Ҳориса ибни Нуъмон

Аз wikishia

Ҳориса ибни Нуъмон (ваф.50ҳ.қ.) аз асҳоби Пайғамбар (с) ва Имом Алӣ (а) аст.

Вай дар ҷангҳои Бадр, Уҳуд, Ҳунайн ва низ ҷангҳои ҳукумати Имом Алӣ ширкат дошт. Ҳориса хонаҳои худро ба Расули Худо (с) ҳадя дод то бо ҳамсаронаш дар онҳо зиндагӣ кунад. Ҳамчунин хонае барои сукунати Имом Алӣ (а) ва Фотима (с) ба Пайғамбар (с) бахшид. Ӯ Ҷабраилро ба шакли Дуҳияи Калбӣ мушоҳида ва ба ӯ салом карда буд.

Ривоёте аз тариқи Ҳориса аз Пайғамбар дар манобеи ҳадисӣ нақл шудааст.

Ҷойгоҳ

Пайғамбар (с):

Ман дар олами руъё садои қироатеро дар биҳишт шунидам, гуфтам: ин шахс кист? Гуфта шуд, ӯ Ҳориса ибни Нуъмон аст»; «ин чунин ҳастанд некӯкорони шумо!».[1]

Ҳориса ибни Нуъмон аз асҳоби Расули Худо (с) ва Имом Алӣ (а) буд.[2] Ӯ ҳамроҳи Пайғамбар (с) дар ҷангҳои Бадр,[3] Уҳуд, Ҳунайн ва бақияи ҷангҳо ширкат кард.[4] Ба гуфтаи Шайх Тусӣ, ӯ дар ҷангҳои даврони ҳукумати Имом Алӣ (а) дар канори он ҳазрат ҳузур дошт.[5]

Ҳорисаро саҳобае медонанд, ки дар ҷанги Ҳунайн пас аз фирори иддае аз мусулмонон дар асари шабихуни мушрикон, дар канори Пайғамбар монд ва аз ӯ дифоъ кард.[6]

Ҷойгоҳи ривоӣ

Ҳориса аз ровиёни ҳадис будааст,[7] ки гуфта шудааст, ривоёташ дар ҷавомеъи ривӣе, риҷолӣ ва таърихие монанди Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, китоби ал-Мағозӣ, ал-Муъталаф ва-л-мухталаф омадааст.[8] Ровиёне ҳамчун Абдуллоҳ ибни Аббос, Абдуллоҳ ибни Омир ибни Рубайъа ва Саълаба ибни Абимолик аз тариқи ӯ ривоёте аз Пайғамбар (с) нақл кардаанд.[9]

Мушоҳидаи Ҷабраил

Дар манобеи саҳобанигорӣ аз Ҳориса ба унвони яке аз фузалои саҳоба ёд шудааст.[10] Ба гуфтаи Шайх Тусӣ, ӯ ду бор Ҷабраилро ба шакли Дуҳияи Калбӣ дида ва ба ӯ салом кард.[11] Ҳамчунин Ибни Абдулбарр дар китоби ал-Истиъоб овардааст, ки Ҳориса ба хотири кумак ва эҳтиром ба модараш ба некӣ маъруф буд.[12]

Бахшидани хонаҳояш ба Пайғамбар (с)

Ҳорисаро нахустин касе медонанд, ки дар Мадина, хонаҳояшро ба Пайғамбар ҳадя кард.[13] Ба гузориши Ибни Саъд - таърихнигори қарни сеюми ҳиҷрии қамарӣ, ҳуҷраҳои Ҳориса наздики ҳуҷраҳои Расули Худо (с) буд.[14] Ҳар вақт, ки Пайғамбар (с) издивоҷи тозае дошт, Ҳориса аз ҳуҷрае ба ҳуҷраи дуртаре мерафт ва ба ин тартиб, тамоми хонаҳои худро ба Пайғамбар (с) бахшид, то бо ҳамсаронаш дар он зиндагӣ кунад.[15] Аз ҷумлаи онҳо нахустин манзили Мория,[16] ва низ хонае буд, ки Пайғамбар Сафияро дар он манзил дод ва Оиша ва занони ансор ба дидани ӯ ба он хона мерафтанд.[17] Пайғамбар (с) дар ҳаққи Ҳориса ба хотири бахшиши хонаҳояш ба Пайғамбар (с) ва муҳоҷирин дуо кардааст.[18]

Ҳадя кардани хона барои сукунати ҳазрати Алӣ ва Фотима

Мақолаи аслӣ: Хонаи ҳазрати Фотима (с)

Ибни Саъд - таърихнигори аҳли суннат (ваф.230ҳ.қ.) дар ат-Табақот-ул-кубро аз Имом Боқир (а) нақл кардааст, ки Имом Алӣ (а) пас аз издивоҷ бо Фотима (с), хонаеро ки каме аз хонаи Пайғамбар дур буд, омода кард. Пайғамбар (с) гуфт, мехоҳад духтараш наздики хонаи худаш сокин шавад. Фотима (с) аз Пайғамбар (с) хост бо Ҳориса суҳбат кунад то дар хонаи ӯ сокин шаванд.[19] Пайғамбар (с) фармуд, аз гуфтани ин матлаб ба Ҳориса хиҷолат мекашад; зеро ӯ бархе хонаҳояшро ба ӯ бахшида ва ба хотири ӯ, аз ин ҳуҷра ба он ҳуҷра мунтақил шудааст.[20] Ҳориса аз ин мавзӯъ бохабар шуд ва хонаашро ба Пайғамбар (с) ҳадя дод.[21] Бар асоси нақли бархе манобеи шиа, Алӣ (а) ва Фотима (с) пас аз издивоҷ, дар хонае ки Ҳориса ба Пайғамбар (с) ҳадя дода буд, сокин шуданд.[22]

Ибни Шаббаҳ (ваф. 262ҳ.қ.) - таърихнигори аҳли суннат овардааст, ки хонаи Ҳориса дар муҷовирати хонаи Абуайюби Ансорӣ қарор дошта ва ба моликияти Имом Содиқ (а) даромад ва хонаи маскунии он ҳазрат шуд.[23] Ин хона дар тарҳи васеъкунии соли 1986 тахриб шуд.[24]

Насаб ва вафот

Ҳорис фарзанди Нуъмон ибни Нафъ ё Нақаъ[25] Ансории Хазраҷӣ[26] ва Ҷаъда бинти Убайд ибни Саълаба аст.[27] Куняаш Абоабдиллоҳ[28] ва аз тоифаи Банӣ Наҷҷор ва дар Мадина[29] сокин буд.[30] Ба хотири ҳузураш дар ҷанги Бадр, дар бархе манобеъ, аз ӯ бо унвони Ҳориса ибни Нуъмон Ансории Бадрӣ низ ёд шудааст.[31] Гуфта шудааст, Муҳаммад ибни Абдурраҳмон ибни Абдуллоҳ ибни Ҳориса, маъруф ба Абурриҷол аз наберагони ӯст.[32]

Ибни Ҳиббон (ваф. 354ҳ.қ.) - риҷолнависи аҳли суннат, бар асоси ривояте гуфтааст, ки Ҳориса дар ҷанги Бадр ба шаҳодат расидааст,[33] аммо бархе назари Ибни Ҳиббонро ба далели ҳузури Ҳориса дар ҷангҳои дигари замони Пайғамбар (с) рад кардаанд.[34] Ба гузориши Ибни Саъд (ваф. 230ҳ.қ.), таърихнигорон ба баёни инки Ҳориса дар асри хилофати Муъовия вафот кард, иктифо кардаанд.[35] Албатта Заҳабӣ (ваф.748ҳ.қ.), вафоти ӯро соли 50ҳ.қ., донистааст.[36]

Эзоҳ

  1. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.307.
  2. Тусӣ, Риҷоли Тусӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.37.
  3. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.24.
  4. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.307.
  5. Тусӣ, Риҷоли Тусӣ, 1381ҳ.қ., саҳ.17.
  6. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.655.
  7. Ҳайсамӣ, Маҷмаъ-уз-завоид, 1414ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.313-314.
  8. Азизӣ ва дигарон, ар-Рувот-ул-муштаракун байна-ш-шиъати ва-с-суннаҳ, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.191.
  9. Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.227; Абунаим, Маърифат-ул-асҳоб, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.58.
  10. Ниг.: Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.655.
  11. Тусӣ, Риҷоли Тусӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.37.
  12. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.307.
  13. Абдулғанӣ, Буют-ус-саҳоба, 1420ҳ.қ., саҳ.69.
  14. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.132.
  15. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.132.
  16. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.171.
  17. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.100; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.444.
  18. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.133.
  19. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.132.
  20. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.246.
  21. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.132-133.
  22. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.161.
  23. Ибни Шаббаҳ, Таърих-ул-Мадина ли Ибни Шаббаҳ, 1399ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.259.
  24. Шарроб, Фарҳанги эъломи ҷуғрофиёӣ, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.149.
  25. Ибни Ҳиббон, ас-Суқот, 1393ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.79.
  26. Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.378.
  27. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.307.
  28. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.371.
  29. Абунаим, Маърифат-ул-асҳоб, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.58.
  30. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.655.
  31. Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.227; Абунаим, Маърифат-ул-асҳоб, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.58.
  32. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.402.
  33. Ибни Ҳиббон, ас-Суқот, 1393ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.79.
  34. Ибни Балбон ал-Форсӣ, ал-Эҳсон, 1408ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.510.
  35. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.132.
  36. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 2003, ҷ.2, саҳ.396.

Сарчашма

  • Абдулғанӣ, Муҳаммад Илёс, Буют-ус-саҳоба разияллоҳу анҳум ҳавла-л-масҷид-ин-Набавӣ аш-Шариф, Мадина Мунаввара, бено, 1420ҳ.қ.
  • Абунаим, Аҳмад ибни Абдуллоҳ, Маърифат-ул-асҳобаҳ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1422ҳ.қ.
  • Азизӣ, Ҳусайн ва дигарон, ар-Рувот-ул-муштаракун байна-ш-шиъати ва-с-суннаҳ, Теҳрон, ал-Маҷмаъул-оламӣ лил-тақриби байнал-мазоҳибил-исломия, 1388ҳ.ш.
  • Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, Далоил-ун-нубувват ва маърифати аҳволи соҳиби-ш-шариъат, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1405ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, китоби Ҷумал мин ансоб-ил-ашроф, таҳқиқи Суҳайл Заккор ва Риёз Зириклӣ, Бейрут, Дорул-фикр, 1417ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, китоби Ҷумал мин ансоб-ил-ашроф, таҳқиқи Суҳайл Заккор ва Риёз Зириклӣ, Бейрут, Дорул-фикр, 1417ҳ.қ.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, таҳқиқи Морседен Ҷонс, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-Матбуъот, 1409ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Сияру аълом-ин-нубало, таҳқиқи Шуайб Арнаъут, Бейрут, Муассисатур-Рисолат, 1414ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳири ва-л-аълом, таҳқиқи Башшор Аввод Маъруф, беҷо, Дорул-ғарбил-исломӣ, 2003м.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад Баҷовӣ, Бейрут, Субҳи пирӯзӣ, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Одил Аҳмад Абдулмавҷуд, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Балбон ал-Форсӣ, Алоуддин Алӣ, ал-Эҳсон фи тақриби саҳеҳ Ибни Ҳиббон, таҳқиқи Шуайб Арнаъут, Бейрут, Муассисатур-рисола, 1408ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдулқодири Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Ҳиббон, Муҳаммад ибни Ҳиббон, ас-Суқот, таҳқиқи Муҳаммад Абдулмуъидхон, Ҳинд, Доиратулмаорифи ал-Усмония би Ҳайдаробод ал-Дакан ал-Ҳинд, 1393ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазам, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодир Ато, Мустафо Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Шаббаҳ, Умар, Таърих-ул-Мадина ли Ибни Шаббаҳ, таҳқиқи Фаҳим Муҳаммад Шалтут, Ҷадда, бено, 1399ҳ.қ.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ал-Муъҷам-ул-кабир, таҳқиқи Ҳамд ибни Абдулмаҷид ас-Салафӣ, Қоҳира, мактабат Ибни Таймия, 1415ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Қум, Олулбайт (а), 1417ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тусӣ, Ҷамоъатул-мударрисин фил-ҳавзатил-илмийяти би Қум, Муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1373ҳ.ш.
  • Шарроб, Муҳаммадҳусайн, Фарҳанги эъломи ҷуғрофиёӣ - таърихӣ дар ҳадис ва сираи Набавӣ, тарҷумаи Муҳаммадризо Неъматӣ, Ҳамидризо Шайхӣ, Теҳрон, Машъар, 1383ҳ.ш.