Ҳаҷҷоҷ ибни Зайди Тамимии Саъдӣ

Аз wikishia
Оромгоҳи шуҳадои Карбало дар Ҳарами Имом Ҳусайн (а)

Ҳаҷҷоҷ ибни Зайди Тамимии Саъдӣ (арабӣ:حَجّاج بن زید تَمیمی سعدی) аз шуҳадои Карбало ва аз номарасонони воқеаи Карбало.

Ба гуфтаи Муҳаммади Самовӣ дар Ибсор-ул-айн, Ҳаҷҷоҷ ибни Бадр аз тираи Банӣ Саъди қабилаи Банӣ Тамим буд.[1] Баъд аз номаи Имом Ҳусайн (а) ба ашрофи Басра, ки ононро ба сӯи худ даъват кард, Масъуд ибни Амри Аздӣ яке аз мухотабони панҷгонаи номаи Имом Ҳусайн (а), номае дар ҳимояти худ ва қабилааш аз Ҳусайн ибни Алӣ навишт ва онро ба Ҳаҷҷоҷ ибни Зайд супорид. Ҳаҷҷоҷ номаро ба Имом Ҳусайн (а) расонд ва ҳамроҳаш монду дар рӯзи Ошуро дар ҳамлаи нахусти лашкари Умар ибни Саъд ба шаҳодат расид.[2]

Падари Ҳаҷҷоҷ, Зайд, аз суханварони замон ва аз ёрони ҳазрати Алӣ (а) дар ҷанги Сиффин буд.[3] Баъд аз шаҳодати ҳазрати Алӣ (а), Муовия ӯро ба сарпарастии шуртаҳо гумошт, аммо ӯ қабул накард.[4]

Дар Зиёрат-уш-шуҳадо бо иборати «ассалому алал-Ҳаҷҷоҷ ибни Зайд ас-Саъдӣ/اَلسَّلَامُ عَلَی الْحَجَّاجِ بْنِ زَیدٍ السَّعْدِی»[5] ва дар Зиёрати Раҷабияи Имом Ҳусайн (а) бо иборати «ассалому ала Ҳаҷҷоҷ ибни Язид/السَّلَامُ عَلَی حَجَّاجِ بْنِ یزِیدَ»[6] бар ӯ салом дода шудааст. Сайид Муҳсини Амин низ дар Аъён-уш-шиъа аз ӯ бо номи Ҳаҷҷоҷ ибни Бадри Тамимӣ ёд кардааст.[7]

Эзоҳ

  1. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.212.
  2. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.213 - 214.
  3. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.531.
  4. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.170.
  5. Сайид ибни Товус, ал-Иқболу би-л-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.78.
  6. Сайид ибни Товус, ал-Иқболу би-л-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.326.
  7. Амин, Аъён-уш-шиъа, бе то, ҷ.4, саҳ.564.

Сарчашма

  • Амин, Сайид Муҳсин, Аъён-уш-шиъа, таҳқиқи Ҳасан ал-Амин, бе то.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ал-Иқболу би-л-аъмол-ил-ҳасана, таҳқиқи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқи Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1415ҳ.қ.
  • Самовӣ, Муҳаммадтоҳир, Ибсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн, Қум, Донишгоҳи шаҳид Маҳаллотӣ, 1419ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ.