузортарин ҳокимони сулайҳӣ, мулаққаб ба Сайида Ҳурра ва Балқиси Сонӣ буд, ки ба унвони нахустин фармонравои зани мусалмони шиа беш аз 40 сол бар Яман ҳукумат кард.[35] Малика Арво аз назари ахлоқӣ, ҳуш ва тадбир мавриди ситоиш қарор гирифтааст.[36] Ӯро дар ободонӣ, умури сиёсӣ ва ҳукмронӣ ҳокими муваффақ донистаанд[37] ва гуфтаанд дар тамоми шаҳрҳои Яман ба мардум озодии ақида бахшид ва баробариро миёни тамоми мардумаш риоя кард,[38] ва Яман дар замони ӯ ба авҷи шукуфоӣ расид.[39]
Тавоноӣ ва қудрати тадбири малика Арво муҷиби он шуд аз сӯи фотимиён ба мансаби доъиюддуотӣ ва ҳуҷҷати[Ёддошт 3] Яман интихоб шавад[40] ва авҷи робитаҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ миёни ду дарбори сулайҳӣ ва фотимӣ дар асри малика Арво рақам бихӯрад.[41] Номаҳои миёни ӯ ва халифаҳои фотимӣ ҳикоят аз ҷойгоҳи хосси ӯ дорад.[42]
Вобастагии сиёсӣ ва мазҳабӣ ба фотимиён
Сулайҳиён аз оғоз худро тобеи хилофати Фотимиён хонданд ва аз мазҳаби онҳо пайравӣ карданд.[43] Онҳо дар мақоми доъиёни фотимӣ кори даъватро дар Ҷазират-ул-араб ва Шибҳиқораи Ҳинд бар ӯҳда гирифтанд ва доъиёне барои густариши даъват ба он минтақаҳо фиристоданд.[44] Фарҳанг ва тамаддуни асри сулайҳӣ ба гунае аз фарҳанг ва тамаддуни Мисри фотимӣ таъсир пазируфта буд.[45] Сулайҳиён асоси ҳукумати худро бар робитаҳои дӯстона ва наздик бо ҳукумати Фотимиёни Миср қарор доданд;[46] номаҳои бисёре, ки байни Сулайҳиён ва Фотимиён нигошта шуда таъйидкунандаи ин мавзуъ аст.[47] Ҳимояти халифаҳои фотимӣ аз Сулайҳиён аз омилони муваффақияти онҳо шумурда мешавад.[48]
Доъиёни сулайҳии Яман аз сӯи Фотимиён муъмурият доштанд, то дар ҳамаи минтақаҳои таҳти нуфузи худ, ҳамчун Макка, Мадина, Уммон, Баҳрайн ва Ҳинд, илова бар нашри мазҳаби исмоилия ва даъват ба имоми фотимӣ, ба танқиди хилофати Аббосиён дар Бағдод ба унвони рақибони муҳимми хулафои фотимӣ, бипардозанд ва иқдом ба ҳазфи номи халифаи аббосӣ аз хутбаҳо кунанд.[49] Дар муқобили анҷоми ин вазифаҳои муҳим, хулафои фотимӣ низ зимни таъйиди ҳукумати эшон ба ҳимояти маънавӣ ва машруиятбахшии мазҳабӣ ва сиёсии онҳо мубодират мекарданд.[50] Сулайҳиён бо истифода аз ин иртиботи дусӯя аркони қудрати сиёсии худро бо такя ба Фотимиён мустаҳкам менамуданд.[51]
Тарвиҷи мазҳаби исмоилия

Густариши мазҳаби исмоилия ва ёфтани пойгоҳҳои даъват дар Яман ва Шибҳиҷазираи Арабистон ва ғарби Шибҳиқораи Ҳинд натиҷаи фаъолияти як қарни ҳокимони Сулайҳиён буд.[52] Бар асари талошҳои Сулайҳиён, мазҳаби исмоилия ба шакли густарда дар Яман ва атрофи он интишор ёфт ва ба ин тартиб, Яман яке аз муҳимтарин марказҳои даъвати исмоилия шуд.[53]
Амирони сулайҳӣ ба унвони доъиёни барҷастаи фотимӣ нақши муҳим дар густариши мазҳаби исмоилия дар ҷануби Шибҳиҷазираи Арабистон бар ӯҳда доштанд. Муҳимтарин вазифаи амирдоъиёни сулайҳӣ, зимни даъват ба имоми фотимӣ, ҳифзи пойгоҳҳои сиёсии Фотимиён дар Яман, Макка ва Мадина буд.[54] Ҳокимони даъватгар ҳамеша дар талош буданд дар ҷойгоҳи доъи-юд-дуот ё ҳуҷҷат ба аҳдофи олияи наҳзати исмоилия дар Яман ҷомаи амал бипӯшонанд.[55]
Даъват дар Шибҳиқораи Ҳинд
Доъиёни сулайҳӣ ба унвони ҳуҷҷат дар Яман[56] ҳамчунин нақши муассир дар густариши даъвати исмоилия дар Шибҳиқораи Ҳинд доштаанд.[57] Дар натиҷаи фаъолияти доъиёне, ки пайваста аз Яман ба Ҳиндистон мерафтанд, ҷамоати исмоилияи ҷадиде дар Гуҷароти Ҳинд[58] ва ноҳияҳои ҷануб ва ҷанубу ғарби Ҳинд падидор шуд.[59] Доъиёни ҳиндӣ ба таври доимӣ бо доъи-юд-дуоти Яман иртибот доштанд ва дар мавзеъгириҳои мазҳабӣ аз доъиёни Яман таъсир мепазируфтанд.[60]
Эзоҳ
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.33.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.38; Тоҳирӣ Буинӣ, «صلیحیان یمن با تأکید بر داعی الدعاه یمین ملکه أروی», Сайти Донишгоҳи адён ва мазоҳиб.
- ↑ Босворт, Силсилаҳои исломии ҷадид, ҷ.1, саҳ.208.
- ↑ Ҳамадонӣ, ас-Сулайҳиюн ва-л-ҳаракат-ул-фотимия фи-л-Яман, саҳ.104 - 105; Ҳасанпур, «صلیحیان», зайли мақола.
- ↑ Ҳасанпур, «صلیحیان», зайли мақола.
- ↑ Ҳасанпур, «صلیحیان», зайли мақола.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.49.
- ↑ Ҳасанпур, «صلیحیان», зайли мақола.
- ↑ Ҳасанпур, «صلیحیان», зайли мақола.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.49.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «صلیحیون و آثار معماریشان در یمن», Пойгоҳи маркази иттилооти илмии Ҷиҳоди донишгоҳӣ.
- ↑ Босворт, Силсилаҳои исломии ҷадид, ҷ.1, саҳ.208; Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, саҳ.241.
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, ҷ.12, саҳ.121; Ҳамадонӣ, ас-Сулайҳиюн ва-л-ҳаракат-ул-фотимия фи-л-Яман, саҳ.64.
- ↑ Тоҳирӣ Буинӣ, «صلیحیان یمن با تأکید بر داعی الدعاه یمین ملکه أروی», Сайти Донишгоҳи адён ва мазоҳиб.
- ↑ Ҳасанпур, «صلیحیان», зайли мақола.
- ↑ Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, саҳ.241.
- ↑ Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, саҳ.241.
- ↑ Босворт, Силсилаҳои исломии ҷадид, ҷ.1, саҳ.208; Ҳасанпур, «صلیحیان», зайли мақола.
- ↑ Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, саҳ.242.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.34.
- ↑ Ҳасанпур, «صلیحیان», зайли мақола.
- ↑ Томир, Арво, муқтадиртарин маликаи Яман, саҳ.60.
- ↑ Мақризӣ, Иттиоз-ул-ҳунафо би-ахбор-ил-аиммат-ил-фотимийин-ал-хулафо, ҷ.3, саҳ.25; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, ҷ.12, саҳ.121.
- ↑ Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, саҳ.242.
- ↑ Тоҳирӣ Буинӣ, «صلیحیان یمن با تأکید بر داعی الدعاه یمین ملکه أروی», Сайти Донишгоҳи адён ва мазоҳиб.
- ↑ Босворт, Силсилаҳои исломии ҷадид, ҷ.1, саҳ.208.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.40.
- ↑ Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, саҳ.242; Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.40.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.40.
- ↑ Ҳасанпур, «صلیحیان», зайли мақола.
- ↑ Босворт, Силсилаҳои исломии ҷадид, ҷ.1, саҳ.208.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.43.
- ↑ Босворт, Силсилаҳои исломии ҷадид, ҷ.1, саҳ.208; Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, саҳ.242.
- ↑ Босворт, Силсилаҳои исломии ҷадид, ҷ.1, саҳ.208.
- ↑ Тоҳирӣ Буинӣ, «صلیحیان یمن با تأکید بر داعی الدعاه یمین ملکه أروی», Сайти Донишгоҳи адён ва мазоҳиб.
- ↑ Каҳҳола, Аълом-ун-нисо фи оламай-ил-араб ва-л-ислом, ҷ.1, саҳ.27; Ҳамадонӣ, ас-Сулайҳиюн ва-л-ҳаракат-ул-фотимия фи-л-Яман, саҳ.143.
- ↑ Тоҳирӣ Буинӣ, «صلیحیان یمن با تأکید بر داعی الدعاه یمین ملکه أروی», Сайти Донишгоҳи адён ва мазоҳиб.
- ↑ Томир, Арво, муқтадиртарин маликаи Яман, саҳ.60.
- ↑ Тоҳирӣ Буинӣ, «صلیحیان یمن با تأکید بر داعی الدعاه یمین ملکه أروی», Сайти Донишгоҳи адён ва мазоҳиб.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.41.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.44.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.34 ва 40.
- ↑ Ҳасанпур, «صلیحیان», зайли мақола.
- ↑ Ҳасанпур, «صلیحیان», зайли мақола.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.53.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.34 - 43.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.52; Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, саҳ.242.
- ↑ Тоҳирӣ Буинӣ, «صلیحیان یمن با تأکید بر داعی الدعاه یمین ملکه أروی», Сайти Донишгоҳи адён ва мазоҳиб.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.44.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.44.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.49.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.52.
- ↑ Тоҳирӣ Буинӣ, «صلیحیان یمن با تأکید بر داعی الدعاه یمین ملکه أروی», Сайти Донишгоҳи адён ва мазоҳиб.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.34.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.44.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.33.
- ↑ Дафтарӣ, Таърихи ташайюъ, саҳ.140.
- ↑ Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, саҳ.242.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.51.
- ↑ Ҷонаҳмадӣ, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن», саҳ.51.
Ёддошт
- ↑ Доӣ истилоҳе дар каломи исмоилӣ, ба маънои намояндаи дорои иҷозати даъват аст; яъне мубаллиғе, ки вазифааш таблиғи мазҳаби исмоилӣ аз роҳи ҷалби гаравандагон барои имоми исмоилия ё қоими мунтазари онҳо аст. Ӯ ҳамчунин, дар мақоми муаллим, масъулияти таълими усули ақоиди исломиро ба навгаравидагон ба ӯҳда дорад. (Дафтарӣ, «داعی», зайли мақола)
- ↑ Доъи-юд-дуоти исмоилиён зери назари бевоситаи имом дар пойгоҳи марказии даъват анҷоми вазифа мекард ва ҳамчунин доъиёни вилояти қаламрави фотимӣ ва низ ҷазираҳоро мансуб мекард. (Дафтарӣ, «داعی», зайли мақола)
- ↑ Ҳуҷҷат мақоми бисёр барҷастае дар ташкилоти исмоилиён аст, ки пас аз имом масъулияти ҳидоят ва раҳбарии даъватро бар ӯҳда дорад. (Хизрӣ, Ташайюъ дар таърих, саҳ.251.)
Сарчашма
- Босворт, Клиффорд Эдмунд, Силсилаҳои исломии ҷадид, тарҷумаи Фирдавси Бадраӣ, Теҳрон, Маркази бозшиносии Ислом ва Эрон, 1381ҳ.ш.
- Дафтарӣ, Фарҳод, Таърихи ташайюъ, тарҷумаи Раҳими Ғуломӣ, Теҳрон, Фарзони рӯз, 1397ҳ.ш.
- Дафтарӣ, Фарҳод, Таърих ва ақоиди исмоилия, тарҷумаи Фирдавси Бадраӣ, Теҳрон, Фарзони рӯз, 1386ҳ.ш.
- Дафтарӣ, Фарҳод, «اسماعیلیه» (Исмоилия), Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷ.8, Теҳрон, Маркази Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, бетаърих.
- Дафтарӣ, Фарҳод, «داعی» (Доӣ), Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.16, Теҳрон, Бунёди Доират-ул-маорифи исломӣ, 1393ҳ.ш.
- Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, бетаърих.
- Каҳҳола, Умарризо, Аълом-ун-нисо фи оламай-ил-араб ва-л-ислом, Бейрут, Муассиса ар-Рисола, бетаърих.
- Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Иттиоз-ул-ҳунафо би-ахбор-ил-аиммат-ил-фотимийин-ал-хулафо, Қоҳира, Вазорат-ул-авқоф, 1416ҳ.қ.
- Томир, Ориф, Арво, муқтадиртарин маликаи Яман, тарҷумаи Соҷида Юсуфӣ ва Мустафо Ҳаққонӣ Фазл, Қум, Китоби Тоҳо, 1400ҳ.ш.
- Тоҳирӣ Буинӣ, Ҳудо, «صلیحیان یمن با تأکید بر داعی الدعاه یمین ملکه أروی» (Сулайҳиёни Яман бо таъкид бар доъи-юд-дуоти Яман малика Арво), Сайти Донишгоҳи адён ва мазоҳиб, санаи дарҷи матлаб: 8 ноябри 2024, санаи боздид: 12 ноябри 2026.
- Хизрӣ, Аҳмадризо, Ташайюъ дар таърих, Қум, Дафтари нашри маориф, 1393ҳ.ш.
- Ҳамадонӣ, Ҳусайн ибни Фазлуллоҳ, ас-Сулайҳиюн ва-л-ҳаракат-ул-фотимия фи-л-Яман, Димишқ, Дор-ул-мухтор ли-т-тибоа ва-н-нашр, бетаърих.
- Ҳасанпур, Марям, «صلیحیان» (Сулайҳиён), Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.30, Теҳрон, Бунёди Доират-ул-маорифи исломӣ, бетаърих.
- Ҷонаҳмадӣ, Фотима, «صلیحیون و آثار معماریشان در یمن» (Сулайҳиюн ва осори меъморияшон дар Яман), Пойгоҳи маркази иттилооти илмии Ҷиҳоди донишгоҳӣ, санаи боздид: 12 ноябри 2026.
- Ҷонаҳмадӣ, Фотима, «داعیان حکومتگر صلیحی در یمن» (Доиёни ҳукуматгари сулайҳӣ дар Яман), Маҷаллаи Улуми инсонии Донишгоҳи аз-Заҳро (с), №59, тобистони 1385ҳ.ш.