Ҳаққуллоҳ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳаққи Худо)

Ҳаққуллоҳ ба арабӣ: حَق‌ُّالله, ҳуқуқи Худованд бар бандагон аст. Муқобили он ҳаққуннос аст, ки ба ҳуқуқи мардум бар якдигар ишора дорад. Дар баробари ҳуқуқи Илоҳӣ, вазифаҳое монанди намоз ва рӯза бар уҳдаи бандагон гузошта шудааст, ки дар сурати анҷом надодани ин таколиф, тавба ва қазои онҳо, воҷиб мешавад.

Дар аҳкоми қазоии дини Ислом, байни ҳаққуллоҳ ва ҳаққуннос фарқҳое вуҷуд дорад; аз ҷумла дар ҳаққуллоҳ монанди ҳади зино, қозӣ метавонад муҷримро аз иқрор мунсариф кунад, аммо дар ҳаққуннос монанди дуздӣ, наметавонад. Гуфтаанд: тафовутҳои ҳаққуллоҳ ва ҳаққуннос ба он ҷиҳат аст, ки дар дини Ислом дар ҳаққуллоҳ ба осонгирӣ ва дар ҳаққуннос ба диққат ва эҳтиёт супориш шудааст.

Мафҳумшиносӣ

Дар дини Ислом ҳуқуқ ба ҳаққуллоҳ ва ҳаққуннос тақсим мешаванд.[1] Мурод аз ҳаққуллоҳ, ҳуқуқи Худованд бар инсон аст; дар муқобили ҳуқуқи мардум бар инсон.[2] Албатта ҳаққуллоҳ ҳамаи амр ва наҳйҳои Илоҳиро дарбар мегирад[3] ва шомили ҳаққунносҳо ҳам мешавад,[4] аммо ҳангоме, ки ин истилоҳ дар баробари ҳаққуннос ба кор меравад, танҳо ба он даста аз ҳуқуқ ишора дорад, ки ҳаққи мардум нест ва касе наметавонад онҳоро соқит кунад.[5]

Аз назари ҳуқуқӣ, ҳар ҷурме, ки боиси ихлол дар назм ва латма ба масолеҳи иҷтимоӣ ва ҳуқуқи умумӣ гардад, муҷозоти он ҳаққуллоҳ маҳсуб мешавад.[6]

Бархе фуқаҳо, ҳаққуллоҳро ба ду қисм тақсим кардаанд: ҳаққуллоҳи маҳз: монанди ҳади зино, ливот ва шурби хамр ва ҳаққуллоҳи ғайримаҳз, яъне ҳуқуқе, ки илова бар ҳаққуллоҳ, ҳаққуннос ҳам ҳастанд; монанди: ҳади сирқат.[7]

Намоз[8] ва тамоми ҳудуд ба ҷуз ҳади қазф аз дастаи аввал[9] ва аҳкоме ҳамчун таъзир[10] ва ҳади қазф[11] аз дастаи дувуманд.

Ҷойгоҳ

Дар оёту ривоёт ба риояти ҳаққуллоҳ таъкид шудааст. Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, дар оёти 42 то 45 сураи Муддассир, ки намоз нахондан ва итъом ба мискин накардан, сабаби вуруд дар оташ дониста шудааст, [Ёддошт 1] намоз ба ҳаққуллоҳ ва итъоми мискин ба ҳаққуннос ишора дорад.[12] Ӯ ҳамчунин тамоми ҳуқуқи Илоҳиро дар ёдгирии дин ва амал ба он хулоса кардааст.[13] Бар пояи ривояте аз Имом Саҷҷод (а) ки ба Рисолаи ҳуқуқ шинохта мешавад, ҳаққуллоҳ бузургтарин ҳуқуқ аст.[14]

Дар манобеи фиқҳӣ аз ҳаққуллоҳ дар бахши аҳкоми қазоӣ сухан гуфта мешавад. Дар қонунҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии исломии Эрон низ ба он тавваҷӯҳ шудааст. Бар тибқи назари камиссиюни истифтооти шӯрои олии қазоии Эрон, ҳамвора ҷанбаи ҳаққуллоҳӣ ва умумӣ будани ҷурм, бар ҷанбаи ҳаққунносии он тарҷеҳ дорад.[15]

Тафовут бо ҳаққуннос

Байни ҳаққуллоҳ ва ҳаққуннос тафовутҳое зикр кардаанд, ки бархе аз онҳо ба шарҳи зер аст:

  • Исботи ҳаққуллоҳ назд қозӣ сахттар аз исботи ҳаққуннос аст; зеро ҳаққуллоҳ бо як шоҳиди мард ва ду шоҳиди зан, ё як шоҳиди мард ҳамроҳ бо савганд, ё шаҳодати занон ба танҳоӣ, исбот намешавад, вале бархе аз ҳаққунносҳоро метавон бо ин шавоҳид исбот кард.[16]
  • Иҷрои ҳукм дар ҳаққуллоҳ, ба мутолибаи касе манут нест, бархилофи ҳаққуннос, ки ба дархости соҳиби ҳақ ниёз дорад.[17]
  • Дар ҳаққуллоҳ, бархилофи ҳаққуннос, қозӣ метавонад муҷримро аз иқрор кардан мунсариф кунад.[18]
  • Дар ҳаққуллоҳ, дар бораи шахси ғоиб, қазоват намешавад ва ҳузури муттаҳам зарурӣ аст.[19] Ин масъала дар модаи 290 қонуни оини додрасии кайфарии Эрон, омадааст.[20]
  • Дар ҳаққуллоҳ ризояти фарде, ки ҷурм бар ӯ сурат гирифтааст, мӯҷиби суқути ҳақ намешавад; дар ҳоле ки бархе аз масодиқи ҳаққуннос, қобили бахшиш ё интиқоланд.[21]
  • Бархе аз ҳаққуллоҳҳо бо тавба соқит мешаванд, аммо ҳаққунносҳо бо тавба соқит намешаванд.[22]
  • Ҳаққуллоҳ мубтанӣ бар осонгирӣ ва тахфиф аст, вале ҳаққуннос мубтанӣ бар диққату эҳтиёт.[23] Гуфта шудааст бархе фақеҳон, тафовутҳои ҳаққуллоҳ бо ҳаққуннос дар аҳкоми қазоиро ношӣ аз ҳамин медонанд.[24]

Ҷуброни ҳаққуллоҳ

Ҳаққуллоҳ мусталзими вазоифе аст, ки инсон бояд барои Худованд анҷом диҳад.[25] Агар он вазоифро анҷом надиҳад, бояд онҳоро ҷуброн кунад; ҷуброни бархе аз ин ҳуқуқ бо тавба аст.[26] Ҷуброни бархеи дигар аз ҳуқуқи Худованд ҳамчун намозу рӯза, илова бар тавба, ба қазо ҳам ниёз дорад.[27]

Ҷусторҳои вобаста

Ҳаққуннос

Эзоҳ

  1. Нигоҳ кунед ба Ибни Шуъба, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.255.
  2. Нигоҳ кунед ба Омилӣ, ал-Истилоҳот-ул-фиқҳия, 1413ҳ.қ., саҳ.71.
  3. Нигоҳ кунед ба Мӯсавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-қазоъ, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.188.
  4. Нигоҳ кунед ба Шаҳиди Аввал, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, 1400ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.43; Мӯсавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-қазоъ, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.188.
  5. Шаҳиди Аввал, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, 1400ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.43; нигоҳ кунед ба Мӯсавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-қазоъ, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.188; Абдурраҳмон, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ил-фиқҳия, ҷ.1, саҳ.579.
  6. Ширӣ, Суқути муҷозот дар ҳуқуқи кайфарии Ислом ва Эрон, 1372, саҳ.114.
  7. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.163.
  8. Шаҳиди Аввал, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, 1400ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.43.
  9. Муҳаққиқи Домод, Қавоиди фиқҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.209.
  10. Муҳаққиқи Домод, Қавоиди фиқҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.209.
  11. Муҳаққиқи Домод, Қавоиди фиқҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.160.
  12. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.97.
  13. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.444.
  14. Ибни Шуъба, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.255.
  15. Охундӣ, Оини додрасии кайфарӣ, 1368ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.162, понавис
  16. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.248 - 249.
  17. Мунтазирӣ, Диросотун фи вилоят-ил-фақиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.201.
  18. Муҳаққиқи Домод, Қавоиди фиқҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.33.
  19. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.163; Муҳаққиқи Домод, Қавоиди фиқҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.51.
  20. Ширӣ, Суқути муҷозот дар ҳуқуқи кайфарии Ислом ва Эрон, 1372ҳ.ш., саҳ.112.
  21. Барои намуна нигоҳ кунед ба Шаҳиди Аввал, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, 1400ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.43 - 44.
  22. Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, алмактабатул-Ҷаъфария ли эҳёил осорил-Ҷаъфария, саҳ.308 - 309.
  23. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.163.
  24. Марқоӣ, “Ҳаққуллоҳ ва ҳаққуннос”, ҷ.13.
  25. Биҳиштӣ, «Ҳақ ва таклиф», саҳ.36.
  26. Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, алмактабатул-Ҷаъфария лиэҳёилосорил-Ҷаъфария, саҳ.308 - 309.
  27. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.949 ва 1163.

Ёддошт

  1. ما سَلَكَكُمْ فِي سَقَرَ‌ ﴿٤۲﴾ قالوا لَمْ نَكُ مِنَ الْمُصَلِّينَ﴿٤٣﴾ و لمْ نَكُ نُطْعِمُ الْمِسْكِينَ﴿٤٤﴾, чӣ шуморо дар оташ [сақар] дароварда аст?» гӯянд:«аз намозгузорон набудем ва бенавоёнро ғизо намедодем!» (сураи Муддассир, ояти 42-43.)

Сарчашма

  • Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеаи мударрисин, 1404ҳ.қ.
  • Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Зубдат-ул-баён фи аҳком-ил-Қуръон, тасҳеҳи Муҳаммадбоқири Беҳбудӣ, Теҳрон, алмактабатул-Ҷаъфария лиэҳёилосорил-Ҷаъфария, бе то.
  • Охундӣ, Маҳмуд, Оини додрасии кайфарӣ, Теҳрон, 1368ҳ.ш.
  • Биҳиштӣ, Аҳмад, «Ҳақ ва таклиф», китоби нақд, шумораи 1, 1375ҳ.ш.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайидмуҳаммадҳасан, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, мутобиқ бо фатовои шонздаҳ нафар аз мароҷеи муаззами тақлид, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1392ҳ.ш.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, таҳқиқи Сайидабдулҳодӣ Ҳаким, Наҷаф, 1400ҳ.қ. (Офсет, Қум, китобфурӯшии Муфид).
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, тасҳеҳи Сайидмуҳаммадтақии Кашфӣ, Теҳрон, алмактабатул-Муртазавия лиэҳёил осорил-Ҷаъфария, 1387ҳ.қ.
  • Ширӣ, Аббос, Суқути муҷозот дар ҳуқуқи кайфарии Ислом ва Эрон, Теҳрон, маркази интишороти ҷиҳоди донишгоҳии шаҳиди Биҳиштӣ, 1372ҳ.ш.
  • Омилӣ, Ёсин Исо, ал-Истилоҳот-ул-фиқҳия фи-р-расоил-ил-илмия, Бейрут, Дорулбалоға, 1413ҳ.қ.
  • Абдураҳмон, Маҳмуд, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ил-фиқҳия.
  • Аллома Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломии ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Домод, Сайидмустафо, Қавоиди фиқҳ, Теҳрон, маркази нашри улуми исломӣ, 1406ҳ.қ.
  • Мерқоӣ, Сайидтоҳо, “Ҳаққуллоҳ ва ҳаққуннос” дар донишномаи ҷаҳони Ислом.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Диросотун фи вилоят-ил-фақиҳ ва фиқҳ-уд-давлат-ил-исломия, Қум, тафаккур, 1409ҳ.қ.
  • Мӯсавии Ардабилӣ, Сайидабдукарим, Фиқҳ-ул-қазоъ , Қум, 1423ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, тасҳеҳ: Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1404ҳ.қ.